ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 12 Апрел 2019 14:27


Маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 52-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳангоми дар вазифаи директори КВД “Сохтмони манзили дастрас” кор карданаш бо маслиҳати пешакӣ бо директори ҶДММ “Диёрсоз”, марди 41-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоев рӯзи 25-уми январи соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 310080-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд. Нисбати номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 ва 323 Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Моҳи декабри соли 2018 Нурулло Наимов, як роҳбари собиқи КВД "Сохтмони манзили дастрас” низ бо айни иттиҳоми қаллобӣ дастгир шуда буд.

Ҷумъа, 12 Апрел 2019 13:17


Ҷулиан Ассанж 11 апрел аз ҷониби мақомоти полиси Англия дар Лондон, ҳабс шуд. Ӯро замоне қапиданд, ки барои ворид шудан ба сафорати Эквадор дар шаҳри Лондон даъват карданд. Ассанж аз с.2012 то дина дар ҳамин намояндагии дипломатии Эквадор паноҳ бурда буд. "Ҷулиан Ассанжи 47-сола, сар аз имрӯз, аз ҷониби ходимони полиси Хадамоти шаҳрии полис дар сафорати Эквадор ба ҳабс гирифта шуд" гуфтааст полиси Лондон ба хабарнигорон ва афзуд, ки Ассандж баъди он ҳабс шуд, ки "ҳукумати Эквадор ҳаққи паноҳандагии ӯро бозпас гирифт ва сафир иҷоза дод, ки ба дохили сафоратхона ворид шаванд".
Дар ҳамин маврид, Ленин Волтер Морено Гарсес-президенти Эквадор гуфт, ки ҳақи паноҳандагии Ассанж баъди он бозпас гирифта шуд, ки ӯ "чандин бор эъломияҳои байналмилалиро нақз кард". Ассанж-шаҳрванди Австралия, инчунин метавонад барои нашри тахмин 500.000 санади махфии низомӣ ва дипломатӣ дар робита бо низоъҳои мусаллаҳона дар Афғонистону Ироқ дар с.2012 муҳокима шавад.

Ҷумъа, 12 Апрел 2019 10:26


Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ш.Бохтар дар мағозаҳо, сартарошхонаҳо ва 2 бозори марказӣ рейди санитарӣ гузаронида, нисбати вайронкунандагони қоидаҳои санитарӣ ба 53 тан протоколҳои ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 25.400 сомонӣ ҷарима таъйин ва ба буҷаи давлат ворид карда шуд. Бино бар ҷавобгӯ набудан ба қоидаи меъёр ва талаботҳои санитарӣ фаъолияти 34 нуқтаи иншоот муваққатан боздошта шуд. Инчунин маҳсулоти хӯроквории шубҳанок ва мӯҳлати истифодабариашон гузаштаро ба миқдори 721 кг\л ба маблағи 5635 сомонӣ дарёфт намуда, аз муомилот гирифта шуд. Аз тарафи озмоишгоҳҳои марказ 1445 адад намунаи таҳлилҳо барои муайян намудани кирмҳои меъдаю рӯда ва 2125 адад намунаи таҳлилҳо барои дарёфти барангезандаҳои чӯбчаи меъдаю рӯда гузаронида шудааст. Айни замон вазъи эпидемиологӣ дар шаҳр нисбати бемориҳои сироятӣ мӯътадил аст.

Баҳодур Уроқов СССР, шаҳри Бохтар

Чоршанбе, 10 Апрел 2019 16:46


   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бинобар анҷоми корҳои таъмирӣ-азнавсозӣ дар хиёбони С.Шерозӣ ва аз фаъолият боз мондани троллейбусҳо дар хатсайри №12, шурӯъ аз 10.04.2019 дар хатсайри троллейбусии мазкур муваққатан ҳаракати автобусҳо бо рақами хатсайри №12 ба роҳ монда мешавад.
   Чуноне ки қаблан хабар дода будем, сар аз имрӯз фаъолияти хатсайри микроавтобусии №67 (маҳаллаи Маърифатӣ-кӯчаи Гагарин) қатъ карда шуда, шумораи автобусҳои хатсайри №4 (Терминали Шарқ-Транс -ҶДММ «Маром»), ки роҳу кӯча ва маҳаллаҳои хатсайри №67-ро такрор менамояд, зиёд карда мешавад.
   Инчунин, шурӯъ аз 10.04.2019 дар хатсайри микроавтобусии №10 (Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ-маҳаллаи Пахтакор) фаъолияти микроавтобусҳо манъ карда шуда, хизматрасонии ин хатсайр пурра тариқи автобусҳо ба роҳ монда мешавад.
   Аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони ш.Душанбе эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосир дар хатсайрҳои №№4 ва10 истифода баранд.
 


Чоршанбе, 10 Апрел 2019 16:42


   Рӯзи 8.04.2019, тахминан соатҳои 14 ба 15 дар мавзеи деҳаи Дошмандии ҷамоати деҳоти Сари Хосори н.Балҷувон ронандаи автомашинаи тамғаи «Урал-43202», Шарофиддини Шовалӣ, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи мазкур, ҳангоми ҳаракат бо таллу теппаҳое, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт пешбинӣ нашудааст, аз деҳаи Сари Мазор ба самти ҷамоати деҳоти Сари Хосор  дар деҳаи Дошмандӣ, ҳангоми баромадан ба баландии теппа, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафо ҳаракат намуда, воситаи нақлиётро чаппа кардааст.
   Дар натиҷа, мусофирони дар бордони автомашина буда, Саъдиев Зариф, соли таваллудаш 1950, Ҳафизов Эмомалӣ, соли таваллудаш 1958, Воҳидова Шаъмигул, соли таваллудаш 1956, сокинони деҳаи Шаҳидон, Неъматов Мирзохон, соли таваллудаш 1952, Назаров Муродалӣ, соли таваллудаш 1952, сокинони деҳаи Зоғон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Баъдан Муҳаббатов Солеҳ, соли таваллудаш 1949, сокини деҳаи Шипдара дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
   Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, шаҳрвандони дигари дар бордони автомашина буда, Саидов Исуф, соли таваллудаш 1976, сокини деҳаи Шаҳидон, Сайрамбии Шариф, соли таваллудаш 1993, сокини деҳаи Боғи Зоғон, Ибодати Абдураҳмон, соли таваллудаш 1998, сокини деҳаи Моҷак, ноболиғ Оишамои Ҷумахон, соли таваллудаш 2014, сокини деҳаи Боғи Зоғон, Носиров Ҷамолиддин, соли таваллудаш 1985, сокини деҳаи Шаҳидон, Маҳмадиев Марзон, соли таваллудаш1956, сокини деҳаи Шаҳидон, Саидова Сабоҳат, соли таваллудаш 1972, сокини деҳаи Шипдара ва Давлатзода Ҷурахон, соли таваллудаш 1954, сокини ш.Леваканд ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Чоршанбе, 10 Апрел 2019 16:39


 Бо фармонҳои Президенти ҶТ ва Қарорҳои Ҳукумати мамлакат Зоҳидӣ Низомиддин аз вазифаи муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ озод ва ба вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таъин гардид. Дар баробари ин Нозирӣ Хусрав аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб озод гардида, ба вазифаи муовини якуми Вазири корҳои хориҷии ҶТ таъин гардид. Қодирӣ Ардашер бошад ба вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия таъин карда шуд.
   Инчунин, бо Қарорҳои Ҳукумати ҶТ Сайфзода Шаҳло ва Ризвонзода Фирдавс муовинони раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Бақозода Сайрам-муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Ардашер-муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
   Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Ҳокимшоҳ-Директори Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Назирмадзода Бахтиёр-муовини якуми директори Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ таъин гардиданд.
   Мутобиқи моддаи 20-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» барои аз вазифаи муовини якуми раиси ш.Бохтари вилояти Хатлон озод ва ба вазифаи муовини раиси ш.Душанбе таъин гардидани Гуреззода Умед розигӣ дода шуд.


Чоршанбе, 10 Апрел 2019 11:55


(Ё худ феҳристи ном тавсиявист, ё маҷбурӣ???)

“Зода”-ҳои гӯшнавоз
Дар давраи советӣ 3 шахси бузургро аз Тоҷикистон, ки дар дунё мешинохтанд ва медонистанд: Турсунзода, Улуғзода ва Раҳимзода буданд. Насаби онҳо пасоянди “зода” дошту гӯшнавозу мутантан садо медод. Ҳоло пушти дари утоқи кории дилхоҳ хизматчии давлатӣ ё чиновник равӣ, бо насабҳои “зода”-дор дучор меоӣ ва намедонӣ, дар кабинет мард нишастааст, ё зан?! Ин амал аз рӯи ному насабгузории нав ба миён омада истодааст ва танҳо одамони замони советӣ -ов, -ев, -ова,  -ева – ро нигаҳ медоранд, чунки онҳо ба синни пирӣ расида, ҳоҷати иваз кардани пасоянди насаби худро надоранд.

Аз Октябр то Бобуна
Дар замони советӣ ба гузоштани ном ягон кас эрод намегирифт ва одамон тибқи табъу дониши худ кӯдаконро ном мегузоштанд. Ман дар н.Ёвон одамеро медонистам, ки волидонаш ӯро ба шарафи Инқилоби с.1917 “Октябр” ном гузошта буданд. Ё ба шарафи кандани канали калони Фарғона писарчаеро Каналбой номгузорӣ карда буданд. Ба хотири бадавлат шудани тифл Кассирмуҳаммад низ ном дода буданд. Онҳо тамоми умр бо ин номҳо ифтихор мекарданд ва гилае аз волидон надоштанд. 1 рафиқам бо розигии аҳли хонавода ба наберааш Бобуна ном гузошт ва кӯдакро ҳама калонсолон бо ҳамин ном дӯст медоштанд. Дар идораи ҷамоат баъди ҷустӯҷуи зиёд аз “феҳрист” номи Бобунаро наёфтанд ва мутасаддиён розӣ нашуданд, ки ин номро ба навзод гузоранд.
Давоми 50 сол чандин маротиба шиноснома иваз кардему ному насаб, ки ин ҳама маблағ ва вақти пурқиммати мизоҷонро мегирад. Агар дар вақташ ин амалҳо иҷро нашаванд, ҳуҷҷатгиранда ҷазо мегирад. Русҳо бо ҳамон ному насаб, ки Медведеву Волкову Козлову Блохин доранд, садсолаҳо кору зиндагӣ мекунанд ва касе ба ному насабгузории онҳо эрод намегирад. Аммо чаро дар кишвари мо ба номгузории мо-мардуми тоҷик номҳои бегонаи эронӣ дохил гардад? Ҳол он, ки баъзе насабу номи гузаштагони мо ба маҳаллу менталитети ҳамон оила мувофиқ аст.

Зайнулобиддин Ҳусейнов
деҳаи Гулибодом, н.Ёвон

Чоршанбе, 10 Апрел 2019 09:40


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Иброҳим Аминзода, аз ҷамоати Моғиёни шаҳри Панҷакент (тел: 93 987 47 28) дар меҳмонии СССР гуфт, одами зинда шоҳид аст, ки бо ташаббуси Ҳукумати ҶТ шоҳроҳҳои асосӣ-шарёнҳои коммуникатсионӣ обод шудан доранд. Вале 100 афсӯс, ки аз бетарафӣ, бемасъулиятӣ ва бепарвоии роҳбарону масъулин роҳҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо харобу садамавӣ шудаанд. Ба ин мисол шуда метавонад, роҳҳои «сағера» - хароби ҷамоати Моғиёну Фароби н.Панҷакент. Аз маркази ноҳия то шаҳри Суғдиён ба қадри ҳол роҳҳо обод ва аз Суғдиён то Моғиён чунон валангоранд, ки бо дидани он гиряи кас меояд. Аҷибаш медонед дар чист? Аз ш.Душанбе то ш.Панҷакент ҳамагӣ дар 3 соат омада мерасед. Аз Панҷакент то Моғиён бошад беш аз  3 соат!!! Дар ҳалли ин мушкили чандинсолаи мо роҳбарони 3 ҷамоат бетараф, идораи роҳсозӣ бетараф, раиси шаҳр бетараф, вакилони маҷлиси шаҳриву вилоятӣ ва Маҷлиси Олӣ ҳам бетараф!!! Фикр мекунам, агар Ислом Зиёзода-раиси ш.Панҷакент дар ин ҳудуди номбаркардаи ман хона медошт, ба хотири ҳаракату ободии мошинаш ҳатман сари харобии роҳ фикр мекард! Аммо: «Туро газад маро чӣ ғам?!»

саҳ 7 аз 12

Китобҳо

Flag Counter