ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 15 Сентябр 2021 16:20

Рӯзҳои охир 2 бозори калони ш.Бохтар-«Фаровон» ва «Ҳоҷӣ Шариф» аз харидор пур буда, бештар падару модарон ҳамроҳи фарзандонашон барои хариди либоси мактабӣ омадаанд. Бояд гуфт, ки 2 ҳафтаи охир нархи сару либос, лавозимоти хониш ва мактабӣ дар бозори «Фаровон», аз ҷумла либоси мактабӣ, пойяфзол, ҷузвдон нисбат ба 1 моҳи гузашта 35% боло рафтааст. Мисол нархи пойяфзол барои синфи 1-ум аз 75 сомонӣ то ба ба 160 сомонӣ ҷаҳидааст. Ҷузвдон бошад аз 75 ба 150 сомонӣ. Савдо сабаби гарон шудани лавозимоти хонишро аз гарон шудани роҳкиро мансуб медонанд. 

Ширкатҳои дӯзандагӣ ё бозор?

Дар бозори «Фаровон» бо модаре, ки ҳамроҳи писараш даргири харид буд, ҳамсӯҳбат шудем. Ӯ худро Азиза ном гирифту гуфт, ки аз ноҳияи А. Ҷомӣ ба ин макон барои харидани либос барои писараш омадааст, зеро нарху навои бозори ш.Бохтар, нисбат ба бозори н.А.Ҷомӣ арзонтар аст. 

- Магар шуморо маҷбур накарданд, ки либоси мактабиро аз ҷойи хостаашон бигиред? – пурсидем аз ӯ. Азиза дар посух чунин гуфт:

- Бале мудири шуъбаи маориф аз падару модарон хоҳиш карданд, ки аз ширкатҳои либосдӯзие, ки онҳо шартнома бастаанд, либос гиранд. Аммо сифати маҳсулоти онҳо пасту ба нархаш мувофиқ нест. Нархи либоси мактабӣ дар сехи дӯзандагии фармудаашон аз 250 то 280 сомонӣ нарх дорад, - афзуд мавсуф.                    

Ҳамсӯҳбати дигари мо Мадина Азизова сокини ш. Бохтар дар сӯҳбат ба мухбири  СССР гуфт, ки 2 фарзандам дар мактаб таҳсил мекунанд. Дар оғози моҳи август, директори мактаб тамоми падару модаронро дар ҳузури кумитаи падару модарони мактаб даъват намуда, изҳор дошт, ки бо ширкати «Котал глобал», ки дар назди корхонаи «Ресанда»-и ш. Бохтар фаъолият дорад, шартнома доранд. Пасон таъкид дошт, ки мо аз он ҷо либос гирифта, расидашро ба мактаб оварда супорем. Баъди дидан сифати либоси ширкати болозикр писанд наомаду аз бозор харида истодаам, ки оқибаташ ба хайр шавад.

Касеро маҷбур намекунем!

Абдуғиёс Бобоев, мудири шуъбаи маорифи н.Ёвон дар робита ба мавзӯи харидани сарулибоси иҷбории мактабӣ аз корхонаҳои дӯзандагӣ мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки директорони мактабҳо падару модаронро барои харидани сарулибоси мактабӣ аз ин ё он корхонаи дӯзандагӣ маҷбур намоянд.

- Масалан, дар ноҳияи мо 59 085 талаба мехонад. Мо бо ширкатаи ҶДММ «Текстайл»-и ноҳия барои дӯхтани сарулибоси мактабӣ ба 29 000 нафар хонандагон шартнома бастем. Сарулибоси бачагона 250 сомонӣ буда, духтарона аз 180 то 220 сомонӣ аст. Мо тамоми мудирони муассисаҳо, раисони ҷамоатҳоро вазифадор намудем, ки деҳа ба деҳа рафта мусоидат кунанд, то аз ширкат сару либос харидорӣ намоянд. Маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ мабаротиб арзон буда, сифаташон ҳам бад нест, мо танҳо тавсия медиҳем, вале касеро маҷбур накардаем, - таъкид дошт Абдуғиёс Бобоев.

75 корхонаи дӯзандагӣ ва наздики 780 ҳазор хонанда

Бино бар иттилои шуъбаи таҳлилӣ-итиллоотии Дастгоҳи раиси вилояти вилояти Хатлон айни замон дар вилоят 1359 адад муассисаҳои таълимӣ фаъолият дошта, дар он 779 616 нафар хонандагон, аз ҷумла 375.337 нафар духтарон таҳсил мекунанд. Дар вилоят ҳамагӣ 75 адад коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ фаъолият дошта, ба дӯхти либоси мактабӣ машғуланд. Оё ин 75 корхона имкон доранд сарулибоси наздики 780 ҳазор хонандаи мактаҳои вилоятро «дӯзанд?».

Баҳодур Уроқов, СССР, 

вилояти Хатлон 

Чоршанбе, 15 Сентябр 2021 16:08

 

Чоршанбе, 15 Сентябр 2021 15:55

 

Чоршанбе, 15 Сентябр 2021 15:48

   Шояд суоле бархезад, ки мавзӯи моҳи майӣ дар нимаи дувуми сол, моҳи сентябр ба чӣ боис ғел хӯрдааст. Мегӯем, сабаб дорад. Бе шамол шохи дарахт намеҷунбад. Ҳол он ки мавзӯи фашизм ва ваҳшонияти гитлерчиён мавзӯи куҳнанашаванда буда, нишонаҳои онҳо дар давлатҳои гуногуни олам, ба ҳар навъ зуҳур кардан дорад.

     Меоем сари мақсад. Рӯзи шанбе, 14 августи соли 2021 изҳороти Президенти Полша Анҷей Дуда расонаӣ шуд. Қонуни имзокардаи президент раванди реститутсия (барқарор кардани ҳуқуқи пештара; баргардондани молу мулки давлате, ки аз тарафи давлати дигар дар натиҷаи ҷанг ғайриқонунӣ ба даст дароварда шудааст), молу мулки касоне аз Холокост зарардида, дигар сохибмулкони яҳудӣ ва моликияти ғайрияҳудӣ, ки дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз ҷониби натсистони гитлерӣ ва баъдан ҳукумати вақти Полша мусодира шуда буд, ҷиддан маҳдуд мекунад.

   Дар ин росто Анҷей Дуда изҳор дошт, ки: «Ман имрӯз қарори қонунеро қабул кардам, ки моҳҳои охир боиси баҳсу мунозираҳои пуровоза дар мамлакат ва хориҷ аз он гардида буд. Баъди таҳлили амиқ қарор додам ба он имзо гузорам».

    Агентии Reuters оид ба ин масъала рӯшанӣ андохт, ки ин иқдом муносибати Варшаваро бо Исроил ва ИМА мураккаб мегардонад. Вазири корҳои хориҷии Исроил Яир Лапид қаблан ин ҳуҷҷатро «кирдори беадабона» номида буд.

   Моҳи июли соли 2021 сейми Полша (палатаи поёнии парлумони кишвар) ба кодекси маъмурӣ – просесуалӣ тағйирот ворид кард, ки он бо 309 овози тарафдор (120 бетараф) -и аъзои парлумон қабул гардид.

     Мувофиқи тағйироти мазкур наслҳои ояндаи қурбониёни Холокост метавонанд масъалаи мусодираи молу мулкиро дар зарфи 30 сол, аз лаҳзаи қабули ин қарор шикоят баранд.

     Ба қавли экспертҳо, дар асл ин қонун мефаҳмонад, ки наслҳои оянда (зурёт) – и қурбониён ҳатто ҳуқуқи тақрибии баргардондани молу мулки мусодира шудаи яҳудиёнро дар давраи ҷанг аз тарафи натсистон ва баъдтар ҳукумати Полша аз даст медиҳанд.

     Маҷлиси миллӣ тағйироти мазкурро 11 августи соли равон тасдиқ кард. Баъд аз он Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен аз президенти Полша даъват ба амал овард, ки ба он имзо нагузорад. Дар ин росто Блинкен изҳор дошт, ки Полшаро зарур аст, то қонуни фарогири ҳамаҷонибаро қабул кунад, ки он бобати масоили мазкур одилона бошад. 

    «То замоне, ки чунин қонун қабул намешавад, роҳ ба сӯи компенсатсия (товон) - ро барои даъвоҳои нав ва ё нафароне, ки ҳалли онро дар судҳои маъмурӣ интизоранд, наметавон маҳкам намуд», - қайд кард Котиби давлатӣ.

     Соли 2009 Варшава бо ҷамъи 45 давлатҳои аврупоӣ ба «Декларатсияи Терезинск» имзо гузошта буд, ки дар баробари ҳамаи давлатҳои имзокарда уҳдадор мешавад, ки дар асоси он ё молу мулки мусодира шударо аз қурбониёни Холокост «активҳои обшина (ҷамоат)  - ҳои яҳудиёни қаблӣ, иншооти динӣ ва моликияти хусусӣ» - ро баргардонад ё товони зарарро бидиҳад. 

    То соли 1939 диаспораи яҳудиён 10 дарсади аҳолии Полшаро (3,3 млн нафар одамон) ташкил медод. Онҳо тақрибан аз панҷ як ҳиссаи моликияти ин давлатро соҳиб буданд. Ҳамчунин фаромӯш набояд сохт, ки дар Холокост аз даҳ нуҳ нафар яҳудиёни полашгӣ зинда намонданд.

   Дар ин ҳол, аз рӯи ҳисоби муҳаққиқи Холокост, сотсиологи амрикоии аз табори полшагиҳо Ян Томаш Гросс, дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон на камтар аз 200 ҳазор яҳудиёнро ҳамкосагони полшагии натсистон қатл кардаанд.

Чоршанбе, 15 Сентябр 2021 15:44

 Шокир Наимов, хабарнигори СССР аз ноҳияи Рашт меҳмони идора шуда, 2 паём расонид.  

   - Аввал ин ки Россия меравам. Вилояти Перм. Мардикорӣ. Бо муаллимӣ ва хабарнигорӣ нашуд. Пермро СССР-хон мекунам. Дуввум, мехоҳам тариқи газетаи мардумии СССР устод Хуршед Зиёиро барои сазовор шудан ба ҷоизаи давлатӣ муборакбод гӯям. Устодро шахсан мешносам ва аз шогирдии он кас ҳамеша фахр дорам. Инсони заминӣ, олими малакутӣ ва воқеан арзандаи ҷоизаҳои давлатист. Дар корҳои баъдина ба устодам муваффақият ва комёбиҳои беназир таманно дорам. Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, 15 Сентябр 2021 14:47

 

14.09.1917. Ҳукумати муваққат Русияро ҷумҳурӣ эълон намуд. Инчунин дар ин рӯз торумори ниҳоди полис, ҳабси аъзои Шӯрои вазирон қонуни гардонида шуда, бадарға бекор ва тамоми маҳбусони сиёнӣ озод карда шуданд. Ҳукумати муваққат инчунин ҷорӣ кардани озодиҳои сиёсӣ ва даъвати Маҷлиси Муассисонро дар кишвар ваъда кард.

14.09.1929. Футболбозони дастаи “Динамо”-и Киев аввалин бозии байналмилалии футболро доир карданд. Футболбозони шӯравӣ бо дастаи яккачини коргарони Австрияи Поёнӣ бозида, бо ҳисоби 4:3 ба фоидаи футболбозони австриягӣ анҷомид.

14.09.1936. Дар машварати махфии НКВД СССР, роҳбарияти ин ниҳод қарор дод, ки кормандони худро ба таври оммавӣ ба Испания, барои ширкат дар ҷанги шаҳрвандӣ фиристад. Тарафи СССР то охир аз ҷумҳурихоҳони испанӣ ҳимоят кард, аммо бо вуҷуди ин ҷумҳурихоҳон дар Испания шикаст хӯрданд.

14.09.1954. Дар полигони Тоцки вил.Оренбург нерӯҳои Артиши Шӯравӣ машқҳои ҳарбӣ доир карданд. Ин машқҳо дар шароити таркиши воқеии бомбаи атомӣ гузаронида шуда, дар онҳо наздики 45.000 сарбози шӯравӣ ширкат варзиданд.

15.09.1924. Дар Бессарабияи ҷанубӣ (ҳоло Молдавия), ки он шабу рӯз ба ҳайъати Руминия шомил мешуд, шӯриши мардумӣ сар зад. Шӯришгарон талаб мекарданд, Бессарабия аз Руминия ҷудо ва ба СССР шомил шавад.

15.09.1933. Генрих Ягода ба Иосиф Сталин хабар дод, ки дар Ленинград «ҷамъияти ҳамҷинсгароён» ошкор карда шуд. Чекистони шӯравӣ дар 1 рӯз зиёда аз 150 ҳамҷинсгароро ба ҳабс гирифтанд.

15.09.1935. Дар Олмон қонунҳои нав қабул гардида, “қонунҳои Нюрнберг” ном гирифтанд ва тибқи он яҳудиёни олмонӣ аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум карда шуданд. Нишони давлатии Олмон бошад тибқи ин қонунҳо свастик (нишонаи 4 чиликмонанди нӯгҳояш хамида) шуд.

16.09.1918. Дар Русия ордени Байрақи Сурх таъсис дода шуд. Он яке аз аввалин мукофотҳои кишвари Шӯроҳо буду ба иштирокчиёни ҷанг супорида мешуд.

Чоршанбе, 15 Сентябр 2021 14:42

МИҲД н.Файзобод мақолаи рӯзноманигор Ҳокими Сафарро, ки бо сарлавҳаи «Файзобод: қарорҳои беасоси раиси собиқ» дар шумораи №126 (667) ҳафтаномаи «СССР» рӯзи 1 июли соли 2021, нашр гардидааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳақиқат соли 2017 дарахтони майдони назди идораи маъмурии КВДТ ба номи Абдулвоҳид Назиров, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Мискинобод, ки аз ҳосил монда буданд, решакан карда қитъаи замин тахту ҳамвор карда шуд. Қитъаи замини номбурда дар асоси муроҷиати чанд нафар соҳибкорон ҳамчун замини зери сохтмон бо қарорҳои раиси ноҳия барои сохтмони иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла маркази савдо, кошонаи ҳусн, толори варзишӣ ва маркази хизматрасониҳо ҷудо гардид.

Айни замон дар мавзеи зикршуда чанде аз иншооти банақшагирифташуда бунёд гардида мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд. Сохмони қисме аз ин иншоотҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ  ба истифода дода мешаванд. 

Бояд қайд намуд, ки иншоотҳои сохташуда ба шоҳроҳ халал намерасонанд, балки ба он ҳусни дигар мебахшанд ва имрӯз, баъди анҷоми корҳои сохтмону ободонӣ дар майдони мазкур ба ҳолати аввала баргардонидани ин қитъаи замин аз ғайриимкон аст.

Ҷ. Амонализода, 

муовини якумии раиси н.Файзобод

Чоршанбе, 15 Сентябр 2021 14:16

саҳ 6 аз 11

Китобҳо

Flag Counter