ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 29 Сентябр 2021 14:36


Дуруд! Ман мехостам дар мавриди 1 матлабе, ки вобаста ба соати кории бонкҳои мамлакат дар газетаи мардумии СССР чанде пеш нашр шуда буд, фикрамро баён намоям. Шояд дуруст бошад, ки ба хотири ҳисобу китоби дохилӣ бонкҳо то соати 16:00 ба мардум хизмат мерасонанд, вале набояд фаромӯш кард, ки аксарият, ҳатто кормандони худи бонкҳо низ то соати 17:00 кор мекунанд. Масалан ман ҳам хизматчии давлатиам ва аксар то соати 17:30 дар ҷойи корам, вақте мебароям соат ба 18 наздик мешаваду аллакай аксарияти бонкҳо кори худро тамом кардаанд. Банкоматҳо пур аз одаманд ё пул надоранд, филиалҳое, ки шабона кор мекунанд аз хонаи ман ва маҳали корам дуранд. Худое накарда агар нисфи шаб ба ман ягон хабари бад биёяду ман ба пул ниёз дошта бошаму муҳлати кортам гузашта, бояд чӣ кор кунам? Таксӣ киро карда, ба филиали наздиктарини бонк, ки шабона кор мекунад, равам? Ё масалан мо бо тиҷорат сарукор дорему соати кориамон бо дигар давлатҳо фарқ мекунад. Зарурате пайдо шаваду ман бояд тибқи соати кории кишваре дар Аврупо ё Амрико ба суратҳисоби он тараф пул гузаронам, он гоҳ ба куҷо равам?

Мо дар кишвари тинҷу осуда зиндагӣ дорему тавре ба назар мерасад, бонкҳои мо аз кори шабона ҳанӯз ҳам метарсанд. Филиалҳои шабонаро бояд афзун кард ва ё соати кории филиалҳои рӯзонаро то соати 21 тамдид.

Макнуна Пирова,

ш.Душанбе

Чоршанбе, 29 Сентябр 2021 14:30

 

24.08.2021. Соат ба вақти СССР 09:37 дақиқа. Ҳамкорамон Идибек Маҳмудҷонов, ки ба тозагӣ аз ҷанозаи аммааш аз н. Панҷ баргашта буд, пешкаш намуд, ки чаро роҷеъ ба оинҳои таоруфии миллӣ наменависед? Ва афзуд:

-Бовар кунед мурда, мурдадорӣ, хайру садақа, кӯмаки ҳамдигарӣ ва дар ҷамъ Инсонгароӣ дар қишлоқ боқӣ мондаасту бас...

Чанде пеш дар ҷанозаи 1 шахсияти варзидаи фарҳангӣ будем, мӯсафедеро дидам, ки бо таассуф мегуфт:

-Агар ҳамин Фулонӣ дар деҳа мемурд, қишлоқро ҷанозахон пахш мекард. Бинед, ки ин ҷо ҳатто 1 мошини дуруст намеёбанд, то мурдаро то қабристон баранд…

Воқеан ҳам, танҳо баъди расида омадани ҷанозакиҳо аз зодқишлоқи ун нафар, мурда соҳибашро ёфт!!!

21.09.2021. Соат ба вақти СССР 12:32 дақиқа. Пурсида мешавад, чаро тамомии расму оини миллӣ, ориёӣ, исломӣ ва таоруфӣ, ба забони дигар одаму одамгарӣ, дар қишлоқ побарҷоянду шаҳр ин ҳамаро буғӣ кард? Мо-шаҳриҳо, кабинетнишинҳо, танзимгарон, муллоҳои шаҳрӣ, на танҳо оини одамгариро дар миёни хеш маҳв мекунем, ки талош дорем, ин таоруф дар деҳот, миёни миллат   низ аз байн равад.

Имрӯз, ба пиндори сирф шахсии ман, ки метавонад, ғалат ҳам бошад, дар баробари зинда гардонидани ҳунарҳои мардумӣ бояд талош кард, ин оинҳо, ки маҳди маданияти 7 ҳазорсолаи Тоҷиканд, эҳё шаванд. Ман бовар дорам, соати саъде мерасад, ки аз Танзим пушаймон мешавем, вале он гаҳ хеле дер хоҳад шуд…

Бинед, ҳунарҳои мардумиро ба зӯр, дар аксари маврид сунъӣ, «зинда» мекунем. Чӯбу табақтарошӣ, суманакпазиву рақсу суруди наврӯзӣ ва ҳатто чиликдангалу буҷилбозиву ғ. ва ҳ. Намегӯям, ин бад аст. Хуб аст. Олист!!!

Вале чаро дар баробари ба таври сунъӣ зиндагардонии ҳунарҳои таоруфӣ, ҳадафмандона расму оинеро, ки маҳди фарҳанги ориёӣ-тоҷикиянд, маҳв созем?

Танзим гуфта, дар бисёри маврид корҳое мекунем, ки ҳатто арабҳои Қутайба ибни Муслим дар тӯли 1400 сол, Чингизу Лангу Манғит дар садсолаҳо ва урус дар тӯли 70-соли асри ХХ кардан натавонистанд.

Гунаи асили оини ориёӣ, ки мавриди штраф қарор гирифтааст, ба масале «1 пиёла чой», ё оши сартахта аст. Вақте ба ҷаноза аз қишлоқҳои дур меомаданд, мардумро дар хонаву дари ҳамсояҳо ҷо мекарданд. Саритахтагӣ мекарданд. Чорвоеро забҳ ва мардумро серу пур. Дуруст аст, ки ин маросим дар ислом нест. Аҷибаш ҳам ин аст, ки ин оин бо ислом ҳич рабте надорад, зеро сирф тоҷикист. Муллоҳои даврони советӣ низ зиддаш буданду муллоҳои наҳзатӣ ҳам, аз салафиву ваҳҳобӣ ҳоло чизе намегӯем, ки ба онҳо монӣ, ба гуфтаи Бобои Ғулом «мурдаатро саг намехӯрад!». Ва бинед, имрӯз ин оинро маҳз бо ҳамин иттиҳом, ки «бо ислом рабте надорад» табу эълон кардаанд. Мо, чӣ, дар давлати исломӣ ба сар мебарем, ки оинҳоямон бояд маҳз исломӣ бошанд?!

Яъне оини бобоиеро, ки идеологияи арабӣ натавонист садд гузоштан дар тӯли садсолаҳо, Танзим бо штраф манъ карданист…

 Воқеан ҳам вақте гузоришоте мешнавем, ки бар тибқи оини танзим фалону бисмадон адад чорво эконом шуд, чаро касе намепурсад, ки пас чаро нархи гӯшт ба карат боло рафтааст??? Яъне танҳо саршумори ҳайвон наметавонад натоиҷи ин ё он амал буда бошад. Зеро мантиқан агар ин назорат ба камхарҷии оин меовард, пас таври автоматӣ нархи гӯшту пӯст, равғану шакару биринҷу сабзӣ… дар бозорҳо бояд ба карат арзонтар мешуд. Ё не-мӣ, мӯҳтарам идеологҳо?

Пас ин ҷо сирре дигарест, ки бояд кашф кард!

Медонам, ҳоло манро душмани миллат ҳукм мекунанд, вале кадом мулло, масъул, чиновник, маъракаи 7, 40, соли волидайнашро надодааст? Худатон-ку мекунед, ниҳониву ошкоро, пас мардумро низ гузоред, ки ақаллан ҷанозакиҳои дурдастро 1 пиёла чой диҳанд, саритахтагӣ кунанд, то фардо мурдаа(т)мон бе одам намонад!

1 мулло, чанде пеш, бо бисмиллоҳ ба табақи оши худоӣ ҳуҷуми фарҳангӣ кардаву ба ҳуҷуми иттилоотӣ низ гузашт:

-ъОши ъхудоӣ макърӯӯӯҳъ ъаст!-мегуфт ин мулло, дар ҳолате, ки 2 лунҷаш аз оши худоӣ пур буд. Даст ба бурридан медиҳам, ин мулло салафӣ аст, ҳарчанд ҳоло андак-андак интуитсия ӯро аз оини ориёнои Тоҷик дур шудан намемонад.

Ҷанги граждании мо, агар касе фаромӯш карда бошад, аз ҳамин табу, садд, манъ, карантин гузоштанҳои ҳизби наҳзат шурӯъ шуд. Онҳо, наҳзатиҳо, аввал худоӣ, сипас саритахтаву 3,7,40-ро манъ карданд ва сипас сари гӯр рафтанро. Дар соли 1990 бошад бо юриши барқосои хеш аз Қурғонтеппа, хостанд Мақбараи Ҳазрати Амирҷонро дар Кӯлоб ва оромгоҳи ифтихории ҳазрати Султонро дар Ховалинг вайрон кунанд. Ёдатон омад? Ва акнун ёд оред, ки чанд сол пеш ДИИШ оромгоҳи реолии Султон Увайси Қараниро дар Димишқ ба замин яксон сохт. Толибон низ ҳамагӣ 2 ҳафта пеш мақбараи Аҳмадшоҳи Масъудро вайрон карданд.

Ҳиҷ умумияте дармеёбед? То-та!

Оину таоруфи ориёноро чаққа нашаве(м)д, то пагоҳ гуфта битвонем, ки;

-Ман Тоҷики мусалмонам, на мусалмони тоҷик…

Мо Метавонем!

 

 

Чоршанбе, 22 Сентябр 2021 12:29

3 сентябри соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо иштироки Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода ва ҳузури Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, муовинони Раис Мирҳаёт Ёқубзода, Моҳбону Накҳатзода ва ҳайати кормандони БМТ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ҷашнӣ доир гардид.

Дар ибтидо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аҳли нишастро бо ин ҷашнвораи бузурги миллат - 30-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, онро волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик унвон кард, ки бо талошу ҷонбозиҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

“Истиқлол нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Ифтихор аз он дорем, ки сӣ сол қабл бо роҳнамоии фарзанди фарзонаи миллат ва сарвари тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷикро ба воқеият табдил додем. Имрӯз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам гардид, ки роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракуниро пеш гирифта, низоми иқтисоди Тоҷикистонро ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ пайваст намоем ва ба ин васила рушди босуботи кишварро таъмин созем»,-тазаккур дод Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода.

Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода зимни суханронии хеш қайд кард, ки Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, то Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.

«Мо ифтихор аз он дорем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан фарҳангпарвар, офарандаи ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, созанда, бунёдкор мебошад ва ин сифатҳои олиро аз насл ба насл мерос гузошта, дар тарихи навини халқамон саҳифаҳои заррину дурахшонро эҷод мекунад, ки ҳамаи ин комёбиҳо аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад”,-иброз дошт Абдураҳим Холиқзода.

Дар рафти маҷлиси тантанавӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович барои фаъолияти пурсамар, меҳнати софдилона, саҳми арзанда гузоштан дар инкишофи низоми бонкӣ ва роҳандозии ислоҳоти муассир ҷиҳати рушди соҳа ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони сарисинагии “Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз як қатор кормандони фаъоли Бонки миллии Тоҷикистон ва Шуъбаҳои минтақавии он бо нишони сарисинагии “Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон”, Ифтихорнома ва Сипосномаи Бонки миллии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Дар поёни ҷамъомад Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бори дигар аҳли нишастро ба ин санаи фархунда муборакбод гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки аҳли кормандони БМТ ва дар маҷмӯъ, мардуми шарафманди тоҷик дар фазои сулҳу субот бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари азизамон, таъмини зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯзу фардо ва таҳкими ҷойгоҳи сазовори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои устувор мегузорад ва саъю кӯшиши миллати ободгару созандаи тоҷик моро марҳила ба марҳила ба қуллаи мурод наздик мекунад.

 

Шуъбаи матбуоти БМТ

Чоршанбе, 22 Сентябр 2021 12:22

Салом ва паёми самимӣ ба СССР! Гуфтем, гуфтем нархи сӯзишворӣ ҳеҷ аз ҷояш намеҷунбад. Мардум ба ин гаронӣ низ одат карданд-чӣ? Фикр мекунам чизе, ки гарон шуд роҳи арзонӣ надорад.

Ҷамолиддин Ҳамроев

Тел: 915 65 94 92

 

Чоршанбе, 22 Сентябр 2021 12:18

- Беҳуда нагуфтаанд, ки пояи давлат набошад бе маориф устувор. Таваҷҷӯҳи Пешвои муаззамамон низ ба ин соҳа хос мебошад. Пас вазифаи ҳар 1 муаллим ва дигар корманди соҳаи маориф содиқона ба Ватан хизмат кардан асту шогирдони бо нангу номус, патриот ва доно тарбия намудан. Мо Метавонем!

 

Тахмина Муродова, мутахассиси кадрҳои шуъбаи маорифи н.Темурмалик

 

Чоршанбе, 22 Сентябр 2021 12:12

Баъди 19 сол М. Ҳусейнхоҷаев аз Тоҷикистон дувумин нафарест, ки бо ин унвон сазовор гашт. Шоҳматбози тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии «Тошкент Орел 2021» меъёри байналмилалии гросмейтери байналмилалиро иҷро кард. Дар ин сабқат мавсуф аз 9 холи имконпазир бо 6,5 хол зинаи 3-юмро ба даст овард. Шурӯъ аз соли 2002 Фаррух Аминов ягона гросмейстери байналмилалӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёфт.

Муҳаммад Ҳусейнҷонов 2.06.1987 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст.  Ӯ Тоҷикистонро дар чандин олимпиадаҳои шоҳмот дар солҳои 2006, 2012, 2014, 2016 ва 2018 намояндагӣ кардааст. Вай ҳамчунон ғолиби чандин мусобиқоти байналмилалӣ дар Осиёи Марказист.

Б.Мустафо, ш.Душанбе

Чоршанбе, 22 Сентябр 2021 11:55

 

Боби 1. Ихлосу халос

    Дар сари гӯри бобоёни мо анбӯҳи занону мардони бегона низ омада буданд, ки баъзеи онҳо сарҳои худро ба сангҳои мақбараи ҳазрати Шоҳнеъматуллоҳи Заробии Марди Валии Ҳомонии Кирмонии Балҷувонӣ гузошта, бо садои гирён мегуфтанд, ки эй шайхи бузургвор дарде, ки дар бадани ман пайдо шудааст аз Худо ва аз ту барои дармонаш шифо мехоҳем:

Мардони Худо Худо набошанд,

Аммо зи Худо ҷудо набошанд.

Ин тоифа теғи обдоранд,

Ҷон аз тани беадаб бароранд…

Оре, мардуме ба зиёрати қубури бузургони гузашта худ меравад, ба умеде меравад, ки ин ҷо назар Худо бештар аст…

05.09.2021. Соат ба вақти Душанбе 05:30 дақиқа. Бо аҳли оила ба сари манзили бобоёни хеш ҳазрати Шоҳнеъматуллоҳи Заробӣ ва ҳазрати Шоҳбақои Туморӣ, воқеъ дар Балҷувони Тоҷикон рафта, дар сари гӯрашон дуо кардем. Дар он ҷо одамони бегона низ барои халосӣ аз беморӣ ва бо нияти дуо кардан. ки ба бефарзандон  тифл ато кунад, зиёд буданд.  Ростӣ эътиқоди мардумро нисбати бобоям дида, ангушти ҳайрат газидам.

Бо чашми сар дидам. ки чӣ гуна мардум гирди мақбараи бобоям давр зада мегуфтанд, ки эй шайхи бузургвор тӯли чанд сол аст, ки мо фарзанд надорем. Эй ҳайзрати Шоҳбақои Туморӣ ту, ки ҳабиби Яздони покӣ, мо ба нохуни фарзанд зорем, аз Ту фарзанд талаб дорему  аз Худованд шифо. Ба додамон бирас.

Аз мардум пурсидам, ки оё ин мазорот воқеан кӯмак мекунанд? Ҷавонзане ба атрофиён дида дӯхта, гуфт, «хоҳарам, агар кӯмак намекард, одамон тӯли садсолаҳо ин ҷо намеомаданд. Ихлосу халос гуфтаанд!».

                             Боби 2. Бобоҷонҳо ба аёдататон омадам

05.09.2021. Соат ба вақти Душанбе 09:13 дақиқа. Аслиддин Нисориддинов абераи ҳазрати Шоҳнеъматуллоҳи Заробӣ зимни сӯҳбат бо мо гуфт, ки авлоди мо авлоди Саидзода аст. Саидзода ба маънои саид, яъне пок будан, пок дидан, пок қадам ниҳодан, пок гаштану пок фикр кардан аст.

    Ҳабиба ном абераи Ҳазрати Шоҳбақои Туморӣ дар сӯҳбат ба мо гуфт:

 -Аслан авлоди мо авлоди паёмабар Муҳаммад (с.) аст. Ҳафтод пушти гузаштагони мо дар қишлоқи Хуҷа Чилони Балҷувон дар қабристони бо номи «Дашти Майдон», бо мақбараҳои ҳазрати Шоҳбақои Туморӣ ва ҳазрати Шоҳнеъматуллоҳи Заробӣ ва зиёратгоҳи Саидмеҳроҷи Мардивалӣ гуронда шудаанд. Авлоди мо пешвоёни мазҳаб буданд ва умре мазҳаби Имом Абӯ Ҳанифаро ҳифз мекарданд. Дар ун даврон ягон ҷараёни дигари мисли имрӯз экстремистӣ ба Тоҷикистони азиз роҳ намеёфт. Бобоҳои мо сутуни мазҳаб ва тарафгири сарсахти давлати Тоҷикон буданд. Ин аст, ки то ҳол ба зиёраташон меоянду мераванд!»

Боби 3. Зиёрати қубур манъ аст?

14.09.2021. Соат ба вақти Душанбе 14:29 дақиқа. Эшони Саидмуттаҳар дар сӯҳбати телефонӣ бо хабаранигори СССР гуфт, ки дар Қуръони карим омдааст:  «Шуморо ман марду зан офаридаам аз ин лиҳоз шумо бояд қабилаатонро бишиносед».

Лиҳозо ҳар нафар бояд қабилаи худро шиносаду эҳтиром кунад.  Мо авлоди саидзодаем, пушти мо пушти паёмбар Муҳаммад (с) ва мо аз авлоди Шоҳбақои Туморием. Ҳазрати Шоҳбақои Туморӣ дар қишлоқи Хуҷа Чилон дар қабристони «Дашти майдон» аст ва мардум зиёд рӯзҳои чоршанбе барои туморгирӣ ба он макони зиёратгоҳ мераванд. Бузургонро ба хотири дӯсти Худо буданашон зиёрат мекунанд ва ин шахспарастиву санампарастӣ нест…

Омиронаи Сайёф,

Душанбе-Балҷувон-Душанбе,

СССР

Чоршанбе, 22 Сентябр 2021 11:52

4000 масҷиду 488 киоск: кӣ зӯр?

Дар ҳар  шаҳру навоҳӣ теъдоди масоҷид кам нест. Намозгузорон саф-саф, аз ҷумла анбӯҳи ҷавононро мебинӣ, ки 4 дона ришро таки фук монда, ба вежа баъди воқеоти Афғонистон, ришҳоро намоишкорона ситеза карда,  қатори мӯйсафедон ба ибодатхона рафта, намоз мегузоранд, ки ҷавонро аз мӯйсафед фарқ намекунӣ. Ман зидди ибодати ягон мусалмон нестам, аммо аксарияти гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ аз ба масҷид рафтану эътиқод ба суханҳои подарҳавои эмомхатибони бесаводе бастан аст.

Ҷавонон зудбовар буда, аксарашон аз аркоми динӣ фарсахҳо дуранду ҷиҳоду «Аллоҳу Акбар»-ро бо дигар мафҳум мефаҳманд. Мисол, муллоэмом дар бораи ҷиҳоди даврони шӯриши миёни арабҳо (куффору мусалмон) нақл кунад, ҷавонон замони ҳозираро ба назар мегиранд. Ё эмом-хатиб гӯяд, ки ҷиҳод дар роҳи дин инсонро ба ҷаннат мебарад, шахсони камхирад ба хотири «ҷаннат» ҳатто бо падару модар даст ба гиребон мешаванд. Ҳол он ки беҳтарин ҷиҳод дар роҳи Худо ин эҳтироми волидон аст, ки моро ҳаёт бахшидаанд.

Аз ҳама аҷиб ин аст, ки ҳукумат пайваста ҷавононро ба хондан талқин мекунаду дар бархе шаҳру навоҳӣ ҳатто 1 киоски газитфурӯшӣ нест! Дар Данғара бошад, ягона дӯкони рӯзномафурӯширо бастаанд. Пас, агар ҷавоне китобу газета хондан хоҳад, куҷо равад?

 

12 масҷид дар замони шӯравӣ

Дар замони шӯравӣ дар 1 ҷумҳурие, ки қариб ҳама мусалмонанд, фақат 12 масҷид буд. Он замон на нигарон мешуданд, ки ҷавонон ба “ҷиҳод” мераванд ва на ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ шомил мешаванд. Ҳоло бошад дарвозаи қариб 4 ҳазор масҷид барои намозгузорон кушода асту боз меноланд, ки кам!

Имрӯзҳо дар шабакаи ҷаҳонии интернет шоҳиди он мешавем, ки баъзе нафарон бе факту далел Тоҷикистонро бо он айбдор месозанд, ки гӯиё барои фаъолияти иттиҳодияҳои диниву ҷамъиятӣ пайваста монеа эҷод месозад. Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумот аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди кишвар зиёда аз 4000 иттиҳодияҳои динӣ ба қайд гирифта шуда, фаъолияти хешро пеш мебаранд. Аз ин шумора ҳатто 67 иттиҳодия ғайриисломӣ мебошад. Яъне христиану яҳудӣ,  тарсову ҷуҳуд низ озод амал мекунанд, ин ҷо.

 

Хатлон: ҳамагӣ 5-6 киоск?

    Дар кишвар барои бой гардонидани мафкураи ҷавонон бояд сафи китобхонаву киоскҳоро зиёд намуд. Вақте ки мо дӯкони газетфурӯшӣ надорем, албатта, идеологияи динӣ мафкураи ҷавононро ба дасти худ мегирад. Дар ҳоле, ки дар ҷумҳурӣ 4000 масҷид амал мекунад, тибқи маълумоти ба дасти мо расида, дар вилояти Хатлон 5-6 киоск (диққат кун хонанда, дар 1 вилояти калон ҳамагӣ 5-6 киоск), 23 шуъбаи алоқа дар пойтахт, 128 шуъбаи алоқа дар ноҳияҳои тобеи марказ, 162 шуъбаи алоқа дар вилояти Суғд, 135 шуъбаи алоқа дар вилояти Хатлон ва 40 шуъбаи алоқа дар ВМБК, ҳамагӣ 488 адад дӯкону киоски рӯзномафурӯшӣ фаолият дорад. Дар қиболи 4 ҳазор иттиҳодияи диниву масоҷид 488 шуъбаи алоқа ва 5-6 киоск метавонад мафкураи ҷавононро дигар кунад? 

Ба пиндори мо, дар рӯзҳои баъдии 30-солагии Истиқлолият, дар пасманзари даъватҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд дар ҳар шаҳру ноҳия то 30-ададӣ дӯкони китобу киоски рӯзномафурӯшӣ созанд. Ҷо ҳаст! Агар майлу рағбат бошад. Мо метавонем!

Исматулло Собирӣ,

СССР

 

саҳ 3 аз 11

Китобҳо

Flag Counter