ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 21 Август 2019 15:24

Усмонов Ғуломҷон-зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар дар ғайриқонунӣ соҳиб шудан ва нигоҳ доштани воситаҳои нашъадор ба миқдори калон боздошт шуд. Аз мақомоти қудратӣ бо тасдиқи ин хабар ба СССР гуфтанд, ки дар 1 амалиёти оперативӣ Усмонов бо 1 кг 930 гр ҳашиш ба даст афтодааст. Ҳоло нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Баҳодур Уроқов, СССР, ш.Бохтар

 

Чоршанбе, 21 Август 2019 11:58

Баъди 9 моҳи барканории Илҳом Сатториён, муовини раиси ш.Панҷакент, ба ин вазифа Бобозода Шавкат таъин шудааст. Дар ин бора аз ҳукумати ш.Панҷакент ба “СССР” иттилоъ доданд. Бобозода акнун муовини раиси ш.Панҷакент дар бахши кишоварзӣ ва заминро сарпарастӣ хоҳад кард. Қаблан барканории муовини пешинаи раиси шаҳрро ба он рабт медоданд, ки ӯ аз ӯҳдаи иҷрои кишти картошка набаромадааст. Аммо худи Сатториён гуфт, ӯ бо хоҳиши худаш аз вазифа рафтааст. Бобозода хатмкардаи Донишгоҳи озоди Тоҷикистон дар ш.Панҷакент бо ихтисоси менеҷмент-иқтисодчӣ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо ихтисоси агроном-олим будааст. Ӯ то ин вақт дар вазифаи сардори стансияи давлатии навъсанҷӣ фаъолият дошт. Муовини раиси ш.Панҷакент дар соҳаи кишоварзӣ, яке аз вазифаҳои мушкил, мегӯянд соҳибназарон. Зеро дар майдони зиёд кишти картошка ва мушкилоти рӯзмарраи мардум вобаста ба замин яке аз проблемаҳои аввалиндараҷа дар Панҷакент дониста мешавад.

Хуршед Фозил,

СССР

 

Чоршанбе, 21 Август 2019 11:54

   Субҳи имрӯз бо ҳавопаймои ширкати «Сомон эйр» 170 нафар мусофирон-нахустин зоирини имсолаи ҳаҷ аз ш.Мадина ба Душанбе баргаштанд. 

   1 рӯз пеш бошад тавассути ҳавопаймои ширкати «Тоҷик эйр» гурӯҳи нахустини зоирин аз ш.Мадина ба ш.Хуҷанд баргашта, қарор аст то 10 рӯзи оянда тамоми зоирини тоҷик ба Ватан баргарданд.

 

Чоршанбе, 21 Август 2019 10:22

   Капитан Фаррух Иброҳимов, муовини командири баталиён оид ба техникаи қисми ҳарбии 3502 РҚД ВКД ҳангоми қарор доштан дар рухсатии меҳнатӣ дар зодгоҳаш ш.Конибодом баъди бохабар гаштан аз ҳодисаи сӯхтор дар манзили истиқоматии ҳамдеҳааш Саодат Толибова воқеъ дар маҳаллаи Ҳавзи баланд бетараф наистода, барои хомӯш кардани оташ талош кард. Афсари ҷавон, ки ҳамаги 27 сол дошт ба сӯхторхомӯшкунӣ машғул гашта, дар иҳотаи оташ ҷароҳатҳои вазнини сӯхтаи бадан мебардорад. Бо бардошти 85 % сӯхтани аъзои бадан дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

    Чуноне ки сомонаи ВКД ҶТ хабар медиҳад, ҳодисаи сухтор шоми 8.08.2019 сар зада, ҳуҷраҳои истиқоматӣ бо амвол дар масоҳати 90 метри мураббаъ ба коми оташ меравад. Дар ин ҳодисаи сӯхтор дар баробари кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дигар ҳаққу ҳамсояҳо капитан Фаррух Иброҳимов барои хомӯш кардани он саъй намуда, бо мақсади наҷот додани моликияти соҳибхона ва пешгирии афзоиши зарар ҷони худро дар хатар гузошт. 

   Афсари қушунҳои дохилӣ капитан Фаррух Иброҳимов баъди марг бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро рутбааш 2 зина боло бардошта шуда, бо рутбаи подполковник қадршиносӣ гардид. 

 

Чоршанбе, 21 Август 2019 09:42

Иттиҳоди Аврупо барои беҳтар намудани шароити зисти аҳолии деҳот дар Тоҷикистон 59 миллион евро маблағ ҷудо намудааст. Тавре ба мухбири СССР дар намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Комиссияи Аврупо  барномаи дастгириро ба маблағи 59 миллион евро барои рушди деҳот дар Тоҷикистон эълон намуд. Соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон тақрибан чоряки маҳсулоти умумии дохилии кишварро ташкил медиҳад ва тақрибан аз чор се ҳиссаи аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин, иқтисоди деҳот ба мушкилоти сохторӣ, аз ҷумла дар соҳаи идоракунии захираҳои табиӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дучор меояд.

   Илова бар ин, Иттиҳоди Аврупо барои баланд бардоштани рақобатпазирии тиҷорат, тақвияти идоракунии захираҳои табиӣ ва пешбурди истифодаи устувору самараноки захираҳои об мусоидат менамояд. 

 

 

Чоршанбе, 21 Август 2019 09:30

   Ин ҳафта ба феҳристи идҳои мавҷуда боз идҳои нав зам шуданд. 

   Тибқи Амри Президенти ҶТ ҳамакнун, ҳар сол дар кишвар шанбеи сеюми моҳи август Иди ангур ва шанбеи сеюми моҳи сентябр Иди себ баргузор карда мешавад. 14 сентябр Иди каду ҷашн гирифта шуда, ҳафтаи 1-уми моҳи сентябр бошад дар мамлакат Иди асалу харбуза таҷлил мегардад. Муборакамон бошад!

 

Чоршанбе, 21 Август 2019 09:28

Президенти Русия Владимир Путин бо имзои 1 фармон гирифтани ҳаққи шаҳрвандии Русияро барои сокинони вилоятҳои ҷудоихоҳи Донетск ва Лугански Украина осонтар кард. Аз ин пеш Путин қарореро содир карда буд, ки ба сокинони баъзе аз минтақаҳои 2 вилоят имкон медод, ба осонӣ шаҳрвандии Русияро бигиранд. Бояд гуфт, ин минтақаҳо дар дасти ҷудоиталабони тарафдори Русия ҳастанд. Ҷониби Украина гуфтааст, шиносномаҳои русиро, ки бар асоси ин қарорҳо додаанд, ғайриқонунӣ медонад.

 

Чоршанбе, 21 Август 2019 09:26

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, фарҳангшинос Мирзо Ниёзов аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар меҳмонии СССР гуфт, ки ҷои афсӯс аст, имрӯз Тоҷики тоҷдори мо дар хона ҳама чиз дорад, ба ҷуз китобу журналу газета. Барои харҷи худоӣ ва тӯйи бемаънӣ ҳазорон сомонӣ маблағ меёбем, вале барои хариди асарҳои барҷастаи Рӯдакию Саъдию Ҳофиз, Айнию Турсунзода… 10-20  сомонӣ сарф намекунем, ки фарзанд аз кӯчагардию корҳои беҳуда дида, 2 саҳифа китоб хонад, ақлу тамиз ёд гирад, то дар зиндагии оянда ба кор ояд. Касе, ки «Ёддоштҳо»-и С.Айнӣ, «Писари Ватан»-и М.Турсунзода, «Духтари оташ»-и Ҷ.Икромӣ, «Модар»-и М.Горкийро мутолиа карда бошад, баръало мушоҳида мекунад, ки саргузашти муаллиф барои ҳама омӯзанда аст. Имрӯз қадру манзалати омӯзгор дар ҷомеа на он қадар назаррас аст. Муаллим дарсу мактабро партофа, тиҷорат мекунад, дар Русия муҳоҷир аст. Ин ҳама аз камии маош аст. Сару либосе, ки донишҷӯ ё хонанда дорад, муаллим онро дастрас карда наметавонад. Дипломдорони ҷавон вақте бо роҳхати Вазорати маориф аз донишгоҳҳо ба кор меоянд, ҳатто ариза, гувоҳнома ва хислатномаро навишта наметавонанд. Агар нависанд ҳам бо хатои зиёд…

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 10

Китобҳо

Flag Counter