ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 01 Май 2019 08:48


Санаи 15.04.2019 ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти семоҳаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони воҳидҳои сохтории Бонк, мудирон ва сармуҳосибҳои филиалҳо иштирок доштанд. Нахуст Раиси Раёсат Сироҷиддин Икромӣ ҳозиринро хайрамақдам намуда, ҷаласаро ҳусни оғоз бахшид. Пас аз пазироии меҳмонон, Сироҷиддин Икромӣ аз натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ ҳисобот дод. Зикр гардид, ки татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Президенти кишвар ва ҳадафҳои гузоштаи Бонк барои соли 2019 имкон дод, ки дар маҷмӯъ рушди босуботи соҳа нигоҳ дошташуда, иҷрои нишондиҳандаҳои асосӣ дар давраи ҳисоботӣ таъмин гардаанд. Муовини Раиси бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова ҷиҳати кам намудани муомилоти нақдӣ ва зиёд намудани гардиши маблағҳои ғайринақдӣ дар Бонк андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ин масъала тақвият дода шавад ва боз ҳам бештар рушд ёбад. Сипас, нисбати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, ба филиалҳое, ки нақшаҳои худро бо зарар ҷамъбаст намудаанд, супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар қисмати дуюми ҷаласа, аз ҷониби Сардори Идораи банақшагирӣ ва музди меҳнати Департаменти тараққиёт ва идоракунии хавфҳои бонкӣ Раҳимзода Ш. аз натиҷаи корҳо ва камбудиҳои ҷойдошта, дар самти фаъолияти филиалҳо рӯнамоӣ пешниҳод гардид. Лозим ба зикр аст, ки ҷиҳати татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри бартараф намудани мушкилиҳо, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва устувор намудани мавқеи Бонк дар бозори байнибонкӣ, Лоиҳаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” барои соли 2019 қабул карда шуд.

Вохӯрии Сироҷиддин Икромӣ бо намояндагони Бонки Давлатии рушди Хитой
Рӯзи 19.04.2019 Раиси Раёсати Бонк Сироҷиддин Икромӣ бо гурӯҳи кории Бонки давлатии рушди Хитой вохӯрӣ анҷом дод. Ҳайати кории Бонки давлатии рушди Хитойро ҷаноби Фен Дже роҳбарӣ намуд. Мақсад аз ташрифи ҳайати корӣ ин баррасӣ намудани масъалаҳои корӣ ва рушд додани ҳамкориҳои молиявии БДРХ бо БДА ҶТ «Амонатбонк»-ро дар бар мегирифт. Дар оғоз Раиси Раёсати Бонк Сироҷиддин Икромӣ меҳмононро пазироӣ намуда, аз ҳамкориҳои тулонӣ ва самараноки ду Бонк, ки ҳар ду ҳам аъзои Иттиҳоди Байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҷаноби Фен Дже дар рафти вохӯрӣ иброз дошт, ки БДРХ «Амонатбонк»-ро ҳамчун як шарики боэътимоди худ миёни бонкҳои Тоҷикистон дониста аз ҳамкориҳои самараноки судманд тарафдорӣ менамояд. Дар идомаи вохӯрӣ масъалаҳои ба имзо расонидани хатти қарзии манфиатнок барои дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бо юани Хитой баррасӣ гардид. Ҷонибҳо дар доираи Ҷаласаи Иттиҳоди Байнибонкии СҲШ, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад саривақтӣ шуморида, барои ба имзо расонидани санадҳои муҳим ба мувофиқа расиданд. Ҳамчунин меҳмонон дар доираи густариши ҳамкориҳо масъалаи бозомӯзии кормандони Бонкро дар Ҷумҳурии мардумии Чин арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳар нафар корманде, ки бо пешниҳоди «Амонатбонк» дар Хитой такмили дониш менамояд пас аз бозгашт метавонад дар рушди ҳамкориҳо ва Бонк саҳми арзандаи худро гузорад. Лозим ба зикр аст, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» тӯли бештар аз 10 сол бо БДРХ шартномаи ҳамкорӣ дошта дар ин муддат аз қарзҳои пешниҳоднамудаи Бонки мазкур, ки тариқи Амонатбонк сурат мегирифт, чандин лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шуда, самтҳои афзалиятноки хоҷагии халқ рушд ёфтаанд. Дар хотима ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати омода намудани тамоми ҳуҷҷатҳои лозима барои ба имзо расонидани созишномаҳои нав тасмими ҷиддӣ гирифтанд.

Маркази матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»

Чоршанбе, 01 Май 2019 08:44


Вазорати фарҳанги ҶТ матлаби Ҷ.Раҷабовро таҳти унвони «Ҳуқуқи муаллиф чаро ҳифз намешавад?» (СССР, 24.01.2019, №4 (541)) омӯхта, чунин посух медиҳад: Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» 13.11.1998 қабул шудааст (минбаъд қонун). Дар қонун дигаргуниҳои куллие, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ба вуқӯъ омадааст, ба инобат гирифта шудааст. Вобаста ба рушди техникаву технологӣ, истифодаи асарҳо ба тарзи рақамӣ ва мутобиқ кардани қонунгузории соҳаи ҳуқуқи муаллиф ба талаботи созишномаҳои байналмилалӣ солҳои 2003, 2006, 2009, 2014 ва 2018 ба қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд. Дар банди 2, қ.1 моддаи 6 объектҳои ҳуқуқи муаллиф зикр шудаанд, ки ба он асарҳои адабиёт, яъне адабиву бадеӣ, илмӣ, таълимӣ, публитсистӣ…, ки дар натиҷаи эҷоди муаллиф офарида шудаанд, аз ҳифз бархӯрдоранд. Матнҳои суруд ва мусиқӣ яке аз объектҳои ҳуқуқи муаллиф аст ва онҳо ҳатто дар аввалин қонунҳое, ки дар ҷаҳон (асри XVIII) қабул шудаанд, ҳимоя шудаанд. Дар муқаррароти қонун ҷой надоштани ин 2 жанри адабӣ ғайриимкон буда, он ба асоси ҳуқуқии соҳа таъсир мерасонад. Асоси муносибатҳои байни муаллиф ва истифодабарандаи асари ӯро усули озоди бастани шартномаҳо ташкил медиҳад. Яъне тарафҳои шартномабаста метавонанд мустақилона (албатта, бе вайрон кардани муқаррароти асосии қонунгузорӣ) шартҳоеро, ки лозим медонанд, дар шартнома зикр намоянд. Тибқи қонун ва қарорҳои амалкунанда, муаллиф ба гирифтани ҳаққи қалам барои ҳар намуди истифодаи асараш ҳақ дорад (қ.4, моддаи 16 қонун). Ин ба он маъност, ки шахс ҳуқуқ дорад, барои истифодаи асараш ҳаққи қалам талаб намояд. Пардохти ҳаққи қалами муаллифон барои нашри асарҳои илм, адабиёт ва санъат тавассути қонун ба таври фоизи муайян аз даромади тарзи истифодаи асар ё ба таври маблағи устувор сурат мегирад (моддаи 26 қонун)… Мо умедворем, худи муаллифон низ дар оянда барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ бештар кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Ш.Орумбекзода,
вазир

Чоршанбе, 01 Май 2019 08:37


Майдони манофеъ
27.04.1978 дар Афғонистон табаддулоти ҳарбӣ сар зад ва дар натиҷа подшоҳи кишвар Муҳаммад Довуд сарнагун карда шуд ва қудрат ба дасти Ҳизби Халқӣ-Демократии Афғонистон (НДПА) гузашт. Он, ки дар собиқ СССР бо номи Инқилоби Савр (инқилоби апрелӣ) маъруф буд, яке аз руйдодҳои мармуз дар таърихи навини Афғонистон аст ва ҳамсоякишвари моро гирифтори ҷанги дохилӣ кард, ки алангаҳояш то ҳол хомӯш нашудаанд. Афғонистон чун майдони манофеи стротегӣ кишварҳои зиёдеро ба худ ҷалб мекард. Яке аз ин кишварҳо СССР буд. Аввалин кишвари Шӯроҳо ҳамеша мекӯшид манофеи сиёсӣ ва иқтисодии худро дар ин кишвар пиёда кунад. Аз сӯи дигар Чин ва НАТО низ мехостанд дар ин кишвар ҳузури ҳарбӣ ва иқтисодӣ пайдо кунанд ва ин барои СССР дарди сари дигаре дуруст мекард. Барои пешгирии ин хатарот СССР пеш аз ҳама дар манотиқи шимолии Афғонистон фаъолияти сахт мебурд ва аз ҳукумати Афғонистон талаб карда буд, шаҳрвандони кишварҳои аъзои НАТО ба ин манотиқ роҳ дода нашаванд. Дар баъзе маворид ҳатто мутахассисони СММ, ки дар навоҳии шимолии Афғонистон канданиҳои фоиданок меҷустанд, ба ин манотиқ роҳ дода нашуданд. СССР замони ҳукумати Довуд дар Афғонистон манофеи иқтисодӣ низ дошт. СССР дар авохири солҳои 1960 қисмате аз гази Узбакистон ва Тоҷикистонро аз Афғонистон таъмин мекард. Афғонистон тибқи маълумотҳои мавҷуда, солона ба СССР аз 2,1 то 2,7 млрд кубометр гази табиӣ медод. Бо вуҷуди ин Афғонистон ҳамоно яке аз фақиртарин кишварҳои ҷаҳон будӣ.

Довуд ва рӯҳониҳо
Ҳукумати нави Довуд корро дар кишвар аз ислоҳоти аграрӣ оғоз кард, лек кӯшиши навовариҳо дар ниҳодҳои дохилидавлатӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ мухолифати ашаддии руҳониятро ба бор овард.

Чоршанбе, 01 Май 2019 08:30


26.04.1920. Таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Хоразм. Ин ҷумҳурии нав дар қаламрави собиқ хонигарии Хоразм таъсис дода шуд ва ҳудуди Туркманистон ва Узбекистони имрӯзаро дар худ муттаҳид мекард. С.1922 ҶХШ Хоразм аз миён бардошта шуд ва қаламраваш ба РСС Туркманистон ва Ӯзбекистон гузашт.
26.04.1945. Дар рафти муҳорибаи Берлин тонкҳои шӯравӣ маркази шаҳрро рахна карданд. Ин ҳарб охирин ва бузургтарин задухӯрдҳои ҶБВ буд, ки 16 рӯз идома ёфт ва Артиши Сурх баъди ҷанги шадид, пойтахти Рейхи 3-умро тасарруф кард.
26.04.1986. Садама дар Нерӯгоҳи атомии Чернобил. Он яке аз бузургтарин садамаҳои атомии асри 20 ба шумор меравад, ки қариб буд Аврупоро маҳв кунад.
27.04.1918.Дар Русияи Шӯравӣ бо қарори КМИ кишвар ҳаққи варосат (меросбарӣ) бекор карда шуд. Дар аввалин кишвари Шӯроҳо дигар касе аз касе ирс намебурд. Албатта болшевикон ба бемантиқии ин қонун зуд пай бурданд ва 22.05.1922 онро бекор намуданд.
27.04.1932.Раёсати КМИ СССР аввалин Кодекси ҳавоии СССРро ба тасвиб расонид.
27.04.1978.Инқилоби савр (апрелӣ) дар Афғонистон. Дар ин рӯз нерӯҳои мусаллаҳи ба Ҳизби Халқи Демократии Афғонистон содиқ ҳукумати Довудшоҳро сарнагун карданд ва қудрат ба дасти коммунистон гузашт. Ин инқилоб мунҷар ба ҷанги дарозмуддат дар Афғонистон гашт, ки то ҳол идома дорад.
28.04.1920. Таъсиси РСС Озарбойҷон.

28.04.1953.Дар СССР Василий-писари Иосиф Сталин ба ҳабс гирифта шуд.

Чоршанбе, 01 Май 2019 08:26


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва кулли хонандагону мухлисонаш! Мехоҳам дар бораи 2 мушкили деҳаамон кутоҳ бигӯям: Набуди бунгоҳи саломатӣ (медпункт) ва мактаби миёна!
Деҳи мо навбунёд буда, дар ҷамоати деҳоти ба номи Х.Раҷабов дохил мешавад. Деҳа с.2010 бунёд ёфта, дар аввал Қитъа ном дошту ҳоло Дарнайчӣ. Дар ин 9 соли мавҷудият бунгоҳи тиббӣ дар рустои Раҳмонбердӣ 4-5 км аз мо дуртар қарор дораду мардум сарсону саргардонанд. Хонандагони мактаб бошанд масофаи дарозро тай карда, барои таҳсил ба рустоҳои Нонҷемасу Раҳмонбердӣ мераванд. Хуллас, ҳалли ин 2 мушкили умдаи иҷтимоӣ орзуи деринаи мо-сокинони Дарнайчӣ мебошад. Шояд ба ин 2 мушкил вазирони гиромиву мардумии мо-Нуриддин Саид ва Насим Олимзода расидагӣ мекарданд. Мо қаблан аз эшон миннатдорем.

Сомон Каримзода,
донишҷӯи ДДОТ ба номи С.Айнӣ, н.Восеъ, тел: 919 12 99 63

Чоршанбе, 01 Май 2019 08:23


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Шеравган Иброҳими Алӣ аз шаҳри Кӯлоб бо телефони 98 519 23 57 ба СССР занг задаву гуфт, ки дар 2 мавзуъ кутоҳ ибрози назар карданиям:
1.Дар шумора гузаштаи СССР матлаберо оид ба набуди ҳоҷатхонаҳои умумӣ дар пойтахти кишвар хондам. Бояд гуфт, ки ин мушкил фақат хоси Душанбе нест, балки проблемаи №1-и шаҳри Кӯлоб низ ҳаст!
2.Ба диққати кулли мухлисони дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб расонданиям, ки аввал билетхариро ёд бигиранд, баъд ба ин дастаи 1 замонҳо маъруфу машҳур дилсӯзӣ намоянд!!! Ман 100% мутмаинам, ки ФК Равшан аз зихнагӣ-«крахаборӣ»-и мо шикаст хӯрд ва муфлис шуд!!!

Чоршанбе, 01 Май 2019 08:21


Узви Ихвон-ал-СССР, Абдукарим Файзуллоев, муздури мавсимӣ аз шаҳри Ваҳдат ба СССР занг задаву гуфт, ки 1 нафар хонанда навиштааст, ки “Чаро Тоҷик аз ФМС мегурезад?”. Ӯ гуфтааст, ки дар Маскав пиру ҷавони қиргиз ба овози баланд механданду гап мезананд, аммо Тоҷик ин тавр нест. Ман чӣ гуфтанӣ?
Ҳуқуқи муҳоҷират дар қаламрави Федератсияи Русияро бояд аз худ кунем. Дар ҳолати надонистани ҳуқуқ на танҳо аз ФМС, балки аз 1 кӯдаки рус ҳам мегурезем. Тавре мо расму русум, дину оин ва маданияти худро дӯст медорем, русҳо низ чунинанд. Ман ҳам дар Русия будам ва ягон бор аз ФМС нагурехтаам, ҳатто боре ҳам дари ОВДҳои ФРро надидаам. Нагузоред, ки ҳуқуқи шуморо поймол кунанд!!!

Чоршанбе, 01 Май 2019 08:16


Бо ҳамдеҳагонам-Садаф Қурбоналиева ва Саид Тиллоев ба қабули раиси вил.Хатлон Қурбон Ҳакимзода рафтем. Моро муовини якумаш қабул кард. Ба мудири шуъбаи идеология ва иттилоот Саъдуллоев Фақер оид ба навиштаҷоти “Қизил Қалъа”-и шоҳроҳи Бохтар-Душанбе гуфтем ва афзудем, ки дар ин хусус дар шумораи гузаштаи СССР низ навишта будем. Вале ӯ ба мо гуфт: “Ҳамин газетаҳоро кӣ мехонад? Ҳеҷ кас! Ва ба шумо низ ҳич кас ёрдам нахоҳад кард! Номи “Қизил Қалъа”-ро низ касе наметавонад иваз кунад!” Афсӯс, ки раҳбари идеологии 1 вилояти бузургтарини кишвар чунин андеша дорад. Ман ба Ҳукумати марказӣ муроҷиат карда гуфтаниям, ки мардумро бояд барои газетахон кардан ташвиқу тарғиб намоем! Вагарна ин чӣ хел аст, ки раҳбари идеологӣ ошкоро ва бе андеша чунин мегӯяд? Бигзор «Қизил Қалъа»-ро касе иваз карда натавонад, вале СССРро бояд хонанд ку!!! Зеро матбуот Ҳокимияти 4-ум аст!!!

Асадуллои Бохтарӣ,
н.Кӯшониён

саҳ 13 аз 14

Китобҳо

Flag Counter