ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 22 Сентябр 2021 11:49

 

 Меҳроби Ҳалим, сокини к. Н.Қарабоеви ш.Душанбе меҳмони газетаи мардумии СССР, шуда дар бораи  ҳадяи 1 даста гул ба модараш чунин гуфт:

   - Барои зодрӯзи модарам 1 дастагул бо арзиши 100 сомонӣ харидам. Ба модарам ҳадяро додам. Аммо ба ҷойи шод шудан модарам чунин гуфт: 

- О, ба ҷойи гул ва пули он 1,5 гушт нахаридӣ, ки 1 гуштбирён карда хӯрем!? 

Фикр кардам, ки рост мегӯяд. Чаро ин қадар нархи гул гарон шудааст? Шояд тӯҳфакунӣ ҳам хоси ҳамон мардуми элита асту камбағал арзишашро надорад? Нархи гулҳо ҳам аз доллар вобастагӣ дорад-чӣ?

 

Чоршанбе, 22 Сентябр 2021 11:43

Чоршанбе, 22 Сентябр 2021 11:36

Чоршанбе, 22 Сентябр 2021 09:04

 

То ба имрӯз аз диёри зебоманзари Балҷувони Тоҷикистон се ҷавонмард дар корзори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 матонату қаҳрамонӣ нишон дода, сазовори унвони баланди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шуда буданд: Сафар Амиршоев (15.12.1912, деҳаи Заргар ҷамоати деҳоти Садайбардаи ноҳияи Балҷувон – 16.7.1944, шаҳри Жожморяй, Литва), Саидқул Турдиев (15.7.1912, деҳаи Хонободи ноҳияи Балҷувон – 3.10.1943, шаҳри Киев, Украина) ва Исмат Шарифов (27.11.1915, деҳаи Ғурунги ноҳияи Балҷувон – 6.3.1945, Латвия). 

Кунун маълум гашт, ки волидони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Амиралӣ Саидбеков низ аз деҳаи Талимазори Балҷувон ба тахмин дар охири асри ХIX - аввали асри ХХ баҳри беҳбуди рӯзгор ба водии Фарғона кӯч баста, дар ин макон сукунат ихтиёр карда будаанд ва Амиралӣ дар ҳамин хонавода дар тумани Риштони вилояти Фарғона ба дунё омадааст.

    

Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (29.6.1945).

Дар деҳаи Талимазор, ҳозира тумани Риштони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ миёнаи педагогӣ.

Боиси тазаккур аст, ки волидони ӯ аслан аз мавзеи Балҷувони Кӯлоб буда, ҳанӯз то таваллуд шудани Амиралӣ ба водии Фарғона кӯч бастаанд.

Пас аз хатми техникуми педагогӣ Амиралӣ ба назди бародари калониаш, ба деҳаи Ҷонбахти ноҳияи Ховалинг меояд ва ҳамчун муаллими синфҳои ибтидоӣ ба фаъолият мепардозад. Ҳамзамон вай дар курсҳои маҳви бесаводӣ ба калонсолон дарс медод.

Соли 1938 Амиралӣ Саидбеков барои иштироки фаъолона дар кори маҳви бесаводӣ бо нахустин мукофоти давлатӣ - Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (дар синни 18 - солагӣ) сарфароз гардонда мешавад.

Соли 1939 комиссариати ҳарбии ноҳияи Ховалинг ӯро ба хизмати ҳарбӣ, ба Армияи Сурх даъват мекунад. Ҷавонмард иштирокчии ҷанги СССР – Финляндия (1939 – 1940) аст. Баъди хатми курсҳои фармондеҳони хурд лейтенанти хурд А. Саидбеков оғози ҷангро дар вазифаи командири взвод пешвоз мегирад.

Дар варақаи мукофотонии Амиралӣ Саидбеков, ки дар Бойгонии марказии Вазорати мудофиаи СССР (ҳоло Федератсияи Россия) маҳфуз аст, бо чунин суханон оғоз мешавад: «Саидбеков дар ҷангҳои ҳуҷумӣ бо немисҳои истилогар қаҳрамонии ҳақиқӣ, ҷасурӣ ва қатъият, вафодории беандоза ба Ватанро нишон дод. Иҷрои намунавии қарзи фарзандӣ дар назди Ватан, қатъи назар аз хавфу хатар бо ибрати шахсӣ ҷанговарон ва афсаронро ба корномаи беназир рӯҳбаланд намуд…».

Мавсуф дар фронтҳои Ҷанубӣ, Закавказия, Кавкази Шимолӣ, 1 – ум ва 4 – уми Украина бар зидди фашистон ҷангидааст. Дар корзор 7 маротиба захм бардоштааст. 

Охирҳои соли 1944 лейтенанти калон Амиралӣ Саидбеков командири ротаи тирандоз буд. 23 декабр дар маҳали деҳаи Собрантс (Чехословакия) ӯ якумин шуда ротаашро ба ҳуҷум хезонда, мудофиаи душманро рахна намуд ва чанд ҳамлаи ҷавобии фашистонро зада гардонд. Душманро ақиб нишонд ва деҳаро забт кард.

Чоршанбе, 22 Сентябр 2021 09:01

19.09.1941. Дар рафти ҶБВ гурӯҳи 2-и тонкии немисҳо, дар наздикии мавзеи Лохвитсӣ бо гурӯҳи 1-и тонкӣ пайваст ва дар натиҷа нерӯҳи фронти ҷанубу-ғарбии Артиши Сурх ба муҳосира афтида, немисҳо пойтахти Украина-шаҳри Киевро тасарруф карданд.

19.09.1985. Заминҷунбии сахт дар пойтахти Мексика-шаҳри Мехико. Заминларза бо қувваи 8,1 балл ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа зиёда аз 9000 одам ҳалок ва 30.000 маҷрӯҳ шуданд.

20.09.1918.Нерӯҳои мусаввитии Озарбойҷон бо кумаки англисҳо ҳокимияти Шӯроҳоро дар Боку сарнагун карда, роҳбарияти ин ҳукуматро, ки аз 26 комиссар иборат буданд, ба қатл расониданд.

21.09.1973. Дар СССР Академияи Вазорати Корҳои Дохила таъсис дода шуд.

21.09.1993.Президенти Русия Борис Елтсин бо қарори махсуси худ, фаъолияти Шӯрои Олии ин кишварро қатъ кард ва ШОро пароканда намуд.

22.09.1989.Дар РСС Қазоқистон забони қазоқӣ, забони давлатии ин ҷумҳурӣ эълон карда шуд.

22.09.1991. Дар РСС Тоҷикистон баъди гирдиҳамоии мардумӣ фаъолияти Ҳизби коммунист мамнӯъ шуд. Ин мамнӯъият танҳо 1 рӯз идома ёфта, 23 сентябр парлумони кишвар раиси ШО Қадриддин Аслоновро аз вазифа сабукдӯш кард ва фаъолияти ҲК аз нав қонунӣ шуд.

23.09.1989. Дар РСС Озарбойҷон забони озарӣ, забони давлатии Озарбойҷон эълон карда шуд.

23.09.1991. РСС Арманистон Эъломияи соҳибистиқлолии худро ба имзо расонид.

24.09.1990. Аъзои Бюрои сиёсӣ ба котиби генералии ҲК Михаил Горбачев барои гузаштан ба иқтисодӣ бозорӣ салоҳиятҳои фавқулодда доданд.

25.09.1962.Роҳбари Куба Фидел Кастро иброз намуд, ки СССР дар қаламрави Куба барои флоти моҳигирии худ базаи мухсус месозад. Маҳз ин амалкарди СССР боиси сар задани ташаннуҷ миёни ИМА ва СССР шуд, ки бо буҳрони Кариб маъруф аст.

26.09.1968.Рӯзномаи “Правда” мақолаи бузургеро таҳти унвони «доктринаи Брежнев» чоп кард, ки тибқи он истиқлолияти кишварҳои сотсиалистӣ қисман маҳдуд карда мешуд.

26.09.1983.Полковники шӯравӣ Станислав Петров ҷанги атомии эҳтимолиро пешгирӣ намуд. Дар шаби навбатдории ин афсар компютерҳои шӯравӣ партоби мушакҳои атомиро аз ҷониби ИМА ба қайд гирифтанд, аммо полковники доно ба компютер бовар накард.

Чоршанбе, 22 Сентябр 2021 08:55

Вазорати маориф ва илми ҶТ мақолаи И.Собириро, ки бо номи “Муаллими “гунаҳкор” ва мактаби “бе дарвоза”” дар шумораи №24 (665) ҳафтаномаи “СССР” аз 17.06.2021 нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Се масъалаи аввали вобаста ба ҳам, ки муаллиф дар матлаби худ зикр намудааст, дар асоси Фармоиши вазири маориф ва илми ҶТ “Оид ба анҷоми соли таҳсили 2020-2021, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пеш аз муҳлат ба анҷом расидани соли таҳсил дар соли таҳсили 2020-2021, сабаби қаблан то 7 ва 14-уми июн идома ёфтани дарсҳо ва раванди аттестатсияи хатм мебошад.

Стратегияи миллии рушди маориф самтҳои тағйироти низоми таълимиро мушаххас карда, гузаришро аз низоми кунунӣ ба низоми салоҳиятнокӣ ба нақша гирифтааст. Салоҳият дар фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ сазовор будан, лоиқ будан, шоистагӣ, сазоворӣ тафсир шудааст. Мафҳуми салоҳият (салоҳиятнокӣ) акнун ҳамчун истилоҳи соҳаи маориф низ истифода мешавад. Салоҳият маҷмӯи дониш,  малака ва маҳоратҳои ба ҳам пайвандест, ки ба ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва маърифатӣ равона шудааст. Мафҳумҳои салоҳият, қобилият, малака ва маҳорат баробар истифода мешаванд. Шахси салоҳиятнок ҳар амалеро хуб, қобилона ва боэътимодона иҷро карда метавонад.

Инчунин, вобаста ба оне, ки дар баробари Вазорати маориф ва илми ҶТ ва раёсату шуъбаҳои маориф дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба қавли муаллиф боз “ба мактаб дигар мақомотҳо низ хуҷаин шудаанд” таъкид намудан зарур аст, ки қонунгузорӣ ба ҳар яке аз мақомоти давлатии дахлдор дар доираи салоҳият ва ваколатҳои муайяни худаш иҷозати тафтишот бурдан на танҳо дар муассисаҳои таълимӣ, балки дар дилхоҳ муассисаву идораро додааст. Масалан, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сурати сар задани ҳодисаи ҷиноятӣ ва ё вайрон гаштани ҳуқуқҳо дар мактаб ва дар вақту соати дарсӣ ҳақ дорад, ки ба мактаб омада, вазифаи худро анҷом диҳад. Ба монанди ин, намояндагони дигар мақомоти давлатӣ низ ҳамчунин ҳаққи иҷрои вазифаҳои худро доранд. Аммо ҳеч яке аз намояндагони мақомоти давлатии ғайрисоҳавӣ ҳаққи талаб намудани “нақшаи 1-соатаи дарсӣ” ва ё ин ки “конспект” аз омӯзгорро надорад. Танҳо мақоми ваколатдор дар соҳа - Вазорати маориф ва илми кишвар, муассисаҳои зертобеи вазорат вобаста ба самтҳои фаъолияташон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти ҶТ ва намояндагиҳои ин ниҳод дар вилоятҳо салоҳияти санҷишу назорат аз болои фаъолияти касбии омӯзгорон ва раванди таълим дар муассисаҳои таълими ва паҳлуҳои дигари марбут ба фаъолият дар соҳаро доранд.

Дигар ниҳодҳо танҳо метавонанд дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштарак бо мақомоти ваколатдор фаъолияти муассисаи таълимиро мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Маркази матбуоти Вазорати  маориф ва илми ҶТ

 

Чоршанбе, 22 Сентябр 2021 08:53

 

Мадина Назарова, дӯст, хонанда ва муаллифи ҳамешагии СССР аз н. Балҷувон занг зада (тел: 919 29 39 45), нисбати сатҳи донишу малакаи хонандагон изҳори ақида кард:

   - Чаро масъулини шуъбаи маорифи ноҳия танҳо ба сару либос аҳамият медиҳанд? Танҳо талаб мекунанд, ки сару либоси мактабӣ гиред. Аммо ба дониш умуман таваҷҷӯҳ намекунанд. Мо фарзандамонро барои донишандӯзӣ ба мактаб равон мекунем, пас гӯед, ки дар асри 21, дар асри нанотехнология, дониш муҳим аст ё либос? Дар Аврупо хонандагон ва донишҷӯён бо либоси хелмахели озод ба мактаб мераванду сатҳи донишашон дар сатҳи олист. 

 

Чоршанбе, 22 Сентябр 2021 08:48

 

Мусаллама Абдиева, хонандаи доимии газетаи мардумӣ аз ш.Душанбе бо телефони идорӣ - 238 55 56 дар тамос шуда, қаноатмандии хешро аз барномаҳои театрикунонидашудаи пойтахт бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти Ватан иброз намуд.

   - Ҳам Паради ҳарбӣ, ҳам гузашти оммавӣ ва осоиштаи мардум, пасон шоу-барномаи идона бахшида ба ҷашни тақдирсози миллат 30-солагии Истиқлоли давлатии ҶТ дар «Наврӯзгоҳ»-и ш.Душанбе, ки шоми 09.09.2021 баргузор гашт, бисёр зебо буд. Воқеан ҳам дастандаркорони чорабиниҳои идона хеле заҳмат кашида, барои мо сокинони пойтахт тавонистанд 1 рӯҳияи идонаеро фароҳам оваранд. Аз тамошои Душанбеи идона болидам, аз барномаҳои консертӣ лаззат бурдам, шукр кардам, ки сокини ин шаҳраму ин сарзамин. Ҷашни Истиқлол муборак, ҳамватанони азиз!

 

саҳ 4 аз 11

Китобҳо

Flag Counter