ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 29 Сентябр 2021 15:14

 

Чоршанбе, 29 Сентябр 2021 15:11

 

    Булбули Шарқ, сарояндаи беамсол, артисти халқии СССР, устоди устодони санъати миллӣ дар 2 асри ахир, Ҷӯрабек Муродови беҳамто меҳмони СССР шуда, аз пазироӣ ва иззати солдорон дар газетаи мардумӣ, изҳори сипос намуд:

   - Ман артисти халқии СССР мебошам ва ҳуқуқ дорам, аз номи собиқадорони даврони советӣ гап занам. Сипос бар шумо, ки ҳамеша мардумеро, ки барои рушди фарҳанг, санъат, меъморӣ, дипломатия ва давлатсозии 70-соли шӯравӣ дар РСС Тоҷикистон кору пархош намудаанд, ёд мекунед, намегузоред, ки ба фаромӯшӣ раванд. Бовар кунед, дастгирии маънавии газетаи шумо барои ҳар яки мо, собиқадорони ҷангу меҳнату санъат, боиси шараф аст. Мо газетаи мардумиро хонда, мегӯем, «ҳазорон шукр, ҷаридае ҳаст, ки намегузорад меҳнату заҳмати мо фаромӯш шавад». Худо баракататон диҳад ва сафи хонандагонатон  афзояд. Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, 29 Сентябр 2021 15:06

  

То замони барҳам рехтани Иттиҳоди Шӯравӣ ва то ба сифати фармондеҳи дивизияи 201 – уми мототирандозии Гатчина дар Тоҷикистон таъйин гаштан Муҳридин Ашуровро ба ҷуз доираи низомиёни шуравӣ ва наздикон кам касон мешинохтанд. Номи ин фармондеҳи диловар дар матбуоти даврии тоҷик аз соли 1991 ба ин сӯ расонаӣ гардид. Ва вобаста ба вазъи сиёсӣ дар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ номи ин шахсият дар авроқи таърих набишта шуд.

Аввали солҳои 90 – уми асри гузашта вазъ дар Тоҷикистон носубот гашт. Таваҷҷуҳи доираи махсуси ҷомеа ба дивизияи мазкур нигаронда шуда буд, ки онро ҳукумати ҷумҳурӣ соҳибӣ мекунад ва ё на. Аммо роҳбарияти вақти кишвар аз чунин масъулияти вазнин худро канор гирифтанд ва он ҳама лавозимоти ҷангиро дарди сар ангоштанд. Ана дар ҳамин вазъияти мураккаб раҳбарияти вазорати мудофиаи Россия фармондеҳии ин дивизияро ба полковник Муҳридин Ашурови 42 – солаи дар сангарҳо обутобёфта бовар кард. Бо мурур фармондеҳи тановару саркаш исбот намуд, ки тоҷик низ метавонад чунин як қушуни муқтадирро раҳбари намояд.

Муҳридин Ашуров зодаву парвардаи Тоҷикистон аст. Вай 22 марти соли 1950 дар зебошаҳри Душанбе дида ба дунё кушодааст. Моҳи сентябри соли 1957 ба синфи якуми мактаб – интернати ба номи В. Чкалов (ҳоло ба номи Карим Сатторов) – и ноҳияи Ҷиргатол рафта, синфи 10 – умро дар ҳамин дабистон соли 1968 тамом мекунад.

Сабаби кӯч бастани хонаводаи онҳо аз пойтахт ба ноҳияи Лахши кунунӣ ин ба касбияти модараш рабт дошт. Зеро модари Муҳридин – Руқия Ашуроваро соли 1955 ҳамчун радисти калон ба аэропорти Ҷиргатол раҳнамун сохта буданд. Пештоз мегӯем, ки Руқиябону 40 соли ҳаёти хешро ба ин маслак бахшида.

Муҳридин мактабро бо сарфарозӣ тамом карда, ҳуҷҷатҳояшро ба омӯзишгоҳи олии фармондеҳии танкии Тошканд ба номи маршали қушунҳои танку автомобилҳои зиреҳпуш П. С. Рибалко супурд. Ӯ забони русиро аз модар омӯхтаву бо боварӣ ба дониши худ мусаллаҳ ба ин омӯзишгоҳи олӣ устуворона гом ниҳод.

Ҳамин тавр бо дохил шудан ба ин омӯзишгоҳ хидмати ӯ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Армияи Советӣ оғоз шуда, 37 соли ҳаёти ҷавонмардро дар бар гирифт. Чаҳор сол дар ин омӯзишгоҳ санъати ҳарбии техникӣ андӯхт.

Баъди хатми муваффақонаи омузишгоҳ М. Ашуровро соли 1972 ба шаҳри Душанбе, ба ҳайси муовини сардори штаби дивизияи 201 – уми мототирандозӣ фиристоданд. Мавсуф солҳои 1976 – 1978 сардори штаби дивизияи мазкур дар шаҳри Қурғонтеппа (ҳозира Бохтар) буд.

Чоршанбе, 29 Сентябр 2021 15:02

 

28.09.1925. Дар СССР дастуруламал оид ба таъсиси милитсияи Коргарӣ-Деҳқонӣ қабул карда шуд.

28.09.1939. Дар рафти рафти Ҷанги ҷаҳонии 2 немисҳо пойтахи Полша-шаҳри Варшаваро тасхир намуданд. Худи ҳамин рӯз миёни СССР ва Олмони гитлерӣ «Созишномаи дӯстӣ ва сарҳадот» ба имзо расид.

29.09.1938. Нишасти таърихии Мюнхен. Шаби 29.09.1938 сарони 4 кишвари аврупоӣ-Олмон, Итолиё, Англия ва Фаронса дар шаҳри Мюнхени Олмон ҷамъ омаданд ва Чехословакияро миёни Олмон, Полша ва Венгрия тақсим намуданд.

29.09.1941. Оғози кушторҳои оммавӣ дар Бабий Яри Украина. Артиши олмонӣ дар зарфи 2 рӯз дар сойҳои Бабий Яр (наздикиҳои Киев) наздики 60.000 одамро ба қатл расониданд. Бештари кушташудагонро яҳудиён, лӯлиҳо ва асирони Артиши Сурх ташкил медоданд.

29.09.1990. Дар РСС Қазоқистон ба навоҳии русзабони кишвар иҷозат дода шуд, ки забони қазоқиро ба ҳайси забони расмӣ тадриҷан то с.2000 ҷорӣ намоянд.

30.09.1967. Кайҳоннавардони шӯравӣ аввалин шуда дар ҷаҳон васли киштиҳои кайҳониро дар фазои кушоди кайҳонӣ амалӣ намуданд. 2 киштии кайҳонии шӯравӣ «Космос-186» ва «Космос-188» бо ҳам пайваст шуданд.

30.09.1984. Дар СССР душохаи (шарқӣ ва ғарбӣ)-и роҳи оҳани Байкалу Амур (БАМ) бо ҳам пайваст шуданд. БАМ яке аз бузургтарин роҳҳои оҳан дар дунё маҳсуб ёфта, дарозиаш 4287 км аст. Сохтмони ин роҳи оҳан аз с.1938 оғоз ва бо танаффусҳои тӯлонӣ с.1984 ба итмом расонида шуд.

1.10.1931. Дар СССР пахши доимии барномаҳои телевизионӣ роҳандозӣ гардид.

1.10.1938. Баъди имзои созишномаи Мюнхен Артиши олмонӣ вориди хоки Чехословакия шуд ва вил.Судети ин кишварро ишғол намуд.

Чоршанбе, 29 Сентябр 2021 14:57

 

Чоршанбе, 29 Сентябр 2021 14:52

Чоршанбе, 29 Сентябр 2021 14:50

Чоршанбе, 29 Сентябр 2021 14:39

   18.09.2021. Соат ба вақти Душанбе 10:40 дақиқа. Дуруд СССР! Мушкили нақлиётҳои мусофиркашонии №2 ва 19 бештар ба назар мерасад. Роҳкиро 1,60 дирам, аммо вақте 2 сомонӣ медиҳӣ, бақия намедиҳанд. Аз тарафи дигар мусофиронро болои якдигар чунон зиёд бор мекунанд, ки  мисли харбуза. Хуб мешуд агар масъулон дар фикри ин мушкилӣ бошанд, чун борҳо худам шоҳиди ин воқеа шудаам.

Умедҷони Амонӣ,

ш. Душанбе,

Тел: 926 12 518

саҳ 2 аз 11

Китобҳо

Flag Counter