22.11.1934. КИМ СССР ва ШКХ СССР дастуруламал оид ба Комиссариати халқии мудофиаро ба тасвиб расонид. Комиссариати нав тавассути ба ҳам омадани Комиссариати халқии корҳои ҳарбӣ-баҳрӣ ва Комиссариати флоти ҳарбӣ-баҳрӣ созмон дода шуд.
23.11.1955. Дар СССР бо қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР "манъи исқоти ҷанин (аборт)" бекор карда шуд. Тибқи қарори нав, ҳар зан худ масъалаи модар шуданро мебоист ҳал мекард ва агар мехост сиқти ҷанин мекард. Ин қонун то ба имрӯз ҳам дар бештари ҷамоҳири собиқ Иттиҳод амал мекунад.
25.11.1918. Розике Швиммер фаъоли зидди ҷанги (патсефист) венгерӣ, сафири ин кишвар интихоб карда шуд. Ӯ аввалин сафири зан дар таърихи дипломатияи ҷаҳонӣ гардид.
25.11.1926. КМ ВКП(б) қарор оид ба сохтмони Днепрогэсро ба тасвиб расонид. Он яке аз бузургтарин сохтмонҳои индустриалии СССР гардид ва дар муддати кӯтоҳ сохта ба истифода дода шуд. Замони ҶБВ онро хароб ва баъди ҷанг дар зарфи муддати кӯтоҳ дубора бунёд карданд.
26.11.1942.Миёни ҳукумати СССР ва намояндагони ҳукумати дар муҳоҷират будаи Фаронса созишномае ба имзо расид, ки тибқи он дар ҳудуди СССР дастаи ҳавоии фаронсавӣ созмон дода шавад. Ин даста баъди чанде ба полки ҳавоӣ табдил ёфт ва бо номи "Нормандия-Несан" дӯшодӯши ҳавонавардони шӯравӣ бо немисҳо меҷангид.
Аз фронти 2-ум то Созмони милал
28.11.1943 дар ш.Теҳрон-пойтахти Эрон дидори таърихии 3 лидери кишварҳои иттифоқчӣ дар ҷанг алайҳи Олмон - СССР, ИМА ва Англия иттифоқ уфтод. Интихоби Теҳрон низ баъди музокироти тӯлонӣ ба амал омад. Дар оғоз Черчилл барои дидор ш.Қоҳираро пешниҳод кард, лек Сталин ин пешниҳодро напазируфт. Баъди ин Истамбул ё Бағдод пешниҳод шуд. Аммо ин 2 шаҳр низ пазируфта нашуданд. Ахир, қуръа болои Теҳрон афтид ва дидор дар ин шаҳр доир шуд. Ин нахустин дидори Сталин, Рузвелт ва Черчилл дар рафти ҷанг буд ва бо “конфронси Теҳрон” дар таърихнигории муосир маъруф аст. Роҳи омадани 3 роҳбар ба Теҳрон низ гуногун буд. Сталин охирҳои моҳи ноябр бо поезди №501, ки бо хатсайри Маскав-Сталинград-Боку ҳаракат мекард, махфӣ ба пойтахти Озарбойҷон омад. Аз Боку ба Теҳрон бошад бо тайёра парид. Роҳбари ИМА Рузвелт бошад, тавассути киштӣ ба бандари Орани Алҷазоир омад ва аз инҷо ба Қоҳира парвоз кард. Дар Қоҳира бо Черчилл ҳамроҳ гашт ва ҳар 2 якҷо ба Теҳрон омаданд. Ҳар 3 роҳбар бо намояндагони худ 28 ноябр ба Теҳрон омаданд. Сталин ба Рузвелт пешниҳод кард, дар бинои сафорати СССР маскан гузинад ва роҳбари ИМА низ пешниҳоди ӯро пазируфт. Черчилл бошад дар намояндагии Англия, ки рӯ ба рӯи сафорати СССР ҷойгир буд, маскун шуд. Асоситарин масъалае, ки тарафҳо дар рафти конфронс баррасӣ карданд, ифтитоҳи фронти 2-ум шуд.
Узви Ихвон-ал-СССР, Шамсулло Акобиров аз деҳаи Шилбилии ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) ба СССР занг задаву гуфт, ки имрӯз масъалаи доғи рӯз-ин издивоҷи хешу таборӣ буда, дар байни волидон ихтилофи назарро ба вуҷуд овардааст. Барои банда баромади 1 бародар дар яке аз шумораҳои газетаи СССР мақбул уфтод, ки мегуфт, барои солимии оила ва барҳамхӯрии маҳалчигӣ бояд ҷавононро аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ хонадор намуд. Таклифи мантиқист! Бо ин баҳона хешу таборӣ афзуда, маҳалчигӣ аз байн хоҳад рафт. Хоҳиш мекунам, ки дигар хонандагони СССР низ дар бобат андешаи худро баён кунанд.
Узви Ихвон-ал-СССР, Миралӣ Воҳидзода, муаллими ҷавон аз ноҳияи Сино ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, нахуст салом ва пайғоми аҳли байтамро ба шумо мерасонам. Чун дар хонаи мо ҳама мухлис ва хонандаи СССР ҳастанд. Ман 1 гуфтанӣ дорам: Тахтасанг ё кафелҳои «подземка»-и чорроҳаи бозори Саховат меҷумбанд ва инро ҳангоми роҳ гаштан ҳис мекунед ва мебинед. Ҳатто аз гузаргоҳи самти ҷанубӣ 1 кафели паҳлӯиро канда бурдаанд ва ҷояш намоён аст. Дар даврони собиқ Шӯравӣ кафелҳоро рӯи замин тарзе мечинданд, ки на дар барфу борон зиён медид ва на касе ҳатто бо белу каланд метавонист биканад. Кафелҳои имрӯза дар 1 бориши барфу борон мисли рег мешаваду нопадид ва ҳатто бо даст кандан ҳам мумкин…
Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и ш.Душанбе дар робита ба шикояти сокини пойтахт Ситорабону Муҳаббатова бобати фаъолияти хизматрасонии троллейбусҳои мусофирбарии шабакаи хатсайрҳои ш.Душанбе иттилоъ медиҳад: Ҳангоми баррасӣ ва муҳокима аён шуд, ки санаи 29.10.2018 аз соати 8:45 то 9:10 дақиқа дар маҳаллаи 46 бинобар сабаби ба амал омадани садамаи кандашавии ноқилҳои троллейбус, ки дар маҷмуъ 25 дақиқаро дар бар мегирад, хатсайри №4 (маҳаллаи Гулбутта-Фурудгоҳ) ва хатсайри №12 (маркази ташхиси техникӣ-Қарияи боло) аз фаъолият бозмонданд. Садамаи кандашавии ноқилҳои троллейбусгард ва қисмҳои махсуси пайвасткунандаи он дар 25 дақиқа барқарор ва баъдан фаъолияти воситаҳои нақлиёти барқӣ ба роҳ монда шуд. Барои минбаъд роҳ надодану аз байн бурдани камбудиҳо, инчунин риояи ҳатмии қоидаҳои дурусти ҳаракат дар роҳ, бехатарӣ ва истифодабарии дурусти воситаҳои нақлиёт аз ҷониби ронандагон бори дигар ба ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёти барқӣ (Троллейбус)-ҳои Депо-2 корҳои фаҳмондадиҳии иловагӣ гузаронида шуда, фаъолияти онҳо дар ин самт ҳамарӯза аз ҷониби мутахассисон таҳти назорати қатъӣ қарор дода мешаванд.
Саидов Б.Ҳ
роҳбар
Дуруди азим ба СССРи кабир! Дар шумораи гузаштаи СССР донишҷӯ Муҳаммад Норов таклифи хубе доир ба оромгоҳҳо кардааст. Дардовараш ин аст, ки на танҳо аксарияти гӯристонҳои мо беноманд, балки дару девор, гирдашон ҳуй ва чарогоҳи гову чорвои мардум шудаанд. Аз ин ҳам аламнок ин аст, ки хоки баъзе мазорҳоро канда, гӯрҳоро вайрон карда, устухонҳоро аз таги хок бароварда истодаанд. Ва аз хоки мазор хишт рехтан доранд! Мисол: Дар деҳаи «Заводи хишт»-и ҷамоати деҳоти Заргари н.Кӯшониён теппаи калоне ҳаст. Аз 1 қисми теппа мардум хоки мазорро кашида, гӯрҳоро вайрон ва устухони мурдаҳоро берун бароварда партофтан доранд. Вале масъулини ҷамоату ноҳия ягон парвое надоранд. Шояд дар ин қабристон аз наздикони онҳо касе ба хок нарафтааст, вагарна кайҳо садди роҳи бедодӣ мешуданд!!! Дар дигар тарафи ин теппа бошад Оромгоҳи мардуми ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозобод) аст. Офарин ба аҳолии ин ноҳия, ки бо роҳбарии акаи Ҳасан Асадуллозода ва бародаронаш Оромгоҳи гузаштагони худро ободу ҳифз кардаанд. Бояд аз онҳо ибрат гирем, агар ба мо ҳам гузаштагон азиз бошанд. Вазорати фарҳанг ва Шӯрои уламову Кумитаи дин бояд ба ободиву тозагии оромгоҳҳо диққати ҷиддӣ диҳанд.
Асадуллои Бекназар,
н.Кӯшониён
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар