ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 15 Июл 2020 08:16

«Домани Модар»-ро аз  дасти шоирону сарояндагони навпайдои Тоҷик раҳо кунед, то аз предмети гиря ба индивид табдил ёбанд!!!!!!!

Оре, модарони мо, очаҳои мо, буваҳои мо, нанҳои мо куллан «предмет досуга», предмети гиря, предмети раҳмхӯрӣ, предмети ғам, предмети ғусса гаштаанд. Ин дар ҳолест, ки агар адабиёти клоссикиамонро варақ занем, тақрибан дар бораи оча-модар ҳарфе намеёбем. Беҳтарин байте, ки дар бораи модар дар адабиёти мост, ин мисраҳои Фирдавсиянд, ки таън бар зоти пасти шоҳ Маҳмуди Ғазнавӣ аз сӯи модар мезанад:

-Агар модари шоҳ бону будӣ,

Маро симу зар то ба зону будӣ!

Шумо дар «Шоҳнома» ақаллан 1 образи зан-модари гирёнчак во хӯрдаед? Рудоба, Манижа, Гурдофарид ва ҳатто Судоба ҷавонмард бонувоне ҳастанд, ки ҳаргиз фарзандон сари гӯрашон нишаста, «очамой» намегӯянду рӯю мӯй намехарошанд. Усулан бигирем, образи модар дар адабиёти клоссикии мо вуҷуд надорад! Ва шумо оё фикр мекунед, онҳо, яъне клоссикҳоямон очаҳои худро дӯст намедоштанд? Медоштанд! Вале образи усулӣ дар адабиёти клоссики мо образи Падар аст, образи Мард аст, то миллатро Ҷавонмард созад.

Ба фикри сирф шахсии ман, ки метавонад ғалат ҳам бошад, образи модар дар адабиёти муосир баъди ҳамон «Модарнома»-и Эраҷ Мирзо роҳ ёфт, ки устод Лоиқ Шералӣ тақвияташ бахшид. Вале ашъори Эраҷу Лоиқ ҳаргиз модарони пассив надоштанд. Ба оҳистагӣ, вале фарогир, образи «очаи бечора» баъди ҷанги гражданӣ маъруфу машҳур шуд ва онгуна, ки ҳамакнун қаҳрамониву ҷонфидоии модарро таърифу тавсиф кардӣ, айб аст, бояд ӯро гирёнчак нишон дод: 

-Мода, яъне мӯд ҳамин аст дигар!!!

Дар насри клоссик низ, фарзи мисол, «Самаки Айёр» зан-модар куллан ҷанговар аст, шердил аст, баномус аст, ҷавонмард аст. 1 образи Рӯзафзун, ки ҳазорон мардро бо ҳилла ба дом мегираду Мардондухту Гетинамойу Шарвони Башан, ки даҳҳо ҳазорро дар майдони ҷанг меафгананд, чӣ шукӯҳу шаҳомате доранд! 

Вале дар мо чӣ? Аз тамомии ашъори ба модар бахшида танҳо 1 шеъри Озар «Модар фаришта буд!», андаке писандидатар аст. Дар он низ ҳарчанд образи модар мушаххасан вуҷуд надорад, аммо таҳрикдиҳанда аст. Дигар ашъори модаронаи мо куллан пессимистиянд. 100%. Ва ин пессимизм мардумро дилшикаста кардааст. Аз модари пессимист фарзанди оптимист ба дунё меояд? Ҳаргиз на! Зеро ватани №1 барои Тоҷик, яъне батни модар, мавзеъи пессимистист. Ин аст, ки 1 миллати гирёнчак шудаем. Зимнан бояд умуман модарсароӣ, мисли клоссикҳоямон, дар адабиёти мо низ қатъан манъ гардад. Сурудҳои модармурдаву модарғуссасароӣ аз тариқи ТВ вардошта шаванд. Набояд модарро ба предмети яъсу ноумедӣ табдил дод. Вагарна фардо миллати гирёнчаку номарду заъиф аз худ боқӣ мегузорем.

Дар бораи сурудҳои модарномавӣ ҷои ҳарф нест. Шахсан ман метарсам суруди модар гӯш кунам, зеро ин суруд маро соатҳо аз зиндагонӣ дилсард месозаду сарамро гарангу табъамро вайрон. 1 нафаре нест, ки Очааш, Модараш, Бувааш, Нанааш мардона бошад. Модар…тамом, вовайло, ғам, ғусса, дод, вой… Рост мегуфт, ҳамон Сӯҳробшои Фаррухшо, ки барои очаи 1-2 шоир шарт аст, ки 1 миллат гиря кунад?

Агар ба дурустӣ биандешем, модари тоҷик басо ҷавонмард аст. Ҳатто имрӯз низ! Шумо 1 модарро дидаед, ки шишта шабонарӯзӣ мисле, ки дар суруду таронаҳои шоирони муосир аст, гиряву нола кунад? Неъ! Модари тоҷик ҳаққи фарзанди худро аз даҳони мор мегирад. Ин аст, ки мегӯянд, «бепадарӣ ятимӣ нест-бемодарӣ ятимист». Вале надонам чаро, ки адабиёти асри 21 ин ҷонфидоӣ, ин қаҳрамонӣ, ин ҷавонмардии модарро намебинаду якҷиҳату якҷониба, гуфти русҳо, «тупо» ғаму яъсу ноумедӣ дар образи модар мекорад.

Ин мотамзадагии модар акнун ба клипҳо роҳ ёфтааст. Тобутеро мебаранду модаргӯён аз пасаш ҳофиз дартоз, гӯре нишон медиҳанду сарояндаи сияҳпӯше очамой гуфта, асабро мехарошад. Вале агар модар зинда аст, ҳатман гиряву нолакунон дар охири клип мемурад. Намурд-очаи тоҷик нест. Бояд мирад! 

Ва ин сардбарҳамӣ ба кино ҳам роҳ ёфт! Филмеро ном оваред, ки дар он модари тоҷик, фарзи мисол мисли 1 модари амрикоӣ, қаҳрамон бошад. На-ме-ё-бед!!! Модари голливудӣ ҳатман фарзандро аз сӯхтор, чанголи киллерҳо, аз марги муфоҷо ва ҳатто «ужас»-у «инопланетян»-ҳо наҷот медиҳад. Модари тоҷик мегиряду бас…

Образ мехоҳед? Марҳамат. Модари Тоҷик Марям Давлатова аст!!! Ҳини пандемия 1 миллатро аз тарсу ваҳм вораҳонид. Модари Тоҷик Ойниҳол Бобоназарова аст, ки мавқеи мардонаи худро дорад. Модари тоҷик Гулрухсор аст, ки ҳаргиз пеши дӯсту душман сар хам намекунад. Модари тоҷик Озодаи Раҳмон аст, ки мардонавор карйера сохтааст, ки 1 душман ҳатто эродаш гирифта наметавонад. Модари Тоҷик Рафиқа Мӯсоева ва Адолат Раҳмонова, ҳамон бонуест, ки ҳини ҷанги гражданӣ ҷавонмардонро чунин ба ҷанг бо оппозитсияи исломӣ ва мухолифин ва ҳифозат аз ватану ҳукумати конститутсионӣ таҳрик медод:

-Биё рӯмоли маро банду тоқиятро ба ман деҳ, то ҷоят рафта, ватанро ҳифз кунам!

Мо модари гирёнчак дорем: 2-3 гадову ҷӯгӣ, талбандаву беҳувият. Модарони воқеии мо, ки сафашон миллион-миллион нафар аст, ҷумлагӣ шерамард занонеанд, ки ҳаргиз тифл, фарзанд, кӯдак, писар, духтарашонро ба дасти хорӣ нахоҳанд дод. Аммо ин қаҳрамонӣ паси пардаи чанд шоираку сарояндаву режиссёру ҳунарманду санъаткораки буздил пинҳон мондааст. 

Ба мани Тоҷик Модари реалии ман-қаҳрамон, шердил, ҷавонмардсифат, ватанпараст, патриот, яъне  Очаҷони Тоҷики асиламро баргардонед ва модарҳои гирёнчакатонро аз ТВ ва диску интернет ҳазф кунед! Мо Метавонем!

 

 

 

Панҷшанбе, 09 Июл 2020 16:31

 Раҷаб Мардон соли 1940 дар деҳаи Ҳалқаёри ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби 7-солаи зодгоҳаш таҳсилро дар мактаби умумии миёнаи рақами 4 ба номи Ленини шаҳри Кӯлоб давом дод: Пас аз итмоми таҳсил соли 1957 то соли 1962 донишҷӯи факултаи Университети давлатии Тоҷикистон, феълан Донишгоҳи миллӣ буд. Баъди хатми Донишгоҳ дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ба сифати ходими адабӣ, сипас мудири шӯъбаи адабиёт кор кард. Сипас дар рӯзномаи «Маориф ва маданият», имрӯз рӯзномаҳои «Омӯзгор» - у «Адабиёт ва санъат» фаъолият намуд. 

 Соли 1969 Раҷаб Мардон барои хизмати афсарӣ дар сафҳои Қувваҳои Мусалаҳи СССР даъват шуд ва дар вазифаи қумандони взвод то соли 1971 ифои вазифа намуд. Баъди хизмат як муддат дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон (Ҷавонони Тоҷикистон)» ва Телевизиони Тоҷикистон дар вазифаҳои мудири шӯъба ва муҳаррири калону ҷонишини сармуҳарир кор кард. Баъдан Раҷаб Мардонро ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ҳоло «Ҷумҳурият» барои кор хонданд. Ибтидо ходими калони адабӣ ва баъдан мудири шӯъбаи саноат ва сохтмону нақлиёти ин рӯзнома буд. 

 Соли 1987 дар ҷумҳурӣ нашриёти «Адиб» таъсис ёфт. Бо даъвати нашриёти мазкур Раҷаб Мардон дар вазифаи мудири шӯъбаи адабиёти илмиву фантастикӣ барои ҷавонон фаъолият дошт. Соли 1999 ӯро ҷонишини аввали Сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» таин намуданд. Соли 2001 Раҷаб Мардон барои хизматҳо дар назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақаи шахсӣ баромад. Дар давоми 12 соли нафақа Раҷаб Мардон рӯзномаи «Саноати Тоҷикистон»-и Вазорати саноатро ташкил ва рӯзномаи «Ватанпарвар»-и Кумитаи Мададгори Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳё намуда, барои эътимоди қавӣ пайдо кардани рӯзномаи «Боҷу-Хироҷ» - и Кумитаи давлатии андози мамлакат саҳм бардошт. Раҷаб Мардон дар тули фаъолияти рӯзноманигори бо унвони Журналисти Хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени шараф дараҷаи ду ва як қатор нишонҳову ифтихорномаҳо қадр карда шудааст.

   Дар идомаи солҳои гуногуни фаъолияти рӯзноманигорӣ зиёда аз 20 асарҳои адабӣ ва публитсистии Раҷаб Мардон бо номҳои:

1) Мошинсозон «Ирфон» - 1981.

2) Марде собит ҳамчу кӯҳ «Ирфон» - 1984.

3) Бунёдгузорон «Ирфон» - 1987.

4) Интихоб «Ирфон» - 1987.

5) Дарёи нур «Маориф» - 1987.

6) Оташи абр «Адиб» - 1989.

7) Оташи дил «Адиб» - 1993.

8) Номус «Пайк» - 1994.

9) Дар ҳалқаи халқи ҷаҳон «Пайк» - 1997.

10) Эҳёи хирад «Адиб» 2003.

11) Китоби аср «Санадвора» - 2006.

12) Ҳикмати умр «Адиб» - 2012.

13) Қаҳрамони замони мо «Балоғат» - 2014.

14) Куштори бехун «Балоғат» - 2015.

15) Достони асп «Балоғат» - 2020

нашр ва дастраси хонандагони сершумор гардиданд. 

 

Аз хушгӯиҳои Раҷаб Мардон

(Гирдовари Нуралӣ Давлатов)

Як замоне устод Раҷаб Мардон ба нохияи Восеъ мераваду дар хонаи Карим Давлат меҳмон мешавад. Аз соҳибхона мепурсад, ки ягон радио -падио дорад, ки ӯ гӯш кунад. Карим Давлат мегӯяд, ки 1 радиоча доранд, аммо вайрон аст. Раҷаб Мардон хоҳиш мекунад, ки онро биорад. Ӯ ба кову шӯри радиоча мепардорзаду баъди чанде он ба кор медарояд. Аммо чанд қисми радио дар дасташ зиёдатӣ мемонанду онҳоро аз тиреза мепартояд. Карим Давлат мепурсад, ки ин инҳоро барои чӣ партофтӣ? Раҷаб Мардон мегӯяд: Ҳаминҳо мушат (яъне мешать, халал мерасонданд) мекарданд, барои ҳамин радиоятон кор намекард.

***

1  шоир  ба нашриёт занг мезанад, ки гӯширо устод Раҷаб Мардон мебардоранд. Шоир мехоҳад шӯхӣ кунад ва ба ҳамин хотир овозашро паст мебарорад, то ки Раҷаб Мардон ӯро нашиносад. Устод Мардон мепурсад. 

-Кистӣ? 

Аз он тарафи хат ҷавоб медиҳад:

-Рӯдакӣ!!!

Ҳамин хел аст, ки овозат аз гӯр мебарояд, -мегӯяд устод Раҷаб Мардон.

***

Устод Раҷаб Мардон дар нашриёт кор мекард. Соли 1993 буду бисёриҳо Душанберо тарк мекарданд. 1 рӯз касе занг мезанад ва устод Раҷаб Мардон гӯширо мебардоранд. Аз он тарафи хат нафаре мепурсад: -Ака рост аст, ки Арбоб Вадуд ба Америка гурехтааст: Раҷаб Мардон посух мегӯяд: бале, рост аст, дина аз штати Панҷакенти Америка телефон карда буд.

***

Як замоне устод Қутбӣ Киром сармуҳаррири нашриёти "Ирфон" буданд. Дар маъракае як нависанда (номашро зикр намекунам) мехоҳад ба устод Қутбӣ хушомад занад, то ки китобашро ба нақшаи чопи китобҳо дар соли оянда ворид кунад. Ба ин хотир нависанда мегуяд: 

-Агар устод Қутбӣ Киром як бор дар хонаи ман меҳмон шавад, ман худамро дар пеши пояш мекушам. 

Раҷаб Мардон инро шунида мегӯяд: 

-Мемурӣ гусфанд кушӣ, устод гушти хук намехӯрад…

 

Панҷшанбе, 09 Июл 2020 16:27

  7.07.2020 Исамова Лидия Саидовна, яке аз журналистони соҳибкасбу муваффақ ва мунодии журналистикаи тоҷик дар Русия ҷашни таваллуд-солгард-юбилей дорад!

   Бону Лидия Саидовна, ки дар оилаи фарҳангӣ таваллуд ёфтааст, тамоми умри хешро барои рушди театру синамо ва журналистикаи тоҷик бахшида, аз соли 2003 инҷониб хабарнигори Оҷонсии иттилоотии РИА-НОВОСТИ-и Россия дар ҶТ аст. Солҳои гузашта ӯ ба ҳайси муҳаррири бахши хабарии ОИ «Азия плюс», IWPR низ кор карда, муаллифи якчанд филмҳои мустанад ва лоиҳаҳои театрӣ мебошад. 

   Барои саҳми бориз дар рушди журналистикаи тоҷик ва густариши дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия 30 августи соли 2018 Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ин бонуи қаламро бо ордени «Дӯстӣ» қадрдонӣ намуда буданд.

   Ҳайати эҷодии Газетаи мардумии СССР бону Лидия Исамоваро бо ҷашни таваллуди таърихӣ-юбилей табрику таҳният намуда, ба эшон пеш аз ҳама тани сиҳату рӯҳи болида, рӯзгори бобаракат, комгориву муваффақият таманно менамояд. 

Муборак бошад, Лидия Саидовна-мунодии журналистикаи тоҷик дар арсаи байнулмилал! Так держать!! Мо Метавонем!!!

 

Чоршанбе, 08 Июл 2020 19:35

Акобир Шарифов, донишҷу аз ш.Душанбе меҳмони ҳафтанома гардида, аз мушоҳидаҳояш ҳангоми сафар ба зодгоҳ қисса кард.  

    - Чун ҳарвақта рӯзҳои шанбе баъд аз дарс ба хонаи худамон ш.Ҳисор меравам. Ин ҳафта низ чун ҳамешагӣ ба мусофиркаше, ки навбаташ расида буд, нишастам. Мошин ҳаракат кард ва ронанда ба қафо нигариста гуфт, ки ягонтоатон роҳкироро ҷамъ намоед. Ҳамин лаҳза ҷавоне, ки дар паси ронанда ҷой дошт, бо овозои баланд гуфт: “Ҳоҷӣ ма хдм ҷамш мекунум”.

Ман хомӯш ба ҷавоне, ки роҳкиро ҷамъ менамуд нигоҳ мекардам. Дар рӯ ба рӯи ҷавон марди нафақахӯре нишаста буд. Ӯ аз ҷавон пурсид:-Бачам ягон ҷо мехонӣ ё кор мекунӣ? Ҷавон, ки шояд мунтазири касе буд, ки бо ӯ гап занад бо як саросемавӣ ва бо як оҳанги тунде ҷавоб гардонд: “-Э не ҳоҷӣ, хонда чи мешай, и хондан ҳамаш дурӯғай. Таға надошта бошӣ ай дастут ҳичӣ намеёя”.

Аз ин ҷавобаш диққати бисёриҳоро ба худ ҷалб кард. Муйсафед бошад як табассуме намуду гуфт: “-Эҳ бачам ҳоли ту ёшӣ ай куҷо мефаҳмӣ. Чӣ иқа одамо тағо доранд, ки мехонанду кор мекунанд. Вақте, ки одам соҳибмаълумот бошаду меҳнату заҳмат кашида илм омӯзад ҳеҷ гоҳ ба касе мӯҳтоҷ ва дар зиндагӣ хор намешавад”. 

 

Чоршанбе, 08 Июл 2020 19:31

Духтари амакам аз Кӯлобшаҳр омада, хост, ки ӯро ба назди духтури чашм ба беморхонаи “Қарияи боло”-шаҳраки “Шифобахш” ҳамроҳӣ намоям. Субҳи рӯзи 29.06.2020 якҷоя аз хона баромада, сӯи шаҳраки “Шифобахш” роҳ пеш гирифтем.

Беморхона ё чойхона?

   Соат ба вақти Душанбе 10:47 дақиқа. Ба ҳудуди беморхона даромадан замон дидем, ки одамони зиёд дар байни корпусҳо гаштугузор доранд. Аксарият қоидаҳои беҳдоштӣ ва бехатарӣ-масофаи байни ҳамдигарро риоя намекарданд. Дар майсазори назди яке аз корпусҳо 1 гурӯҳи одамон қолину курпача партофта, баҳузур дастархон кушода нишаста буданд. Бархе болишт зери даст ба қавле ёмбош задаву дигаре хобида, кӯдакони зиёд дар гирди онҳо давутоз доштанд. Маълум аст, ки инҳо бемордоранд-хешутабори беморе, ки шояд дар шуъбаи эҳё хоб аст ва ё ҷарроҳӣ мешавад. Бемуҳобот 30-40 нафарро ҳисоб кардам, ки танҳо барои 1 бемор омада, инҷоро макони хобу хӯроку истироҳати худ интихоб карда буданд. Хӯрокашон низ дар 1 тараф даруни халтаҳои гуногуни салафанӣ гузошта шуда, ҳатто либоси такпӯши кӯдаконашонро ҳам дар шохаҳои дарахтону буттаҳо барои хушк шудан партофтаанд. Оё беҳтар нест, ки дар хона нишаста, барои шифои бемор 1 каф дуо кунему аз даргоҳи Худованд умри дарозашро талаб?

  Тавре ба назар мерасад, ки инҷо беморхона не, балки ягон чойхона,  истироҳатгоҳ ё корвонсарой аст.

Беморхона посбон дорад?

 Ҷамъшавии мардуми бемордор дар беморхонаи “Қарияи боло” падидаи нав нест. Солҳои тӯлонӣ дар гулгашту майсазори байни бахшҳои беморхона ҳамеша бемордорон, ки аз роҳи дур омадаанд, шабу рӯзашонро мегузаронанд. Аммо бо дарназардошти он, ки ҳамин ҳоло ҷаҳон бо пандемияи нави одамкуш даст ба гиребон шудаву ҷони ҳазорҳо нафар аз он ҷумла дар Тоҷикистон ҳамарӯза дар хатар аст, магар дуруст аст, ки беморхонаи калонтарини кишварро ба чойхона ва корвонсарой мубаддал гардонем?

 Магар масъулин ва посбонони шаҳраки “Шифобахш” намедонанд, ки рафтуомади зиёди мардум, боз ҳам шабгузаронии онҳо дар ҳудуди беморхона пеш аз ҳама барои фаъолияти табибон халал мерасонад. Ин посбонҳо бо ин ҳол дигар барои чӣ лозиманд ва кирову чиро посбонӣ мекунанд?

Чаро дар “Истиқлол” тартиб ҳасту дар “Шифобахш” не!

   Чунин ҳол-ҷамъшавиву шабгузаронии бемордоронро шумо ҳеҷ гоҳ дар беморхонаи “Истиқлол”, Ёрии таъҷилӣ ва ё Беморхонаи №3-ву 1-Советский намебинед, зеро масъулин ва муҳофизони ин беморхонаҳо намегузоранд, ки мардуми бемордор рафта, дар таги оинаи палата чақ-чақ ё охувоҳ карда бишинанд. Беморхона тартиби худро дорад ва онро бояд рияо кард! 

Аммо боз ҳам чаро ин тартиб дар шаҳраки “Шифобахш” риоя намегардад, ман нафаҳмидам...

Омиронаи Сайёф, СССР 

 

 

 

Чоршанбе, 08 Июл 2020 19:20

Таҳияи сипар аз эҳтироз кун, к-имрӯз

Ба қатъи ҳам баду неки замона сайёфанд…

Ҳафтаи пор газетаи мардумии СССР ҳадафи жуликҳои аврупоӣ, ки замоне худро жур-налист мехонданд, қарор гирифт. Ин мардум фикр доранд, мо низ мисли дигар газетаву маҷаллаҳои расмӣ, агар танқид шавем, метарсем аз ишон. Воқеан аксарияти журналистони мо маҳз ба ҳамин хотир, ки дар фейку фейсу лже-расонаҳои муллоӣ-аврупоӣ-наҳзатӣ-душманӣ мавриди танқид қарор мегиранд, аз ишон ҳарос доранд-терроризми ақлонӣ. Мо наметарсем ва ба 7-пушти ин сафсаттагӯйҳо кор ҳам надоштем, то даме, ки онҳо мардумро ба инқилобу саркашӣ ва ҷанги навбатӣ даъват накарданд. Дигар ҷои хомӯшӣ набуду нест. Мо ба инҳо ҷанг эълон кардаем. Мо Метавонем!

Мо нек медонем, ки инҳо дар ҳукумати феълӣ, мақомоти қудратӣ, ҷойҳои даркорӣ  «одамони худ», «акову уко»-и худро доранду душманони идеологии хешро бо дасти ҳаминҳо хунсо, ликвидатсия мекунанд. Мо ишонро мешиносем, вале аз инҳо низ ҳарос надорем! Мо Метавонем!

Зиёд котибаҳои матбуотии мулло-аврупоиҳо менависанд, ки сари фалону бисмадон «фаоли ҷамъиятишон» мақомот дар ҶТ фишор меоранд. Вале журналистони лондонӣ ва варшавӣ чаро наменависанд, ки табори худашон рутбаҳои калони мақомот доранду аккурат боз рутба низ мегиранд? 1 бому 2 ҳаво?

Чаро наменависанд, ки фарзи мисол, «хиёнати» Амину Фозил, ки аз сирри давлатӣ 100 км дур қарор доранд, «фош» шудаасту сарчашмаҳое, ки ба евро-муллоҳо инфои сиррӣ ва давлатӣ медиҳанд, паси парда мондаанд? Магар онҳо ройгон далел ҷамъ мекунанд? Ҳоло инҳо ошкору ниҳон Хуршеду Шаҳрзодро шогирдони СССР мехонанд, бо ишора ба «ҷойҳои даркорӣ». Мо аз инҳо ҳич гоҳ рӯ натофтаем ва ошкоро мегӯем, замоне гулҳои сари сабади СССР ва шогирдони мо буданд ва агар хоҳанд мо онҳоро бозпас ба кор мегирем! Зеро Мо дӯстонро ҳич гоҳ намепартоем, мисле, ки шумо зану кӯдаку волидайни худро «подставит» доред, то 4 шаурмаи ҳаром хӯред. Мо Метавонем!

Ин камхирадон ҳоло «медиа-маркет» таъсис додаву қариб тамомии матолиби дар СССР нашршударо, ки тору пуди Кабириву Гадоевро баровардаанд, ба риштаи таҳлилу ташхиси журналистӣ мекашанд. Коҷанд, кӯранд, олусанд ин псевдо-медиамаркетҳо ва фикр доранд мо ишонро намешносем. Мешносем ва ещё как мешносем! Аз наздик мешнохтем, ки чигуна дар ҶТ матбуоти озодро ба бозорхона, фасодхона, кошелёк табдил карда буданд. Ва баъди реҳлати ишон мо талош дорем номи неки журналистикаро барқарор созем. Мо Метавонем!

Аз сӯи дигар ин олусон чун матлабҳои маҳз ба Шарофиддин Гадоеву Муҳиддин Кабирӣ бахшидашударо «маркетинг» кардаву унҳоро сафед ва СССРро сиёҳ месозанд, хонанда худ дарк мекунад, ки спонсори навбатии ин кӯрназарон кист! Мо Метавонем!

Ва аз ҳама муҳим: Медиа-маркетшон давоми ҳамон Диссернет аст. Яъне паси Диссернету ин Маркет кӣ меистад, 200% маълум шуд. Вале мо чун ин дастандаркорони евро-муллоӣ паси бонувони таҷовузкардаашон, қасру кушку дару хонаашон ва ҳатто сабтҳои аз масъулин пулхоҳишон намегардем. Ин одати номардон ва худозадаҳост. Агар номардро худо намезад, имрӯз инҳо паҳлӯи ёру диёр будандӣ. Вале ба ҳар ҳол сахти бад наравед, ки Мо Метавонем!!!

 

 

Чоршанбе, 08 Июл 2020 09:23

 

Бо самимияти бепоён фаро расидани ҷашни мубораку хуҷастаи Ваҳдати миллиро  ба Шумо муборакбод мегӯям. Бигзор дар зиндагӣ сиҳатии бардавом, муваффақиятҳои беназир, иқболи баланд, рӯзгори саршори шодиву фараҳ ва саодатмандӣ ҳамеша насибатон гардад.

    Равшан аст, ки пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ тақдир ба сокинони Тоҷикистони азиз сарвареро дод ва ин фарзонафарзанди миллат дар ҳақиқат Пешво ва раҳнамои мардум гардиданд. Бо ташаббусҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва инак 23 сол аст, ки бӯстони Ваҳдати миллӣ фазои Тоҷикистони азизро муаттар менамояд. Бигзор зебоии юсуфистони иқболи сокинон ва таровати бӯстони Ваҳдати миллӣ дар Ватани биҳиштосои мо ҷовидона бошад.

  Ҷашни эҳёбахши Ваҳдати миллӣ, ки ин бахти саодатофар бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат насиби мо шуд,  дар таърихи миллат бо хатти зарин сабт гардидааст. Инак, 23 сол аст, ки  фазои зиндагии мо аз накҳати пояндаву ҷовидонаи гулистони ҳамешасабзи Ваҳдати миллӣ муаттар  гардидааст. Сокинони кишвар хуб медонанд, ки муқаддастарин рукни устувории бақои давлат Ваҳдат аст. Аз ин рӯ, ҳифзи ин неъмати тақдирро вазифаи ҷонӣ ва қарзи инсонии худ мешуморанд. 

   Бо камоли меҳру самимият ва эҳтироми  бепоён 23-юмин солгарди ҷашни Ваҳдати миллиро ба Шумо муборак бод мегӯям. 

Бо эҳтиром, Сироҷиддин Икромӣ, раиси Раёсати  БДА ҶТ «Амонатбонк

 

Хазинаҳои хизматрасонии бегоҳӣ ва шабонарӯзии БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ин шабу рӯз бе мушкили фаъолият доранд

   Тибқи талаботҳои Дастурамали №227-и Бонки миллии Тоҷикистон “Оид ба корҳои хазинавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ” ва фармоиши роҳбарияти БДА ҶТ «Амонатбонк» дар филиалҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» хазинаҳои хизматрасонии бегоҳӣ ва шабонарӯзӣ ташкил карда шуда буданд, ки дар ин давраи ҳасос ба мардум содиқона хизматрасонӣ кардаистодаанд.

   Бояд қайд намуд, ки хазинаҳои хизматрасонии бегоҳӣ ва шабонарӯзии МХБ №013-и филиали №05-и БДА ҶТ «Амонатбонк»  дар ноҳияи И.Сомонӣ, кӯчаи Турсунзода-30,(Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Русия), МХБ №24-и филиали №06-и БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Н.Қаробоев-4 (мавзеи Гулистон), МХБ №709-и филиали №07-и БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев-11(вокзали Роҳи оҳан), МХБ №365-и филиали №24-и БДА ҶТ «Амонатбонк» дар шаҳри Хуҷанди в. Суғд, хиёбони И.Сомонӣ-37 (чорроҳаи маркази ш. Хуҷанд), МХБ №680-и филиали №10-и БДА ҶТ «Амонатбонк» дар шаҳри Ҳисор, кӯчаи И.Сомонӣ-4 (маркази шаҳр), №42-и БДА ҶТ «Амонатбонк» дар минтақаи Бохтар (кӯчаи Айнӣ-62, шаҳри Бохтар), филиали №56-и БДА ҶТ «Амонатбонк» дар минтақаи Кӯлоб (кӯчаи С. Сафаров-3, шаҳри Кӯлоб), филиали №66-и БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ВМБК (кӯчаи Ленин-115, шаҳри Хоруғ) ва дар маркази хизматрасонии бонкии №698-и филиали №22 қаблан ташкил карда шуда буданд  ба реҷаи кории шабонарӯзӣ гузаронида шуданд.

   Мизоҷон ва меҳмонон метавонанд аз иҷрои амалиётҳои асъорӣ, интиқоли маблағҳо, қабули маблағҳои комуналӣ ва дигар пардохтҳо, ивази пулҳои фарсуда ва коршоям, пардохти нафақаву кӯмакпулиҳое, ки ки дар хизматрасонии хазинаҳои бегоҳӣ ва шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд бе мамоният истифода намоянд.

 Роҳбарияти Бонк  бо мақсади ҷоннок намудани фаъолият фарогирии хизматрасониҳо инчунин фароҳам овардани шароитҳои мусоид ба мизоҷону меҳмонон ва сайёҳон дар оянда низ чораҳои таъхирнопазир меандешад.

Шуъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»

 

Чоршанбе, 08 Июл 2020 09:18

 

саҳ 8 аз 11

Китобҳо

Flag Counter