ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 08 Май 2019 11:04


Тибқи дастури раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ тамоми тарабхонаҳои пойтахт дар моҳи шарифи Рамазон бояд дарҳои худро боз намуда, ба сокинону меҳмонон ва сайёҳон хизмат намоянд.
   Тавре дар сомонаи расмии МИҲД дар ш.Душанбе омадааст, раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ бо назардошти зиёд гардидани ташрифи меҳмонон ва сайёҳон ба пойтахт ба мақомоти дахлдори шаҳрдорӣ дастур додааст, ки оғози фаъолияти тарабхонаҳои шаҳрро дар моҳи шариф Рамазон аз соати 11:00 ба роҳ монда, ҷиҳати ба таври пурраву мунтазам хизматрасонӣ намудани онҳо мусоидат намоянд.
   Гуфта мешавад, ки дар ҳолати иҷро нагардидани талаботи мазкур нисбати соҳибмулкони тарабхонаҳо тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Чоршанбе, 08 Май 2019 10:57


Бонки ҷаҳонӣ эълон намудааст, ки барои рушди инфрасохтори мавзеи таърихии «Чилучорчашма» 2 миллион доллари ИМА ҷудо хоҳад кард. Ба ғайр аз ин дар назар аст, ки аз ҷониби ин бонк боз 2 мавзеи таърихии кишвар-мақбараи «Хоҷамашҳад» ва маҷмааи археологии «Ҳулбук» низ таҷдид гарданд. Маблағи умумии барои таҷдид ва рушди инфрасохтори ин 3 мавзе ҷудомегардида $ 3,4 миллионро ташкил менамояд.
   Тавре ба мухбири СССР аз маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд, ин маблағ тавассути гранти лоиҳаи «Рушди иқтисодии маҳалҳои деҳот»-и Бонки ҷаҳонӣ ҷудо карда мешавад.

Чоршанбе, 08 Май 2019 10:49


Таслими Рейхи саввум
Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз муҳимтарин рӯйдод дар таърихи собиқ СССР (Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ) ба шумор мерафт ва онро ҳамасола шукӯҳманд ҷашн мегирифтанд. Заминасози ин рӯз амалиёти Берлинии Артиши Сурх (АС) шуд, ки 23 рӯз (аз 16 апрел то 8.05.1945) идома ёфта, чун бузургтарин муҳорибаи Ҷанги Ҷаҳонии 2-юм шинохта шудааст. Ба АС дар ин амалиёт маршал Георгий Жуков фармондеҳӣ мекард. 8 май дар музофоти Берлин миёни сардори ситоди сарфармондеҳии олии вермахт фелдмаршал В.Кейтел, ҷонишини Сарфармондеҳи олии АС маршал Жуков ва маршали нерӯҳои ҳавоии Англия А.Теддер Санад дар бораи таслими бечунучарои Олмони фашистӣ ба имзо расид. 9 май, соати 2:10 дақиқаи шаб ровии машҳури шӯравӣ Юрий Левитан аз радио Санади таслим ва қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР дар мавриди эълон кардани 9 май чун Рӯзи Ғалабаро қироат намуд. Баъд аз ба имзо расидани Санад боқимондаҳои артиши олмонӣ силоҳҳоро ба замин гузоштанд. Дар Курляндия 189.000 аскару афсар ва 42 генерал, дар болооби дарёи Висла гурӯҳи 75.000-нафара бо 12 генерал таслим шуданд.

Шикасти Вермахт
Рӯзи ғалаба яке аз ҷашнҳои асосӣ дар собиқ СССР ва нишондиҳандаи шарафмандии мардуми шуравӣ будӣ. Ба касе ҳам пӯшида нест, ки маҳз СССР ва нерӯҳои мусаллаҳаш бори азими муқовиматро зидди Рейхи 3-ум ба танҳоӣ бардоштанд. Маҳз АС камари Вермахти олмониро шикаста, душмани ишғолгарро то даруни хонааш ронд. 26.04.1965 бо қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР дар қаламрави кишвар 9 май рӯзи истироҳатӣ эълон шуд. Пештар 9 май дар тамоми кишварҳои Созишномаи Варшава ва Югославия чун иди давлатӣ ҷашн гирифта мешуд, лек баъди пошхурии Блоки шарқӣ ҳукуматдорони нав аҳамияти таърихии ин рӯзро ба таври дигар маънидод мекунанд.

Чоршанбе, 08 Май 2019 10:40


Узви Ихвон-ал-СССР, ронандаи собиқадор, Насрулло Камолзода аз ноҳияи Шӯробод ба СССР занг задаву гуфт, ки дина дар маҳфиле нишастем, гап дар бораи «хушунати оилавӣ» рафт, лек ҳич кас намедонад, ки «хушунат» чист ва онро бо чӣ «мехӯранд»? Ростӣ, баъди суқути давлати советӣ дар ҷомеа семинарҳо дар боби «хушунат алайҳи зан» зиёд барпо мешавад, лек «хушунат зидди мардон» дар ёди касе нест. Ҳурмату иззати шавҳар пеши зан намондааст. Бештари мардон бо сабаби ҷанҷолҳои оилавӣ ба амрози асаб ва дил гирифторанд. Ноҳурматӣ нисбати шавҳар-нописандӣ ба Қуръон аст. Зане, ки шавҳарро ҳурмат намекунад, дар лаънати Худост ва аз ин зан намозу рӯзаю садақот ҳаргиз қабул намешавад.

Чоршанбе, 08 Май 2019 10:37


Узви Ихвон-ал-СССР, донишҷӯ Рустам Насимов, аз ноҳияи Ховалинг ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки донишҷӯёни донишгоҳ ва омӯзишгоҳҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои кишвар пас аз ба даст гирифтани диплом савганд ёд мекунанд, ки мо ба халқи худ софдилона хизмат хоҳем кард. Ин савгандро ҳар донишҷӯ ба номи Пален Гиппократ медиҳад, ки дар соҳаи тиб асос ва саҳми арзанда гузоштааст. Оё мо мардуми 98% мусулмонро ҷоиз аст, ки савгандро ба номи ӯ диҳем? Ба номи Гиппократ савганд хӯрда фаъолият кардан меарзад? Чаро бо номи Абӯалӣ Ибни Сино, Берунӣ… савганд ёд намекунанд?

Чоршанбе, 08 Май 2019 09:16


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Дар деҳаи мо-Пушёни Поён бошад майдончаи варзишие нест, ки ҷавонону наврасон машқи бадан кунанд. Ин дар ҳолест, заминеро, ки барои майдончаи варзишӣ ҷудо кардаанд, дар ҷои он хонаи истиқоматӣ сохтанд. Дили ман ба ҳамсинну соли худ месӯзад, зеро тамоми ҷинояту рафторҳои ғайриинсонӣ дар ҷомеа аз бекорӣ ва бешуғлӣ сарчашма мегирад. Шояд нафари хайрхоҳе ёфт шаваду барои ҷудо кардану сохтани майдонча камари ҳиммат бандад? Фикр мекунам, ин амал дар ин моҳи Шарифи Рамазон ҳадяе барои ҷавонони Пушён хоҳад буд.

Сомон Каримзода,
донишҷӯ, н.Восеъ, тел: 919 12 99 63

Чоршанбе, 08 Май 2019 09:14


Дар ҷамоати деҳоти Мискинобод 8 деҳа ҷойгир аст, ки деҳаи Фатҳобод аз ҳама сернуфуз буда, беш аз 400 хоҷагиро дар бар мегирад. Солҳои 1970-80 гурӯҳе аз дастаи савобҷӯ бо сардории Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Пӯлод Абдураҳмонов шароити душвори беобии сокинонро ба назар гирифта, аз 3 км тавассути чашмаҳои мавзеи Туркмандара, бо қубурҳо оби ошомиданӣ кашиданд. Бо ҳамин мардум шикамсерӣ об менӯшиданд. Вале аз солҳои 2000 то ҳол сокинони поёни деҳ аз об танқисӣ доранд. Зеро дар Туркмандара шахсони алоҳидаи нотарс қубурҳоро сӯрох карда, обро барои кишти замин истифода мебаранд, ки дар натиҷа лойқаи он ба дарёчаи Харгӯш омада мерезад ва аз дарёча бошад сокинони поёноб оби лойқаро менӯшанду ба амрози сироятӣ гирифтор мешаванд. Баҳри пешгирии ин ҳолат духтурони Маркази санитарӣ-эпидемиологии ноҳияро борҳо хабардор карда бошанд ҳам, чорае надиданд. Ҳамчунин 1 гуруҳи дигар роҳрав ва чарогоҳи подаи деҳро аз худ ва маҳкам кардаанд. Мардум ҳайронанд, ки подаро куҷо баранд. Дар деҳа даҳҳо гектар замини обӣ дар дасти руҳониёну мансабдорон буда, аксарияти деҳқонон замин надоранд…

Ҳокими Сафар,
хабарнигори мардумии СССР, н.Файзобод

Чоршанбе, 08 Май 2019 09:07


Ислом, ба зоти худ, ки дорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост…
Ман, ростӣ, намехостам дар ин бора нависам, зеро ягон мусалмони комилро дар маҳдудаи кишвар намебинам…ва аммо менависам. Зеро бовар дорам, ӯ-мусалмони комил, вуҷуд дораду ин матлабро хонда, ақаллан дар ин моҳи Шарифи Рамазон гӯру кафану эмонашро намесӯзад…
Муҷрими ин матлаб Ҳокими Сафар-хабарнигори мардумии мо шуд, ки аз ноҳияи Файзобод, рӯзи бозор занг задаву гирёну нолон мегуфт, «Сайёфо, имрӯз нархи гӯштро қассобони беимони маҳаллӣ то 50 сомонӣ боло бурдаанд! Ва ин дар арафаи Рамазон. Онҳо репетитсия кардан доранд, то мардум ба ин нарх одат кунад!»…
Ва аммо субҳи дигар бонги изтироби Саъдии Маҳдӣ буланд шуд, ки навишт дар дӯконҳои Аҷина-Бозор ва қассобхонаҳои 33-ум мкр. нархи гӯшт то 5 сомонӣ боло рафт. Устод Маҳдӣ бо факту рақам ва аксу тоблуи гӯштфурӯшон аз шаҳрдорӣ талаб кард, ҳадди ақалл қассобхонаҳои гаронфурӯши маҳаллаи 33, ки зотан нархро ҳаминҳо ҳамасола мебардоранд, баста шаванд! Ва ин ҳам дар арафаи Рамазон. Ҷавонмардтарин қишри Тоҷикон дар аҳди қадим қассобҳо буданд, ки мутаассуф, дар асри номардтарин шудан доранд…
2 рӯз пеш бошад сафаре доштам ба Нораку Кӯлоб. Бовар кун, хонанда, табиати имсола бо хости Худованди Карим, бо ин ҳавои боронӣ онгуна серҳосил шудааст, ки алафу гулу гиёҳ гову молро пинҳон мекунанд. Майдонҳо алафзор, чорво серу пур, пистонҳо пури шир, сергӯшту равған шудаанд. Ва аммо ин беэмонҳо ҳатто ба ҳамин ҳавои боронии Худодод таассуб кардаву нархи чорворо бардоштан доранд. Ин дар ҳолест, ки аксарияти кулли рамаву подаҳо (ким намедонад?) моли сарватмандону давлатмардонеанд, ки дар ҳукумат бар курсиҳои давлат такя задаанд. Магар инҳо наметавонанд, ақаллан дар Рамазон нархи гӯштро, ки ба таври автоматӣ крани борбардори тамомии нарху наво дар кишвар мешавад, поин баранд? Метавонанд! Аммо намекунанд! Зеро бандаи нафсанд!!!
Ин ҳам аҷиб аст, ки баробари гароншавии нархи интернет даҳҳо ҳазор «фаъоли ҷомеа» (бофтаи асри Нано) сари по шудаву аз гиребони ҳукумат гирифт, вале ин фаъолон, ки бешак аз нисф зиёдашон бозоршинону туҷҷори беимонанд, чаро имрӯз дар баробари гароншавии нархи маҳсулот, гиребони худро бӯ намекунанд? Чаро гиребони хешро намегиранд, ки ҳуй сакалтуи беэмон, дар арафаи Рамазон нархрабоӣ пеши Худо писанд нест?!
Ба масҷид ҳафтае аз ту куҷо 1 саҷдаи лоиқ,
Ки дар одинае зоҳид, ба 6 рӯзи дигар фосиқ!!!
Аҷобати кор ин аст, ки агар саҳву хатои чанд кундаришро гӯӣ, онҳоро ба инсоф хонӣ, панд кунӣ, ки эмонро поинтар аз нафс нагузоред, ҳатман мешнавем, ки СССР равияи антидинӣ дорад. Мо не, шумо антиисломиед. Зеро Исломи ноб ҳич гоҳ ба ситам сари муслимин вал муъминин намехонад. Магар дар ҳар Рамазон СССР нархи гӯшту пӯст ва куллияи маҳсулоти полезиро боло мебарад? Дар арафоти идайни қуръонӣ оё бар қимати сару либоси атфол низ намеафзоед? Ещё как меафзоед! Вале айби хешро на, айби ҳукуматро мебинед. Боз дар ҳоле, ки ҳукумат нархро боло ҳам барад, нафъаш бар буҷҷа мерасад, яъне ба калу шалу маъюбу маълулу муаллиму омӯзгору нафақахӯр…Шумо танҳо дар фикри нафси хешед!
Ва замоне мебинӣ, ки боз ин савдогару қассобу туҷҷор эзорро то буҷулаки пой бар зада, дар намози ҷумъа саф меороянд, ростӣ, намедонӣ, чӣ гӯӣ… Магар Худое, ки шумо, гӯиё, мешноседу саҷдааш мекунед, ба намози риёии шумо ниёз дорад ва ё ба инсофатон? Суоли риторикист, албатта…
Худо қабул кунад, банда дар масоҷиди Ҳинду Чину Аврупову Амрико, Эрону Саудӣ… намоз гузоридаам, вале чунин беинсофие, ки мусалмонони мо доранду дар ин моҳи Шариф даст ба ғорати муслимин мезананд, ҷое вар нахӯрдаам! Туҷҷори мо, албатта, на ҳама, ва аммо 80-90% бештараш, онгуна думболаи нафс рафтаанд, ки боре дар намози ҷумъа, дар масҷиди Яккачанор шоҳиди ин моҷаро шудам:
-Мӯсафеди кӯҳистоние аз 1 ҷонамозфурӯши маҳаллӣ хоҳиш кард, ки ба орият ҷойнамозаш диҳад, то пас аз намоз онро баргардонад. Чӣ фикр кардӣ, хонанда, оё ин «марди порсо» хоҳиши пири меҳмонро иҷро кард? Неъ! Ба қимат бар ӯ фурӯхтанӣ шуд ва чун мӯсафед даъват ба эмону инсофаш намуд, қариб силлияш мезад… Мӯсафеди бечора, бо нидои «э, Худо гирад эмондории шаҳриёнро»… моро тарк гуфт…
Худо ҳаряки моро дар Рамазони Шариф инсоф диҳад: Инсоф, ки омад, эмон ҳам мешавад. Дахли Моҳи Худо бар хонадони ҳаряки мо қудсан табаррук бод…
Мо Метавонем!

саҳ 11 аз 14

Китобҳо

Flag Counter