ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 08 Сентябр 2021 09:26

 

Саломи хос ба хонандагони СССР! Ҳоло дарс сар шудаасту аз маоши рухсатии мо хабаре нест. Муроҷиат мекунӣ, ғайр аз «сабр кун» дигар чизе аз даҳони масъулин намешунавӣ. Аксар омӯзгор корпартоӣ ҳам карда истодаанд. Оё ба дарди мо касе мерасида бошад? Шояд маънои калимаи «сабр кун», оқибат одат мекунӣ бошад?

Солеҳҷон Абдураҳимов,

ноҳияи А. Ҷомӣ. Тел: 933 09 50 70 

 

Чоршанбе, 08 Сентябр 2021 09:24

 

 Салом ба СССР-и гиромӣ! Дар шумораи гузашта матлаберо дар бораи пулакӣ шудани хизмати ҳарбӣ хондам. Хизмати алтернативӣ талаботи ҷаҳони муосир асту дар аксарияти давлатҳои дунё қабулу эътироф гаштааст. Дар бораи роҳандозии хизмати алтернативӣ чанд соли ахир хеле зиёд мегуфтанду менавиштанд, билохира он имсол қабул гашт. Ин ҳамааш хуб аст, аммо метарсам, ки Артиши тоҷик минбаъд артиши камбағалу деҳқонбачаҳо нашавад, чунки 25 ҳазору 200 сомониро на ҳамаи оилаҳои тоҷик метавонанд пардохт намоянду писарони худро аз хизмати 2 сола озод кунанд. Дигар ин, ки бе ин ҳам бархе аз падару модарон ҳар сол дар 2 даъвати ҳарбӣ-баҳорӣ ва тирамоҳӣ қариб ҳамин қадар маблағро сарф карда, писарони худро аз даъвату хизмат озод мекарданд, акнун ин қонунӣ шуд.

   Боз 1 проблема он аст, ки ҳар сол 2 маротиба даъвати ҳарбӣ эълон карда шуда он моҳҳои апрелу май ва октябру ноябр идома меёбад, яъне 4 моҳ дар 1 сол барои даъват сафр мешавад, ки он хеле зиёд асту вақти бештарро мегирад. Дар бораи хараҷу мараҷаш ҷои гап нест! Зимнан пешниҳоди ман ин аст, ки оё хуб нест, дар баробари роҳандозии хизмати алтернативии пулакӣ даъвати ҳарбиро низ дар 1 сол 1 маротиба дар фасли баҳор гузаронанд? 

Солеҳҷон Юсупов, 

ш.Душанбе 

 

Чоршанбе, 08 Сентябр 2021 09:20

28.08.2021. Соат ба вақти Душанбе 11:06 дақиқа. Мубориз, писари 14 солаам аз ман суол кард, ки «дар даврони Шумо, падар, бо чӣ қасам мехӯрданд?». Суолро баъди оне дод, ки 3-4 навраси ҳамсолаш аз барамон мегузаштанду бо нидои «Ба номи Аллоҳҳҳ» кӯчаро ба сар вардошта, ба ҳамдигарӣ дурӯғ мегуфтанд. Посухи суол маро ба гузаштаи на чандон дури таърихӣ бурд. Ва нест бод он касе, ки мегӯяд, «Дар даврони шӯравӣ эмон надоштанд!». Доштанд. Ещё как доштанд…

Сахттарин қасами мо дар синфҳои ибтидоӣ «Виждони октябратӣ!» буд. Муаллим, агар гуноҳе мекардем, аз синф мепурсид, ки кӣ кардааст ва агар касе иқрор намекард, савганд медод, «ку, бигӯ виждони октябратим»?! Ана ҳамин амр, аз муаллими воқеан ҳам поквиждон, поккор, тозапӯш ва нафаре, ки ҳаргиз «пули бӯру қаламу доскаву ремонт» ҷамъ намекарду ба мо беҳтарин дастгоҳи аёнии рӯзгордорӣ буд, ба қалбҳои кӯчаки мо оташи муҳаббат ба «октябрбачча»-ро  меафрӯхт. Сурати зебои Ленини кӯчакро кӣ ёд надорад, ки бо фахр харидаву сари синаамон роҳбари синф, директори мактаб, «завуч» дар ҳузури 2-3 ҳазор талабаи дар «Линейка»-Ленинка саф зада, мехалониданду шаб хобу рӯз хӯр аз шодиву фараҳ моро тарк мекард?!

Дар синфҳои 5-8 савганди мо «Виждони пионерӣ» шуд. 

Аз ин дида қасами сахттар барои 1 навраси шӯравӣ вуҷуд надошт. На «ба номи Аллоҳҳҳҳ!!!» савганд мехӯрдему на Очаву на 113 пайғамбари мурсал…Пионерони ҳамсоли мо таки дор мерафтанду савганди пионерӣ намешикастанд. Чунки гарданбанд, Галстуки мо аз хуни меҳнаткаш буд. «Дастатро каш аз хуни меҳнаткаш!»-бо ин нидо мо таки фуки дилхоҳ муддаӣ муште мефаровардем ва барои иззати ин галстук милисае, додситоне, суде моро ҷазо намедод. Воқеан ҳам, ягон мактаббача намедонист, прокурору судя кист! Зеро ҳамон 1 «участковый» 2-3 мактабро басанда буд…

Сар аз синфи 9 то студентӣ… қасамамон «Виждони комсомолӣ» буд. 

Ва ана ин қасамро касе намешикаст!!! Сари комсомолҳои даврони мо зеби дору расани Гитлер буданду душманони берунаву дохила, вале ҳаргиз хам намешуданд. Зеро виждон дошт, эмон дошт, комсомоли мо! 

Ин шумо-насли имрӯза ва 3-4 кулӯтариши воқеан ҳам беимон мегӯед, ки дар даврони советӣ бехудоӣ буду эмону эътиқод вуҷуд надошт. Мусалмони даврони шӯравиро агар зери дор мебурданд ҳам, аз тарси Худо «ба номи Аллоҳҳҳҳ!» намегуфт! Ӯ мисли имрӯзиён набуд, ки 100 бор дурӯғ гуфтаву 300 бор «Ба номи Аллоҳҳҳ» мегӯянд ва фикр доранд, Худо намезанад. Мезанад, мезанад, ещё как мезанад! Олами ислом зеру забар шуда истодаасту неомусалмонони даҳрӣ фикр дорад, намезанад?!…

Ба номи Ватан танҳо 1 бор дар умр савганд мехӯрдем. 

Ва он ҳама афроде, ки Шарафи хизмати дар Армияи Советӣ муяссарашон мегардид ва бовар кун, писарам, ба 99% насли мо ин шараф даст додааст. Зеро хизмат накардан аз беимонӣ буд, чунки «Ҳуббул ватанӣ минал имон» буд дар даврони мо! Ҳозир фан-клуби исломӣ барои он ки ба Ватан хиёнат кунанд, ҳадиси шарифро такзиб мекунанд. Ҳарчанд Саъдӣ гуфтааст:

Ҳубби Ватан агарчӣ ҳадисест Шариф,

Натавон зист ба сахтӣ, ки ман ин ҷо зодам…

Солдат, қабл аз он ки автомат мегирифту ба ҳимояти ватан қомат алам мекард, савганд ба Ватан мехӯрд. Ва то болои амбразураи душман мерафту қасам намешикаст. Ана ҳамин Гулбиддину паштунҳои фашистиро мо дар синни 18-20 солагӣ шикаст додаем. Муттакоямон савганд ба номи Ватан буду бас!

Зеро дар «даврони советии бехудоӣ», ҳар сокини СССР, шаҳрванди РСС Тоҷикистон, аз Худо шарм мекард, аз Худо метарсид, Худоро дар дил мешинохт, на дар худнамоиву ришу фашу юбкаи паштуниву сатри арабӣ…

«Виждони коммунистӣ»-савганде буд-падари савгандҳо, ки коммунисте агар бо иттиҳоми 1001 ҷиноят онро ба лаб меовард, бовараш мекарданд, раҳош месохтанд, дигар пурсупосе вуҷуд надошт. Зеро аз «виждони коммунистӣ» бештару беҳтар аз «Ба номи Аллоҳҳҳ» метарсиданд.

Дуруст аст, ки баъди пошхӯрди шӯравӣ коммунистон виждону шарафашонро иваз карданд, вале инҳо тамоман дигар коммунистону пионерҳову комсомолҳову октябрятҳо буданд; Инҳо аллакай зери фалсафаи нео-мусалмонон мондаву бовар доштанд, ки Худо намезанад, қасам хӯрдан гир…

Ин ҳамаро ба писарам гуфтам ва ӯ умқан ба андеша рафт. Ба ту ҳам гуфтание дорам, хонандаи ин сутур, оре маҳз ба туе, ки фикр дорӣ, «СМ маро ҳаргиз дар назар надорад»:

-Ёд дорӣ, 1 магазинчӣ, дар даврони советӣ, «Ба номи Аллоҳ» савганд хӯрдаву моли бесифаташро ба шумо фурӯхта бошад? Коммунист буданд, комсомол буданд, атеист буданд, вале ин корро намекарданд, зеро эмон, шараф, виждон доштанд. Имрӯз дар дилхоҳ бозор, дилхоҳ дӯкон, дилхоҳ мағоза, дилхоҳ ҳоҷӣ, 2 миллион бор «Ба номи Аллоҳҳҳҳ!» савганду мехӯраду садҳо ҳазор нафарро фанд мезанад…

Қасамҳои роиҷи имрӯза «Ба номи Аллоҳ, Қуръон занад, 3-талоқ!!! Ба Каъбаву Маккаву Мадина, ба ришу фашу очаву хоҳар…очам ба ҷои… (наъузамбиллоҳ), ..» ва ғ. ва ҳ. 200% гувоҳи онанд, ки мо риш дорем, дастор дорем, юбкаи паштунӣ мепӯшем, тасбеҳ мезанем, зиёрати Хонаи Худо мекунем, намоз мехонем, саҷда мебарем, вале ба Ӯ бовар надорем. Зеро агар бовар медоштем, ҳаргиз ба номи Ӯ  фиреб намекардем, ба номи Ӯ одам намекуштем, ба номи Ӯ ҷинояту хиёнату зинову фасод наменамудем…

Сахт гуфтам? Хуб кардам! Мо Метавонем!!!

 

Чоршанбе, 01 Сентябр 2021 12:23

 

Салом ба аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР! Аз соли 2015 инҷониб банда раиси маҳаллаи деҳаи Шахмади Ҷамоати деҳоти Озодагони н.Панҷ буда, тӯли 6 соли ахир барои таъсиси 1 майдончаи варзишӣ дар назди мактаби миёнаи № 11-и деҳа аризанависиву даводав дорам, вале бенатиҷа.

    Дар мактаб 1050 хонанда таҳсил мекунад. Масоҳати мактаб дар ҷамъ 26 сотихро ташкил намуда, барои фарогирии беш аз 1000 хонанда ҷавобгӯ нест. Қаблан, тибқи ҳуҷҷатҳое, ки ман дар даст дорам, қарор буд дар шафати ин мактаб 1 бинои нав барои синфҳои ибтидоӣ бо фарогирии 400 нафар бунёд шавад, вале ин қарор дар рӯи қоғаз монд. Бинои мактабу ҳудудаш танг буда, дар назди мактаб на майдончаи варзишӣ ҳасту на бунгоҳи тиббӣ. 

   Зимни сафари ахири кори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба н.Панҷ ва мулоқоти ошкоро бо мардум ман дар бораи ин проблема ба раиси вилоят арз кардам. Эшон маро хуб гӯш карда, ба масъулони ноҳия, аз ҷумла сардори Идораи замини н.Панҷ Сайнуриддин Шарипов супориш доданд, ки аз ҳисоби заминҳои резерв барои сохтмони майдончаи варзишӣ барои мактаби №11 қитъаи замин ҷудо карда шавад. Аммо барои бунёди манзили алоҳида аз ҳисоби заминҳои резерв қитъаи замин ҷудо карданду барои сохтмони майдончаи варзишӣ не!

    6 сол боз ман барои ҷудо намудани қитъаи замин барои таъсиси 1 майдончаи варзишӣ талош дорам, ба тамоми аризаҳоям дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва раиси вилояти Хатлон ҷавоб гирифтааму ин масъала боз ҳам гашта омада дар МИҲД н.Панҷ бе баррасӣ мемонад. Вақте барои ҷавоби аризаам меравам, Сайнуриддин Шарипов, сардори Идораи замини ноҳия бо таъкид мегӯяд: «Рав, ба ту раиси вилоят замин диҳад! Дар ин ҷо замин нест!». Ин аст бархӯрди 1 хизматчии давлатӣ нисбат ба раҳбарияти вилоят, ноҳия ва муҳимтар аз он нисбат ба мардум! 

Қудратшо Ҳасанов, 

н.Панҷ

тел: 93 549 00 21

 

Чоршанбе, 01 Сентябр 2021 12:16

 Дар моддаи 41-и Конститутсияи ҶТ гуфта шудааст, ки ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад ва таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлат кафолат медиҳад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун, дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад. Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад.

 Суоли матраҳ ин аст, ки мактабҳои миёнаи умумӣ имрӯз то кадом ҳад ҷавобгӯӣ ин моддаи Конститутсия ҳастанд? Ё худ давраи қабули хонандагони синфи 1-умро низ мисли қабули довталабон ба донишгоҳ ба тиҷорат табдил додаанд? Дар ҳудуди ш.Душанбе 130 мактаби миёнаи умумӣ, 6 гимназия, 4 литсей барои хонандагони болаёқат фаъолият доранд. Дар ин 130 мактаби миёна тибқи қонунгузорӣ бояд хонандагон ройгон ба таълим фаро гирифта шаванд. Вале дар асл вазъ чигуна аст???

Пул нест? Ҷой нест!

   Оё Вазорати маориф ва илми кишвар хабар дорад, ки ҳамин ҳоло қонунҳои худсохте дар мактабҳои миёна ба амал омадаанд, ки танҳо  барои қабули кӯдак ба синфи 1 дар мактаб бояд маблағи муайяне пешпардохт намоӣ? Дар ғайри сурат баҳонаи фиктивӣ тайёр аст:  «ҷой надорем, синфҳо пур!». 

Ҳар шахсе, ки пул надорад шонси таълим низ надорад, пас риояи Конститутсияи ҶТ, ки асоси тамоми қонунҳост, оид ба таълим чӣ мешавад? Бо пайгирӣ аз ин мушкилот аз якчанд мактабҳои шаҳр дидан намудем.

Назди бинои мактаби №92 н.Сино. Яке аз волидон, ки дар навбати қабул буд, гуфт, аз ман барои кабули писарам 200 сомонӣ талаб доранд. Гуфтам ман ин шароитро надорам, шавҳарам маъюб асту худам танҳо кор мекунам. Гуфтанд пул набошад ҷой ҳам нест… 

Дар 1 синф беш аз 50 хонанда…

 Мактаби №8 н.И.Сомонӣ. Даромадан замон чашмам ба эълоне афтод, ки аз тамом шудани қабул ба синфи 1-ум дарак медод. Барои муътақид шудан назди муовини директор даромада, гуфтам барои супоридани фарзандам ба синфи 1 омадаам. Мавсуф дарҳол гуфт, ки ҷой надорему аллакай синфҳоро бастаем ва рӯйхати хонандагонро ба ман нишон дода, таъкид дошт, ки мо аз нақша зиёд талаба гирифтаему шумораи синфҳо зиёд шуда, ҳоло муаллим надорем. 

- Дар синфхонаҳо 40 ҷойи нишаст ҳасту шумораи хонандагони ҳар 1 синф 50 нафар. Аз ин рӯ наметавонем дигар талаба қабул кунем, - афзуд муовини директор.

   Ӯ ба ман гимназияи №14-ро тавсия дод, ки бо гузаштан ба бинои навсохт гимназия шудаасту нархгузории солонааш ҳам зиёд. Бо пурсиши оне, ки моҳонаи мактаби №8 чанд сомонӣ нарх дорад, муаллима гуфт, ки таҳсил дар мактаби мазкур бепул аст, аммо ҳар моҳ маблағи муайянеро худи роҳбарони синф аз талабаҳо барои «фонди ободонӣ» ҷамъоварӣ мекунад.

Пулҷамъкунӣ қонунист?

 Ба гимназияи таърифии №14 рафтем. Маълум шуд, ки  фақат барои қабули хонанда ба синфи 1-ум бояд 2000 сомонӣ пардохт намоӣ, ин маблағ ғайри шартномаи солона аст, ки он ҳам 2000 сомониро ташкил медиҳад. Бинои нав, шароитҳо люкс ва таҳсил бо стандартҳои байналмилалӣ, муаллимони касбӣ, таълим низ босифат. Пулдорҳо ку зӯрашон мерасад ва имкон доранд фарзандони худро дар чунин мактабҳо хононанд. Вале мардуми одӣ чӣ? Шояд зӯрашон ба 200 сомонӣ пешпардохти мактаби оддӣ расад, вале магар ин амал ва пулҷамъкунӣ қонунист? Оилаҳое ҳастанд, ки ҳатто барои харидани 1 китобу ҷадвалу ручка  зӯрашон намерасад… 

Таъмири шикасту рехт кори кист?

 Ба мактаби №91 маҳалаи Гипрозем ба ҳайси 1 модар рафтам, чун ман дар қайди ҳамон ноҳияам. Барои қабул ба синфи 1-ум 50-60 сомонӣ талаб карданд ва он ҳам барои «омода намудани ҳуҷҷатгузорӣ». Ҳангоми баромадан аз бинои мактаб модаре шикоят кард, ки аз вай 300 сомонӣ гирифтанд, чунки мавсуф дар қайди ноҳияи дигар будаст. Аз ин маълум мешавад, вақте мушкили ҳуҷҷатӣ дошта бошӣ,  баҳонаи тайёр барои ришва аст?! 

 Аз маблағи моҳонае, ки ҳар роҳбари синф худаш барои синфаш ҷамъ мекунад, пурсон шудем. Муаллимае, ки роҳбари синф будааст, гуфт: 

-Ҳар моҳ 10 сомонӣ «фонди ободонӣ» ҷамъ мекунем. Бачаҳои имрӯзаро медонед, ҳар рӯз дар синф 1  шикасту рехт мешавад, вақте комиссияи тафтишотӣ меояд, агар ҷойе шикаста ва ё вайронаеро бубинад, ба роҳбари синф фармон медиҳанд, ки худат таъмир кун. Акнун фикр кунед бо ин ҳама машаққати омузгорӣ ва 1000 сомонӣ маоше, ки мегирем, аз он пул боз таъмири шикасту рехти синфро анҷом диҳем? 

Ба ояндаи кӯдак умед бандем?

 Мо пайгири ин мавзуъ ҳастем, зеро воқеан ин падида-ҷамъ кардани маблағ барои қабул ба синфи1-ум бо баҳонаи омодасозии ҳуҷҷатҳои қабул дар чанд соли ахир ба 1 проблемаи муҳим мубаддал гаштааст. Ба додани пул ҳангоми қабул ба боғчаву донишгоҳу коллеҷу литсей кайҳо одат кардаем, аммо пардохти маблағ барои қабул ба синфи 1-ум ва он ҳам дар мактабҳои одии давлатӣ барои волидайн аллакай бонги хатар аст. Зеро вақте аз қадами аввал, ришва додаву  барои кӯдаки 7 сола партаро дар мактабу синф мехарем, қадами нахустини ӯ ба олами илму маърифат бо маблағпардозӣ шуруъ мешавад, пас аз ояндаи ӯ чӣ умед бояд дошта бошем? 

Суолест матраҳ ва на танҳо барои мактабу муаллиму волидайн. Мо Метавонем!

Баҳори Нозанин, 

Модари таҷрубавии СССР

 

Чоршанбе, 01 Сентябр 2021 12:08

 

Чоршанбе, 01 Сентябр 2021 11:59

 

Чоршанбе, 01 Сентябр 2021 11:52

саҳ 9 аз 11

Китобҳо

Flag Counter