ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 25 Сентябр 2019 08:54

Ҳамоиши осоишта

14.09.1917 Ҳукумати муваққати Русия ин кишварро Ҷумҳурӣ эълон кард ва низоми подшоҳиро барои ҳамеша аз байн бурд. Лек шикасти ин садди 1000-сола феврали с.1917 оғоз шуд. Инқилоби Февралӣ чун ҳамоиши осоиштаи зиддиҷангии коргарон шуруъ гардид, аммо нақши калидиро дар он боз деҳқонон бозиданд. Аскарони гарнизони Петербург, деҳқонбачаҳои шинелпӯш аз тиркушоӣ ба коргарони пойтахт сар боз заданд ва ҳамоиши осоишта ба шӯриш табдил ёфт. Мавқеи ишғолнамудаи роҳбарияти Думаи давлатӣ низ ғалабаро осон кард. Аскарони шӯришгар худ назди Дума омада, аз вакилони мардумӣ талаб карданд, ки қудратро дар кишвар ба дасти худ гиранд. Ҳамин тариқ, феврали с.1917 ҳукумати мутлақи подшоҳӣ дар симои Николайи 2 бо кӯшиши якҷояи тамоми нерӯҳои сиёсӣ-иҷтимоии мухолифин барканор карда шуд ва қудрат ба дасти Ҳукумати муваққат гузашт, ки асоси ин ҳукуматро намояндагони ҳизби кадетӣ, ки дар Дума аз ҳама зиёд намоянда доштанд, ташкил намуданд.                                                                                                

Сулҳ ва замин

Аммо аллакай баъд аз 1 моҳ маълум шуд, ки мардум ва Ҳукумати муваққатӣ ба ҳалли 2 масъалаи асосӣ-замин ва сулҳ назари мухталиф доранд ва аз ин 2 масъала замин ҳалли душвортаре дошт. Кадетҳо ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонистанд талаби деҳқононро дар мавриди барҳам додани моликияти хусусӣ ба замин ва тақсими баробари он миёни ҳамаи деҳқонон иҷро намоянд. Чун дар амал татбиқ додани ин барнома, на танҳо ба заминдорони калон зарба мезад, балки асоси моликияти хусусиро зери суол мебурд. Заминдорони калон бештари замини худро дар бонкҳо ба гарав гузошта буданд ва қисмати дигари замин бошад тавассути иддае аз деҳқонон ва сокинони шаҳрӣ боз бо қарзҳои бонкӣ харидорӣ шуда буд.

Чоршанбе, 25 Сентябр 2019 08:50

Ҳафтаи равон Қосимзода Идигул Тағо, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ бо ирсоли 1 номаи расмӣ ба бархе аз суолҳову мавзӯҳое, ки дар чанд шумораи ахири газетаи СССР вобаста ба афзоиши талоқ дар байни оилаҳои тоҷик ва проблемаҳои занон дар ҷомеаи имрӯзи кишвар ба нашр расида буд, посухҳои мушаххас дод.

 

Раванди ҷаҳонишавӣ ва хатари он

Тавре Қосимзода Идигул дар номаи ҷавобии хеш мегӯяд, аз омори пешниҳодшудаи Раёсати сабти ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи ҶТ, дар 6 моҳи с.2019, яъне нимсолаи якум дар кишвар 6065 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи с.2018 411 адад зиёд аст. Яъне, хабари қаблан нашршудаи дар сомонаҳои хабарии мамлакат дар бораи ба қайд гирифтани 12.000 талоқ байни оилаҳои ҷавони тоҷик асос надорад.

-Дар баъзе ҳолатҳо паст шудани сатҳи фарҳанги муносибатҳои оиладорӣ дар ҷомеа, дар сатҳи зарурӣ дарк накардани арзишҳои оиладорӣ, амсоли дӯстию вафодорӣ, иззату эҳтиром ва дастгирию ҳамдигарфаҳмӣ байни аъзои оила, фаҳмиши аслии мафҳуми оиларо дар ҷомеа заиф намудааст. Ғайр аз ин бояд гуфт, ки бо назардошти суръат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ дар ҷомеа хатари аз байн рафтани арзишҳои асосии фарҳанги оиладории миллӣ пайдо мешавад, - навиштааст хонум Қосимзода.

 

12 сабаби пошхӯрди оила аз дурбини Кумита

Коршиносони Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯянд, аз таҳлили омор ва пошхӯрии оилаҳо дар Тоҷикистон хулоса кардан мумкин аст, афзоиши шумораи оилаҳое, ки ақди никоҳашон бекор карда шудааст, аз даврае оғоз меёбад, ки ин кӯдакон дар охири солҳои 1980-90 таваллуд ёфта, ба синни никоҳӣ расидаанд. Онҳо дар шароити номусоиду номувофиқ ба воя расидаанду ин омил ҳатман ба мафкураву кирдорашон таъсири манфӣ мерасонад. Зӯроварии хонаводагӣ, дахли шахсони сеюм, гирифтори беморӣ будани 1 тараф (ВНМО, нашъамандӣ, майзадагӣ, бемории рӯҳӣ), ҷои кори доимӣ надоштани шавҳар ва мушкилоти молиявӣ, хиёнати яке аз ҳамсарон, мӯҳлати тӯлонӣ аз ҳам ҷудо будани ҳамсарон (муҳоҷират), бефарзандӣ, надоштани ҷои зисти доимӣ, аз озодӣ маҳрум шудани яке аз тарафҳо, таҳаммулпазир набудани ҷавонҳо, бо исрори волидайн хонадор шудани ҷавонон ва надоштани меҳру муҳаббат нисбати якдигар-чунинанд сабабҳои асосии пошхӯрии оилаҳои ҷавони тоҷик аз нигоҳи коршиносон ва мутахассисони Кумита.

 

6919 муроҷиат дар 6 моҳ

Тавре дар посухи Кумитаи мазкур омадааст, дар 6 моҳи соли равон ба Марказҳои иттилоотӣ-машваратии Раёсат, шӯъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 6919 шаҳрванд муроҷиат намудаанд, ки аз онҳо 4867 нафарро занон ва 1645 нафарро мардон ташкил медиҳанд. Мавриди зикр аст, ки дар назди Қумита бо ҳамкории Хазинаи Авруосиёии Осиёи Марказӣ дар ҶТ телефони «Боварӣ», Маркази захиравӣ оид ба масоили гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила амал мекунад, ки дар давоми 10 моҳи охир ба 1254 муроҷиаткунанда машварати ҳуқуқӣ додааст. Тамоми шаҳрвандони кишвар, хоса, занону духтарон ҳини сар задани мушкилот метавонанд ба телефони «Боварӣ»-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ тариқи рақами 13-13 тамос бигиранд.

Ҷамила Ҳусейнова, СССР 

 

Чоршанбе, 25 Сентябр 2019 08:46

Истихроҷи тилло дар Айнӣ

Рӯзи 23.08.2019 бо мақсади шинос шудан бо ҷараёни сохтмони корхонаи бузурги саноатии ҶСП «Талко Голд» дар мавзеи Кончочи н.Айнӣ аз ҷониби КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» саёҳати иттилоотӣ (press tour) ташкил шуд. Зимни боздид шоҳид шудем, ки айни ҳол корҳо дар сохтмони корхонаи бузурги саноатии ҶСП «Талко Голд» бо суръат пеш рафта истодаанд. То имрӯз ҳудуди 7 км нақб барои истихроҷи тилло, сурма ва дигар металлҳо канда шудааст. Баробари ба истифода додани ин корхона Тоҷикистон метавонад аз рӯи истихроҷ ва истеҳсоли сурма дар ҷаҳон баъд аз Чин ва Россия ба ҷои сеюм барояд. Корхонаи бузурги саноатӣ дар заминаи маъдани кони Кончоч, ки иборат аз 3 қитъа-Чӯлбоӣ, Кончоч ва Шахкон аст, ба истифода дода мешавад. Дар кон захираи 5 элементи кимиёӣ (тиллову сурма- асосӣ ва нуқра, симоб, флюорит ҳамчун унсурҳои ҳамроҳ) ҳисобу китоб ва ба тавозуни захираҳои давлатӣ гузошта шудаанд. Ҳамаи унсурҳо дар мамлакати мо истихроҷу коркард шуда, тилло, нуқра ва сурма дар шакли маҳсулоти ниҳоӣ, яъне металл истеҳсол карда мешаванд.

50 тонна тилои Зарафшон

Дар захираи умумии конҳои гурӯҳи Кончоч сурма қариб 265.000 тонна, тилло қариб 50 тонна, флюорит-76.650 т, нуқра 59,44 т, симоб 11 97,1 тоннаро ташкил медиҳанд. Саҳмдорони ҶСП «Талко Голд»-КВД Ширкати алюминийи Тоҷик ва Ҷамъияти Саҳҳомии Чин «Ширкати саноати маъдани тибетии Хуаюй» аллакай корҳоро оид ба ҷалби сармояҳо ба сохтмони корхона баргузор намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 24.06.2018 президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин корхонаи бузург санги асос гузошта буд. Иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ 1 солу 6 моҳ ба нақша гирифта шудааст. Солҳои 2018-19 аз худ намудани конҳои гурӯҳи Кончоч, сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани муҷтамаи саноатии ҶСП «Талко Голд» дар назар аст. Ба роҳ мондани истеҳсоли тилло ва сурма марти с.2020 ба нақша гирифта шудааст. Анҷоми сохтмони муҷтамаи истеҳсолӣ дар кони Кончоч марти с.2020 дар назар аст. Ба кор андохтани иқтидорҳои истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки беш аз 600 ҷои корӣ таъсис ёбад. Дар заминаи бунёди ин корхона марҳила ба марҳила аз 1000 то 1500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Ш.Амин,

СССР

 

Чоршанбе, 25 Сентябр 2019 08:39

 

Чоршанбе, 25 Сентябр 2019 08:30

 

Чоршанбе, 25 Сентябр 2019 08:26

Чоршанбе, 25 Сентябр 2019 08:23

МИҲД н.Хуросон мақолаи танқидии «Мо ҳам ҳаққи пистахӯрӣ дорем?» (СССР, 9.08.2018, №32(517)-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Мақола дар маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия бо иштироки ҳамаи кормандони хоҷагии ҷангали ба номи А.Холови ноҳия мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифта, директори хоҷагии мазкур вазифадор карда шуд, ки оид ба масъалаи мазкур санҷиш гузаронад. Аз таҳлилу санҷишҳои гузаронида ва маълумотҳои пешниҳоднамудаи хоҷагии ҷангал бармеояд, ки шаҳрванд Бахтиёри Ҷабборзод боре ҳам бо ариза ба роҳбарияти хоҷагӣ муроҷиат накардааст. Маълумотҳои дар мақола овардашуда асоси воқеӣ надоранд.

Раис Р.Сафарзода

 

Чоршанбе, 25 Сентябр 2019 08:22

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР Давлатмурод Наимови 72-сола аз маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Қубодиён (тел: 93 747 02 88) ба газетаи СССР занг задаву гуфт, ки мо-сокинони ноҳия аз 9 сентябри ҳамин сол, баъди ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ то кунун ягон телеканали Тоҷикистонро тамошо карда наметавонем ва маҷбурем, ки тариқи антеннаҳои параболӣ телеканалҳои Ӯзбекистону Афғонистонро бубинем. Иллат дар чӣ бошад? Хоҳишмандем, ки сабаби ин мушкилиро нависед…

 

саҳ 2 аз 10

Китобҳо

Flag Counter