ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 02 Май 2019 12:44

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон мерасонад, ки бинобар фаромадани ҷинсҳои куҳӣ дар километри 119-700 роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт муваққатан манъ карда шудааст.
   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, ронандагон ва шаҳрвандон то бартараф намудани камбудиҳо дар ин роҳ бояд аз сафар худдорӣ намоянд. Оид ба оғози ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ иловатан хабар дода мешавад.


Чоршанбе, 01 Май 2019 17:16

Нархномаи хизматрасонии иттилоотӣ ва маълумотии Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии (СМИТ) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.05.2019 тағийр ёфта, тибқи нархномаи нав хизматрасонии пулакӣ нисбат ба нархномаи пешин арзон карда шудааст.
   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, акнун барои дастрас намудани маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ корафтодагон метавонанд 20 сомонӣ пардохт намоянду дар тӯли 10 рӯзи корӣ чунин ҳуҷҷатро ба даст оранд. Барои ба таври оҷилӣ дастрас намудани маълумотнома, ки дар муддати 3 рӯзи корӣ омода мешавад, 40 сомонӣ пардохт кардан лозим аст.
   Барои муассисаву ташкилотҳои ғайридавлатӣ нархи чунин маълумотнома 45 сомонӣ арзиш дошта, он ҳам дар тӯли 10 рӯзи корӣ тайёр мешавад. Дастрас намудани маълумотномаҳо ба таври оҷилӣ 65 сомонӣ қимат дошта, он дар муддати 3 рӯзи корӣ омода мегардад.
   Гуфта мешавад, ки иштирокчиёни ҶБВ, бартарафсозии оқибатҳои садамаи НБА ”Чернобил”, ҷанговарони ”Интернатсионалист”, нафақахӯрон, аъзои оилаҳои камбизоат, маъюбон, кормандон ва оилаҳои кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин иштирокчиёни барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти маблағи хизматрасонии мазкур озод мебошанд. Пардохти хизматрасонии мазкур барои шаҳрвандони ноболиғ 50 % аз маблағи муайянгардида муқаррар карда шуда, хизматрасонии иттилоотӣ ва маълумотӣ ба вазорату идораҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ҶТ ройгон расонида мешавад.


Чоршанбе, 01 Май 2019 16:54


Бо қарори раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳр 697 800 сомонӣ барои ҳавасмандгардонии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 ҷудо карда шуд. Тибқи ин қарор ба ҳар 1 иштирокчӣ ва маъюби ҶБВ ба андозаи 1500 сомонӣ, ба шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз 6 моҳ дар ақибгоҳ дар ин давра кор кардаанд, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 800 сомонӣ ҷудо карда мешавад.
   Гуфта мешавад, ки муовинони раиси ш.Душанбе муваззаф шудаанд, ки маблағҳои ҷудогардидаро ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ пойтахт зимни аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматиашон бо тантана аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе на дертар аз 4.05.2019 супоранд.

Чоршанбе, 01 Май 2019 16:50


Шоми 30.04.2019 варзишгарони маъруфи тоҷик, қаҳрамони панҷкаратаи Осиё Дилшод Назаров ва қаҳрамони бозиҳои Осиё оид ба бокс Баҳодур Усмонов пас аз мусобиқот ба Ватан баргаштанд.
Бояд қайд намуд, ки варзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров дар мусобиқаи гурзандозии Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук, ки дар ш.Давҳаи Қатар баргузор гардид, аз ҳамаи рақибонаш пеш гузашта, унвони чемпиониро соҳиб  шуд. Дилшод  Назаров гурзро ба масофаи 76,14 метр ҳаво дода, соҳиби медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук гардид.
Варзишгари дигари тоҷик Баҳодур Усмонов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс дар ш.Бангкоки Тайланд  дар вазни 64 кг миёни мардон чемпиони Осиё шуд. Баҳодур Усмонов дар вохӯрии ниҳоӣ бар варзишгари Урдун Обада Ал-Касбе ғолиб омад.

Чоршанбе, 01 Май 2019 09:14

  

Чоршанбе, 01 Май 2019 09:07

 

Чоршанбе, 01 Май 2019 09:03

 

С.А. Нурӣ: Замоне, ки дар ҳизби наҳзати ислом 100-то Ҳимматзода пайдо шуд ва шумо дидед, ки Тоҷикистон дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аз Япония пеш мегузарад, ҳамон вақт метавонед тариқи парлумонӣ дар кишвар сари қудрат биёед. Дар сурати акс бидонед, ки ба ман хиёнат кардаед".

Чоршанбе, 01 Май 2019 08:52


Сангалӣ Раҳимов, коршиноси масоили кишоварзӣ аз ноҳияи Кӯшониён дар меҳмонии СССР гуфт, ҳоло масъулони соҳаи кишоварзӣ зери шиори «гузаштан аз аграрӣ ба саноатӣ-аграрӣ» баромад кардан доранд. Гуфтаниям, ки агар таҳаввулоте дар ин соҳа карданӣ бошанд, рӯ ба кооперативи Ҷопон биёранд. Зеро ба ҷои шиорпартоӣ ҷаҳони муосирро омӯзанд ва вобаста ба имкониятҳои иқтисодию иқлиму хоку боду ҳаво кор кунанду соҳаро ба ботлоқ табдил надиҳанд! Дар илми муосири иқтисодиёти кишоварзӣ назарияи наве «ихтироъ» ва замини Тоҷикистонро $600 млн. қарздор кардед! Дастандаркорон аз ин ҳисоб барои худу фарзандҳояшон қасрҳо сохта, миллионҳо долларро дар хориҷи кишвар мечархонанд. Қарзи замин сармоягузорони хориҷиро ба ҳарос овардааст. Таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки сармояи хориҷӣ ба соҳаи кишоварзӣ маблағи ночиз ворид кардааст, аз ҷумла, сармоягузорони ватанӣ. Лиҳозо, коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳолати табоҳ қарор дорад. Зимистони солҳои 2017-18 дар таърихи кишоварзӣ тӯли 80 соли охир камбориштарин ва гармтарин ба қайд гирифта шуд. Кормандони хизматрасонии оби полезӣ оби лозимиро барои обёрии захираву майдонҳои киштшаванда ва боғу токзорҳо доданд. Дар 100-ҳо га замин кишти пахта ба нақша гирифта шуду бо оби захиравӣ шустани замин аз намакҳо гузаронида нашуд!

саҳ 12 аз 14

Китобҳо

Flag Counter