ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 10 Апрел 2019 08:50


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли килки газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР!!! Ҳамин барномаву намоишҳои бешавқу завқ, рекламаҳои памперсу доруворӣ, этюдҳои телевизионӣ бо наворҳои дуру дарози дарахтону духтарон дар телевизионҳои ҷумҳурии мо маҷбурам кард, ки антеннаи моҳвораӣ (параболӣ) харидорӣ намоям!

Зоирҷон Олимов,
мухлиси ашаддии СССР, ш.Истаравшан

Чоршанбе, 10 Апрел 2019 08:47


С.1992 мо аз н.Восеъ ба ш.Душанбе кӯчида, дар кӯч.Назаршоев «барак»-ҳои 2 ҳуҷрадорро харида, бо фарзандону хешу табор мезистем. Бо мурури замон хонаҳо дар асоси қарорҳои раисони ноҳия азнавсозӣ шуд. Бо аъзои оилаам, ки ҳоло 23 нафаранд, то моҳи майи с.2018 беш аз 26 сол зистем. Дар ин давом аз сабаби оилаи калон доштан барои фазандон хонаҳои алоҳида дар кӯчаҳои М.Ризо, Назаршоев, бинои 72, Н.Қарабоев харидем. Ҳамаи ин хонаҳо то с.2015 дар ихтиёри мо қарор дошт. Вале додари нохалафам Қараев Низом ва ҳамсараш Қосимова Садоқатхон, ки нону намакхӯри мо буданд, ба оилаи мо хиёнат аз худ карда, ба боварии фарзандонам Бахтиёру Умед даромада, бо фиреб хонаҳоро ба номи худ гузаронданд. Баъдан ҳуҷҷатҳоро дар бонкҳо ба гарав монда, тақрибан $380.000 қарз гирифта, ба манфиати шахсии хеш истифода карданд. Аз қаллобии онҳо мо-соҳибмулкон бехабар монда, танҳо с.2015 огоҳ шудем. Дертар ошкор шуд, ки дигар хонаҳои мо низ пинҳонӣ тавассути писаронамон бо фиреб аз ҷониби Низому занаш аз худ карда шуда, хонаҳоро ба дигар шахсон фурӯхтаанд. Вобаста ба ин вазъ ба мақомоти судӣ муроҷиат кардем, лек судҳо таҳти фишори «тағоҳо»-и Садоқатхон дидаву дониста қарорҳои ғайриқонунӣ бароварданд. Амали масъулини Прокуратураи генералӣ ва ВКД ҶТ муаммост, зеро аз ҷониби онҳо бори аввал амалҳои ҷиноятии Қосимова тасдиқи худро ёфта буданд, вале баъдан боз аз ҷониби онҳо оид ба вуҷуд надоштани аломати ҷинояти қаллобӣ дар кирдори ӯ қарор қабул карда шуд. Ҳол он ки дар натиҷаи кирдорҳои ҷинояткоронаи Низому ҳамсараш ба оилаи мо зиёни калони маънавию моддӣ ба маблағи беш аз 4,5 миллион сомонӣ расонида шудааст! Инак, 10 моҳ боз 23 нафар аъзои оилаи мо, ки 13 нафараш кӯдаканд, дар кӯчаанд ва дар палаткаи худсохт зиндагӣ дорему ба бемориҳо мубтало. Магар чунин амалҳои мансабдорон аз рӯи адолат аст? Аз шаҳрдори Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, аз номи  худам ва тамоми аъзои оилаам хоҳиш мекунам, ба доди мо бирасад ва барои барқарор кардани адолат кӯмаки худро дареғ надорад.

Бо эҳтиром оилаи Саидовҳо,
ш.Душанбе, тел: 93 578 01 05

Ҷумъа, 05 Апрел 2019 16:42


Бо мақсади пешгирӣ аз беморӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа, дар доираи татбиқи ҳадафҳои бунёдии «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023» дар саҳни маркази саломатии ш.Бохтар «Корвони саломатӣ» гузаронида шуд. Дар чорабинӣ 85 нафар мутахассисони баландпояи ҷумҳурӣ, 50 нафар мутахассисони вилоятӣ, 3 адад дастгоҳи сабти барқии дил, 5 адад дастгоҳи ултрасадо ва нақлиёти дармонгоҳи сайёри тиббии Маркази вилоятии мубориза ва пешгирии СПИД (бо дастгоҳӣ ултрасадо ва таҳлилии ВНМО, таҳлили қанди хун) Маркази бемориҳои сили вилоят хизмат расониданд. Дар «Корвони саломатӣ» бо роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Одиназода Азиз Абдусаттор, профессорони пуртаҷриба ва дигар шахсони масъули вилоят иштирок намуданд.

Баҳодур Уроқов СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, 05 Апрел 2019 16:39


Аз дирӯз-3 апрел борони сел сокинони вилояти Хатлонро дар ташвиш гузоштааст!  Мардуме, ки дар кӯҳу теппаҳо ва дар атрофи дарё зиндагони мекунанд, дар ташвишанд, ки сел хонаю заминҳои корамро валангор накунад. Сайдалиев Ёқуб муовини Сардори ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят ба СССР, дар соати 14:30 дақиқа хабар дод, ки айни замон дар манотиқи вилоят аз боришоти зиёди сел ягон зарар нарасидааст. Танҳо оби дарёи «Сурхоб»-и н.Фархор баланд шудаасту халос. Аммо сокинони шаҳри Кӯлоб ва н.Восеъ дар сӯҳбат бо СССР гуфтанд, ки соатҳои 4-5-и субҳи 5 апрел бинобар боришоти беисти борон хонаҳои истиқоматии деҳаи «Зиракӣ» аз сабаби сари вақт тоза накардани ҷӯйборҳо зиёда аз 10 хоҷагӣ иншоотҳои ёрирасон ифлос ва зери об мондаанд. Манбаъ мегуяд, ки ҳатто бо иллати хатари сел хонандагони синфҳои ибтидоии МТМУ №36-и деҳаи мазкурро аз дарс озод кардаанд.

Баҳодур Уроқов СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, 05 Апрел 2019 12:23



04.04.2019. Георгий Данелия, яке аз шоҳсутунҳои кинои советӣ, мэтри синамо, падари кино-комедияи советӣ дар синни 88-солагӣ аз олам даргузашт. Ҷояш ҷаннату хонаи ахираташ обод бод, ки тӯли 60 сол ба 280 млн сокини 15 республикаи СССР шодиву нишот ва хандаву табассум ҳадя менамуд.
Хонандагони Тоҷик бештар ӯро аз рӯи шоҳасараш «Мимино» (дар нақшҳо Фрунзек Мкртчян ва Вахтанг Кикабидзе) мешиносанд. Аммо ӯ дар тӯли умри пурбаракот 18 филм-шедевр офаридааст, ки 5 намунаи он «Я шагаю по Москве», «Не горюй!», «Афоня», «Мимино» ва «Осенний марафон» ба фонди тилоии кинои советӣ шомил шудаанд!



Грузини Маскав
Данелия худро «грузини маскавӣ» мехонд. Зеро дар соли 1930 дар Гурҷистон таваллуд шудаву баъди 1-солагиш оилаашон ба Маскав кӯч баст ва то охири умр ин ҷо ба сар бурд. Аммо аз решаҳои таърихии худ ҳаргиз наканд. Ин тоҷикаконанд, ки баъди гузашти 2-3 сол ва 4 танга ёфтан, аз тоҷикият ор мекунанд, ки ҳаромашон бод ному нону шири Тоҷик!!!
Георгий бо ҳама меҳру муҳаббат ба сарзамини бобоӣ, забони гурҷиро намедонист. Зимнан, бо хатои Данелия, Валико Мизандари (Вахтанг Кикабидзе) вожаи «Мимино»-ро Ӯқоб тарҷума мекунад, ҳарчанд тарҷумаи аслаш «Шоҳин» аст!
 Аммо бо ин ҳама, ӯ мунодии Гурҷистон ва фарҳанги волои гурҷӣ дар СССР буд! Филмҳое, ки ӯ рӯи навор меовард, шарафи ҳар русу табааи СССР буданду ҳастанд.
Георгий баъди хатми Институти архитекторӣ ва 1 сол кор дар ин соҳа ба курсҳои режиссерии «Мосфилм»  шомил шуда, амплуаи хешро дармеёбад. Соли 1964 филми «Я шагаю по Москве» (Дар Маскав қадам мезанам), дар нақши асосӣ Никита Михалкови ҷавон ба ӯ шӯҳрати ҷаҳонӣ меорад!


Сипас «Афоня» (дар нақшҳои асосӣ Леонов ва Куравлёв), «Марафони тирмаҳӣ» (дар нақши асосӣ Басиашвилӣ) Данелияро маҳбубтарин кинорежиссери советӣ дар баробари Гайдай (муаллифи силсилафилм бо нақшҳои Витсин, Никулин, Моргунов ва «Шурик») карданд. Сенарияи «Джентльмени удачи»-и Александр Серийро низ Данелия навиштааст!!!
Дар маҷмуъ бо  Элдар Рязанов, Леонид Гайдай, Петр Тодоровский…Георгий Данелия аз шоҳсутунҳои муҳимтарин санъати советӣ-Синематограф маҳсуб мерафт!!!

М. Мубориз
Махсус барои СССР


Ва аз ҳама муҳим: Соати марги Георгий Данелия тамомии васоити ахбори оммаи русӣ, ба вежа шабакаҳои телевизионии ин кишвар барномаҳои иттилоотии худро аз ҳамин хабар шуруъ ва даҳҳо канали ҳукуматӣ репортажу гузоришҳои тӯлонӣ бахшида ба фаолияти ин эҷодкор пахш карданд. Русҳо бо тамомии ҳунармандони хеш, фарҳангиёни худ, санъаткоронашон чунин бархурд доранд. Ин дар ҳолест, ки агар нисфи ҳунармандону режиссерони тоҷик фавтанд ҳам, ягон шабака, ҳатто  1 хабар низ пахш намесозад: фарзи мисол, аз фавти Мушаррафа Қосимоваи беҳамто, ки 100 соли умрашро харҷи фарҳанги синамо карда буд, ҳатто  1 ҳарф нагуфтанд! Наход дар ҳамин маворид низ амр аз болоро мунтазиранд?! Профессионализм ё холабеғамист ин амал, худатон қазоват кунед. Мо метавонем!

Ҷумъа, 05 Апрел 2019 11:35


 Пагоҳ, 6.04.2019 бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ аз соати 8:00 то 12:00 зери шиори «Фарогирии умумӣ ба хизматрасонии тиббӣ» дар Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи  гастроэнтологияи ҶТ» чорабинии умумиҷумҳуриявӣ баргузор хоҳад гашт.
   Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд, шаҳрвандон тавассути муроҷиат ба ин  муассиса ва ё муассисаҳои тандурустии макони зисташон дар шаҳру ноҳияҳо метавонанд бо машварат ва ташхиси ройгони муттахассисони соҳибтаҷриба фаро гирифта шаванд.
   Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи  гастроэнтологияи ҶТ» дар суроғаи ш.Душанбе, к.Маяковский-2, рӯбарӯи бинои сафорати Ҷумҳурии Олмон дар ҶТ воқеъ аст.

Ҷумъа, 05 Апрел 2019 10:14


   Дар ноҳияи Мастчоҳ дар натиҷаи борони зиёд сел омада, сабабгори қатъи қувваи барқ, харобу вайрон шудани роҳу заминҳои кишт, симчӯбҳо ва дарахтон гардидааст. Хушбахтона, хисороти ҷонӣ дар пай нест ва зарари расонидашуда аз ин офати табиӣ санҷида ва ҳисоб карда шуда истодааст.
   Бино ба иттилои аз МИҲД н.Мастчоҳ расида, айни замон раиси ноҳияи мазкур Ғайрат Азиззода бо масъулини сохторҳои марбута дар маҳалҳои селзада ва манотиқи осебпазир қарор дорад.
- Барои пешгирии сел ва рафъи оқибатҳои он раиси ноҳия Ситоди фаврӣ доир намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доди истодааст, - мегӯяд хабарнигори рӯзномаи «Нигоҳи халқ»-и н.Мастчоҳ Муродуллоҳ Почозода, ки дар яке аз манотиқи селфаро-Ҷамоати шаҳраки Суғдиён қарор дорад.
   Тибқи иттилло вазъи обанбори «Суғдиён» ором аст, аммо абрҳои сиёҳ то ҳанӯз осмони ноҳияро тарк накардаанд.

Акс аз саҳифаи Фейсбукии Муродуллоҳ Почозода

Ҷумъа, 05 Апрел 2019 09:07


  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ба таваҷҷӯҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки  бо мақсади кам кардани шиддатнокии ҳаракат ва тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт сар аз 10.04.2019 фаъолияти хатсайри микроавтобусии №67 (маҳаллаи Маърифатӣ-кӯчаи Гагарин) қатъ карда шуда, шумораи автобусҳои хатсайри №4 (Терминали Шарқ-Транс -ҶДММ «Маром»), ки роҳу кӯча ва маҳаллаҳои хатсайри №67-ро такрор менамояд, зиёд карда мешавад.
   Инчунин, шурӯъ аз 10.04.2019 дар хатсайри микроавтобусии №10 (Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ-маҳаллаи Пахтакор) фаъолияти микроавтобусҳо манъ карда шуда, хизматрасонии ин хатсайр пурра тариқи автобусҳо ба роҳ монда мешавад.
   Аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони ш.Душанбе эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосир дар хатсайрҳои №№4 ва10 истифода баранд.
 


саҳ 9 аз 12

Китобҳо

Flag Counter