ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 01 Сентябр 2021 11:07

24.08.2021. Соат ба вақти Киев 14:24 дақиқа. Дар ана ҳамин вақту соату моҳу рӯз  (воқеан ҳам матлаби болоии мо, аккурат, 24 соат пеш навишта шудаасту бо ин сана ҳич рабте надорад), Вл. Зеленский укази нав имзо кард. Тибқи ин Указ, ки дар рӯзи таҷлил аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Украина роҳандозӣ шуд, минбаъд, ҳар рӯзи 28 июл дар Киев чун Рӯзи Давлатдорӣ таҷлил хоҳад шуд!!!

Ба гуфтаи Владимир Зеленский Украина то ҳамроҳ шудан бо СССР ва зери зулми Маскав мондан, мамлакат буд ва сохторҳои давлатдорӣ низ дошт. Ва ин ки тӯли 70-сол дар ҳайъати СССР буд, моҳияту сифати ин давлатдориро кам накард. Зимнан Украина ҳар 28 июл аз…1000 солагии давлатдории худ ҷашн хоҳад гирифт.

Дар Рӯзи Истиқлолияти Украина дар баробари президенти фаол, 3 раисиҷумҳури собиқи ин кишвар-Леонид Кучма, Виктор Ющенко ва Пётр Порошенко низ ширкат доштанд. 4 президент ҳатто набуди №5, бечора Януковичи фирориро, ки мисли Аскар Акаев дар Россия пинҳон аст, эҳсос накарда, барои Рӯзи «отдых» эълон шудани 28.07. кафкӯбӣ карданд.

Дар ин рӯзи Истиқлолият ба фарқ аз 70-соли шӯравӣ, на Армияи Советӣ, ки Армияи НАТО аз майдони марказии Киев қадам зада, ба ҳозирин гӯшзад мекард, ки Украина аз СССР озод шуда ҳам бошад, ҳоло хеле солҳо зери нақораи НАТО хоҳад рақсид.

Зеленский бошад ба ваҷд омада, аз трибуна гуфт, аннексияи Қрим чӣ ғасб аст, ки русҳои москолит ҳатто «адибони моро аннексия кардаанд» ва мисол овард, Гогол Николай ва Шевченко Тарас. Ба пиндори президент русҳо ҳаққу ҳуқ надоранд, ин 2 абармарди хохолро рус хонанд, асарҳояшонро нашр созанд ва ҳатто мутолиа кунанд!

Зеленскийро ҳатто напурсиданд, ки чаро Гоголу Шевченкоро ғайриурус мехонад, ҳол он ки онҳо ба хохолӣ чизе наофаридаанд? Зеро ҳама медонист, ки Владимир ҳамчун Илҳом Алиев-президенти Озарбойҷон дар ин маврид посухҳои романтикӣ дорад.

Хонанда посухи Илҳомро шуниданист? Марҳамат!  Ӯ дар мавзуъи «агар Насимӣ ва Ганҷавӣ озарии турканд, пас чаро тоҷикӣ-форсӣ менавиштанд?» посухи лирикӣ дода буд:

- О, забони давлатӣ, забони ғосибон (форсӣ) бошад, боз ба кадом забон менавиштанд?

Ҳайрон шудӣ, хонанда? Ҳиҷ ҷои таҳаййур нест. Дар соате, ки мо, намедонам, амри киву чиро мунтазирему технократҳоямон ақаллан 100 солагии давлатдориамонро ҷашн гирифтанӣ нестанд, технократҳои дигар давлату ҳукуматҳо фарзандони фарзонаи миллати моро кашида бурда истодаанд. Оқибаташ ба хайр шавад.

…Тантанаҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Украина, аккурат, то 28 август давом мекунад, то рӯзе, ки раҳматии Акбари Саттори нозанин, раиси билоивази ИЖТ, дар соли 2015, 6 сол қабл, аз сифлагони ҳамқаламу ҳамаламаш бибридаву ба олами улвӣ пайваста буд. Худо ӯро биомурзад ва бо дуо ту ҳам ёдаш кун, хонандаи ин сутур…

PS: Газетаи мардумии СССР ҳар рӯзи 28 август, дар рӯзи фавти Акбаралӣ Сатторов дар Шарқи Озод-ГЖК оши худоӣ медод. Мутаассуф, чанде аз сокинони ин бино (ошёнаи…худаш ҳам медонад, ки дар кадом этаж аст!), ошро хӯрдаву ба ниҳодҳо менавиштанд, ки мо гӯиё «Қонуни Танзим»-ро вайрон мекунем. Зимнан мо дигар оши худоӣ нахоҳем дод. Дар ин бино!!! Рӯҳи Акбар моро бубахшаду нотавонбину бадхоҳонашро, ки ҳатто пас аз марг низ бо ӯ душманӣ доранд, 1 боракак…таконад!!! 

 

Чоршанбе, 01 Сентябр 2021 09:17

Нозири «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» Сиёвуш Шарипов ба хонаам омада, ҳисобкунаки барқиро  санҷида, маро 300 сомонӣ қарздор кард. Ин маблағ аз куҷо пайдо шуд, намедонам, ҳоло он, ки қувваи барқи ман ин қадар ҳеҷ гоҳ кор намекард. Ман фарзанди даврони СССРам, агар нафақаам мерасид-мепардохтам. Нозир 2 поро ба 1 мӯза андохта, не ҳозир бипардоз гуфта, исрор мекард. Ҳарчанд ба нозири ҷавон гуфтам, ки баъди 1 ҳафта нафақа мешавад, худам пардохт мекунам, аммо гапро нафаҳмид ва бо писханду истеҳзо қувваи барқамро хомӯш карду рафт…

   Муҳтарам Ҷумъа Далер Шофақир, вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ! Шумо дар хона ҳатман барқ доред, вале ман то ҳол-1 моҳ шуд бебарқам. Шояд ин нозири барқ дар бораи ҷанговарони башардӯст ва хизмати онҳо дар ҷанги Шӯравӣ бо Афғонистон таассурот надорад, вале шумо доред ку?! Шумо хотири иштирокчии ҷанги афғонро намекунед, ки зердастонатон нисбати мо шахсони хизматнишондода чунин густохиро раво мебинанд?  О, канӣ, қадршиносӣ, иззату эҳтироми имтиёзот, лготҳои мо, ки синаро дар синну соли ҳамин нозири барқ барои ҳифзи Ватан сипар карда, садҳо захми тиру тӯпу табару корду камон хӯрдаем?

   Дигар ин, ки ягон нафар нозири «Шабакҳои барқи шаҳри Кӯлоб» бо мардум муносибати хуб надоранд. Онҳо агар аз хизмат нагурехта, дар артиш адои хизмат мекарданд, асло ба чунин муносибати дағал бо мардум роҳ намедоданд. Агар худое накарда барқ кам кор кунад, боз мо мардуми одӣ зери борони таҳқиру маломат мемонем, ки чаро ҳисобкунак кам кор кард?! Ин нозирони барқ ҳамон Арбоб-Камолҳои устод Айнӣ шудаанд, ки бо ҳар роҳу восита ба мардум ситам мекунанд…

    Магар аз байни  68 шаҳру ноҳия танҳо сокинони шаҳри Кӯлоб аз пардохти пули истифодаи барқ қарздоранд? Ва кай кормандони сохтори зертобеи шумо аз рӯи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ одоби муоширатро бо муштариён ёд мегиранд!? Ман Интизори ҷавоби шумоям муҳтарам Ҷумъа Далер Шофақир! 

Алихон Шарипов, ҷанговари башардӯст, 

ш. Кӯлоб

 

Аз СССР: Воқеан ҳам, Алихон Шарипов писари Бобои Ғулом Шарипови таърихӣ, охирон иштирокчии ҶБВ аст, ки бояд 29 августи 2021, охири ҳафта,  худойии Сари Солашро гиранд. Сипос ба ҳукумати ш. Кӯлоб, Шабакаҳои барқии ш. Кӯлоб ва ҳама масъулини баландпояи ин шаҳри бостонӣ, ки дар арафаи солгарди фавти қаҳрамон барқи хонаашро буридаанд… 

Эҳ… агар Бобои Ғулом зинда мебуд, ба шумо соли 1945-ро 1 бори дигар нишон медод. 100 афсӯс…

 

Чоршанбе, 01 Сентябр 2021 09:06

 

Ҳусноро Кабирова, сокини шаҳраки Ёвони н.Ёвон меҳмони идора шуда (тел: 93 146 36 22) дар бораи ба рӯйхати камбизоатони ноҳия шомил нашудани худ ва писари маъюбаш шикоят намуд.

   - Аввал мехоҳам арзи сипоси хешро ба тамоми кормандони газетаи мардумии СССР бирасонам. Танҳо пас аз нашри матлаб вазъи писари калонии ман дар хизмат беҳтар шуда, ӯро аз қисми низомии Роғун ба қисми низомии дигар дар н.Шаҳринав гузарониданду онҳое, ки писари сарбози маро латукӯб карда буданд, дар назди қонун ҷавоб доданд. Шумо воқеан ҳам метавонед! 

   Ҳоло бо 1 масъалаи дигар ба наздатон омадам: ҳамагӣ 2 писар дорам, яке дар хизмати Модар-Ватан асту дигаре аз хурдсолӣ маъюб. Оилаи мо камбизоат ба шумор меравад, вале чаро мо дар рӯйхати камбизоатони МИҲД н.Ёвон нестем, намефаҳмам. Дар 1 соли ахир аз номи Сарвари давлат ва раиси ш.Душанбе борҳо кӯмакпулӣ барои маъюбон ҷудо шуд, аммо ба мо нарасид…

 

Чоршанбе, 01 Сентябр 2021 09:02

22.08.1943. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ омӯзишгоҳҳои суворовӣ таъсис дода шуданд. Ин омӯзишгоҳҳо афсарони ояндаи Артиши Шӯравиро омода мекарданд.

22.08.1944. Дар тамоми муассисаҳои таълимии Япония бо сабаби вазъи шадиди ҷангӣ, таълиму тадрис қатъ ва хонандагон барои кор ба заводу фабрикаҳо сафарбар карда шуданд.

22.08.1990. Дар РСС Қазоқистон қазоқӣ забони давлатии кишвар эълон гардид.

22.08.1991. Дар Русия парчами сафеду кабуду сурх ба ҷои парчами сурх, парчами давлатӣ эълон карда шуд.

23.08.1942. Оғози мудофиаи Сталинград. Дар ин рӯз артиши олмонӣ дар рафти амалиёти Қафқоз ба остонаҳои Сталинград расида, муҳориба барои шаҳр шурӯъ шуд.

23.08.1943. Ғалабаи Артиши Сурх дар муҳорибаи Курск. Баъди шикаст дар муҳорибаи Курск артиши олмонӣ дигар натавонист ҳеҷ амалиёти густардаи таҳоҷумӣ анҷом диҳад ва фақат дар мудофиа қарор дошт.

23.08.1959. Ҳукумати ИМА дар 400 мактаби кишвараш таълими забони русиро ҷорӣ намуд.

23.08.1989. Дар арафаи 50-солагии имзои созишномаи шӯравию олмонӣ мардуми Литва, Латвия ва Эстония ба нишони эътироз занҷираи зиндае барпо карданд. Ин намоиши эътирозӣ “Роҳи Балтика” ном гирифт ва дар он наздики 2 миллион одам ширкат варзид. Занҷираи зинда ба масофаи 600 км тӯл кашида, дарозтарин занҷираи зинда дар ҷаҳон маҳсуб меёбад.

23.08.1991. Президенти Русия Борис Елтсин баъди шикасти ГКЧП фаъолияти Ҳизби коммунист ва нашри рӯзномаи «Правда»-ро дар қаламрави Русия манъ кард.

24.08.1991. Украина соҳибистиқлолии худро эълон намуд ва аз ҳайъати СССР берун рафт.

24.08.1991. Дар Маскав охирин узви ГКЧП ба ҳабс гирифта шуданд. Михаил Горбачев ба сессияи фавқулоддаи Шӯрои Олии Русия даъват шуд. Дар сессия президенти СССР кӯшид, вакилонро дар ҳаққонияти роҳи сотсиалистӣ ва пирӯзии коммунизм бовар кунонад, аммо вакилон ба ҳарфи ӯ дигар гӯш надоданд. Ахир, президенти СССР ваколатҳои котиби генералии ҲКро аз сараш соқит ва КМро даъват намуд, худ пароканда шавад.

25.08.1941. Артиши шӯравӣ-англисӣ Эронро аз шимолу ҷануб ишғол ва Ризохони Паҳлавиро аз тахт сарнагун карданд.

Чоршанбе, 01 Сентябр 2021 08:32

Фаъолияти Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи принсипҳои қонуният, инсондӯстӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва ошкорбаёнӣ бунёд меёбад. Ҷобаҷогузории қувва ва воситаҳои Хадамоти роҳбонии бозрасии давлатии автомобилӣ дар асоси нақшаи ҷойгиршавии посгоҳҳо ва хатҳои сайри гаштзанӣ, мувофиқи меъёрҳои ҳатмии гузоштани ҳайати шахсии навбатдор, амалӣ карда мешавад. Посгоҳ ва хатҳои сайри гаштзании иловагӣ танҳо ҳангоми ба миён омадани зарурияти хизматӣ ва ба хизмати пурзӯр гузаронидани ҳайати шахсӣ (рӯзҳои ид, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ) гузошта мешаванд.

Оид ба мақолаи «БДА ва мо…» ҳаминро бояд қайд кард, ки ҳамарӯза ҳайати шахсии Ротаи хадамоти роҳбонии Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи ҷобаҷогузорӣ бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, таъмини бехатарии ҳаракат ва пешгири намудани содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиёти ба хизмат сафарбар карда шуда, санаи 09.07.2021 бошад, дар асоси нақшаи мазкур танҳо 2 нафар корманди БДА дар роҳи автомобилгарди «Душанбе-Айнӣ-Ҳисор» вобастаи хизматбарӣ буданд. 

Новобаста аз ин, мақолаи болозикр дар назди роҳбарияти Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди барраси қарор дода, шахсони масъул вазифадор карда шуданд, ки оид ба ошкор ва пешгирии қонуншиканиҳои ҳайати шахсии БДА, мунтазам чорабиниҳо гузаронида, бо мақсади баланд бардоштани интизоми хизматӣ, маданияту рафтори намунаи кормандон ва муносибати хуби онҳо нисбат ба иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, омӯзиши иловагии «Оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилӣ» ва Фармонҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон» ба роҳ монда шавад. 

Дар охир, ба муаллифи мақолаи ҳафтаномаи «СССР» гуфтанием, ки роҳбарияти Раёсати Бозрасии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ баҳри саривақт ошкор ва ислоҳ намудани камбудиҳо кӯшиш ба харҷ дода, корро дар ин самт пурзӯр менамояд. 

Генерал-майор А.Насимзода, 

сардори РБДА ВКД ҶТ

 

Чоршанбе, 01 Сентябр 2021 08:27

 

Идрис Раҷабов, маъюби гурӯҳи 1-ум, хонандаи ҳамешагии СССР, сокини деҳаи Қалъаи Баланди ш. Истаравшан ба идора занг зада (тел: 92 985 92 03) аз кам ҳисоб шудани нафақааш, изҳори нигаронӣ кард.

   - Ман маъюби гурӯҳи 1-умам. Нафақаам ҳамагӣ 270 сомонӣ аст. Ин маблағро ман ба доруворӣ сарф кунам ё барои хӯрока? Магар дар ҳамин замон бо ин нарху наво ва бо ин маблағ зистан мумкин аст? Барои чӣ аз ҳоли ман на раиси ҷамоат ва на нафаре аз МИҲД ш.Истаравшан хабар мегираду раиси бахши кӯмакҳои иҷтимоӣ Хуршед Ҳомидов бошад ягон бор кӯмак нарасонидааст?  Санаи 8.07.2021 Рӯзи маъюбон, ягон масъул ба аёдат наомад, ҳоло он, ки мисли ман маъюб дар деҳоти Қалъаи Баланд хеле зиёданд. 

    Ҷойи афсӯс ин аст, ки  Хуршед Ҳомидов дар газетаи «Паёми Истаравшан» дар рӯзи маъюбон чунон ҳисоботи бардурӯғ додааст, ки гӯиё ба тамоми маъюбони шаҳр кӯмак карда бошад. 

 

Чоршанбе, 01 Сентябр 2021 08:20

Искандар Холов, маъюби гурӯҳи 2, дӯст ва муаллифи ҳамешагии газетаи СССР аз н.Данғара бо редаксия дар тамос шуда (тел: 98 734 44 04 ) вобаста ба истифодаи калимаҳои номувофиқ нисбати маъюбон чунин гуфт:

   - Ман маъюби гурӯҳи 2-юм ҳастам. Чаро дар ТВ нисбати мо суханҳои номувофиқ мегӯянд? Масалан имконияташон маҳдуд. Имконияти мо маҳдуд нест ва ин сухан таҳқир нисбати мо мебошад. Ё ин ки боз 1 сухани таҳқиромези дигар нисбати мо пайваста дар ТВ, Радио, газетаҳо мушоҳида мегардад, ин аст, ки қишри осебпазири ҷомеа. Ман аслан бо ин калимаҳо, ки рӯзноманигорон истифода мебаранд, розӣ нестам. Журналистони мӯҳтарам нисбат ба мо ягон калимаи дидхушкунанда ёбед. Масалан шахсони нобиноро дар Эрон равшандилон мегӯянд, пас чаро мо кӯр мегӯем? 

 

Чоршанбе, 01 Сентябр 2021 08:18

 

Салом СССР! Мо истиқоматкунандагони ноҳияи Айнӣ, ҷамоати Рарз, деҳаи Гузарибод муддати 9 моҳ аст, ки барои гузаштани молу гов роҳ надорем. Одамон намедонанд подаро ба куҷо ва ба кадом роҳ ҳай кунанд…  

В. С.

н. Айнӣ 

Тел: 927 66 90 07 

 

саҳ 10 аз 11

Китобҳо

Flag Counter