ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 04 Сентябр 2019 09:05

20 августи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави филиали №41-и Бонки давлатии амонатгузории ҶТ “Амонатбонк”-ро дар ин ноҳия мавриди истифода қарор доданд. Бинои филиали бонк дар ин ноҳия дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ сохта шуда, беҳтарин шароит барои пешбурди корҳои бонкдориро дорост. Бинои навбунёд аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, 7 утоқи корӣ дорад ва ҳамаи утоқҳо бо мизу курсии нав ва технологияи муосир таъмин карда шудааст. Фармоишгари корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур БДА ҶТ “Амонатбонк” буда, пудратчии асосӣ ҶДММ “Ситоиш” ва лоиҳакаш ҶДММ “Созанда-2012” аст. Хотиррасон бояд шуд, ки барои анҷоми амалиётҳои бонкӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мушкилоти зиёд мавҷуд буд ва бо ифтитоҳи филиали ин бонк дар ноҳия мушкилоти мизоҷони бонкҳо то андозае бартараф карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти БДА ҶТ, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар вилоят ва ноҳия барои беҳтар кардани хизматрасониҳои бонкӣ дар ноҳия ва ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи бонкдорӣ ба кор дастуру супоришҳои мушаххас доданд ва аз кормандони соҳа талаб намуданд, ки ҳамеша бо мизоҷон муомилаю муоширати хуб дошта бошанд. Дар филиали БДА ҶТ “Амонатбонк” дар маркази ноҳия-шаҳраки Меҳрон аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ 12 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шудааст.

 Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ

Тибқи банди 43-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба сохтмони майдончаи варзишӣ воқеъ дар хиёбони Б.Ғафуров, назди биноҳои истиқоматии 6, 6/1 ва 6/2-и н.Синои ш.Душанбе, ки бо замимаи №2-и фармоиши Ҳукумати ҶТ аз 20.11.2018, №98-ф тасдиқ шудааст. Дар иртибот ба иҷроиши саривақтии фармони мазкур БДА ҶТ «Амонатбонк» ин майдончаи варзиширо дар кӯтоҳтарин муддат сохта ба истифодаи сокинони биноҳои мазкур супорид. Қобили зикр аст, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» бо ин мақсад, дар Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ озмуни тендерӣ гузаронид ва дар он ҶДММ «Бунёдкор С» тибқи Протоколи тендерӣ аз 13.03.2019, №418768 бо маблағи 1315160 сомонӣ оид ба сохтмони майдончаи варзишӣ воқеъ дар хиёбони Б.Ғафуров, назди биноҳои истиқоматии 6, 6/1 ва 6/2-и н.Сино ғолиби озмун дониста шуд.

Бояд гуфт, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур тибқи лоиҳаи тасдиқшуда сохта ба итмом расонида шуд. Масоҳати умумии майдончаи варзишӣ дар маҷмӯъ тибқи санад 3820,0м2 ташкил медиҳад, ки аз он 540 м2 -масоҳати майдончаи варзишии универсалӣ бо роҳравҳо, 869,0м2-масоҳати роҳрави зерихокӣ, 664,0м2-масоҳати пиёдаравҳо, 1047,0 м2 -масоҳати сабзазорҳо ва 700 м2 -масоҳати роҳравҳои мавҷудбударо дар бар мегирад. Корҳои сохтмонӣ дар масоҳати 3820,0м2 дар ҳаҷми 100% аз тарафи пудратчӣ иҷро карда шудааст. Аз ҷониби пудратчии сохтмон ва саривақт пешниҳод намудани маблағҳои мазкур аз ҷониби БДА ҶТ «Амонатбонк» майдончаи варзишӣ дар муддати 4 моҳ пурра сохтмонаш ба анҷом расонида шуд.

Корҳои иловагӣ, аз қабили ҳамворкунии бетонии роҳравҳо дар масоҳати 158м2, бетонпӯш кардани назди биноҳо дар масоҳати 37м2, сабзазоркунӣ дар масоҳати 77м2 аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «Бунёдкор С» пурра ба анҷом расонида шуданд. Ҳамзамон барои сифати хуби майдончаи варзишӣ тибқи лоиҳаи тасдиқшуда резинаи фарши майдончаи варзишӣ аз тарафи ҶДММ «Ваҳдат ЛТД» ба анҷом расонида шуд. Қобили зикр аст, ки аз ҷониби БДА ҶТ «Амонатбонк» дар муддати 3 сол 4 майдончаи варзишӣ ва майдончаҳои истироҳатиро дар назди биноҳои истиқоматӣ дар ш.Душанбе сохта ба истифода дод. Роҳбарияти Бонк тасмим гирифтааст барои саҳмгузор будан ба ободкорию созандагиҳо дар ҷумҳурӣ ва пойтахти кишвар ҳамеша пешсаф буда, ҳиссаи арзандаи худро гузорад.

Шуъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»

 

Чоршанбе, 04 Сентябр 2019 08:58

Валерий Турсунов….Бо шунидани ин ном пеши назари ҳар нафаре, ки бозиҳои “Помир”-Душанбеи маъруфро тамошо кардааст, бозии зебо, зарбаҳои сахту нишонрас ва голҳои ба дарвозаи дастаҳои рақиб задаи ӯ ҷилвагар мешаванд. Валера 23.08.1954 дар ш.Кӯлоб ба дунё омадааст. Падараш тоҷик ва модараш рус буданд. Аз хурдӣ ба футбол шавқ дошт ва мисли дигар ҳамсолонаш футболро аз кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб оғоз кард. Шавқу рағбат ба ин бозии маъруф ӯро ба ДЮСШ-и шаҳри Кӯлоб овард. С.1965 иштирокчии бозиҳои ниҳоии мусобиқаи умумиттифоқии “Тӯби чармин” шуд. Солҳои донишҷӯӣ дар дастаи Институти политехникии Тоҷикистон баромад мекард ва аз он ҷо ба чашми селексионерҳои “Помир” афтоду Валераи 18-соларо шомили ҳайати омодагии “Помир” намуданд. Бозии нахустинро дар ҳайати асосии дастаи “Помир” Турсунов с.1974 гузаронидааст. Дар ин бозӣ “Помир” дар сафар муқобили “Торпедо” Кутаисӣ рақобат мекард. Бозии дебютӣ барои Валера бобарор ва муваффақ гашт, ки дар ин бозӣ 2 гол ба дарвозаи дарвозабони маъруфи замони шӯравӣ-Отар Габелияи гурҷӣ занад. Валера тамоми собиқаи бозикунияшро дар чемпионати СССР аз с.1974 то с.1988 дар ҳайати “Помир” гузаронида, дар 542 бозӣ иштирок намуда, ба дарвозаи рақибон 173 гол задааст!!!

С.1988 барои ба лигаи олии СССР баромадан ба “Помир” кӯмаки худро расонд. Лек латбардориҳои зиёде, ки дар давоми собиқаи бозикунияш бардошта буд, ба ӯ имкон надоданд, ки дар Лигаи Олии СССР бозӣ кунад. Миёнаи солҳои 1990 якҷо бо Александр Азимов барои бозӣ кардан ба клуби дивизиони 2-юми «Аустрия»-и Клагенфурти Австрия рафт. Дар гузариши миёнамавсимии солҳои 90\91 бошад ба клуби «Клопайнерзее» гузашт, ки дар дивизиони 3-юми чемпионати Австрия баромад мекард. Аммо латбардориҳо ба ӯ дигар имкони пурра бозиданро надоданд ва тобистони с.1991 собиқаи бозикунияшро анҷом дода, ба дастаи “Помир” ба кори мураббигӣ бозгашт. Давоми солҳои 1996-2013 бо танаффус дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳайси Ноиби президент ва Ноиби аввали президент фаъолият кардаст. Ман аз с.2003 то с.2013 бо Валерий Юлдошевич дар ФФТ якҷоя фаъолият доштем ва хушбахтона то ҳол ҳам бо ҳамдигар риштаи дӯстиву бародарии қавӣ дорем. Ба ҳайси роҳбар ва ҳамчун инсон дар сифати Валера танҳо беҳтарин суханҳоро гуфта метавонам. Ӯ яке аз бузургтарин шахсиятҳоест, ки мешиносамаш.

Синни ҷашнӣ муборак, Юлдошевич!!! Худованд ба Шумо умри дароз, тани сиҳат ва саодату комёбиҳоро насиб гардонад!!!

Нуралӣ Хоркашев

Махсус барои СССР

 

Чоршанбе, 04 Сентябр 2019 08:51

Чоршанбе, 04 Сентябр 2019 08:44

Чоршанбе, 04 Сентябр 2019 08:39

Чоршанбе, 04 Сентябр 2019 08:24

 

Мюллер ва ориёият

Достони ориёиҳо қиссаи роиҷест ва дар китобҳои дарсии таърихӣ ҳам ба он ишора мешавад. Асли достон бар он бармегардад, ки қабоиле ба номи ориёиҳо буданд ва он ориёиҳо аз сукунатгоҳи аввалияашон (шимоли Осиё), муҳоҷират карданд. Шохае роҳашро самти Аврупо каҷ кард ва шохаи дигар самти фалоти Эрон ва Ҳинд рафтанд. Ин фарзияро Макс Мюллер Фридрих, забондон ва шарқшиноси олмонӣ, ки аз қазо бештари умрашро дар Англия гузаронд, ҳудуди 170 сол пеш матраҳ кард. Аз ҳамин ҷо даъво оғоз шуд. Ҳар касе ба суди барномаи сиёсии худ бо ин фарзия каланҷор мерафт. Хоса, дар Аврупо низои шадиде байни "ориёиҳо" сурат гирифт. Дар ин қора ҳам англисҳо ва ҳам олмониҳо даъвои "ориёият" доштанд. Аврупо саргарми нозидан ба табори тозакашфшудаи ориёиаш шуда, вожаи "ориёиро" ба як мафҳуми нажодӣ табдил дод. Нажоде, ки муддаӣ буд вежагиҳои зистшинохтӣ ва тамаддунии бартаре дорад ва бояд сарварии ҷаҳонро ба ӯҳда гирад. Фарзияи муҳоҷирати ориёиҳо акси садоҳои мутафовит ва гоҳ зиддияте миёни истеъморгарон барангехт ва ҳар кадом мехост, аз он ба суди манофеъаш истифода барад. Англисҳо дар Ҳинд ва немисҳо дар Эрон аз ҳама бештар сари мафҳуми "ориёӣ" пофишорӣ карданд.

 Аз Қоҷор то Ризохон

Табиатан Эрон ба ҳайси кишвари муросбари ориёҳо аз ҳама бештар мавриди таваҷҷӯҳи "ориёиҳои аврупоӣ" қарор дошт. Аз ҳама зиёд, англисҳо ба Эрон чашм ало карда буданд ва дар ин кишвар мавқеи вежа доштанд. Бо вуҷуди ин, немисҳо ҳам намехостанд аз қофила ақиб монанд ва ҳамвора мекӯшиданд дар кишвари аз ҳама ориёӣ, нуфузеро соҳиб шаванд.

Чоршанбе, 04 Сентябр 2019 08:21

28.08.1941. Дар СССР бо қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР немисҳое, ки дар навоҳии назди Волга сукунат доштанд, ба манотиқи дурдасти кишвар кӯчонида шуданд. Сабаби ин кор ҳуҷуми Олмон ба СССР гашт ва Сталин бим дошт, ки немисҳои назди Волга бо немисҳои Олмон мепайванданд.

29.08.1938. Дар СССР хониши ғоибона дар макотиби олӣ ҷорӣ карда шуд.

29.08.1939. Дар СССР аввалин шумораи "Маҷаллаи ҳарбӣ-таърихӣ" рӯи чоп омад, ки яке аз беҳтарин нашрияҳои соҳавӣ будӣ.

29.08.1949. Дар майдони озмоишии Семипалатински Қазоқистон озмоиши якумин бомбаи атомии шӯравӣ доир шуд. Аз ин ба баъд СССР низ соҳиби силоҳи атомӣ гардид.

29.08.1949. Роҳбари Югославия Броз Тито барои рафъи пасомадҳои таҳримҳои иқтисодии СССР аз ИМА кӯмаки молӣ хост ва амрикоиҳо ҳам ба Югославия кумак карданд.

30.08.1918. Дар Маскав эссерзан Фаннӣ Каплан ба ҷони роҳбари ҳукумати Шӯравӣ, В.Ленин суиқасд анҷом дод. Ӯ сахт захмӣ шуд, лек зинда монд. Дар Петроград бошад худи ҳамин рӯз шоир Леонид Иоакимович Каннегисер сардори ЧК-и ин шаҳр Моисей Соломонович Уритскийро кушт. Ин кушторҳо боиси амалкарди ҷавобии Ҳукумати шӯравӣ шуд, ки дар таърихнигорӣ аз он ба "террори сурх" ёд мешавад. 

30.08.1935. Дар Маскав Кунгураи VII-и Коминтерн доир шуд. Дар он коммунистон ва сотиал-демократҳо қарор доданд, зидди фашизм бо ҳам муттаҳид гарданд.

30.08.1963. Бо мақсади коҳиш додани хавфи вуқӯи ҷанги атомӣ миёни Маскав ва Вашингтон хаттӣ мустақими телефонӣ гузаронида шуд.

31.08.1920. Дар корхонаи "Красное Сомово"-и Маскав аввалин тонки шӯравӣ сохта шуд. Ин тонки навъи М (Ренои Русӣ) номи доҳии пролетарҳо-"Муборизи инқилоб рафиқ Ленин"-ро гирифт.

31.08.1925.Дар СССР эъломия бобати таҳсили оммавии ибтидоӣ қабул карда шуд.

Чоршанбе, 04 Сентябр 2019 08:19

Мақолаи «Об дар кӯзаву мо ташналабем…» (СССР, №27, 4.07.2019) аз номи И.Зарифӣ ба чоп расидааст, дар МИҲД ш.Панҷакент бо иштироки роҳбарияти ҶДММ КМ «Зарафшон» мавриди санҷиш ва омӯзиш қарор гирифт. Бояд гуфт, ки дар системаи таъминоти оби нӯшокии шаҳраки Суғдиён норасоии техникӣ нест. Чунки дар обанбори корхона 3 адад насоси обкашӣ, ки қувватнокиаш 125 м3 ҳар кадомаш ҷамъ 375 м3 соат ва дуюм насос ин обро ба обанбор, ки 2 адад аст, ба миқдори 2000 м3 ва обанбор бо счётчикҳои электронӣ таъмин мебошад. Дар ин ҳолати кории насосҳо дар 1 шабонарӯз то 8400м3 об мебарорад. Сабаби норасоии оби нӯшокӣ дар шаҳраки Суғдиён ин аст, ки нисфи зиёди обро бошандагони деҳаҳои атрофе, ки хатти об мегузарад, на танҳо барои нӯшокӣ балки барои обёрии боғҳо, полезҳо ва дигар қитъаҳои замин истифода мебаранд. ҶДММ КМ «Зарафшон» тасмим гирифтааст, то моҳҳои октябр-ноябри соли ҷорӣ дар ҳудуди худи шаҳраки Суғдиён 2 адад чоҳҳои обкашии зеризаминӣ парма намуда, шаҳраки Суғдиёнро пурра шабонарӯз бо оби нӯшокӣ таъмин менамояд.

М.Сафарзода,

муовини якуми раис шаҳр

 

саҳ 9 аз 10

Китобҳо

Flag Counter