ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 18 Сентябр 2019 09:05

Раёсати андоз дар вилояти Хатлон мақолаи «Хатлон: аз фаъолият мондани садҳо корхона…» (СССР, №25, 20.06.2019)-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Тибқи нишондодҳои барномаи компютерии системаи муттаҳидаи иттилоотии идоракунии андозҳо (СМИИА) дар қиёс бо маълумотҳои дастрасткардашуда аз Сарраёсати Агентии омори назди Президенти ҶТ дар вил.Хатлон, шумораи корхонаҳои саноатии бефаъолият дар 3 моҳи соли ҷорӣ ба ҳолати 1 апрел 202 ададро ташкил намуда, шумораи коргарон аз ҳисоби ин корхонаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 909 ба 513 нафар коҳиш ёфта, 396 адад кам шудааст. Бояд гуфт, ки шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла, бефаъолият, бинобар сабаби мавсимӣ буданашон ва дигар сабабҳои мусоидаткунанда давра ба давра тағйир меёбанд. Чунончӣ, шумораи корхонаҳои саноатии бефаъолият ба санаҳои 1 апрел – 202, 1 май – 206 ва 1 июн – 194 ададро ташкил дода истодаанд. Раёсати андоз дар доираи ҳуқуқу ваколатҳои базиммадошта ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани робита ва ҳамкориҳои судманд бо дигар мақомоти давлатӣ ва ҳамзамон таъмини нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷет чораҳои иловагӣ меандешад.

С.Раҷабов

сардор

 

Чоршанбе, 18 Сентябр 2019 08:54

Салом, СССР! Ман дар кӯч.С.Сафаров аз с.1976 зиндагӣ дорам. Ҳамсояам Ризоева Фазила Умаровна с.1989 кӯчида омад. Давоми 29 соли ҳамсоягӣ маро 3 бор ба суд дод, гӯё 1 қисми замини ӯро гирифта бошам. С.1995 тирезаҳои хонаи маро сангсор кард. С.2006 ба суд даъво бурд, лек дар натиҷа ҳамсояҳо, аз ҷумла, собиқ раиси идораи коммуналӣ Х.Бобоев шоҳидӣ доданд, ки замини ӯро нагирифтаам. Ризоева хонаашро бе иҷозати архитектор сохтааст. Суди ноҳия 16.11.2006 ҳалномаро ба фоидаи ман баровард, аммо ӯ ба қарори суд итоат накарда ба прокуратура, ҳокимият, ҷамоат… шикоят бурд. Дар асоси аризаи ӯ намояндагони мақомот замини ӯро чен карданд ва аён шуд, замини назди ҳавлии ӯ тибқи ҳуҷҷатҳои с.1966 4,9 сотих, с.1989 5,6 сотих ва ҳоло 6,9 сотих шудааст. Ӯ шаби 30 ба 31.03.2007 бо фарзандонаш девори назди хонаи маро чаппа кард ва дар суд иғво бардошт, ки девор аз борон чаппа шудааст ва аз ҷарима халос хӯрд. Дар асоси даъвои ӯ аз 19.01.2010 намояндагони дахлдор ба хулосае омаданд, ки замини ӯ аслан 6,58 сотих бояд бошад, аммо 0,95 сотих зиёд аст. Ин зан-модари 8 фарзанд тамоми идораҳои давлатиро ба дод оварда, аз болои ману ҳамсояҳо аризанависиро давом дода истодааст. 53 сол собиқаи муаллимӣ дораму ҳамсарам корманди мактаб, наход мақомот эҳтироми моро ба ҷо наоранд?

Саидмуҳиддин Аминови 80-сола,

н.Фархор, тел: 903 55 55 92

 

Чоршанбе, 18 Сентябр 2019 08:51

Салом, СССР! Тибқи мушоҳидаи ман, имрӯз дар 1 синф то 35 талаба дарс мехонанд. Хабарҳое мерасад, ки дар баъзе макотиб китоби дарсӣ намерасад. Ба фикри ман зарур аст, ки аз тарафи шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо назорати доимии сахт бурда шавад, таълими фанҳои дақиқ-математика, химия, физика… ривоҷ ёбад. Дар охир, дар бораи хатти кириллӣ гуфтаниям: Ин ҳарф назар ба хатти форсӣ осону фаҳмост ва хушхон. Аз ин лиҳоз, на ба хатти арабӣ ва на ба лотинӣ гузаштан лозим нест!  

Абдулло Ҳамидов,

деҳаи Карсанг, ш.Ваҳдат

 

Чоршанбе, 18 Сентябр 2019 08:38

 

Шавӣ обу адои нози ширину ҷамоли хуш,

Агар бинӣ ту рақси чумчаи кӯлобидухтарро! 

Ва агар бигирем, ки ин кӯлобидухтар, ки чумча ё ба истилоҳи мардумӣ кафгирча ба даст, боз дар тан Чакан (ниг. ба акс) ва ё Гулбаст мехиромад, шояд ба карат бинандаро мот кунад. Гулбаст гунаи либоси сирф мардумист, ки ба шаҳодати мардумшиносон, танҳо хоси сокинони мавзеъи ҷануби кишвар ва он ҳам водии Кӯлоб будааст.

Усулан Кӯлобро бо чакан мешиносанд ва аммо Гулбаст аз чакан тафриқаи осмонӣ дорад! Гулбаст пироҳанест, сар то пову пой то сар гулпӯш ва аммо чакан нест! Гулбаст аз косибон онгуна заҳмати сангин ва чолокиву зиракӣ металабад, ки ҳатто дар Кӯлоб на ҳар кас ба таҳияи ин либос даст мезанад. Мардумшиносон мегӯянд, ҳамин заҳмати гарон аст, ки Гулбаст - гунае аз либосвори сирф ориёӣ аз байн тақрибан рафтааст ва дар кишвар, биноан, дар олам низ дигар ягон устои Гулбаст намондааст, илло сулолаи Гулбастии усто Шоиста, ки барои ин хонавода ин касб  таборист ва онро аз қаъри қурун то замони мо маҳз табори Ҳасановаҳо овардаанд.

 

Гулбаст чист? 

Гулбаст катонест, хеле ва хеле нозук ва маҳин, ки замони ахир ҷои онро усулан дока, ки дар тоҷикон маъруф аст, мегирад. Ҳамин докаро устои Гулбаст дохили дегҳои бузург намуда, меҷӯшонад ва ранг мерезад. Барои 1 Гулбаст, ки беш аз 200 соат омода мегардад, докаро аз 3 деги ҷӯшон мегузаронанд ва рангрезӣ мекунанд. Шигифтии ин ҳунар ин аст, ки ҳини омодасозии Гулбаст аз ягон қолаб кор намегиранд. Вале пас аз 240 соат матоъе гулбези моҳпечу ситоразой пайдо мешавад. Матоъи Гулбаст, на тарроҳӣ мегардад ва на қолабрезӣ. Ҳатто аксҳои моҳу истора бар асари чолокона барбастани кунҷу канори матоъ бо ресмони маҳин ба даст меоянд; 

Гулбаст 3 ранг дорад. Онро ҷо-ҷое мебанданд ва ба дег меандозанд ва чун рангеро гирифт, мегиранду риштаро хушк мекунанд ва матоъро баста, ба деги дигар мепартоянд, рангҳои ҳар ситораву моҳтоб гунаи дигар пайдо мекунанд.

 

Гулбаст нақшу қолабро намепазирад!

Зафар Мирзоев, бостоншинос ва нафаре, ки ба омӯзиши амиқи ҳунарҳои атиқаи мардумӣ сару кор дорад, мегӯяд, тарсими моҳ дар ин нигораҳо ба гунаи чалипо омадааст, ки  нишон аз даврони Моҳпарастии ориёност, ки ба замони Хуршедпарастиву Оташпарастӣ рост меояд. Хайрулло Тоҳиров бостоншиноси дигар ин тарсимҳоро ба даврони то Оташпарастӣ нисбат медиҳад. Ин дар мавридест, ки тарсимҳои Гулбаст қолиб надоранд ва танҳо дар зеҳни мардум тӯли ҳазорсолаҳо аз гирудорҳои замона маҳфуз мондаанд.

Аз сӯи дигар дар Гулбаст аз ягон ранги кимиёвии ҷадид истифода намебаранд. «Ин рангҳои табиӣ, рангҳои халқианд. Аз «краска» истифода намебарем. Мо намедонем, рангро чигуна омода мекунанд. Мо танҳо ранги тайёрро мегирем. Кӣ тайёр мекунад, рангро? Мо намедонем, ба худо, ки намедонем», мегӯяд Савронбӣ, устои Гулбаст.

Ман хеле мехостам, ки таркиби рангҳои Гулбастро ошкор кунам. Зеро Гулбаст умри тӯлонӣ дорад ва аммо барои боре онро намешӯянд ва ин рангҳо матоъро аз ифлосшавӣ ҳифз медоранд. Вале қатъияти ман дар ин маврид ба сангари «Асрори Гулбаст» дучор гардид: 

Гулдухтарони усто сирри рангҳои табии худро ҳамчун сирри давлатӣ ва ё асрори ишқи нахустини хеш ҳифз мекунанд! Ва кӣ медонад, шояд ҳамин асрори аз мову манҳо ниҳонмонда, Гулбасти ориёноро сар аз ҳамлаҳои Дорову Искандару Турку Муғул то ғасби арабу рус ҳифз дошта, то ба даврони мо овардааст…

 

Ҷумъа, 13 Сентябр 2019 18:31

“Фароз”, яке аз ширкатҳои нафтии маъруфи кишвар бо 1 нома ба Кумитаи андози ҶТ эълон кардааст, ки ба фаъолияташ хотима мегузорад. Азамат Қосимов, директори генералии ширкати “Фароз” дар нома ба Кумитаи андоз навиштааст, “бар замми омилҳои зикргардида таназзули иқтисодии ҷаҳонӣ ва таъсири манфии он ба минтақа боиси аз даст додани самаранокии молиявии фаъолияти Ҷамъият оварда расонид.” Дар нома ҳамчунин омадааст, ки “Фароз” бино бар шикаст хӯрданаш дар рақобатҳои бозори маводи сӯхт барҳам дода мешавад. Исматулло Зиёев муовини раиси ин ширкат ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст, ки "ҳоло машғули боз кардани чанд иншооти нав аст ва дар бораи нома ба Кумитаи андоз пас аз як ҳафта, замоне суҳбат хоҳад кард, ки роҷеъ ба он "маълумоти пурра"-ро ба даст орад.

“Фароз” с.2008 ташкил шуда, дар оғоз асосан дар бахши воридот ва фурӯши умда ва чаканаи маҳсулот нафтӣ фаъол буд. Аммо солҳои охир ширкат фаъолияти худро васеъ карда, дар чандин соҳаи сердаромад, аз ҷумла, ҷамъоварии шираи камол, содир кардани шиносномаҳои ронандагиву рақамҳои давлатии мошинҳо, истеҳсоли позаҳр, рушди туризму ҷаҳонгардӣ, сохтмон, соҳибмулкии конҳои фоиданок, бонкдорӣ, хадамоти тиббӣ ва бахшҳои зиёди дигар ҳузури густарда пайдо кард.

 

Ҷумъа, 13 Сентябр 2019 10:12

Гулов Худоёр Қурбоналиевич дар вазифаи сармутахассис муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти С.Айнии н.Хуросон кор карда, июни с.2019 аз шаҳрванд «А» барои ҳуҷҷатгузории 0,45 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои н.Хуросон 6000 сомонӣ талаб карда, аз ин маблағ 13.06.2019 1000 сомонӣ гирифта боз овардани боқимонда маблағи 5000 сомонии дигарро талаб намуд. Дар ин бора Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ хабар додааст.

18.06.2019 ҳини гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Гулов баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани 5000 сомонӣ дастгир ва маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд. Ҳамин тариқ, нисбати Гулов бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «б,в,г» Кодекси Ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

Баҳодур Уроқов.

СССР, Хатлон

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ҷумъа, 13 Сентябр 2019 09:45

11.09.2019, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Тоиров Гургилло Мирзомуродович (с.тав.1995), сокини ш.Норак ҳини ҳаракат дар километри 35-уми шоҳроҳи «Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ», дар ҳудуди ш.Ваҳдат бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Буттаева Ойгул Абдураҳимовна (с.тав.1983)-ро бо писари ноболиғаш Мӯсоев Анис Элмуродович (с.тав.2013), сокинони н.Ёвонро пахш намудааст. Дар натиҷа, Мусоев ҷароҳати ванзини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, модараш дар беморхона бистарӣ шудааст. Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад, - гуфтанд аз Маркази матбуоти ВКД ҶТ ба СССР.

Баҳодур Уроқов.

СССР, Хатлон

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ҷумъа, 13 Сентябр 2019 09:42

 

Мирзошоҳ Акобиров маъруф бо тахаллуси «Мичурини тоҷик», ходими илмии Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи улуми кишоварзии ҶТ, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Рушноӣ» бо дастгирии МИҲД н.Рашт ният дорад, дар қисми шимолии деҳаи Ҷафри дараи Камароб, дар майдони беш аз 300 га «Боғи миллии себ» ташкил кунад. Аз Академияи илмҳо иттилоъ додаанд, ки захираи заминҳои корам дар талу теппаҳои Дараи Камароб, обҳои зулоли чашмасорон, захираҳои нодири генетикии Боғи ботаникии деҳаи Ҷафр, боду ҳавои форами ноҳия имкониятҳои васеи кишоварзиро доро буда, хирмангоҳи пурфайзи 1 қисмати кишвари биҳиштосо-Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Баҳодур Уроқов, СССР

 

саҳ 5 аз 10

Китобҳо

Flag Counter