ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 02 Сентябр 2020 10:30

Чоршанбе, 02 Сентябр 2020 10:13

 

Чоршанбе, 02 Сентябр 2020 10:11

Нурулло Иброҳимов, сокини совхози Нушори ноҳияи Тоҷикобод меҳмони редаксия шуда гуфт, ҳар шумораи газетаро хонда, ба кормандони он барору комёбӣ орзумандам.

   - Семоҳа будам, ки оилаи мо аз Рашт омада, дар Чептураи Шаҳринав муҳоҷир гашт. Пас аз хатми мактаб солҳои тӯлонӣ дар заводҳои пахта ва консервабарории ноҳия кор карда, ба нафақа баромадам. Аз соли 2020 нафақахӯр буда, нафақаам 200 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин нороҳат нестам ва шукрона ҳам мекунам, зеро ҳарчӣ давлат ҷудо мекунад бо ҳисобу китоби худи ӯст. Шукронаи фарзандон рӯзгор ҳам мегузарад. Ман мухлиси газетаи СССР ҳастаму ҳар шумораи онро  мехонам, хусусан аз навиштаҳои шумо Сайёфҷон ҳаловат мебарам. Ба сардабири СССР Сайёфи Мизроб ва дигар кормандон умри дароз ва барорро хоҳонам. СССР-ҳамдаму ҳамрози мо нафақахӯрон мебошад.

 

Чоршанбе, 02 Сентябр 2020 09:41

30 августи соли 1918 ба ҷонии доҳии болшевикон Владимир Ленин суиқасд анҷом гирифт. Ленин дар натиҷаи ин суиқасд сахт маҷрӯҳ гардид. Худи ҳамин рӯз дар Петроград бошад, сардори ВЧК и шаҳр Моисей Уритский аз ҷониби шоир Леонид Каннегисер кушта шуд. Суиқасд ба ҷони Ленин ва қатли Уритский дар аввалин кишвари Шӯроҳо заминсози сиёсати нав, ки бо террори сурх маъруф аст гардиданд. Болшевикон дар ин ду ҷиноят, ҳизби эссерони чапро гунаҳкор донистанд. Тибқи маълумотҳои расмӣ суиқасд ба Ленин аз ҷониби аъзои ҳизби эссерон Фанни Каплан (Фейга Хаимовна Ройтблат) амалӣ гардид ва шоир Каннегисер ҳам аъзои ҳизби эссерон буд. Аммо агар қатли Уритский аз ҷониби эссерон ҷои шакку тардид надорад, дар мавриди суиқасд ба Ленин дастдоштани эссерон ба пуррагӣ собит нагардидааст ва муҷриёни аслии ин суиқасд, то ба имрӯз номаълум боқӣ мондаанд. 

Се суиқасди ноком

Владимир Ленин аз ҳамон рӯзҳои аввали сари қудрат омадан мисли устухон дар гулӯи мухолифонаш буд ва онҳо ҳамавора мекӯшиданд, доҳии болшевиконро ҷисман нобуд кунанд. То суиқасди 30 август, ба ҷони Ленин се дафъаи дигар низ суиқасд намуда буданд. Аввалин суқасд моҳи 1 январи соли 1918 иттифоқ уфтод. Дар натиҷаи ин суиқасд доҳии болшевикон осеб надид, танҳо яке аз роҳбарони дигари болшевик Фридрих Платен ҷароҳати сабук бардошт.Тибқи иттилоъи ВЧК ташкилкунандаи ин суиқасд княз Дмитрий Шаховский ба шумор мерафт. Худи княз баъди чандин сол иқрор карда буд, ки маҳз ӯ созмондиҳандаи аслии ин суиқасд буд. Шаховский эълон намуд, ки барои куштани Ленин 500 ҳазор рубл ҷудо карда аст. Дар ин суиқасд князро вазирони собиқи Ҳукумати муввақат, аъзои ҳизби кадетҳо Н.В. Некрасов ҳамроҳӣ мекард. Некрасов дарҳол баъди суиқасд ному насабашро дигар карда ба Уфа гурехт. Аммо моҳи марти соли 1921 Некрасовро дастгир карданд ва ба Маскав интиқол доданд. Доҳии болшевикон моҳи маи соли 1921 дар Маскав бо у дидор кард ва баъди суҳбат бо ин кадети ноком ӯро авф намуда, аз маҳбас озод кард.                                                                               

   Миёнаҳои моҳи январи соли 1918 суиқасди дуввум ба ҷони Ленин низ ба нокомӣ анҷом ёфт. Яке аз иштирокчиёни ин суиқасд, аскари қаторӣ Спиридонов ба назди Бонч-Буревич омад ва изҳор намуд, ки ӯ дар суиқасд алайҳи Ленин ширкат дорад ва ба ӯ фармон додаанд доҳиро аз байн бибарад. Чекистон 22 январи соли 1918 иштирокчиёни ин суиқасдро дастгир карданд. Бори саввум ба ҷони диҳии болшевикон 16 августи соли 1918 суиқасд ташкил гардид. Ин бор Ленинро мехостанд дар маҷлиси ташкилоти ҳизбии шаҳри Маскав ба қатл расонанд, аммо дар лаҳзаи охирин иҷрокунанда аз раъяш даст кашид ва ин кӯшиш ҳам ба нокоми анҷом ёфт.

 Маъшуқаи бародар

Бо вуҷуди ҳамаи ин суиқасдҳо доҳии болшевикон бе муҳофиз мегашт ва тамоми пешниҳодоти ҳаммаслаконашро оиди андешидани чораҳои муҳофизатӣ рад менамуд.

Чоршанбе, 02 Сентябр 2020 09:36

27.08.1919. Шӯрои Комиссарони Халқи РСФСР бо қабули Эъломияи махсус тамоми саноати синамо ва аксгириро дар кишвар миллӣ кард. Дар СССР аз соли 1979 ин сана чун Рӯзи синамои шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд.

27.08.1922. Дар Маскав аввалин шумораи маҷаллаи ҳаҷвии "Крокодил" рӯи чоп омад. Ин маҷаллаи ҳаҷвӣ баъдан уммумииттиҳодӣ гашта, дар ҷумҳуриҳои бародарӣ низ нашр мегардид. Аз ҷумла дар Тоҷикистон бо номи "Хорпуштак" маъруф буд.

27.08.1959. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо қарори ҳукумати кишвар, қарор дода шуд, хатмкунандагони аълохони макотиби миёнаро бо медалҳо қадрдонӣ кунанд. 

27.08.1966. Дар пойтахти СССР шаҳри Маскав, бо қарори КМ ҲКИШ Донишкадаи таърихи ҳарбӣ таъсис дода шуд. 

28.08.1941. Дар СССР бо қарори Раёсати Шӯрои Олӣ, тамоми аҳолии немистабори навоҳии назди Волга (Поволже) ба манотиқи Сибир ва Осиёи Миёна бадарға карда шуданд. 

28.09.1994. Дар Русия пас аз 290 сол истифодаи тангаҳо аз муомилаи пулӣ хориҷ карда шуданд. 

29.08.1938. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Иттиҳоди Шӯравӣ, таълими ғоибонаи донишҷӯён ҷорӣ карда шуд.

29.08.1949. СССР дар майдони озмоишии Семипалатински Қазоқистон, озмоиши аввалин бомби атомиро анҷом дод.

29.08.1949. Югославия барои бартараф кардани зарари таҳримҳои иқтисодии  шӯравӣ, аз ИМА дархости кумаки пулӣ кард. 

30.08.1918. Суиқасд ба ҷони роҳбари ҳизби болшевикон Владимир Ленин дар Маскав. Худи ҳамин рӯз дар Петроград бошад, раиси ВЧК-и шаҳр Уритский кушта шуд. Суиқасд ба Ленин ва қатли Уритский заминасози террори сурх дар Русияи шӯравӣ гардиданд.

30.08.1935. Дар Маскав конгресси VII-и Коминтерн баргузор гардид. Дар ин конгресс коммунистон қарор доданд барои мубориза бо фашизм бо сотсиал демократҳои дунё иттиҳод баста, дар якҷояги алайҳи фашистон "фронти ягонаро" созмон диҳанд.

Чоршанбе, 02 Сентябр 2020 09:34

Прокуратураи шаҳри Хуҷанд муроҷиати шаҳрванд Қодиров Қ., сокини ноҳияи Деваштич, Ҷамоати деҳоти Росровут, деҳаи Даҳкат, ки дар ҳафтаномаи «СССР» аз 18.06.2020 сол таҳти сарлавҳаи «Алимардонов эмонашро ба ман медиҳад?» оиди рӯёнидани маблағҳои пасандозаш аз ҳисоби филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар вилояти Суғд аз чоп баромадааст, мавриди баррасӣ қарор дод. Баррасии муроҷиат нишон дод, ки аз тарафи шаҳрванд Қодиров Қ. дар асоси шартномаҳои пасандози муҳлатноки бонкии № Д/001-74/266939003 аз 05.05.2016 сол маблағи 10661 Евро ба муҳлати ду сол, яъне то 01.06.2018 сол ва шартномаи № Д/001-68/266939-002 аз 02.06.2018 сол 9600 доллари ИМА ба муҳлати ду сол, яъне то 05.05.2018 ба бонк гузошта шудааст. То ин давра пасандозӣ  бонкӣ ба миқдори 10661 Евро ба пуррагӣ баргардонида шуда, уҳдадориҳои шартномаи №Д/001-74/266939-003, аз 05.05. 2016 сол иҷро карда шудааст.

Тибқи маълумоти расмии филиали Бонк то айни ҳол ба Қодиров Қ. 1264,76 доллари ИМА барои фоизҳои ҳисобшуда ва 901,33 доллари ИМА ҳамчун қарзи асосӣ баргардонида шуда, пасандози боқимонда ба санаи 01.07.2020 сол 8698,67 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Бо назардошти ба буҳрони иқтисодӣ дучор гаштани Бонк маблағи Қодиров Қ., сари вақт баргардонида нашудааст ва дар доираи имкониятҳо Бонк уҳдадор шудааст, ки марҳила ба марҳила маблағи боқимондаро пардохт намояд. Бо назардошти он, ки байни Қодиров Қ. ва филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар вилояти Суғд бобати иҷрои уҳдадориҳо баҳси судӣ ҷой дорад, тибқи талаботи қисми 1 моддаи 11 Кодекси граждании ҶТ ба муаллифи муроҷиат талаботи қонунҳои амалкунанда оиди тариқи хусусӣ ба суд муроҷиат намудан фаҳмонида дода шуд.

Назарзода А.Н., Прокурори ш.Хуҷанд, 

мушовири адлияи дараҷаи 1   

 

Чоршанбе, 02 Сентябр 2020 09:30

 Азизҷон Тошматов, сокини шаҳраки Шайдони н.Ашт тавассути телефони редаксия 238 35 36 занг зада, аз ҳолати нотамоми бинои дидбонгоҳи БДА дар даромадгоҳи ноҳия изҳори нигаронӣ кард.

- Бе ин ҳам роҳи байни Хуҷанд-Ашт харобу вайрона аст, дидбонгоҳи БДА-и даромадгоҳи ноҳияро дида, аламат боз бештар мешавад. Наход дар асри 21, дар замоне, ки ин қадар дастгирӣ ба мақомотҳо карда мешавад, таъмири ин бино ҳамин қадар мушкил бошад? Ба ғайр аз ин маҳз дар ҳаминҷо санитарони ноҳия низ навбатдорӣ карда, баҳри солимии сокинони ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ман ҳайронам, ки чӣ гуна санитарҳо дар чунин шароит-яъне бе ҷойи дурусту шароити лозима санҷиш мегузаронанд? Симои ҳар 1 шаҳру ноҳия аз даромадгоҳаш маълум аст!

 

Чоршанбе, 02 Сентябр 2020 09:29

Тимур Зулфиқоров-адиби саршинос ва дӯсти газетаи мардумии СССР занг зада гуфт: - Дар ҳолати гирифторӣ ба коронавирус зинҳор беморхона наравед! Бинед, Гулназару Ҷамшед Исмоил рафтанд ва оқибаташон чӣ шуд?! Ин 1 навъ вирус аст, ки организм бояд худ бо он муқобила кунад, вале вақте одам бемористон меравад, маскаву скафандраву воҳимае, ки дар он ҷост, маризро талхакаф мекунанд! Бинед, ман дар 85-солагӣ мубтало шудаву дар хона бо усули бобоӣ шифо ёфтам: Равғани гӯсфанд, зиёдтар об бо ширинӣ-варение хӯред, гарм пӯшед, хуллас ҳамон чизҳое, ки ҳини грипп мекунем. Вассалом. Ва дар охир 1 масали навамро қисса мекунам: «Хоҷа Насриддин, ки дар тӯли 3 ҳазор сол, вабо-чумаву табларза-холера ва садҳо маразро паси сар кардааст, ахиран коронавирус мешавад. Духтур омада мегӯяд: Интихоб кун, Хоҷаи Бузург, ё бемористон ё гӯристон? Хоҷа бо табассум мегӯяд: Оё ин ҳар 2 яке нест?!». Бардаму саломат бошед! Мо Метавонем!!!

 

саҳ 9 аз 10

Китобҳо

Flag Counter