ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 28 Август 2019 09:19

Вакилони Думаи давлатии Русия Антон Романов ва Евгений Федоров аз Додситонии кулли ФР бо 1 нома дархост карданд, ки нахустин президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев хоини ватан эълом карда шавад. Онҳо аз фраксияи "Русияи воҳид" пешниҳод доранд, ки қонунӣ будани таъсиси Шӯрои давлатии СССРро баррасӣ кунанд, зеро ин ниҳод ғайриқонунӣ буда, тасмимҳо гирифтааш ба истиқлол, амният ва мудофиаи кишвар зиёни бузург ворид кардааст.

 

Чоршанбе, 28 Август 2019 09:14

Дар зарфи 7 моҳи соли равон қурби расмии пули миллӣ-сомонӣ нисбат ба доллари ИМА бетағйир боқӣ монда, дар ин давра ба 9,4286 сомонӣ баробар гардида, 0,1% коҳиш ёфт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба андозаи 6,7 банди фоизӣ кам мебошад. Бонки миллии Тоҷикистон соли равон тибқи муқаррароти «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва давраи миёнамуҳлат» сиёсати қурбии ба реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда» асосёфтаро амалӣ карда истодааст. Новобаста аз тағйирёбии муътадили қурби расмӣ дар ин давра, норасоии доллари нақди амрикоӣ дар бозори дохилӣ ва чун натиҷа баланд гардидани қурби фурӯши он дар бозори ғайрибонкӣ ба амал омад. Ҳолати мазкур талаботи доимии ба асъор ҷойдоштаро зиёдтар гардонида, ба ҳаннотон ва дигар манфиатдорон имконияти афзун гардонидани фишорҳои қурбӣ ва тезонидани раванди беқурбшавии сомониро муҳайё сохт.

Дар ин асос фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд дар бозори ғайрибонкӣ меъёри муқарраршудаи 2-фоизаро гузашта, аз 2,8 фоизи 1 феврали соли 2019 то ба 6,1 фоизи 15.05.2019 афзуд. Яке аз сабабҳои асосии зиёд шудани талабот ба доллари нақди ИМА- ин афзоиши тавозуни манфии савдои мамлакат, коҳиши вуруди интиқоли пулӣ ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор ва ғайраҳо мебошад, афзуд сарчашма. Аз муроҷиати корхонаву ташкилот ва истеҳсолкунандагони ватанӣ маълум мегардад, ки масъалаи норасоии асъори хориҷӣ яке аз мушкилоти асосии пешбурди фаъолияти самараноки онҳо гардидааст. Дар ҳаҷми пурра қонеъ нагардидани талаботи мизоҷон ба доллари ИМА аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ онҳоро маҷбур месозад, ки бо мақсади нагирифтани зарар аз фаъолият ба бозори ғайрибонкии асъор рӯ оваранд. Айни замон бинобар зиёд будани фарқияти байни қурби расмӣ ва қурбҳои ғайрибонкӣ аксари мизоҷон хоҳиши мубодила кардани маблағҳои асъории дар суратҳисобҳои бонкӣ доштаи худро надоранд, ки ин сабаби ғайрифаъол ва берун аз гардиш мондани ҳаҷми муайяни маблағҳои асъорӣ мегардад. Чунончӣ, аз оғози сол то имрӯз ҳаҷми фурӯши доллари ИМА (ғайринақдӣ ва нақдӣ) аз ҷониби мизоҷони ташкилоти қарзӣ ба андозаи 25,1% ва аз ҷониби аҳолӣ ба андозаи 28,6% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар шудааст. Бояд гуфт, ки намояи қурби самараноки воқеии (НҚСВ) сомонӣ ба ҳолати 1.07.2019 дар натиҷаи мутобиқшавии қурби пули миллӣ нисбат ба асъорҳои асосии хориҷӣ тамоюли болоравӣ нишон дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5 банди фоизӣ устувор гардид. Раванди мазкур ба рақобатпазирии истеҳсолоти дохилӣ нисбат ба шарикони асосии савдо ва ба ин васила ба вазъи тавозуни пардохт таъсири манфӣ мерасонад.

Тибқи маълумоти ҷамъбастии оморӣ, сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-июни соли 2019 ба 4,9% баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,9 банди фоизӣ зиёд аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар сохтори таваррум болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 8,1%, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 1,2% ва хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 1,3% саҳмгузорӣ намуданд. Сатҳи таварруми аслӣ, ки раванди дарозмуддат ва бидуни лаппишҳои кӯтоҳро нишон медиҳад, бо ифодаи солона ба 2,1% баробар гардид, ки ин аз маҳдуд будани таъсири омилҳои монетарӣ гувоҳӣ медиҳад. БМТ соли равон бо истифода аз тамоми манбаъ, имконияту воситаҳо, аз ҷумла механизми хариду фурӯши рубли русӣ, норасоии асъор ва фишорҳои қурбиро коҳиш дода, дар баробари ин иҷрои уҳдадориҳои бо асъори хориҷӣ ифодаёфтаи давлатро таъмин намуда истодааст. Зикр намудан зарур аст, ки гузариш ба реҷаи «ҳадафгирии таваррум» дар амалӣ гардонидани сиёсати пулию қарзӣ, ки аз соли 2018 оғоз гардидааст, аз БМТ истифодаи механизм ва усулҳои ба он мутобиқро талаб менамояд. Аз ин рӯ, БМТ дахолатҳои асъории худро тавассути татбиқи усулу воситаҳои иқтисоди бозоргонӣ, аз ҷумла бо истифода аз механизми мутамаркази хариду фурӯши рубли русӣ ва барориши коғазҳои қиматнок анҷом дода, фаъолияти бозорро ба танзим медарорад. Ба ин нигоҳ накарда, фарқияти аз меъёр зиёди қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрибонкӣ боқӣ мондааст ва бинобар ин, барои бартараф кардани он амалӣ кардани як қатор чораҳои иловагӣ зарур аст. Аз ҷумла, барои коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта ва таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2-фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА ва аз байн бурдани чунин фарқият дар бозори ғайрибонкӣ, тасҳеҳи якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА ба мақсад мувофиқ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки воридот ва интиқоли маблағҳо тавассути низоми бонкии мамлакат бештар гардида, шаффофияти амалиёт бо мизоҷон таъмин карда шавад ва фаъолияти ҳаннотон дар бозорҳои ғайрибонкии нақдӣ маҳдуд гардад. Ҳамзамон мутавозунии қурби пули миллӣ ба зиёд шудани ҳаҷми содирот ва воридот мусоидат намуда, бевосита боиси афзудани даромади буҷети давлатӣ низ мегардад. Соли гузашта коҳиши қурби асъори миллӣ дар минтақа назаррас буд ва аксар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратӣ тавассути тасҳеҳи сиёсати қурбӣ тағйирёбии арзиши пули миллияшонро ба танзим дароварданд. БМТ бо тамоми масъулият вазъияти сиёсати қурбиро зери мушоҳидаю таҳлил ва назорат қарор дода, барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ воситаю имконият ва захираҳои заруриро истифода хоҳад бурд.

 

Майдончаи варзишии навбатӣ ба истифода дода шуд

Бо мақсади таҷлили арзандаи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ бо такя ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати созандагию бунёдкорӣ ва иқдоми пешгирифтаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, айни замон дар тамоми гӯшаву канори ш.Душанбе ҷараёни корҳои навсозӣ ва ободгардонии боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва майдончаҳои варзишию истироҳатӣ босуръат идома дорад. 

18 августи соли ҷорӣ бо ибтикори БМТ дар маҳаллаи Испечак М1 назди биноҳои истиқоматии 2, 3, 4, 5 ноҳияи Синои ш.Душанбе 1 майдончаи варзишию истироҳатӣ барои наврасон ба истифода дода шуд. Лоиҳаи майдончаи мазкур аз ҷониби ширкати КВД “Лоиҳакаш”-и шаҳри Душанбе тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Энергострой” дар муддати 2 моҳ ба маблағи наздики 700 000 сомонӣ ба анҷом расонида шуд. Дар маросими ифтитоҳи майдончаи мазкур муовини раиси ш.Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси ноҳияи Сино Салимзода Нусратулло, муовини раиси БМТ Салимова Лола ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар тантанаи ифтитоҳи майдончаи варзишӣ суханронӣ карда, изҳор дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохтмони як қатор майдончаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шуда,  роҳандозии ин тадбир дар оммавӣ гардонидани варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим миёни сокинони шаҳр, махсусан наврасону ҷавонон саҳми беандоза дорад. Дар навбати худ Салимова Лола иброз дошт, ки БМТ иқдомҳои созандаи Сарвари давлатро дастгирӣ намуда, барои ободу зебо гардонидани гӯшаву канор, аз ҷумла пойтахти кишварамон саҳми арзандаи худро мегузорад ва сохтмони майдончаи варзишӣ давоми чунин тадбриҳост. Дар маросими супоридани майдончаи варзишӣ масъулин аз сокинони шаҳрак барои саҳмгузорӣ дар ободу зебо гардидани маҳал ва шаҳрак даъват ба амал оварданд. Дар баробари ин аз волидайн даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва зебоипарастӣ тарбия намуда, ба қадри ин гуна ободкориҳо бирасанд.

Майдончаи мазкур дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бо фармоиши Ҳукумати ҶТ аз 22.02.2017, №9-ф тасдиқ шудааст, сохта ба истифода дода шуд. Маврид ба зикр аст, ки майдончаи варзишию фароғатӣ дар масоҳати 900 метри мураббаъ сохта шудааст. Иншооти варзишӣ аз майдончаи стандартии варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, бозиҳои кӯдакона, айвончаҳо бо насби курсиҳои нишаст барои фароғати сокинон иборат буда, бо истифода аз таҷҳизоти муосири шаҳрсозӣ ва шаклу усулҳои нави сохтмонӣ бунёд гардидааст. Дар ҳавлича ва гирду атрофи он беш аз 5 ҳазор бех гулҳои ороишиву дарахту буттаҳои ҳамешасабз, 220 метри мураббаъ сабзазор шинонида шуда, барои нигоҳубин ва ҳамеша сабзу мунаввар нигоҳ доштани ҳудуди майдонча хатти об бо обмонакҳои махсус  гузаронида шудааст. Боиси тазаккур аст, ки аз ҷониби БМТ дар давоми ду соли охир се майдончаи варзишӣ баҳри истифодаи сокинони шаҳр сохта, ба истифода дода шуд. Қабл аз ин, як адад майдончаи варзишӣ бо масоҳати 1086 метри мураббаъро дар кӯч.Ҳ.Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии ш.Душанбе ва майдончаи дигар дар масоҳати 700 метри мураббаъ дар шаҳраки 33-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар буриши кӯчаҳои Ҷаббор Расулов ва Низоми Ганҷавӣ аз ҷониби БМТ майдончаҳои варзишию фароғатӣ ба истифода дода шуда буд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

Чоршанбе, 28 Август 2019 09:12

Экспедитори собиқадор Амиршо Устодович Амиршоев, аз деҳаи Лангари ноҳияи Ишкошим дар меҳмонии СССР гуфт, аввалан, дуруду паёми кулли мардуми Ишкошимро ба шумо-қаламкашони гиромии СССР мерасонам. Баъдан, ман 1 чӣ пурсиданиям: Ба фикрам, моҳи апрели ҳамин соли равон буд, ки дар Федератсияи Россия қонун дар бораи афви муҳоҷирон-муздурони хориҷӣ баромад. Ин хабарро шунида будам, лек дақиқ намедонам, ки чунин қонун ба тасвиб расид, ё на? Ман 16 соли расо дар шаҳру вилоятҳои Россия муҳоҷир будам. Шояд 1 сол пас боз Россия биравам. Ана акнун, ҷавонмардоне, ки ҳамроҳи ман дар Россия буданд ва ҳоло ҳам ҳастанд, аз ман дар суҳбати телефонӣ даҳҳо бор пурсида, хоҳиш карданд, ки ба ин суол ягон марди огоҳ дар газетаи СССР посух нависад ва мо гирифта бихонем. 1 чиро бояд хотиррасон намоям, ки газетаи СССР дар ҳама ҷо мухлиси зиёд дорад. Ҳатто баъзе аз шумораи нашрияро тариқи фармоиш Россия мебаранд. Ин худ исботи он аст, ки СССР бо мардум аст ва дарду пешниҳоду саволҳои мардумро нашр мекунад. Ман аминам, ки обрӯву эътибор ва бовариро СССР то охир ҳифз мекунад ва дар хизмати ҷамъият мемонад.

 

Чоршанбе, 28 Август 2019 09:06

 

Ҳолати фавқулодда

19.08.1991 аъзои собиқадори Ҳизби Коммунист даст ба амалиёте заданд, ки суқути СССРро тезонида, ахир, СССР пош хӯрд. Лек худи ҳизбиёни собиқадор ин амали худро охирин кӯшиши наҷоти СССР муаррифӣ мекунанд ва бо гузашти 28 сол аз он воқеа, назарҳо бобати ГКЧП ҳанӯз мутафовитанд. Он шабу рӯз СССР воқеан 1 деги ҷӯшонро мемонд, ки ҳар лаҳза қодир буд битаркад. Мушкилоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва миллӣ саросари кишварро печида, ҳокимияти марказӣ тавони ҳалли ин мушкилотро ба куллӣ аз даст дода буд. Михаил Горбачев бошад, танҳо ваъда медод ва коре намекард. Ин амалкарди ӯ аз ҳама бештар дар имиҷи ҲК ва зарурати мавҷудияти кишваре ба номи СССР латма ворид мекард. Ҳизбиёни собиқадорро ба гуфти худ, маҳз ин ҳолат водор кард, ки даст ба кор шуда, Кумитаи Давлатии Ҳолатҳои Фавқулъодда (ГКЧП-Государственный комитет по чрезвычайному положению в СССР)-ро созмон диҳанд. Ба Кумита раиси КГБ В.Крючков, вазири дифоъ Д.Язов, сарвазир В.Павлов, муовини раиси Шӯрои мудофиа О.Бакланов, роҳбари дастгоҳи президент В.Болдин, котиби КМ ҲКИШ О.Шенин дохил шуданд. Баъдан ба Кумита инчунин раиси ШО СССР А.Лукянов, витсе президент Г.Янаев, вазири ВКД Б.Пуго, президенти ассотсиатсияи корхонаҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои истеҳсолот, нақлиёт ва алоқа (АГПО) А.Тизяков, раиси Иттиҳоди деҳқонии СССР В.Стародубтсев, муовинони аввали раиси КГБ В.Грушко ва сардори хадамоти муҳофизати КГБ Ю.Плеханов, муовинони вазирони дифоъ В.Веренников ва В.Ачалов пайвастанд. ГКЧП дар Маскав ҳолати фавқулоддаро эълон кард, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои оммавӣ, ки барои ба эътидол овардани вазъият халал мерасониданд, мамнӯъ карда шуданд. Баргузории гирдиҳамоиҳо, роҳпаймоиҳо ва коршиканиву тазоҳурот низ манъ шуд. Инчунин Кумита мебоист фаъолияти ВАОро зери назорат мегирифт.

Чоршанбе, 28 Август 2019 09:02

22.08.1943. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ омӯзишгоҳҳои суворовӣ таъсис дода шуданд. Ин омӯзишгоҳҳо афсарони ояндаи Артиши Шӯравиро омода мекарданд.

22.08.1944. Дар тамоми муассисаҳои таълимии Япония бо сабаби вазъи шадиди ҷангӣ, таълиму тадрис қатъ ва хонандагон барои кор ба заводу фабрикаҳо сафарбар карда шуданд.

22.08.1990.Дар РСС Қазоқистон қазоқӣ забони давлатии кишвар эълон гардид.

22.08.1991. Дар Русия парчами сафеду кабуду сурх ба ҷои парчами сурх, парчами давлатӣ эълон карда шуд.

23.08.1942. Оғози мудофиаи Сталинград. Дар ин рӯз артиши олмонӣ дар рафти амалиёти Қафқоз ба остонаҳои Сталинград расида, муҳориба барои шаҳр шурӯъ шуд.

23.08.1943. Ғалабаи Артиши Сурх дар муҳорибаи Курск. Баъди шикаст дар муҳорибаи Курск артиши олмонӣ дигар натавонист ҳеҷ амалиёти густардаи таҳоҷумӣ анҷом диҳад ва фақат дар мудофиа қарор дошт.

23.08.1959. Ҳукумати ИМА дар 400 мактаби кишвараш таълими забони русиро ҷорӣ намуд.

23.08.1989. Дар арафаи 50-солагии имзои созишномаи шӯравию олмонӣ мардуми Литва, Латвия ва Эстония ба нишони эътироз занҷираи зиндае барпо карданд. Ин намоиши эътирозӣ “Роҳи Балтика” ном гирифт ва дар он наздики 2 миллион одам ширкат варзид. Занҷираи зинда ба масофаи 600 км тӯл кашида, дарозтарин занҷираи зинда дар ҷаҳон маҳсуб меёбад.

23.08.1991.Президенти Русия Борис Елтсин баъди шикасти ГКЧП фаъолияти Ҳизби коммунист ва нашри рӯзномаи "Правда"-ро дар қаламрави Русия манъ кард.

24.08.1991. Украина соҳибистиқлолии худро эълон намуд ва аз ҳайъати СССР берун рафт.

24.08.1991. Дар Маскав охирин узви ГКЧП ба ҳабс гирифта шуданд. Михаил Горбачев ба сессияи фавқулоддаи Шӯрои Олии Русия даъват шуд.

Чоршанбе, 28 Август 2019 08:56

Чоршанбе, 28 Август 2019 08:47

Чоршанбе, 28 Август 2019 08:38

 

саҳ 2 аз 13

Китобҳо

Flag Counter