ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 15 Сентябр 2021 11:32

 

Баҳриддин Қурбонов, хонандаи ҳамешагии газетаи мардумии СССР, сокини ш.Бохтар бо идора тамос гирифта (тел: 907 76 1364), нисбати беэҳтиромии забони давлатӣ аз ҷониби ҷавонон нигаронӣ намуд.

   - Ман ҳиҷ ҷавонони ТВ-ро нафаҳмидам. Чаро? Хабарнигорони шабакаҳои ТВ, ҳангоми мусоҳибаи кӯчагӣ бо сокинон бо забони русӣ-тоҷикӣ суҳбат мекунанд. Магар ин поймол кардани забони давлатӣ нест? Охир забони давлатӣ ин забони муққадаси Тоҷикон аст. Чунин шудан гирад оқибати забони мо чӣ мешуда бошад? Одитарин калимаро бо русӣ мегӯянд.

 

Чоршанбе, 15 Сентябр 2021 11:21

 

Хушвахт Хошоков, дӯст ва муаллифи ҳамешагии газетаи СССР аз н. Дӯстӣ  бо редаксия дар тамос шуда (тел: 931 03 32 01), аз наомадани газета ба ноҳия изҳори нигаронӣ кард. 

   - 4 ҳафта мешавад, ки ба ноҳияи мо ягон газет намеояд. 1 духтарак газетфурӯшӣ мекард, рафта аз вай пурсидам, дар ҷавоб гуфт, ки ман дигар намефурӯшам. Охир инсон гурусна монд, зуд сари дастархон рафта, барои сер шуданаш ғизо мекобад. Мо ташнаи ғизои маънавием. Ба умед 1 моҳ шуд, ки ба киоск меравем, аммо ноумед бармегардем. Масъулин бояд сабабашро муайян кунанд, ки чаро газета ба ноҳия наомада истодааст???

 

Чоршанбе, 15 Сентябр 2021 11:16

 

Дуруд СССР! 1 пешниҳод ба ба Вазири маориф ва илми кишвар Маҳмадисуф Имомзода дорам: - Чӣ мешавад, ки ба мактабҳо ном неву танҳо рақам №14, 35, 61 монанд. Зеро шахс соҳиби мансаб, ки шуд даррав мактабҳоро ба номи хешу ақрабояш мегузоранд. Ҳоло он ки арзанда ҳаст ё нест касе намедонад. 

Х. Наҷмиддин,

тел: 93 118 40 44

 

Чоршанбе, 15 Сентябр 2021 11:12

 Баъзе нозирони кормандони ҳифзи ҳуқуқ хунукназарӣ карда, вайроншавии қонунҳоро рӯпӯш мекунанд. Дар замони роҳбарии собиқ раиси н.Ёвон Амирбеки Темур бархе суистифода аз мансаб карда, ферма ташкил намуданду соҳиби замин шуданд. Ин заминҳоро ба номи рафиқону дӯстонашон ҳуҷҷатгузорӣ карданд. 

    Бо мақсади тақсими замини наздиҳавлигӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 400 га дар н.Ёвон ҷудо шуда буд. Муттаассифона, раис аксарияти заминҳоро бо эҳтиёҷмандон неву бо шахсони пулдор тақсим карда дод. Ман чанд бор дар ин бора ба газетаҳои СССРу «Минбари халқ» шикоят карда будам, ҳатто ба ТВ Хатлон низ, вале бенатиҷа.

Сафаралӣ Бекмонов,

н.Ёвон

 

Чоршанбе, 15 Сентябр 2021 11:05

 

Садҳо мавзӯи обнорасида аст-медонам. Ва медонам, ки мавзӯи Панҷшер, ҷавонмардии Тоҷикони сарбаланду сарбадори Афғонистон, Ҷавонмардии Президенти ҶТ, ки аз ин мардум пуштибон аст, мавзӯи доғанд. 30-солагии Истиқлолият, 30 – солагии Озодӣ, 30-солагии ворастагӣ ва ноамниҳои глобал-политик, ки имрӯз якояки Тоҷикони олам ба он фуруд рафтаанд, мавзӯи навиштанист-медонам…

Вале медонаммммм, ки имрӯз, ман, СМ, сардабири газетаи мардумӣ, узви  Ихвон ал СССР ва дӯсти тамомии хонандагони рӯзнома, БОЯД пеши хонандаам ҲИСОБОТ диҳам. Коре, ки ҳамасола ман мекунам. Ва аз ин дида мавзӯи доғтаре барои ман нест. Зеро ман бо шумоям, ҳамон гуна, ки ҳамаи шумо бо манед ва Мо Метавонем!

14 сол ба гуфтан осон аст!!!

- 14 сол, яъне 168 моҳ. 14 сол, яъне 677  шумора-ҳафта! 14 сол, яъне 5110 рӯз!! 14 сол, яъне 122640 соат!!! 14 сол, яъне 7.358,400 дақиқа ва муҳимтар аз ин: 14 сол, яъне 441 млн 504 ҳазор сония-нафас… мо бо ҳам будем. Набудем? Будем, будем, ещё как будем. Зеро мову ту хонандаи ин сутур ҳамнафасем, ҳамфикрем, ҳамнажодем, ҳаммаромем, ҳамақидаем, ҳамватанем!!!

 Танҳо тасаввур кун, ки дар тӯли ин 14 сол, мо бо ҳам, танҳо дар 1 мавзӯи босмачизм, 2369 мақола навиштаву баҳс кардем, вале мавзӯъ боз ҳам пурбаҳсу мунозара ва доғ боқӣ мондааст. Воқеан ҳам дар ҳамин шабу рӯзҳо Ӯзбакистони ҳамсоя, расман Иброҳимбеки лақайро сафед кардаву ҷомаи босмачигариашро кашида, аккурат бар қадаш чапони қаҳрамонӣ пора кард!!! Аммо мо баҳс дорем. Зеро Мо Метавонем! 

- Дар ин 168 моҳ расо 2708 хонандаро меҳмони расмӣ гирифта, дарди дилашро гӯш додем. Ва бовар ҳаст, ки боз ҳазорон тани мо, хонандаи мо, узви Ихвон ал СССР, гуфтание обношуста дорад. Мешнавемаш. Мо Метавонем!

- Дар 5110 рӯз 4400 узви Ихвон ал СССР ба мо занг задаву роҷеъ ба мушкили рӯзгорашон матлабе пешбарӣ намудаанд. Мутаассифем, агар занги телефони ҳазорон нафари дигарро қабул карда натавонистаем. Мо Метавонем!

- Дар ин 122 ҳазору 640 соат 8124 СМС-паёмак бар редаксияи мардумӣ расид, ки ҳалоли аъзои Ихвон ал СССР бодо! Бовар дорем, бештар аз ин теъдод боз ҳам пешниҳоду дардеву гуфтание доранд, ки ҳатман нашр хоҳад шуд. Мо Метавонем!

-Дар тӯли 14 сол мо 1354 маротиба таърихи гузаштаи 101 соли худро дар саҳ-4 варақ задем. Даҳҳо, садҳо, ҳазорон ҷонфидои ватан, иштирокчии ҶБВ, қаҳрамонҳои арсаи кору меҳнат, онҳое, ки барои мо СССР, РАСС, РСС ва ахиран ҶТ сохтаву фаромӯш гаштаанд, талоши эҳёи номи некашон кардем ва дар ин ҷода танҳо СССР пешгом аст. Мо Метавонем!

- Дар ин маҳдуда танҳо дар саҳифаи 7 беш аз 700 акси таърихӣ нашр кардаву таърихчаи давлатдории СССР бо 15 ҷумҳурияш 8801 маротиба чашмзад гардид. Боварнокарданист, вале мо ҳудуди 700 лутфу хушгӯиҳои ҳамкорон, ҳамтоҳо ва бузургони фарҳангии худро пеши рӯ гузоштаву завқ бурда хандидем. Мо Метавонем! 

- 47 ҳазору 390 нафар, сар аз журналисти шинохташуда, кормандони газетаи мардумӣ, хабарнигорони беруна, шоиру адиб, аъзои Ихвон ал СССР, то хабарнигорони мардумӣ, афроде, ки ҳатто то ин дам боре килк ба даст нагирифта буданд, ба мо ЗАНГ заданд, ПАЁМ  ирсол намуданд, НАВИШТАНД! Ва муҳимтар аз ин мо ОНҲОро чоп кардем. Мо Метавонем!

Ба иззати нафси касе намерасем, вале дар кишвар оё дигар рӯзномае ҳаст, ки бо инчунин факту рақам ифтихор дошта бошад? Агар бошад, Белиссимо. Ва агар нест, пас мо ЯГОНАем ва Мо Метавонем!

- Дар ин 14 сол мо чӣ қадар дӯсту бародар ёфтем, Худо шоҳид, ки ҳатто худамон ҳисобашро намеёбем. 

- Чӣ миқдор ҳамсинф, ҳамшаҳр, ҳамхизмат, ҳамкурс якдигарро дар саҳафоти мо ёфтаву дубора ҳамсӯҳбат шуданд? 

- Чӣ теъдод мардум ҳамфикр гардиданд.?

- Чӣ адад хонандагон бо ҳам баҳсу мунозира намудаву сипас ҷумлагӣ рафиқ шуданд?!… Инро танҳо оне медонад, ки пайваста думболагири газетаи мо ва узви Ихвон ал СССР аст.

  Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!

- Дар тӯли 14 сол мутаассуф, бархе аз дӯстон ва ҳамкоронро аз даст додем. Раҳими Ашроф, Одинашоҳ Муродов, Шарифи Мисайзод, Бахтиёр Сафаров, Бурҳон Сафарӣ, Аброр Зоҳир, бобои Ҳоҷӣ Ҷамил, бобои Ғулом, бобои Абдаков, Сафармуҳаммад Аюйбзода, -хабарнигорони фаоли мо рафтанд. 

Танҳо дар соли наҳси коронавирусӣ устодон Гулназар, Ҷамшед Исмоил, Ҷӯрабек Назриев, Хайриддин Тӯраев, Саврӣ Сабзаалиева, Гуландом Обидова, Сайфиддин Тӯраев, Саидмурод Атоев, Шамсиддин Ҷалолов, Мӯсо Асозода, Қурбоналӣ Раҳмонов, Убайдулло Раҷабов, Шер Абулқайсов, Қиёмиддин Чақалов…ро раҳо кардем, ки муаллифони доимии мо буданд.

Хабарнигорони мардумӣ, дӯстони газета ва просто мухлисони мо, ки аз мо бурридаанд (ниг.саҳ 10-11), барои ҳамешагӣ дар дилҳои мову хонандагони мо ҷой доранд ва муҳаббати ишон ҳаргиз зудуда намешавад. Боқӣ аъзои Ихвон ал СССР дар винеткаи фахрии 14 солагии мо, чун солҳои қаблӣ ҳаккокӣ шудаанд, ки пайваста  сафашон меафзояд…

Бовар кун хонанда, номи бархеи шуморо шояд зану кӯдак, ҳаққу ҳамсоя замоне фаромӯш кунанд, вале мутмаинан газетаи мардумӣ ҳаргиз туро, оре маҳз туеро, ки фикр дорӣ, «наход СМ маро дар назар дорад?», фаромӯш нахоҳад кард ва медонӣ чаро? 

Аввал ин ки агар фаромӯш шуд, ҳатман ягон узви Ихвон ал СССР ба ёди мо мерасонад ва ана баъдан, фикре, ки дар оғози суол аз сарат гузашт, яъне Мо Метавонем!

30-солагии Озодӣ, Истиқлолият, Ворастагӣ ва 14 солагии зодрӯзи газетаи муҳибат муборакамон бод!!!

МО МЕТАВОНЕМ!!!!!!!

 

 

Чоршанбе, 15 Сентябр 2021 11:04

 

Панҷшанбе, 09 Сентябр 2021 09:15

- Салом ба аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР! Мо 1 гурӯҳ сокинони деҳоти Чимқалъа ва Қамари Ҷамоати деҳоти Саразми ш.Панҷакент солҳои зиёд аст, ки аз набудани об ва дастрасӣ ба оби полезӣ танқисӣ мекашем. 

Аз фасли баҳор-айёми киштукор сар карда, то тирамоҳ-вақти ҳосилғундорӣ аҳвол ҳамин аст-1 рӯз об ҳаст, 1 рӯз нест. Ин боис мешавад, ки аз заминҳоямон ҳосили хуб гирифта наметавонем.  Раиси қаблии шаҳр дар ҳар мавсими киштукор ва ҳосилғундорӣ омада, аз ҳоли мо хабар мегирифт, проблемаҳои рӯзмарраро баррасӣ мекард, раиси нави ш.Панҷакент Абдухолиқ Холиқзодаро ҳанӯз надидаем ва намешиносем. Хуб мешуд агар раис 1 маротиба ба деҳаҳои мо омада, вазъи ба амал омадаро бо чашми худ медиду пасон қазоват мекард. Идораи обу коррез ва беҳдошти замину обёрӣ аз мушкили мо хабар доранд, лек барои ҳалли он коре намекунанд. Чӣ бояд кард?

Расул Юсуфов, ш.Панҷакент

 

Панҷшанбе, 09 Сентябр 2021 09:08

 

Бо хушдоманам балони газро, ки барои хӯрокпазии хона аст, гирифта ба нуқтаи фуруши сузишворӣ “заправка”-и  Соро-Ойл рафтем.  Кормандони НФС гуфтанд газ несту дигар НФС равед. Ҳамон рӯз қариб ба 10 нуқтаи фуруши сузишворӣ рафта, газ наёфтем. 

30.08.2021. Соат ба вақти Душанбе 13:05 дақиқа. Боз ҳамон  балони газро гирифта, ба “Газпром”- рафтем. Хушбахтона газ ёфт ва мо аз саргардонӣ халос шудем. Пеш аз пур кардани газ аз корманди нуқтаи сӯзишворӣ пурсдам, ки  чаро дар бештаре аз нуқтаҳои сузишворӣ газ нест? Вай гуфт, чанд моҳ пеш ронандагон танҳо газ истифода мебурданд, аз ҷумла  мошинҳои тамғаи  “Опел”, “Хундай”, “Киа”,“Ваз,” “Мерседес”, “Тойёта” , зеро нархи газ аз бензин дида арзонтар буд. Ҳоло бошад нархи газ баробари нархи бензин шудааст, аз ҳамин лиҳоз, аз 1- уми август сар карда, ронандагон қариб, ки газ истифода намебаранд...

Нархи гази имрӯза аз дирӯза афзуд

Масъулини НФС мегӯянд, пасту баландшавии нархи газ дар дасти мо нест. Об аз боло лой! Аз боло нархи газро мебардоранду мо маҷбурем нархномаро бардорем. Мумкин баъди 9 уми сентябр боз арзонтар шавад-ишора мекунанд ҳамсӯҳбатони ман.

Нархномаи НФС-ҳо дар ин рӯз: Бензин 10-сомону 10 дирам. Газ 9- сомон. Солярка 9- сомону 50 дирам.

 Газ нони моро газид!

31.08.2021. Соат ба вақти Душанбе 13:31 дақиқа. Бо ронандаи ширкати “Рахш такси”  Назиров Маҳмадалӣ вақте бобати гароншавии нархи газ ва бензин сухан кардам, бо оҳи сард гуфт, ки “хоҳарҷон  чанд моҳ пеш дар бозор кор мекардаму рафиқонам ба ман тавсия доданд, ки айни ҳол барои пули хуб ёфтан ба таксӣ ру биёр.  Ман ростӣ фикри онҳоро писандида, савдогариро 1 сӯ гузошта, ба таксӣ гузаштам. Хуллас, тӯли 1 моҳ бо даводаву заҳматҳои зиёд таксӣ гирифта, ба кор шуруъ намудам. Сароғоз кор хуб буд, то он вақте, ки дар ҶТ нархи газ гарон нашуд!!!  Айни ҳол барои мо ронандагон хеле мушкил аст, худ бубинед, ба мо лозим меояд, ки барои 1 рӯзи кор 200-250 сомонӣ маблағи кор кардаамонро барои  газу бензинпулӣ харҷ кунем.  Зӯр монад 50-100 сомонӣ мемонад. Бо ин хароҷот оилаи маро, ки 7 нафарем, кӣ мехӯронад? Мошинро кӣ ремонт мекунад? Равғану чархашро кӣ мехарад? Ҳукумат бояд дар сатҳи олитарин масъалаи нарху навои сӯзишвориро баррасӣ кунад. Зеро мисли ман ҳазорон оила нимагуруснаву нимабараҳна шудан доранд...

Омири Ҳаёт, махсус барои СССР 

 

саҳ 7 аз 11

Китобҳо

Flag Counter