ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 04 Сентябр 2019 08:16

Салом, СССР! Чаро ВАО давлатии мо аз шодравон Тоҳири Абдуҷаббор-шахсе, ки барои Истиқлолияти миллии Тоҷикон хизмат кардааст, ёд намекунад? Мо бояд раҳматии Т.Абдуҷабборро дар ҳар 1 ҷашнҳои кишвар ёд кунем. Ӯ барои мо бегона набуд ва ҳиҷ вақт барои зарар сухан нагуфтааст. Ҳар гапу амали ӯ барои манфиати иқтисоду сиёсии Ватани мо буд-ку? Хуб мешуд, перомуни ин шахсияти бузург СССР дар шумораҳои ояндаи худ бисёр ба тафсил бинависад. Тарҷумаи ҳолашро чоп кунед, рӯҳи устод шод мешавад. Набояд, ки чунин ашхоси барӯманд ва барҷастаи Тоҷикистон ба гӯшаи фаромӯшӣ биравад. «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!», ин аст шиори мо.

Зиёвиддин Ҷамолов,

муаллим, н.Рӯдакӣ

 

Чоршанбе, 04 Сентябр 2019 08:14

Узви Ихвон-ал-СССР, Абдулфаттоҳ Насимзода аз шаҳри Ваҳдат бо СССР дар тамос шудаву мегӯяд, имрӯз дар хусуси СНГ ва Амрикову НАТО мегӯянд, ки мо бояд яке аз инҳоро интихоб кунем. Аммо ман, ҳамчун шаҳрванди ин кишвар гуфтаниам, ки на СНГ, на НАТО ва на Аврупо ба мо лозим нестанд. Мо бояд бо пойи худ, бо асои худ, бо роҳи худ биравем. Ин барои мо муҳим аст. Чаро? Барои он ки ягон ташкилоту иттиҳод дар ҷаҳон беғараз нест. Хуб мешуд, бо маслиҳат кор кунем.

 

Чоршанбе, 04 Сентябр 2019 08:11

Узви Ихвон-ал-СССР, Файзулло Қурбонов аз ноҳияи Кӯшониён ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки дар кадом маҷаллае хондам, дар Эрон аз ҳама маоши баландтаринро муаллим мегирифтааст. Дар Ӯзбекистони ҳамсоя низ моҳе пештар маоши муаллимро бардоштанд. Пас чаро дар мо ин тавр нест? Охир, маориф агар поя-устуни давлату миллат бошад, пас чаро ҳаққмузди ӯро зиёд намекунем? Ана акнун фаҳмидед, ки онҳо, яъне эрониҳо ин қадар ҷуръат карда, натарсида, ба гапу воҳимаи мамолики Ғарб гӯш накарда, стансияи барқи атомӣ сохтан доранд? Барои он ки муаллимро қадр мекунанд!!!

 

Чоршанбе, 04 Сентябр 2019 08:09

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Дар бораи риш гуфтаниям. Ҳамин рӯҳониёни мо, хоса, ҳоҷиёни нав аз тавофи Маккаю Мадина баргашта, ба мубаллиғи ашаддии риш табдил ёфтаанд. Вақте бо аксари онҳо гап мезанӣ, ба хулосае меоӣ, ки гӯё аз болои кӯҳи Сарсарак фаромадаанд, ё аз кӯҳи Душоха. Дар хусуси дини Ислом балоро намедонанд. Қоидаҳои талоқро намедонанд, 1-талоқаро сеталоқа ҳисоб мекунанд, ба занӣ гирифтани духтарони хеши наздикро сарфаҳм намераванд. Пас чӣ гила аз риш мондан ва намондан кунем? Чунин гореҳоҷию горемуллоҳо натанҳо ҷавононро барои мондани риш тарғиб мекунанд, балки ба волидайни онҳо сару кор мегиранд. Ин ҳама таъсири ғояҳои зиддиинсонии салафию шиаҳою ДИИШиҳо… аст. 1 нафар дар СССР дуруст навиштааст, ки риш лонаи микробҳост! Ҳар куҷое, ки меравед, мешинеду мехӯред, дастро албатта ба «рӯймоли фук», яъне риш мебаред ва тибқи табъ равғанин месозед. Барои ҷо гирифтани микробҳо ва дигар ҳашаротҳо база тайёр мекунед. Касалии ришмонӣ на аз он сабаб аст, ки мо онро мехостем, балки 1000-2000 сол пеш имконият ва фаросати риштароширо надоштем, теғ чисту риштарошак чист, намедонистем. Асбоби риштарошӣ, ки набошад, чи кор мекарданд? Шумо ба ёд оред, ҳаёти 70 сол пешро. Дар деҳаҳо теғу алмосак набуд! Барои ришу сартарошӣ ба кадом як деҳаи ҳамсоя мерафтанд. Дар бораи арабҳои биёбонград бошад, ҳоҷати гап нест. Пётри 1 тавонист бо 1 фармони худ ришмониро ба тартиб дарорад. Дар мо низ методи Пётри Кабирро бояд ҷорӣ кард!!!

Комрони Далер,

ш.Бохтар

 

Чоршанбе, 04 Сентябр 2019 08:06

Душман гап наёфт, мегӯяд, думи сагат каҷ!!! 

(масали мардумӣ)

Душманону душмании мо ҳатто номардӣ шудааст. Ин бор перомуни 1 матлаби чанд хабарнигори хабаргузории муътамади амрикоӣ менависам, ки худро хуб паст бурданд. Ҳафтаи гузашта, аз номи чанд мастчоҳие Радиои Озодӣ “хабар” парканд, ки гӯиё дар Мастчоҳи Кӯҳӣ (“Кӯҳистони Мастчоҳ” вожасозии тоҷикӣ нест!) барои меҳмондории ҳайъати ҳукумат ва Президенти ҶТ аз мардуми маҳаллӣ, мутаваҷҷеҳ шав хонанда, ...1 кило биринҷу 1 кило равғану 2 фатирӣ ҷамъ кардаанд...

Ҳай-ҳай-ҳай... Озодӣ то ин ҳадд кай паст рафта буд? Ҳич бор! Ва ин корро дар арафаи ташрифи президенти Радиои Озодӣ-Ҷеймӣ Флай махсус роҳандозӣ намуданд. Медонед чаро? Зеро ба Флай садорати тозатаъини Озодӣ нишон доданист, ки мо кор мекунем ва моро дар Тоҷикистон мавриди хушунат ва фишор қарор медиҳанд. Зеро раёсати қаблии ин ниҳодро маҳз ба хотири “ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон” сабукдӯш карда буданд. Хуб. Флайро 1 сӯ мегузорем. Аммо шумо чигуна ба чашми мастчоҳиёни нозанин, ки зодаи ҳамун диёред, нигоҳ мекунед, аз ин ба баъд? Ё шояд дигар фарқе миёни виждон ва зодгоҳатон намондааст??? “Ни чего святого не осталось!”- гуфти бобои Ғуломи таърихӣ, ки русиро дар ҶБВ ёд гирифта буд. Мастчоҳиёни пурғурур аз кай то ин ҳадд дар назари шумо уфтодаанд, ки агар бигзор ин хабаратон рост ҳам бошад, барои 1 кг биринҷу 2 кулча ба шумо шиква бубаранд??? Шояд солҳост Мастчоҳ нарафтаед. Ман 2 бор пайиҳам дар 1 соли ахир ун ҷо будам ва медонам, ки мастчоҳӣ охирин нонашро ба меҳмон медиҳаду худ гурусна мешинад! Ҷое меҳмон шудем, мӯсафеди 90-солае, иштирокчии ҶБВ, муаллими собиқадор, мастчоҳии сарбаланд пешамон баромаду то ана-мана кардем, ки 1 бузашро кушт!!! Мо шиштанӣ набудем ҳатто, “тем более” меҳмони ҳукуматӣ низ нестем. Вале ӯ чорворо забҳ кард. Шояд ин охирин бузаш буд! Ва медонед чӣ гуфт? Гуфт, меҳмони пойтахтед ва Рӯдакӣ барои иззати меҳмонони Бухоро, ки барои қатлаш омада буданд, аз дасти онҳо заҳр хӯрда буд!!! Ин масалро шояд шумо надонед, дар Аврупо. Зарафшониҳо медонанд!!!

Абсурдии ин ҳангома он аст, ки шумо дар Аврупо нишаста намедонед, ки Президенти ҶТ ва Ҳукумати марказӣ дигар он ҳукумати соли 1992 нест! Ҳоло Ҳукумат қудрате дорад, ки Мастчоҳи Кӯҳиро худ нон диҳаду биринҷу равғану гӯшту пӯст. Шумо аз куҷо медонед, ки қабл аз ташрифи сарвари давлат садҳо тонна кӯмаки ғизоӣ, миллионҳо доллар, ба Мастчоҳи Кӯҳи расида буд?! Ва он “утка”-тағову модаротон дурӯғ паркандаанд; агар гуфта бошанд, садояшонро гузоред, принсипи Радио ҳамин аст, ҳо доред-ку “ба гуфтаи 1 манбаъ, ки аз ифшои ном худдорӣ кард...”, с.1937 нест, касе ба ишон зиён намеорад, магар ҳамсояҳошон, ки барои ғурури Мардони Мастчоҳи Кӯҳӣ пӯсташон накунанд...

Ва акнун баргардем, сари корҳое, ки Ҳукумати “мӯҳтоҷи 1 кило равғану 1 кг биринҷу 2 кулча нон” ба Мастчоҳи Кӯҳӣ кард. Омодаед? Рафтем:

Аз буҷҷаи давлат (мутаваҷҷеҳ шав, хонанда, на хариду фурӯши 1 кило равғану 1 кг биринҷу 2 фатири мастчоҳиён!) 170 млн. сомонӣ, аз ҷумла, 81 млн. сомонӣ мусоидати молиявӣ ва аз ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳо 35 млн. сомонӣ барои рушди ноҳия ҷудо шудааст! Оё медонед, бо ин қадар пул чанд кило равғану биринҷу фатир метавон харид? То-та!

Давомашро гӯш кунед:

То с.2021 дар Кӯҳистони Мастчоҳ 100 иншооти наву замонавӣ бунёд меёбад! Кӣ дар Кӯҳистони Мастчоҳ дар тӯли 70 соли шӯравӣ ва 1000 соли то инқилоби советӣ бинои 2-ошёна дида буд? Имрӯз чандин баландошёна, бо шумули Идораи Суд, Беморхонаи замонавӣ, Амонатбонк ва ғ. ва ҳ. сохта шуд! Шояд аз ҳисоби 1 кг равғану 1000 гр биринҷу 2 дона фатири мардум?

Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ин ноҳия барои солҳои 2016-2020 аз 171 лоиҳа иборат буда, дар сеюним соли охир 52 лоиҳа дар ҳаҷми беш аз 102 млн сомонӣ амалӣ шудааст! Аз ҳисоби фатиру биринҷу равғани мардум?

Мактаби миёнаи муосир дар деҳаҳои Дашт ва Эсизи Поён барои 570 нафар хонанда, мактаб дар деҳаи Деҳавз бо 110 ҷои нишаст, мактаб дар деҳаи Хайробод, муассисаи томактабӣ барои 72 нафар кӯдак дар деҳаи Дашт, беморхонаи минтақавӣ дар деҳаи Роғ, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Табушн, варзишгоҳ барои 3000 ҷои нишаст дар маркази ноҳия, майдончаи варзишӣ дар деҳаи Оббурдон... 

Ва ин ҳамаро Ҳукумат аз ҳисоби худ месозаду 2 кг биринҷу равғану 3 фатир намеёбад, ки тановул кунад???

Айб аст, шарм аст, ай-яй-яййййй... Журнализмро то ин ҳадд ба хоки замин баробар накунед. Аз ғайбати занакҳои лави об ва ҳатто дурӯғпаркандагии зани дуввуми талоқдидаи мардон пасттар нафуроед, мӯҳтарам ҳамтоҳо...

PS: Газетаи мардумии СССР аз ин бӯҳтони нанговар, ки дар ҳаққи мардуми сарбаланд ва ҷавонмарди Мастчоҳ бастаанд, ҷои он ба ном “журналистон” пӯзиш мехоҳад. Мо Метавонем!

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 10 аз 10

Китобҳо

Flag Counter