ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 15 Июл 2020 10:52

 

 Тӯли се рӯзе, ки дар ш.Хуҷанд будем навигароҳи зиёдеро дидему кашф кардем. Аз ҷумла бо  Wi Fi таъмин гардиднаи боғи Камоли Хуҷандӣ. Ногуфта намонад, ки таҷҳизотҳои паҳнкунандаи интернетӣ аз яке ширкатҳои бузурги мобилии кишвар “Тcell” дар инҷо насб гардида буд. Hоҳбарияти боғ мегӯяyд, ки  ҳамкориро бо ин ширкат оғоз намудаанду таъмин намудани интернет барои шаҳрвандон ва муштариён хело кори муфид аст. Мо низ дидем, ки шаҳрвандони зиёд ба боғи мазкур омада, дар ҳар кунҷи он нишаста бо телефони худ дар олами интернетӣ чарх мезананд.  

Аз Хуҷанд то Душанбе

   Баъди анҷоми сафар аз Хуҷанд ба Душанбе омадему дар 1 бегоҳ интернети телефони мобилиам тамом шуд. Сипас ба хотирам расид, ки дар боғи Куруши Кабири пойтахт низ ба монанди боғи Камолӣ Хуҷандӣ  Wi Fi аз ширкати Тселл насб шудааст. Баъди шомгоҳ бо дучарха барои интернет рост тарафи боғ роҳсипор гаштам. Дохили боғро бо дучарха 2 маротиба тоб хурда сипас бо умеди калон рӯйи як мизи зебое, ки рекламаи ширкати Тселл ба назар мерасид нишастам. Ҳангоми чарх задан дидам, ки мардум бо сари хам машғули телефонбозӣ ҳастанд. Аммо мутаасифона дар натиҷаи пайваст кардани телефон бо Wi Fi он кор накард. Аз чанд нафар писарони ҳамсоли худам, ки дар наздикиам нишаста буданд, аз ҳолати кори Wi Fi пурсон шудам. Онҳо чунин посух гардониданд: “дустам мазоқ мекунӣ? Аз интернети мобилии худамон истифода намуда истодааем ва хатҳои дар назар доштаи шумо чанд рӯз мешавад, ки кор намекунанд”. 

Ноумед шуда аз боғ рафтаму шоми дигар омадам, аммо то ҳол аз интернет хабаре набуд. Гуфтам, ки ин мушкилро аз худи ширкати Тселл пурсон мешавам, зеро ки ин қадар рекламаи калонро дар боғ насб кардааст, пас чаро фаъол нест? 

Гӯшҳо таги тоқӣ мегардед?

   02.07.2020. Соат ба вақти Душанбе 18:33 дақиқа. Тариқи “онлайн чат” дар сомонаи ширкати Тселл вобаста ба ин мушкил арз намудам ва дар ҷавоб чунин омад. “Асалому алейкум. Ман Самир сардори гурӯҳи дастгирии мизоҷон мебошам. Айни замон ягон дархост аз ҷониби муштариён ба ин масъала ворид нагардидааст. Лекин шумо интизор бошед мо ва кормандонамон ҳатман дида мебароем ва натиҷаашро мерасонем”. 

   Сипас баъди якчанд соат Самир бо рақамҳои 934 44 00 84 бо ман дар тамос шуда чунин гуфт:

   -Воқеан ҳам мушкилии гуфтаи шумо вуҷуд доштааст. Лекин мо аз ин бехабар мондем ва айни замон бошад алакай таъмир ба анҷом расида, мардум метавонанд аз интернети бе маҳдуд истифода кунанд. Сабаби кор надкарди Wi Fi бошад аз пайваст набудани хати барқ ба вуҷуд омадааст. Дар боғи мазкур, ки ҳамин шабу рӯз 1 қаҳвахонаи нав кушодаанд маҳз сохтмони ҳамон монеа шуд, ки шаҳрвандон ва муштариёни ширкат якчанд рӯз бе Wi Fi мондаанд, - гуфт ӯ. 

   Баъди анҷоми сӯҳбат хурсанд шуда , бегоҳи ҳамон рӯз бо дучарха дохили боғ гашта, дарҳол пай бурдам, ки инҷо навигарие шудааст-хати интернет алакай ба кор даромадааст. Сипас болои як курсӣ дар ҳавои тозаи боғ нишаста то соати 00:33 дақиқаи шаб “мурданӣ” бо интернет кор кардам.

   Мехоҳам, ки дар фарҷом нуқтаи охиринро ишора кунам. Чаро чунин ҳолатҳоро мутасаддиён дар ҳол ба назар намегиранду интизори дархосту шикояти мардум мегарданд. Ин ҳолатҳо ба он ишора мекунад, ки то мардум ҳаққи худро талаб накунад ҳама хомӯш меистад. Мисоли оддӣ ана ҳамин аст. Шояд даҳҳо шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ ба нияти кор кардан ва ё заррат ба инҷо меоянду  мутаассифона, бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ мегарданд. Гӯшҳо таги тоқӣ нагашта, кор кунед, бачаҳо!

 

Шералӣ Давлатов, СССР

                                                                                       

 

Чоршанбе, 15 Июл 2020 10:35

 

    Давлат Сафаров иштирокчии ҷанги шаҳрвандӣ буда ба гурӯҳи дуюми шахсони имконияташон маҳдуд мансуб аст. Ӯ зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки тули 15 сол нафақа намегирифт ва танҳо 6 соли охир бо маблағи 260 сомонӣ бо нафақаи меҳнатӣ таъмин гардидааст. Ҳамчунин бо изҳори нигаронӣ бобои Давлат таъкид кард бо маблағи нафақа чӣ гуна метавон зиндагиро таъмин намуд, чунки танҳо 1 халта орд дар бозорҳои кишвар зиёда аз 200 сомонӣ арзиш дорад.

   Дар вилояти Хатлон шумораи нафақагирони шахсони имконияти маҳдуддошта зиёда аз 52 ҳазору 944 нафар номнавис шудаанд. Аз ин шумора зиёда аз 5 ҳазор ба гурӯҳи якум, бештар аз 24 ҳазор ба гурӯҳи дуюм ва зиёда аз 12 ҳазор ба гурӯҳи сеюми шахсони имконияташон маҳдуд шомиланд. Дар давоми 6-моҳи соли равон беш аз 14 миллион сомонӣ маблағи нафақа пардохт шудааст.  

   Давлат Сафаров мегӯяд: ташхиси тиббӣ барои мо пулакӣ буда ва дар баробари дигар нафарон бо навбат дари беморхонаро мекубему навбат мепоем. Дар ҳоле, ки дар моддаи 16-и Қонуни ҶТ “дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” омадааст, ки “маъюбон дар асоси хулосаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ ба табобати ройгон ва ё имтиёзноки санаторию курортӣ бе навбат гирифтани роҳхат ва рафтуомади ройгон ба маҳалӣ табобат бо тартиби муқараргардидаи Ҳукумати ҶТ ҳуқуқ доранд”. Аммо амалигардии ин моддаи қонуни мазкурро ҳамсуҳбатони мо инкор менамоянд.

   Дар баробари ин боз ҳастанд нафарони имконияти маҳдуддоштае, ки наметавонанд бо нафақаи муайянгардида зиндагиашонро пеш баранд. Насиба Чутбоева ба гурӯҳи якуми шахсони имконияти маҳдуддошта шомил буда, наздики 200 сомонӣ нафақа мегирад, ки ин маблағ барои пешбурди зиндагӣ нокифоя аст. Ӯ мегуяд, ки барои зиёд намудани нафақа муроҷиат кардан мехоҳад, вале ҳамоно имкони аз ҷой бархестанро надорад, ки ин барои боз ҳам танг шудани вазъи зиндагӣ ва бад гардидани ҳолати саломатӣ гашта истодааст.

   Нафақа барои шахсони имконияти маҳдуддошта мувофиқи моддаи 31-уми Қонуни ҶТ “дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” муайян карда мешавад. Тибқи иттилои масъулин дар баробари ин нафароне низ ҳастанд, ки зери ин ном нафақаи маъюбӣ мегирифтанд, ки дар соли 2019 дар вилояти Хатлон зиёда аз 57 нафари онҳо ҳангоми аз ташхиси тиббӣ гузаштан муайян шуда, нафақаашон қатъ карда шуд. Мавриди зикр аст, ки ҳарчанд тайи солҳои охир дар кишварамон ба нафарони имконияташон маҳдуд тавачҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Аммо ба назари коршиносон то ба ҳол дар ин самт мушкилиҳо ҷой доранд.Чунки яке аз омилҳои паст будани нафақа ва дигаре аз нагирифтани он изҳори нигаронӣ мекунанд. 

                                                          

Мубораки Қосим, ш.Бохтар

 

 

Чоршанбе, 15 Июл 2020 10:18

 

Ғолибҷон Бердиев, яке аз хонандагони газетаи мардумии СССР аз н.Ёвон занг зада (тел: 900 45 23 23) гуфт, ки дар беморхонаи марказии ноҳия ба ягон бемор доруи ройгон дода намешавад.

   Баъди мутолиа кардани мақолаи Ҷамила Ҳусейнова дар шумораи қаблии газетаи мардумии СССР бо номи “Редаксия супориш дод: 1-Советский рав!” каме ҳайрон шудам. Шояд дар беморхонаҳои пойтахт барои беморони илтиҳоби шуш  баъзе доруҳое, ки аз кишварҳои хориҷа ва Ӯзбекистон ба мо кӯмак омадааст, ройгон пешниҳод кунанд. Лекин дар н.Ёвон чунин нест, зеро ман худам шахсан баъди ташхиси духтур гирифтори бемории пневмания сабт шудам. Аммо духтур ба ман ҳатто як доруи ройгон надод. Намедонам доруҳое, ки барои беморон бояд ройгон тақсим шаванд барои кӣ истифода мекунанду манфиаташ ба кисаи кӣ меравад. Майлаш ман каме пулу мол доштам барои худам ва модарам як қисми доруҳоро харидорӣ намудам. Беморони камбизоат дар чунин ҳолат чӣ кор бояд кунанд?  

 

Чоршанбе, 15 Июл 2020 10:08

 

Шералии Ибодулло, яке аз хонандагони доимии газетаи мардумӣ аз ш.Душанбе занг зада (тел: 915 94 51 71) гуфт, ки барои рейтинги барномаҳо кӯдаконро истифода накунанд. 

    Рӯзҳои охир дар тамоми шабакаҳои ичтимоӣ, бахусус Фейсбук як кори на он қадар хуб роҳандозӣ шуда истодааст. Мардум ҳама бо як ибора мусоҳибаашонро оғоз мекунанд. “Баъд аз тамошои филми хиёнат” фалону беҳмадон. Ин аламовар аст, вақте ки як навраси синфи 10-11 баромад мекунаду дар бораи ҲНИ ва Муҳиддин Кабирӣ сухан мегӯяд. Барои ҳамаи бинандагон маълум аст, ки ин кӯдаки бечора аз мавзӯъи худ бехабар асту танҳо сафсата мехонаду халос. Дар ин мавзуъ ягон мутахассис бояд сӯҳбат кунад, то ин ки таҳлилҳои дақиқ дошта бошад. Медонам, мақсад ҳимоя кардани амнияти иттилоотист зеро, ки ин шабу рӯз душманон аз ҳамаи нерӯ истифода доранд, аммо нерӯи мо магар танҳо ин кӯдаконанд?  

 

Чоршанбе, 15 Июл 2020 09:46

Чоршанбе, 15 Июл 2020 09:43

Ҷавоб ба мақолаи  Рӯзимади Тоҳир дар ҳафтаномаи «СССР» №12 (601) аз 02.04.2020, таҳти унвони «Дукони ман  ба Бек Сабур  чӣ лозим?»

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ иттилоъ медиҳад, ки мақолаи мазкур дар ҷаласаи назди муовини соҳавии раиси ноҳия бо иштироки роҳбарони соҳа  ва масъулини Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар асоси қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 майи соли 2015, таҳти №356 «Дар бораи Нақшаи генералии маркази ноҳияи Восеи вилояти Хатлон» дар ноҳия сохтмони биноҳои баландошёна ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи маълумотномаи бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ аз 14.05.2020, № 28 «Дар бораи Нақшаи генералии  маркази ноҳияи Восеи вилояти Хатлон» барои сохтмони дукони рӯзномафурӯшӣ дар алоҳидагӣ қитъаи замин пешбинӣ нашудааст. Дар асоси нақшаи генералӣ дар ошёнаи якуми ҳамаи биноҳо намудҳои гуногуни марказҳои хизматрасонӣ аз ҷумла дукони рӯзномафурӯшӣ ба нақша гирифта шудааст.

Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 майи соли 2015, таҳти № 356 «Дар бораи Нақшаи генералии маркази ноҳияи Восеи вилояти Хатлон» давра ба давра амалӣ шуда истодааст ва шаҳрванд Рӯзимади Тоҳир тибқи тартиби муқарраргардида метавонад дар ошёнаи якуми яке аз ин биноҳо дӯкони рӯзномафурӯшӣ ташкил намояд.

Шарбатулло Азизулло, 

раиси н.Восеъ   

 

Чоршанбе, 15 Июл 2020 09:40

Салом СССР-и азиз! Аввало сипоси беандоза ба масъулини нақлиёти пойтахт, ки ҳамеша дар талошанд, то мушкилиҳои ин самт рабт гардаду сокинон ва меҳмонони пойтахти зебоманзар ҳеҷ мушкилеро эҳсос накунанд! 

Баъдан бояд зикр кунам, ки аз хунукназарии баъзе аз ронандагон ва масъулини хатсайрҳои автобусу троллейбус, то ҳол реҷаи муайяни ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ риоя намегардад. Баъзан автобусҳо пайиҳам 2 -3 мегузаранду баъзан то 40 дақиқа интизорашон мемонӣ, вале намеоянд. Мушкили асосии дигар, дар ин фасли гармо фаъол намбудани кондитсионерҳои автобусҳо мебошад. Вақте аз ронандагон мепурсем мегӯянд, “барои гирён кардани кондитсионер ба мо солярка намерезанд”. Агар масъулин масъалаҳои мазкурро бори дигар баррасӣ намуда, ислоҳ созанд нуран ало нур мешавад. Қаблан сиоси беандоза! 

Исмоилҷони Саиднуриддин, ш. Душанбе 911099049

 

Чоршанбе, 15 Июл 2020 08:20

  

Занони номвари водии Раштонзамин дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ вазифаҳои пурмасъулро ба ӯҳда дошта, баҳри ободиву шукуфоии Ватани азизамон саҳми боризи худро гузоштаанд. Яке аз бонувони фаъол, маорифпарвар ва сиёсатмадори варзидаи даври худ ин Валаъмат Мусоева мебошад. Ӯ дар байни 36 мард ягона зан буд, ки дар ҳайати дастгоҳи роҳбарикунандаи ноҳияи Ҳойит дар вазифаи мудири маориф, сардори таъминоти иҷтимоӣ, ҳамзамон ҷонишини раиси комиҷроияи ноҳияи Ҳойит кор ва фаъолият намудааст.

   Валаъмат Мӯсоева соли 1912 дар деҳаи Шоеви собиқ н.Ҳойити вилояти собиқ Ғарм (имрӯза Рашт) дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдсолиаш  ба соҳаи илму маърифат даст зада, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла  занон омӯзгориро ба ӯҳда дошт. Соли 1938 Валаъмат Мӯсоева аз ҷумлаи бонувони Қаротегин ба номзад ба вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон пешниҳод шуда, якдилона овоз гирифту интихоб гашт. Ӯ дар ду даъват солҳои 1938-1947 ва 1947-1951 вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон буд.

Дере нагузашта ин муаллимаи ҷавонро ба кори масъули роҳбарияти мудири шуъбаи маорифи халқи н.Ҳойит пешниҳод карданд. 

   Хизматҳои шоистаи ӯ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ва заминларзаи соли 1949 хеле назаррас аст. Солҳои 1951-1952 мактаби ҳизбии назди КМ ҲК ҶШС Тоҷикистон дар ш.Душанбе таҳсил кардааст. Солҳои 1952-1954 муовини раиси комиҷроияи н.Ҷиргатол ва аз соли 1954 то соли 1958 муовини раиси комиҷроияи н.Варзоб кору фаъолият намудааст. Соли 1958-1959 Валаъмат Мусоева як муддат раиси занони н.Октябр (ҳоло И.Сомонӣ)-и ш.Душанбе буд. Валаъмат Мусоева бо сабаби бад будани вазъи саломатӣ ночор шуда аз мансабҳои давлатӣ даст кашида, аз соли 1955 то соли 1957 мудири фермаи колхози Сталини н.Ҳисор, чанде раиси ҷамоати Чортеппаи имрӯза н.Рӯдакӣ кор ва фаъолият намудааст. Мавсуф соли 1960 ба нафақа баромада, 30 майи соли 1964 дар ш.Душанбе вафот кард. 

  Аз ӯ ду фарзанди номдор яке Артисти халқии Тоҷикистон Зафар Нозим, дигаре Рафоъат Нозимова-китобдори номӣ, Аълочии фарҳанги  Тоҷикистон, Корманди собиқ Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи номи А. Фирдавсӣ боқӣ мондаанд.

Муҳамадҷон Сафаров, 

омӯзгори фанни таърих 

 

саҳ 7 аз 11

Китобҳо

Flag Counter