ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 08 Июл 2020 08:23

Муҳимтарин чизе, ки ин ҳафта хондам, матлаби Сафват Бурҳонов буд, ки 1 филми антиоппозитсиониро механдид. Профессионално механдид, заҳрханда дошт ва рост мегуфт:

-Агар 1 давлат бо тамомии дастгоҳи идеологияш зидди душманони №1 (Хиёнат) бе имзо ва бе муаллиф, бо садои кашидаву пӯшидаи ровӣ ва ғ. ва ҳ. суҳбат мекунад, боварии мардумро ба худ мекоҳонад…

Ман ростӣ, намефаҳмам, ки чаро бо доштани даҳҳо ҳазор журналист, идеолог, таърихнигор, сиёсатшинос, академик, Армияи ИНТ, Дивизияи АУ, даҳҳо институт, садҳо универ ва чандин ҳазор номзади илму доктору профессор…1 НАФАР НЕСТ, КИ БО ИМЗОИ ХУД АЗ МАНОФЕИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ ПУШТИБОНӣ НАМОЯД?!

Касе мефаҳмад ин моҷароро, гӯяд, нависад, мо чоп мекунем. Мо Метавонем!

Ва ана ҳамин бесарукалобагист, ки шахсиятҳои калидӣ ва низомӣ, ки усулан бояд «инкогнито» бошанд, худ сари кор меоянд ва моҷароро шарҳ медиҳанд:

-Интервюи генпрокурор…Матлабҳои бисёр хонданӣ ва илмии С. Ятимов…Мақолаҳои Абдуҷаббор Раҳмонзода…

Пурсида мешавад, чаро онҳое, ки нонашон аз ин ҳисоб аст, қафо нишастаанд? Метарсанд ва ё лаҳзае дигарро мунтазиранд, ки қаблан чандин бор гуфта будем, ки «Дар сессияи тақдирсози Хуҷанд касе ба ин ҳукумат бовар надошту аксарият он, яъне ҳукуматро, ба доми балову марг, ба Душанбе фиристоду худ позитсия гирифта истоданд?». 30 сол позитсия гирифта мешинем? О, мавқеатонро муайян кунед, ҷанобон!

Шахсан ман, ҳич гоҳ дар ҳукумат на кор кардааму на кор карданиям ва бо ин саркашии зотие, ки дорам, кор ҳам намегирандам-«отвечаю!». Вале ҳоло сухан танҳо сари ҳукумат ва вазифа намеравад. Гап сари Ватан ва Давлати Тоҷикон аст, ки сараш ҷангҳои бузурги идеологӣ шуруъ шудаву давлатҳои ниқорталаб бо пешандозии сакалтуе чанд ба ном тоҷик мардумро ба ҷанг даъват кардан доранд. 

Ман воқеан ҳам ҳайронам, вақте Гулназари бознишаста аз манофеи давлат ҳимоя мекунад, чаро 1 узви феълии раёсати ИНТ дар ин маврид ҳарфе намегӯяд? Шумо бовар доред, ки Айнӣ, Турсунзода, Лоҳутӣ, Улуғзода, Ғаффор Мирзо агар имрӯз зинда мебуданд, мисли дигар аъзои ИНТ хомӯш менишастанд?

Ё худ, чаро ИЖТ-муҳимтарин дастгоҳи идеологӣ хомӯш аст? Ман намегӯям, инҳо бароянду бо ура-ура «рӯи ҳамаро- гуфти бобои Ғулом- сияҳ кунанд!». Баракс, бояд бар мардум фаҳмонанд, ки даъват ба инқилоб ва ҷангу саркашӣ ин қатли миллат аст…

Никита Михалков-артисти рус 1 барномаи бисёр диданӣ дорад бо номи «Бесогон» (Ҳатман тамошош кун, хонанда-БесогонTV «Ich/Wir Besogon»). 70-80% барномааш ба ман писанд нест, зеро якҷиҳатаанд. Вале мавқеи ин мард ба ман писанд аст. Ӯ дар ҳимояти манофеи кишвар ва давлати хеш қарор дорад ва 1 мисқол аз ҷой намеҷунбад. Пас, чаро «Михалковҳои тоҷик», коргардону артисту фарҳангиёни мо, ки солҳои тӯлонӣ (30 сол!) аз ҳисоби ҳамин Давлату Ҳукумат ва Миллат дағ-даға доштанду доранд  («Бесогон» таъсис ҳам надиҳанд, чун потенсиали фикришон намерасад), ақаллан аз номи худ дар барномаву филмҳое, ки ин шабу рӯз нишон медиҳанд, баромад накунанд? Бо садои худ, имзои худ, мавқеи худ!

Ман мавқеъпарастам. Зеро Инсон бояд изи пои худро дошта бошад. Раҷаби Мирзо мавқеъ дорад, Раҳматилло Зойиров мавқеъ дорад, Шокирҷон Ҳакимов…мавқеъ дорад. Ҳатто онҳое, ки имрӯз душмани ин миллату ин ватананд мавқеъ доранд. Пештоз хидмататон арз кунам, ки мавқеи ишон аслан бо мавқеи ман, ки Тоҷикпараст, Миллатпараст, Давлатпараст ва Роялистам созгор нест. Вале чун мавқеъ доранд, ман ишонро бештар аз онҳое арҷ мегузорам, ки бемавқеанд, 2-погонаанд, 2-гунаанд. Зеро ахириҳо хатарноканд!!!

Саъдии Маҳдӣ, Абдуқодири Абдуқаҳҳор, Нуралӣ Хоркаш…мавқеъ доранд ва аз позитсияи хеш бо имзои худ ҷавонмардона ҳифз мекунанд. Ин ҷо сухан сари пулу мол намеравад, ки хонанда фикр дорад:

-Саъдӣ ва Абдуқодир 1 кулбаи одиву хоксорона ва ҳатто камбағалона доранду Нуралӣ онро низ на, зеро 30 сол шуд, ки дар 1 хобгоҳи умумӣ, бо аҳли байт иҷорашин аст! Вале вазиру кабиру раису академику депутату шоирҳои халқиву журналистони давлатро, чӣ орӯ газидааст, ки дар ин 30 сол, аз ҳисоби ҳамин Давлату Ватан кайфу сафо доранду мавқеъ ва имзо на???!!!!

Сафват Бурҳонов, Додоҷон Атовуллоев, Бахтиёр Аминӣ ва боз чанд ангуштшумор патриоте ҳаст, ки мавқеи ватанхоҳӣ ҳам доранду низ бо имзои хеш дар дили Аврупо бо оппозитсияи исломӣ дар набарданд. Яъне чӣ? Яъне агар гап сари тарс мебуд, евро-муллоҳо метавонистанд онҳоро тӯронанд. Пас сухан сари дигар чӣ намеравад? Фарзи мисол, ризоияти ботинӣ ё худ «ҳаммавқеии хомӯшона» бо ҳамон, ба масал «хиёнаткорони миллӣ»???

Сари ин масъала бояд хеле чуқур андешид. Вале бо ким…???

 

 

Панҷшанбе, 02 Июл 2020 09:01

   

Мусофиркашоне, ки дар самти Бохтар-Қубодиён ҳамарӯза дар сафаранд, мегӯянд, ки роҳҳои вайрон валангори маҳаллӣ хаста шудаанд.

   Абдулло Қурбонов ва 1 гурӯҳ ронандаҳои ин самт ба идораи минтақавии газета дар вилояти Хатлон муроҷиат намуда, мегӯянд. ки чаро бо дарназардошти он, ки ронандаҳо ҳар моҳ андози роҳро пардохт мекунанд, он маблағ барои тармиму таҷдиди роҳ истифода карда намешавад. Ронандаҳо мегӯянд, ки танҳо роҳҳои гирду атрофи маркази ноҳия таъмири капиталӣ карда шудааст, аммо роҳ аз маркази ноҳия то гардиши он ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй нест. Дар 29 соли истиқлолият чандин раисон иваз шуданд, лек ин қисмати роҳро, ки аз даврони советӣ мондааст, касе таъмир накард.

   Масъулини Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо мухбири СССР гуфтанд, ки ин арзи ронандаҳо бесабаб нест ва ин камбудӣ ҷой дорад. Айни замон дар н.Қубодиён 144 км роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта мавҷуданд, ки 30% барои рафтуомади воситаҳои нақлиёт мувофиқ буда, 70% дигар ба таъмир ниёз доранд. Барои таъмир ва кашидани хатҳои уфуқӣ аз ҳисоби буҷети ноҳияи танҳо дар 5 моҳ 14. 900 сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин маблағ барои қисман таъмир намудани 144 км, қонеъ намекунад. Аммо 70% роҳҳои маҳалидошта ба таъмири асосӣ ниёз дорад. 

  Қурбоналӣ Хоҷаев, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур гуфт, ки аз ҷониби соҳибкорони ноҳия бо харҷи 250.000 сомонӣ роҳҳои маҳаллӣ сангфарш ва таъмири ҷорӣ шуда, 1 пул ва 1 қубури обгузар таъмир гардидааст. Бояд дарҷ намуд, ки аз ҳисоби Вазорати нақлиёти мамлкат  дар 5 моҳи соли ҷорӣ барои таъмири 34 км роҳҳои байналмилалӣ 58.000 сомонӣ ҷудо карда шуд, ки бо ин маблағ роҳҳо таъмиру навсозӣ шуданд. 

Баҳодур Уроқов, СССР, Хатлон

 

Панҷшанбе, 02 Июл 2020 08:56

 

Зимни сафари корӣ ба шаҳру навоҳири вилояти Суғд, аз шаҳри Конибодом ва колхози машҳури ба номи Энаҷон Бойматова, ки ҳоло ҶСШК ба номи Энаҷон Бойматова ном дорад, дидан кардам. Шукуҳи ин ҷамъият ҳануз ҳам мисли солҳои қабл бараъло эҳсос мешавад: заминҳои пахта дар нашъунамо, боғот пурмева ва полиз пур аз маҳсулоти полезиву мардум дар заҳмату кор дар ҷушухуруш.

   Муҳимтарин чизе, ки ман дар инҷо дидам мактаби нав дар бинои ҶСШК ба номи Энаҷон Бойматова буд, ки чанд сол пеш таъсис ёфтааст. Тавре сокинони Ҷамоати Пулодони шаҳри Конибодом мегӯянд, ширкати русие бо ҶСШК ба номи Энаҷон Бойматова ҳамкорӣ дошту ҷамъият дар назди он қарздор шуд. Ба хотири бозпас гирифтани қарзи худ аз ин ҷамъият ширкати русӣ бинои колхозро бо ҳукми суд ҳабс кард. Зафарбек Давлатзода, раиси ш.Конибодом аз ин кор бохабар шуда, бо машварати Ҳукумати ҶТ ва МИҲД дар вилояти Суғд маблағи қарзи ҷамъиятро, ки наздики 700 ҳазор сомонӣ буд, аз ҳисоби буҷа пардохт карда, намегузорад, ки бинои ҶСШК ба номи Энаҷон Бойматова аз даст равад. Баъд аз ин дар бинои ин колхози номдор мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ барои хонандагони синфҳои 1-11 таъсис ёфта, бо ин ташаббуси фавқуллода дар Ҷамоати Пулодони шаҳр боз 1 мактаби нав пайдо мешавад.

   Бо ин иқдоми бесобиқаи худ Зафарбек Давлатзода исбот намуд, ки барои давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар 1 иншоот, боз ҳам иншооти таърихӣ муҳим буда, бунёду таъсиси мактабҳои нав дарт деҳот масъалаи №1 аст. Браво!  

Ҷамилаи Мақсуд, СССР

 

Панҷшанбе, 02 Июл 2020 08:51

 Зиндагии ширину фарзандони солеҳа на ба ҳар як хонадон насиб мегардад. Дар аксари оилаҳо як нафар ба дигарон бештар дарди сар эҷод мекунаду боиси барпо шудани хархашаи оилавӣ мегардад, лекин марди ҳақиқии хонавода метавонад ин ҳамаро назорат карда, амалҳои эркаписари хонаро танзим намояд. Қуздатулло Давлатов-қаҳрамони имрӯзаи мақола мо, соли 1948 дар ноҳияи Темурмалик ба дунё омадаааст. Ӯ аз хурдӣ зери таъсири тарбияи модари бузургаш ба воя расида, баъди адои хизмати аскарӣ дар Украина, ба Омӯзишгоҳи техникии (ПТУ)-и н. Восеъ дохил шуда, пас аз хатми он дар зодгоҳаш ба ҳайси тракторчӣ ба кор медарояд. Қуздатулло дар ҳаёт барои ман идеал аст, чунки ӯ бобои ман аст.  

Фарзандони наку

   Бобои Қуздатуллло соли 1970 оиладор шудаанд ва то имрӯз аробаи зиндагиашро ҳамеша бо кафи пуробилаву пешонии арақшор кашида омадааст. Нони бемеҳнат хӯрданро аз ҳамаи чиз бадтар медид ва иҷозат намедод, ки як луқма аз гулӯяш ҳаром гузарад. Ҳамсараш Шаҳригул ҳар бори ёдоварӣ аз хотираи неки бобои Қуздатулло бо ифтихор мегӯяд: “Ба хотири оне, ки бобоят корманди фаъоли ноҳия буд, дар 1 сол чанд маротиба барояш туҳфаву ифтихорномаҳо медоданд”.

    Аз миёни 8 фарзанде, ки дар хонаводаи ӯ таваллуд шудаву ба воя расидааст, ҳамагӣ соҳиби маълумоти олӣ, хонаи обод, фарзандони накӯ ва зиндагии ширинанад. Модари ман, ки духтари бобои Қуздатуллост, дар вақтҳои фориғ аз кори рӯзгор либосҳои занона медӯзад. Ҳатто ёдам аст, ки дар айёми кӯдакӣ барои ман аз матои калоне як шиму костюми хубу шинам омода карда буд. Зани меҳнатӣ аст ва ин хислатро аз падар ба мерос гирифтааст. Дар баробари модари ман ҳамаи фарзандони бобоям соҳиби касбу кори гуногун ва пешбарандаи ҷомеаи моянд.

   Мо - наберагон ҳар боре ба хонаи бобоямон аёдаташон равем, ҳатман аз дарахтони бо дастони худ шинонида меваҳои гуногуни лазиз чида, ба пешамон меоранду то ишкамсерӣ нӯши ҷон мекунем. Бобоям ҳамеша нақл мекунанд, ки барои парвариши як ниҳол заҳмати зиёд лозим аст ва фарзандро ҳам чун нииҳол бояд сабзонд. Бешак, боғи бобоям мавзеи дилрабост ва дарахтонаш чун соҳибашон устувори дорои меваи лазатбахшанд. Худи бобоям ҳам дарахти пурбореро мемонад, ки 8 нафар намояндаи касбу кори гуногунро тарбия намуда, ба ҷомеа додааст.

   -Ман аз ҷавониам кӯшиш мекардам, ки аз як ниҳол чанд навъи меваро интизор бошам. Хушбахтона, ин ба ман муяссар гашту чанд сол боз дар ҳавлиамон дарахтони меввадиҳанда зиёданд ва дар вақти мевапаз дигар ҳоҷати ба бозор рафтану себу нок бардошта оварданам намондааст”, - мегӯяд бобои қаҳрамонам бо қаноатмандӣ. 

1 дарахту 3 мева

    Ман низ шоҳидам, ки дар 1 дарахти себи сабз чанд навъи мева, чун себи сурх, зардолу ва шафтолу мерӯяд. Бобоям ин кашфиёро тавассути пайванд кардааст ва то ҳол самараи онро якҷоя дида истодаем. Бибиам ҳам дар вазъияти душвори зиндагӣ ҳамеша маслиҳатчӣ ва дар паҳлӯи бобои тракторчиам буданд. 

   -Вақте ки бобоят ба кори тракториашон машғул буданд, ман ҳамроҳи кӯдакон барои боз ҳам хубтар шудании вазъияти зиндагӣ ширу ҷурғот, чаккаву равған, меваву сабзавот ва тухм гирифта, дар бозор савдо мекардем ва шукр, ки аз ин тиҷорати хурд маблағи хуб ба даст меомад. Дар зиндаги назди касе муҳтоҷ нашудем ва хушбахтона бо ин марди зебо, ки сутуни хонадонамон буду ҳаст, ҳамаи мушкилиҳоро бартараф намудем, - мегӯяд бибиам. 

   Имрӯз онҳо дар иҳотаи фарзандону наберагон ва аберагони худ давраи пирӣ меронанд. Фарзандони ин пирони хушбахт имрӯз сари коранд. Писари хурдиашон Дилшод, ки тағоии ман аст, дар маркази “Ёрии таъҷилӣ” - и Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик фаъолият дорад. Ӯ аз рӯи вазифа ҳамеша барои беморон кӯмаки аввалияи тиббӣ мерасонад ва аз касби интихобнамудааш қаноатманду хурсанд аст.

   Ҳамеша ифтихор мекунам, ки мо 5 нафар наберагони бобо аз духтари калониашон дар гавҳорае калон шудем, ки бобоям бо дастони худ омода карда, барои мо туҳфа намудаанд. Шарофати ҳамнишинӣ бо бобо буд, ки имрӯз қаламкаш шуда, пайи хидмати ҷомеа равонам.

 

Шералӣ Давлатов, СССР

 

Чоршанбе, 01 Июл 2020 14:25

 

Ҳайбатулло Шодиев, сокини ш.Душанбе меҳмони редаксия шуда гуфт, ки ман аз фаъолияти Маркази миллии тестӣ умуман розӣ нестам. 

   - Тули 3 ҳафта шабу рӯз кор карда, 250 сомониро пайдо намуда, бурда ба банк супоридам. Аз сабаби оне, ки писари ман гуруҳи буҷетӣ ҳуҷҷат супоридааст, аз имтиҳон нагузашт. Акнун маблағи маро кӣ бармегардонад? Маркази миллии тестиро ба хотири бартараф кардани пораву воситабозӣ таъсис дода буданд, аммо мушоҳидаи чандсола нишон медиҳад, ки ин омилҳо бартараф нагаштанд.    Солҳое, ки мо ҳамчун донишҷӯ ба донишгоҳои давлатӣ дохил мешудем,  муаллимони давраи шуравӣ лаёқати моро низ ба назар мегирифтанд. Ҳоло чӣ? Намедонӣ кӣ аз имтиҳони ММТ мегузараду кӣ не? Шаффофият вуҷуд надорад. . Дар робита ба ин ман 1 пешниҳод дорам: агар имконият бошад пеш аз дохил шудани довталаб муаллимон ва ё мутахассисон бо онҳо алоҳида суҳбат намуда, аз лаёқату саводнокиашон ба таври шифоҳӣ воқиф гарданд.

 

Чоршанбе, 01 Июл 2020 11:47

 

Бозори милливу шарқии «Панҷшанбе»-и ш.Хуҷанд на танҳо рамзи ин шаҳр, балки тамоми вилояти Суғд аст. Ин бозор, ки таърихи беш аз 55 сола дорад, яке аз калонтарин бозорҳои шарқии минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, бинои имрӯзаи он соли 1965 бунёд ёфтааст. Ин бозор дар замони шуравӣ бозори колхозӣ, пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва бо истифода аз вазъият ва буҳронҳои моливу иқтисодӣ бозори овозадорро ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил дода, чанд саҳмгузор бозорро байни худ тақсим карда, онро хусусӣ намуданд. Бо гузашти 28 сол ин бозор дубора ба давлат баргашта, имрӯз бозори «Панҷшанбе» ба тобеияти Иттифоқи Тоҷикматлубот шомил шуда, сарвариашро Хуршеда Бобоева, 1 зани соҳибкори муваффақ бар ӯҳда дорад. Зимни сафари корӣ ба шаҳру навоҳири вилояти Суғд мо мисли ҳамеша аз ин бозор дидан кардем-ин маротиб тағийротҳои зиёд ба назар расида, эҳсос мешавад, ки ин бозори машҳури шарқӣ рузгори наверо оғоз кардааст.

«Панҷшанбе» дигаргун мешавад!

   Тавре дар суҳбати ихтисосии мо Хуршеда Бобоева, иҷрокунандаи вазифаи директори ҶДММ «Бозори «Панҷшанбе»-и ш.Хуҷанд иброз дошт, корҳои азнавсозиву ободониро эшон аз таъмири утоқҳои кори маъмурияти бозор шуруъ кард, зеро шояд даҳсолаи ахир ин қисмати бозор таъмиру ҷобаҷогузориро надида бошад.

   - Бо дастгирии раиси вилояти Суғ Раҷаббой Аҳмадзода ва Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ин муддат ба маблағи 79 456 сомонӣ корҳои таъмирӣ ба анҷом расонида, дар ҳудуди бозор 32 камераи мушоҳидавӣ насб кардем. Ба ғайр аз ин дар қади роҳҳои даромади бозор ҷойи нишасти соҳибкорони фурӯши маҳсулоти хӯрока дар растаҳое, ки ба талаботи имрӯза на онқадар ҷавобгӯ буд, қарор дошт, азнавсозӣ гардида, зиёда аз 50 метр соябони оҳанин гирифта шуд. Барои боз ҳам муҳайё намудани шароити мусоид ба соҳибкорон нақша кашидем, ки боми тангкӯчаи фуруши гӯштро, ки дар қисмати чапи бозор ҷойгир аст, ба масоҳати зиёда аз 500 метри квадратӣ азнавсозӣ намуда, бо боми пластмасии замонавии рӯшноидиҳанда иваз намоем. Ҳамзамон дар даромадгоҳи дуюми бозор 63 метр дарозӣ бо 7 метр паҳноӣ соябон бо конструксияи оҳанин сохтаем, ки барои нигоҳ доштан аз барфу борон кумак мекунад. Бубинед, ҳамин ҳоло соҳибкорони бозор худ иқдом карда, дохили растаҳои савдоро таъмир ва сафолакпуш карда истодаанд. Ҳамаи ин корҳои ободониро мо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ оғоз карда, то ҷашни таърихии кишвар ба бозор симои нав хоҳем бахшид, - қайд кард мавриди суҳбат Хуршеда Бобоева.

Безараргардонии шабонарузӣ

 Бинобар сар задани сирояти бемории COVID-19 дар муддати 3 моҳи ахир дар ҳудуди бозори «Панҷшанбе» корҳои безараргардонӣ ба таври шабонарӯзӣ гузаронида шуда, ба воситаи Шуъбаи безараргардонии ш.Хуҷанд ба маблағи умумии 10 554 сомонӣ, бо дастгирии соҳибкорон ба маблағи 26 900 сомонӣ, бо воситаи МНДСЭ-1884 сомонӣ ва баҳри нигоҳдоштани гигиенаи шахсии соҳибкорон ва кормандони фаъолиятбаранда 17 150 адад ниқобҳои тиббӣ ва 1865 антисептикҳо тақсим карда шудаанд. 

   Хуршеда Бобоева мегӯяд, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбеву якшанбе дар назди бозори Ситоди вилоятӣ ҷамъ омада, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Маъруф Муҳаммадзода, раиси ш.Хуҷанд шахсан дар кори ин Ситод ширкат варзида, бо тозагӣ ва шароити бозору гирду атрофи он шинос шуда, бо соҳибкорону харидорон мулоқот мекунанд.

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР,

Душанбе-Хуҷанд-Душанбе

Чоршанбе, 01 Июл 2020 09:48

  

Чоршанбе, 01 Июл 2020 09:34

 

саҳ 10 аз 11

Китобҳо

Flag Counter