ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 22 Июл 2020 09:37

 

Салом ба кормандони редаксияи СССР! Имрӯз ҳангоми кор ба ҳодисае дучор омадам. Дар бозори “Корвон”  ҳамагӣ 2-3 газетафурӯш мегарданд ва ҳар ҳафта як ё ду газета аз эшон мехарам. Имрӯз ҳангоми гузаштани газетафурӯш дар наздам муштарие буд, ки бақияашро мепурсид, кӯшиш мекардам ки тезтар бақияи муштариро диҳаму фурӯшандаи газетаро боз дорам, "успет" накардам аз пешам 5-10 метр гузашт. Ман бо овози каме баланд садош кадам, аз сабабе, ки овозам баландтар буд савдогари барам ба ман хитоб карда гуфт: "Ҳолиям одамо газет мехонан?". Ман бошам бо садои каме хашмолуд гуфтам: “Магар газета барои савдогарон нест?”. Бинед хонандаи азиз, дар бозори бузуртарини кишвар, ки тахминан 25-30 ҳазор фурӯшанда дар он кор мекунад, ақалан 20-25 нафар газетахон намеёбӣ. Агар дар дасти касе газета бинӣ яқин ё сканворд аст ё  чизи дигаре. Боре дар тахтачӯби савдогаре, ки куртавории занона мефурӯхт навиштаеро дидам. Дар он чунин дарҷ гардида буд: "Молҳои фурӯхташуда вазврат намешавад". О, мебахшед тоҷири муҳтарам, дар кадом қонуну кодекс ин гап омадагӣ?  

Қувватзода Муҳаммадҷон, ш.Душанбе, тел: 931666668 

 

Чоршанбе, 22 Июл 2020 09:30

  

Салом, СССР ! Ростӣ, вақте ман ҳар 1 шумораи ҳафтаномаи СССР-ро ҳар рӯзи панҷшанбе аз маркази ноҳия харидорӣ намуда, то панҷшанбеи ҳафтаи оянда, онро қариб, ки ду-се маротиба пурра мехонам. Агар гӯянд, дар бораи ҳар як шумораи ҳафтанома иншои озод нависед, мумкин ман танҳо баҳои 5 гирам. 

   Дар яке аз шумораҳои гузаштаи ҳафтанома, вақте мақолаи навиштаи хоҳари азиз Омиронаро бо номи «Таҳсили онлайн: «Харҷи интернет аз киссаи кист?»-ро хондам фишорам 90 ба 50 шуд. Вақте нархи солонаи таҳсилро дар мактаби Кембриҷ фаҳмидам ҳуш аз сарам парид ва қариб буд, ки «COVID-19» нашуда, бандагиро ба ҷо оварам. Ман нафаҳмидам ин мактаб барои кист? Дар он ҷо киҳо таҳсил мекунанд? Мо фарзандони худро ҳатто дар 1 мактаби миёна хононда наметавонем, чунки нархи ашёҳои мактаб, сару либоси мактабӣ, нарху навои китобҳои дарсӣ бисёр ҳам гарон аст.  Вақте нархи ин мактаб аз 70000 то 100000 сомонӣ бошад, пас чӣ гуна як камбағали бечора, як коргари оддӣ, як деҳқон фарзандашро дар чунин мактабҳо мехононад? Пас ин мактабҳо барои халқи камбағал нест! Хубтараш дар бораи чунин мактабҳо фикр накунему асабҳоямонро вайрон насозем. Хоҳари азиз, дигар чунин маводро нанависед, ки боз ягон нафарро давленӣ назанад! Шуморо гунаҳгор мекунанд, шӯхӣ!!!

Ғуломалӣ  Асоев, узви ҳафтанома, н.Файзобод

Ҷумъа, 17 Июл 2020 17:20

17 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ Муҳаммадюсуф Имомзода вазири маориф ва илм иброз намуд, ки  дарсҳо дар муассисаҳои таълимӣ аз 17 август шурӯъ мегардад.

-Мо барои боз ҳам касби шудани донишҷӯёни донишгоҳҳои кишвар дар солҳои оянда соатҳои ихтисосиро дар рафти таълим зиёдтар ба назар мегирем, - мегӯяд Муҳаммадюсуф Имомзода

Мавриди зикр аст, ки рушди устувори соҳаи маориф аз афзоиши маблағгузории он вобастагӣ дорад. Хароҷоти соҳаи маориф дар соли 2020 барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 299 млн. 223 ҳазор сомонӣ, таҳсилоти умумӣ 2 млр. 838 млн. 590 ҳазор сомонӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ 75 млн. 499 ҳазор сомонӣ, таҳсилоти миёнаи касбӣ 222 млн. 365 ҳазор сомонӣ, таҳсилоти олии касбӣ 781 млн. 516 ҳазор сомонӣ ва барои дигар хароҷотҳо 787 млн. 460 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Шералӣ Давлатов, СССР

 

Ҷумъа, 17 Июл 2020 17:17

Нишасти матбуотии вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суханронии вазири нақлиёт - Худоёрзода Худоёр оғоз гардид. Баъд аз ироаи маълумоти муфассал дар бораи фаъолияти шаш моҳи аввали соли 2020 намояндагони ин ниҳод ба суолҳои хабарнигорон посухҳои муфассал доданд. Хабарнигорони СССР дар мавриди кай оғоз гардидани корҳои таъмирӣ, васлу насби системаҳои ҳавотозакунӣ ва рӯшноии нақби “Истиқлол” ва набудани роҳҳои велосипед дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе аз масъулин суол намуданд. Ҷаноби Худоёрзода дар посух иброз намуданд, ки ёддошти тафоҳум байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди таъмири минбаъдаи нақби “Истиқлол” ба имзо расида, дар парлумони кишвар тасдиқ гардидааст. Маблағи умуммии таъмир 11 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки 50 %-и он саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Корҳои лоиҳакашӣ дар ин самт идома дорад ва бо фароҳам омадани имкони мусоид корҳои сохтмони дар ин нақб оғоз мегардад. Вобаста ба суоли  2-юм масъулини вазорат қайд намуданд, ки дар бисёр лоиҳаҳои таъмир ва сохтмонӣ роҳҳо набудани роҳҳои махсус барои дучарха мавҷуд аст, ки дар оянда ислоҳ мегарданд. 

Исмоилҷон Маликов, СССР

 

Чоршанбе, 15 Июл 2020 11:21

 

 12 июли соли 1943 дар рафти муҳорибаи Курск, дар назди деҳаи хурди Прохоровка бузургтарин набарди танкии ҷанги ҷаҳонии дуввум ба вуқӯъ пайваст. Прохоровкаро дар таърихнигории собиқ СССР "қабристони танкҳои немис" меномиданд. Аммо тарафи немисӣ дар ин бобат назари мутафовит дорад.

Амалиёти "Арк" (Цитадель)

  Баъд аз пирӯзӣ дар Сталинград, Артиши Сурх нерӯи азиме касб карда буд ва Сталин мехост аз ин нерӯ истифода бурда, ба ҳуҷуми навбатӣ тайёрӣ медид. Тибқи маълумоти немисҳо ин ҳуҷум маҳз дар наздикиҳои Курск бояд шурӯ мешуд. Фюрер метарсид, ки ҳуҷуми ногаҳонии Артиши Сурх метавонад мисли тарма ҳама чизро аз сари роҳаш бардорад. Бинобар ин, дар Берлин қарор доданд барои пешгирии ин ҳуҷум, худашон амалиёти таҳоҷумӣ гузаронанд ва аввалин шуда, зарба зананд. 15 апрели соли 1943 Адолф Гитлер дастури амалиётии № 6-ро бобати омодасозии амалиёти таҳоҷумӣ дар наздикии Курск ба имзо расонид. Амалиёти немисҳо "Арк" (Цитадель) номгузорӣ гардид. Ин амалиёт дар ҳоле пиёда мешуд, ки нерӯҳои олмонӣ аз Артиши Сурх се баробар камтар буданд ва фармондеҳии Вермахт низ зидди амалиёти таҳоҷумӣ буд. Аммо Гитлер ҳамаи эътирозҳоро сарфи назар карда, ба амалиёт ризоят дод.    

Паланг ва Юзпаланг

  Умеди асосии Гитлер дар амалиёти оянда, танкҳои нави немисҳо Паланг (Тигр) ва Юзпаланг (Пантера) буданд. Фюрер ният дошт, бо танкҳои наваш хатти фронтро рахна кунад. Танкҳои нави немисҳо, он шабу рӯз нерӯи азиме ба шумор мерафтанд ва дар Курск беҳтарин ва яккачинтарин қисмҳои танкии олмонӣ, монанди дивизияҳои танкии СС "Викинг", корпуси дуввуми танкии СС "Адолф Гитлер" ва "Сари мурда" (Мертвая голова) ширкат варзиданд ва бештари танкҳои нав низ дар ин қисмҳо тақсим гардида буд. Аммо немисҳо пеш аз оғоз амалиёташон намедонистанд, ки дар Маскав аз нақшаи онҳо бохабаранд. Нақшаи амалиёти оянда, дар як тайёраи немисҳо ёфт шуд ва фармондеҳии шӯравӣ дар асоси ин нақша, ба тарроҳии амалиёти ҷавобӣ шурӯ кард. Худи муҳориба Курск яке аз муҳорибаҳои бузурги ҶБВ буда, 5 июли соли 1943 оғоз гардид ва то 23 август идома ёфт. Аз ҳар ду тараф дар он, 4 миллион аскар, 69 000 тӯп, 13 000 тонк ва 12 000 тайёра ширкат варзиданд. 

Мудофиаи беназир

  Аммо бобати амалиёти Курск дар Маскав низ назарҳо яксон набуданд ва Сталин барои баргузории амалиёти таҳоҷумӣ пофишорӣ мекард. Бо вуҷуди ин, генералҳои шӯравӣ бо сарварии Жуков тавонистанд назари ӯро иваз кунанд ва Артиши Сурх барои амалиёти дифоӣ мавқеъ гирифт.

Чоршанбе, 15 Июл 2020 11:13

 

10.07.1918. Дар Маскав, Анҷумани V-и умумирусиягии Шӯроҳо доир гардид, ки дар он аввалин Сарқонуни РСФСР қабул карда шуд.

10.07.1925. Дар СССР бо қарори Раёсати КМИ ва ШКХ Агентии телеграфии Иттиҳоди Шӯравӣ (ТАСС) таъсис дода шуд.

10.07.1925. Аз Маскав шаш тайёраи шӯравӣ бо хатсайри Маскав - Улан-Батор - Пекин ба парвоз даромаданд. Ин парвоз аввалин парвози дарозмуддати ҳавонавардони шӯравӣ ба шумор меравад. Тайёраҳои шӯравӣ дар 7 рӯз масофаи 6476 км-ро тай карданд.

11.07.1918. Шӯрои Комиссарони Халқии РСФСР аввалин буҷаи Русияи шӯравиро барои шаш моҳ ба тасвиб расонид. 

11.07.1921. Дар Муғулистон, артиши халқии муғул бо кумаки Артиши Сурх бар нерӯҳои истилогари чинӣ пирӯз гардида, дар Муғулистон ҳукумати шӯравӣ барқарор карда шуд.

11.07.1942. Генерали шӯравӣ Андрей Власов дар деҳаи Туховежи вилояти Ленинград аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ (ва ба як ривояте бо хоҳиши худаш) ба немисҳо таслим карда шуд. Власов баъди чанде ба ҳамкорӣ бо немисҳо ризоят дода Артиши озодихоҳи русро таъсис намуд.

11.07.1960. Ҳукумати Чехословакия эълон кард, ки дар кишвар сохти сотсиалистӣ пирӯз гардида, Чехословакия ба Ҷумҳурии Шӯравии Чехословакия тағйири ном кард.

12.07.1943. Дар рафти амалиёти Курск, дар назди деҳаи Прохоровка бузургтарин набарди танкии Ҷанги ҷаҳонии дуввум ба вуқӯъ пайваст. Дар ин набард, нерӯҳои вежаи танкии Артиши олмонӣ ва Артиши Сурх ширкат варзиданд.

12.07.1988. Шӯрои вилоятии Қарабоғи Кӯҳӣ эълон кард, ки Қарабоғ аз ҳайати Озарбойҷон мебарояд.

13.07.1947. Дар пойтахти Фаронса шаҳри Париж, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аврупоӣ барои қабули нақшаи барқарорсозии Аврупо, ки аз ҷониби котиби давлатии ИМА Ҷорҷ Маршалл пешниҳод шуда буд, ризоят доданд. Аммо кишварҳои блоки шӯравӣ ва Финляндия аз ширкат дар ин конфронс худдорӣ карданд.

Чоршанбе, 15 Июл 2020 11:07

Аксарияти омӯзгорони мактабҳои н.А.Ҷомӣ мегӯянд, ки бо гузашти 2 моҳ ҳанӯз ҳам маоши моҳҳои май ва июнро наметавонанд бигиранд. Барои пешгирӣ аз паҳн ва хуруҷи бемории сироятии коронавирус омӯзгоронро пеш аз мӯҳлат ба рухсатии меҳнатӣ фиристоданд, вале ба ғайр аз маоши 2 моҳа маблағи рухсатии онҳо низ то ба ҳол пардохт нашудааст.

- Чандин маротиба ба мудирони муасиссаҳо ва шуъбаи маорифи ноҳия муроҷиат намудем, танҳо домани моро бо чормағи пуч пур мекунанду халос, мегӯянд омӯзгорон.

Саид Ёқубзода, раиси ноҳияи А.Ҷомӣ дар сӯҳбати ихтисосии худ бо хабарнигори минтақавии СССР дар вилояти Хатлон ин мушкилро шарҳ дода, аз ҷумла гуфт, ки дар ҳақиқат ин проблема ҷой дошта, сабаби сари вақт пардохт нагардидани рухсатии муаллимони 64 муассисаи таълимии ноҳия аз иҷро нашудани нақшаи андози ноҳия вобастагӣ дорад. Қарзи маоши омӯзгорони ноҳия 3.516.420 сомониро ташкил медаҳад. Айни ҳол нақшаи андози ноҳия танҳо 44% иҷро шудаасту халос ва ин ҳам боиси нигаронист. Чун дар ноҳия корхонаҳои саноатии бузург нест, даромад низ кам аст. Иншоотҳои ҷашние, ки бунёдашонро бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ба нақша гирифтаем, ҳама корхонаҳои хурди саноатӣ мебошанд. Барои пардохти қарзи маошу рухсатии омӯзгорон бошад на танҳо ҳукумати ноҳия, балки худи соҳибкорону тоҷирон низ талош намуда, бояд сари вақт андозро пардохт кунанд, - таъкид дошт Саид Ёқубзода. 

Баҳодур Уроқов, СССР, Хатлон

 

Чоршанбе, 15 Июл 2020 11:01

 

   Истиқлоли иқтисодиро бе бунёди роҳҳои мошингард, хусусан, роҳҳо ва пулҳое, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайванданд, тасаввур кардан душвор аст. Биноан, Пешвои миллат аҳли кишварро бо азми қатъӣ ба эҳёи роҳу пулу иншооти инфрасохтори роҳдорӣ, даъват карда, Ҳукумати кишварро муваззаф намуданд, то ҷиҳати бунёди инфрасохторе, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ мебарорад, тадбирҳои зарурӣ андешад. 

   Моҳиятан бо азнавсозии роҳи Душанбе-Чаноқ қисматҳои ҷанубу шимоли Тоҷикистонро ба ҳам пайванд шуда, яке аз қисматҳои асосии Роҳи бузурги абрешим эҳё шуд. Муҳимтар аз ҳама, бо бунёд ва ба меъёрҳои байналхалқӣ мутобиқ гардонидани он на танҳо ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар ҳама фасли сол байни пойтахти мамлакат ва вилояти Суғд таъмин гардид, инчунин барои робитаҳои нақлиётии давлатҳои ҳамсояи ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо шароити мусоид фароҳам омад.

   Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши боризи роҳ ва бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он ба хулоса омад, ки механизми инноватсиониро аз рӯйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе-Чаноқ мавриди амал қарор диҳад ва тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд. 

  Бо хулосабарорӣ аз корҳои анҷомёфта метавон гуфт, ки мавҷудият ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои замон буда, маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони он роҳи Душанбе-Чаноқ дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади шаҳрвандон аз тариқи он дар ҳама фасли сол таъмин аст. 

   Ба маълумоти ҳамватанон мерасонем, ки солҳои охир, сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, болоравии сатҳи таваррум ва амалӣ гардидани як силсила ибтикор, аз ҷумла бунёди плазаҳои нав, харидории техникаҳои пуриқтидор, бунёди корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таъмири асосии қариб 100 километр роҳ, ширкат ба боло бурдани тарофаҳо иқдом накард. 

    Аз он бояд ёдовар шавем, ки дар роҳ бо харҷи маблағи зиёд низоми нав­созишудаи толлингӣ ҷорӣ шуд, ки дар минтақа беназир аст. Муҳимтар аз ҳама, зиёда аз 800 нафар дар филиали ширкат фаъолият доранду маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсули онҳо роҳи Душанбе-Чаноқ мунтазам кушода аст. 

  Ашхоси огоҳ медонанд, ки таъмири куллии роҳ масрафи зиёд дошта, дар ин замина роҳ пурра аз нав эъмор мешавад. Инчунин, бо роҳандозии фаъолият дар сатҳи хуб ва сифати баланд, аз ҷониби филиали ширкат ба масъалаи ободонӣ, ки дар навбати аввал ба таъмини бехатарии мусофирону ронандагон рабт дорад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истодааст.

   Аз далелу арқоми мавҷуда метавон хулоса кард, ки таъмиру таҷдид дар роҳу қисматҳои он дар фаъолияти филиали «IRS», далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст. Ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. 

   Дар соли равон доираи фаъолият хеле васеъ гардида, бо ин мақсад зиёда аз 30 ҳазор тонна асфалт харҷ хоҳад шуд. Дар ояндаи наздик пурра нав намудани пироҳани роҳ (манзур асфалти роҳ аст) аз мақсадҳои асосии роҳбарияти филиали ширкат маҳсуб мешавад. Муҳимтар аз ҳама, барои таъмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, се корхонаи истеҳсоли асфалти марбут ба филиали ширкат дар тавсеаи ин раванд саҳми бориз доранд. 

    Дар маҷмӯъ, фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар боло рафтани сатҳи хизматрасонии ба бахшҳои роҳу нақлиёт рабтддошта мусоидат намуд, балки андешаи мардумро дар мавриди нигоҳдории роҳ мусбат  кард. , 

 

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

саҳ 6 аз 11

Китобҳо

Flag Counter