ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 08 Сентябр 2021 18:50

 

 Раҳбарияти Сарраёсати маорифи ш.Душанбе ба матлаби мухбири газетаи СССР Баҳори Нозанин, ки ҳафтаи гузашта бо номи «Қабул ба синфи 1-ум пулакӣ шуд?» нашр гардид, вокуниш намуд. Рӯзи нашри газета (офарин бар фаврият), Сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ-Бобозода Асомиддин ва мудири шуъбаи таъминоти кадрҳо-Самиев Ҷумъахон ба идораи СССР омада, вобаста ба проблемаи дар мақола бардошташуда ибрози назар карданд. 

Рейд ва баёнот

   Пас аз машварат бо сардабири газетаи мардумӣ, хабарнигори СССР дар якҷоягӣ бо намояндагони Сарраёсати маорифи ш.Душанбе ба рейди муштарак баромада, боз 1 бори дигар аз мактабҳои мушкилзо дидан намуд. Дар мактабҳои №91 ва 92-и пойтахт талаб кардани маблағро барои қабул ба синфи 1-ум рад карда, гуфтаҳои волидайнро инкор намуда, овозаҳоро беасос ва «тӯҳмат» арзёбӣ карданд. Новобаста аз ин Бобозода Асомиддин аз директорон ва муовинони мактабҳои мазкур баёнот гирифта, бори дигар дар мавриди таъкиду дастурҳои раиси ш.Душанбе, Рустами Эмомалӣ, роҷеъ ба маъни ҷамъоварии ҳаргуна маблағ дар мактабу боғчаҳои кӯдакона ёдрас кард. 

Нархи аттестат-7 сомонию 28 дирам…

    Сарраёсати маорифи ш.Душанбе, ба таваҷҷӯҳи волидайн мерсонад, ки тибқи дастури Раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 17.05. 2017, №04/45/1 бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, маблағҷамъкуниҳои ғайриқонунӣ, аз қабили маблағ барои таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ манъ гардидааст. Ҳамзамон, маблағи ҳуҷҷатҳои хатм (аттестат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва аттестат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ) дар соли 2021 ҳамагӣ 7 сомонию 28 дирамро бе хизматрасонии бонкӣ ташкил медиҳад.

Қабул бо мувофиқа

    Инчунин бояд гуфт, ки қабули кӯдакон ва хонандагони берун аз ҳудуди ш.Душанбе ба муассисаи таълимӣ қатъиян манъ аст. Директори муассисаи таълимӣ ҳуқуқ ва салоҳияти қабул намудани кӯдак ва хонандаро, ки берун аз ш.Душанбе истиқомат мекунад, надорад! Дар мавриди истисно тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ қабули муваққатии кӯдак ва хонандагони берун аз ш.Душанбе танҳо дар мувофиқаи сохторҳои ваколатдори соҳа ва бо розигии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷозат дода мешавад. 

Ба телефони «Боварӣ» занг занед!

   Дар фарҷом Асомиддин Бобозода иброз намуд, ки мо то ҷое вазифаи худро анҷом дода, тафтиш карда баёнотҳои директорони мактабро гирифтем, боқӣ ба худи волидон вобаста аст. 

   - Бигзор каме саводи ҳуҷҷатгузории худашонро хуб карда, бо дастуру, қарорҳо шинос шуда, тибқи он ҳуҷҷатҳои кӯдаконашонро тайёр карда, ба муассисаҳо супоранд ва муаллимонро ба пора одат накунонанд. Дар ҳолати аз ҷониби масъулини муассисаҳои таълимии ш.Душанбе талаб намудани маблағ барои қабули синфи 1-ум, таъмиру тармим ва зиёд талаб намудани маблағи ҳуҷҷатҳои хатм, сокинон метавонанд арзу шикояти худро тариқи телефони боварии Сарраёсати маорифи ш.Душанбе 221-30-92 ба мо расонанд, - таъкид дошт мавсуф. 

Баҳори Нозанин, СССР 

 

Чоршанбе, 08 Сентябр 2021 18:42

 

Сорбон Ҷамолиддинзода, сокини н.Данғара меҳмони редаксия шуда, доир ба баргузории озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст!» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  ибрози андеша намуд. 

    - Бо иштирок дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, дӯстони зиёд пайдо кардам. Агар пояи давлат сулҳ бошад, пас пояи сулҳу ваҳдат ҳамин озмуни ҷумҳуриявист. Аммо баъзе аз шахсон барои баргузории ин табадуллоти маданӣ ақидаи манфӣ доранд. Онҳо мегӯянд, ба ҷои маблағе, ки дар ин озмун сарф мешавад, ягон корхона бунёд кунанд, беҳтар аст. Ман ба ин гуна ашхос гуфтаниям, ки агар миллат донишманд набошад, давлат чигуна пеш меравад? Олиме гуфтааст: "Давлате, ки Донишгоҳ надорад, аммо Китобхона дорад, мардумаш донишманд аст".

Аз СССР: Думболаи фикри ашхосе, ки дар моҳ танҳо доғ ва дар шир қил мебинанд, нагардед. «Саг меҷакаду корвон меравад!», дӯстам. Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, 08 Сентябр 2021 18:34

6.09.1928. Иттиҳоди Шӯравӣ ба созишномаи Бриан-Келлога ҳамроҳ гардид. Тибқи ин созишнома тамоми кишварҳо мебоист зиддиятҳо ва мушкилоту нофаҳмиҳои худро бо роҳи осоишта ҳаллу фасл мекарданд.

6.09.1936. Дар СССР унвони фахрии «Артисти халқии СССР» таъсис дода шуд. Соҳибони аввалини ин унвон К.С.Станиславский, В.И.Немирович-Данченко, В.Качалова ва И.Москвин гардиданд. Бори охир бошад ин унвонро с.1991 Алла Пугачёва ва Олег Янковский соҳид гардиданд.

6.09.1940. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо қарори Раёсати ШО «Кумитаи халқии назорати давлатӣ» таъсис дода шуд.

6.09.1991. Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти давлатии ҷумҳуриҳои назди Балтик - Эстония, Латвия ва Литваро расман эътироф кард.

8.09.1934. Кӯҳнавардони шӯравӣ Виталий Аблаков, Чернуха ва Лукин ба яке аз қуллаҳои қаторкӯҳи Олой нимпайкараи Ленинро насб карданд. Ин қуллаи то ин вақт бе ном ба таври табиӣ номи доҳии пролетарҳои ҷаҳонро соҳиб ва қуллаи Ленин номида шуд.

8.09.1941.Артиши олмонӣ дар рафти ҶБВ ба наздикии Ленинград расид ва шаҳрро ба муҳосира гирифт. Муҳосираи Ленинград 3 сол тӯл кашида, дар натиҷаи он қариб 1 миллион сокинони шаҳр ба ҳалокат расиданд.

8.09.1970.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ низомномаи мактабҳои таҳсилоти миёна ҷорӣ карда шуд.

9.09.1933. Дар пойтахти СССР, шаҳри Маскав нашриёти «Адабиёти кӯдакона» роҳандозӣ гардид.

9.09.1970. Дар СССР истеҳсоли мошинҳои сабукравӣ «Жигули» - ВАЗ- 2101 ба роҳ монда шуд.

9.09.1991. Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон кард. Ин рӯз дар кишвари мо чун рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта мешавад.

10.09.1918. Нерӯҳои армияи 5-уми Артиши Сурх таҳти фармони П.Славен дар рафти ҷанги шаҳрвандӣ шаҳри Қазонро ишғол намуданд. Ин аввалин пирӯзии Артиши Сурх дар рафти ҷанги шаҳрвандии Русия ба шумор меравад.

11.09.1988. Дар РСС Эстония забони эстонӣ забони давлатӣ эълон карда шуд.

Чоршанбе, 08 Сентябр 2021 18:15

 

Чоршанбе, 08 Сентябр 2021 17:17

Чоршанбе, 08 Сентябр 2021 17:12

МИҲД ш.Истаравшан маводҳои нашргардидаи ҳафтаномаи СССР таҳти унвони “Истаравшан: соҳибкорон гузаронданд” ва “Истаравшан: биноҳои замонавӣ” баррасӣ карда, иттилоъ медиҳад, ки Одинаи Ҷумъазод дар мақолаи худ “Истаравшан: биноҳои замонавӣ”, бинои истиқоматии сохташавандаи хиёбони Исмоили Сомонии шаҳрро таъкид намудааст, ки гӯё оянда барои истиқоматкунандагон саҳни бино пешбинӣ карда нашудааст.

Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи генералии ш.Истаравшан, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.05.2013, №200 тасдиқ шудааст, ба соҳибкор Бобоҷонов Акмал дар асоси қарори раиси ш.Истаравшан аз 16.09.2019, №375 қитъаи замин барои сохтмони бинои истиқоматии бисёрошёна бо марказҳои савдо дар ошёнаҳои аввал ҷудо карда шуда, бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дараҷаи А №0025260 аз 22.08.2016 №1387 таъмин гардидааст. Лоиҳаи бинои сохташаванда аз ҷониби ширкати лоиҳакашии “Меъмор М”-и ш.Душанбе таҳия гардида, аз экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ аз 29 июни соли 2017, №190/17/190 гузаронида шудааст. Ҳамзамон, иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ аз 30 июни соли 2017, №19-ро доро мебошад. Аз ин лиҳоз иншооти мазкур дар доираи қонунгузории амалкунанда ва талаботи меъморӣ бунёд шуда истодааст.

Дар хусуси мақолаи омӯзгор Эҳром Раҷабов оид ба “Истаравшан: соҳибкорон гузаронданд” бояд қайд намуд, ки муаллиф дар мақолаи худ зери парда ибрози назар карда, аз мавзеъ ва шахсияти муайян сухан накардааст. Новобаста аз ин омӯзиши масъала нишон дод, ки сухан дар бораи деҳаи Қалъаи Баланди ш.Истаравшан ва соҳибкори маҳаллӣ Додобоев Кенҷабой меравад.

Воқеъан, аз ҷониби соҳибкор ва бародарони ӯ дар деҳаи мазкур синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ №63, майдончаи варзишӣ, маркази саломатӣ ва табобатӣ, инчунин дигар иншоотҳо бунёд шуда, барои сокинон хизмат расонида истодааст.  Зимнан, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти азхудкунии молу мулк, баъзе номгӯи молу мулки давлатӣ ба моликияти шахсӣ табдил дода шуда, ободонӣ ва дар оянда корбарии он ба соҳибмулк вобаста карда шудааст. Дар асоси қарори раиси ш.Истаравшан аз 17.06.2013, №405 ба соҳибкор Додобоев Кенҷабой қитъаи замин барои сохтмони бинои чойхона, тӯйхона ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷудо карда шуда, бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз 31.07.2013, №11491 таъмин карда шудааст. Вале, номбурда бе иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла сохтмони чойхона, тӯйхона ва нуқтаҳои хизматрасонӣ корҳоро оғоз намудааст. Бинобар ин, аз ҷониби кормандони бахши меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр амрнома барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва мувофиқа намудани он бо мутахассисон дода шудааст. Дар натиҷа сохтмони бино тибқи лоиҳаи нави тасдиқгардида рӯзҳои наздик оғоз мегардад.

Дафтари матбуоти раиси ш.Истаравшан

 

Чоршанбе, 08 Сентябр 2021 09:35

 

Бахтиёр Ҷабборзода, дӯст ва мухлиси ҳафтавори газетаи мардумӣ аз деҳаи Ҳалқаҷари н.Хуросон  ба идора занг зада  (тел: 929 14 14 81), аз тасарруф шудани заминҳои пистазори ноҳия изҳори нигаронӣ кард.  

   - Хоҷагии ҷангали ноҳия, аниқтараш 100-200 га пистазорро мансабдорону пулдорон забт карда гирифтаанд. Замин, ки моликияти давлат аст, аммо пулдорон ошкоро харида, мардуми одии заҳматкашро иҷозаи чиндани писта намедиҳанд. Чанд нафари кормандони хоҷагии ҷангали ноҳияро коррупсия дастгир ҳам карданд, аммо ба дигарон дарси ибрат нашуд, ки нашуд. Аз мақомотҳои дахлдор хоҳиш дорам, ки камтар садди роҳи чунин ҳолатро бигиранд. Монед, мо-камбағалон ақаллан маззаи пистаи Худододи кӯҳиро чашем!!!

 

Чоршанбе, 08 Сентябр 2021 09:33

 

Ҷумъабой Яҳёев, дӯст ва муаллифи ҳамешагии газетаи СССР аз н. Деваштич бо редаксия дар тамос шуда (тел: 928 88 75 06), дар бораи вазъ дар ҳамсоякишварамон Афғонистон ибрози андеша кард. 

  - 20 сол аст, ки аз дасисаи кишварҳои абарқудрат, блоки НАТО ва Амрико кишвари Афғонистон ба ҷанги ҷойталабию бародаркушӣ гирифтор аст. Ҷавонону пирон, модарону кӯдакони маъсум ба ҳалокат расида истодаанд. Чашми модари афғон хунбори ашк, садҳо ҳазор одамон аз дасти ҷанг, аз бими марг тарки хонаву дар ва Ватан карда, рӯ ба ғурбат ниҳоданд. Мутаассифона, ҳасудони ҷойталаби миллати азияткашидаи мо низ дар солҳои 90-уми асри гузашта, чунин рӯзҳои наҳсро бар сари халқи мо ҳам оварда буданд. Он ҷанг зиёда аз 150 ҳазор куштаву миллионҳо гуреза, даҳҳо ҳазор хонаву манзилҳои сӯхтаро аз худ боқӣ гузошта буд. Хушбахтона, аз баракатии Президенти кишвар зуд аз ин ваҳшат раҳо гаштем.  

 

саҳ 8 аз 11

Китобҳо

Flag Counter