ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 23 Сентябр 2020 09:56

Чоршанбе, 23 Сентябр 2020 09:38

 Ҳаким Ғуломов, хонанда ва муаллифи ҳамешагии газетаи мардумӣ аз н.Дӯстӣ тавассути телефони идора: 238 55 56 занг зада гуфт, ба муваффақияту пешравиҳои вилояти Суғд бахшида шудани шумораи вежаатон боиси хурсандии мо гашт. 

   -Хурсанд аз он гаштем, ки халқи тоҷик (Турониён) дорои тафаккури фавқулода мебошанд. Агар ҳамин сеҳру афсуни аҷнабиён намешуд, пешқадамтарини халқҳои ҷаҳон мегаштем. Ихтироъкорию навовариҳои зиёде мекардем. Фақат ба мо шеърнависиро иҷозат доданд, ягон миллати дигар ба мо баробар шуда наметавонад. Ин таълимоти афсонавии  аҷнабиён  моро аз асламон дур кард. Шукри Худованд, ки кам ҳам бошад, худшиносон сар бардошта истодаанд. Ё ба қавли мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, «асли худро ҷуста истодаем». Мо дар бораи хидматҳои беназири Абуабдулло Рӯдакӣ ва Лоиқ Шералӣ чизе гуфтанӣ нестем, ба гуфтан ҳақ надорем, чунки онҳо пайғамбари сухананд. Чоп шудани шеъри шоираи равшанфикр Адибаи Хуҷандӣ далели гуфтаҳои боло мебошад.:

… Чиниён ният доранд ба Марс бираванду гул чинанд,

Мо ҳанӯз  дар банди онем, кадом обшинаи ибтидоиро пос дорем.

Дар шумораҳои пештара чоп шудани шеъри миллатдӯстонаи шоири баркамол Бобобек Гадоев  моро водор месозад, ки Ватандӯст  бошему барои шӯҳратманд гаштани миллатамон дастҷамъона кӯшиш ба харҷ диҳем. Чоп шудани шеъру мақолаҳои Ватандӯстонаю миллатдӯстона дар «СССР», на фақат як-як «гуноҳи сағира, балки тамоми «гуноҳҳои кабира»-и СССР-чиёнро (агар дошта бошанд) рӯпӯш мекунад. Чунки мо метавонем!

 

Чоршанбе, 23 Сентябр 2020 09:33

23 сентябри соли 1922 Иосиф Сталин лоиҳаи маъруфи худро, ки аз мухторикунонии (автономизатсия) ҷамоҳири шӯравӣ иборат буд, барои муҳокима ба Бюрои сиёсии ВКП(б) пешниҳод кард. Тибқи ин лоиҳа, тамоми ҷумҳуриҳои шӯравӣ мебоист ба тобеъияти бевоситаи РСФСР медаромаданд, аммо В.Ленин ин лоиҳаро рад кард.

Комиссари миллатҳо

Моҳи августи соли 1922 бо таклифи Бюрои сиёcии КМ ҲК Комисиюне таъсис дода шуд, ки мебоист масъалаи муносибатҳои ояндаи РСФСР-ро бо ҷумҳуриҳои советии тозабунёд баррасӣ намояд. Раиси ин комисиюн И.В.Сталин таъин гардид. Сталин аз оғози барпо шудани ҳукумати шӯроҳо дар ин ҳукумат вазифаи Комисари халқӣ оид ба корҳои миллатҳоро ба ӯҳда дошт. Аз тарафи дигар Сталин ҳанӯз пеш аз инқилоб миёни болшевикон, чун мутахассиси масоили муносибати байнимилатҳо шинохта шуда буд.                                                                                       

Ба комисиюн инчунин болшевикони собиқадори дигар, аз ҷумла Куйбышев, Г.Орджоникидзе, Х.Раковский ва Г.Саколников шомил гардиданд. Комисиюн бо сарварии Сталин баъди барасии масаъала қарор дод, ки ҷумҳуриҳои шӯравии Украина, Белорусия ва ҷумҳуриҳои шӯравии Қафқоз, чун ҷумҳуриҳои мухтор (автономӣ) ба ҳайати РСФСР ҳамроҳ гарданд. Қарори комисиюни Сталинӣ таҳти унвонӣ  "лоиҳаи мухторикунонӣ (автономизатсия)" баъди чанде таҳия гардид. Мутобиқи ин лоиҳа КИМР (ВЦИК)-и РСФСР ва ШКХ (СНК)-и РСФСР мебоист ба органҳои олии давлатии ин иттиҳоди нав табдил меёфтанд ва аксарияти комисариатҳои халқии ин ҷумҳуриҳо аз комисариатҳои халқии РСФСР итоат мекарданд.                                                                                                                         

Зиддияти гурҷиҳо

Қарори ин комисиюн барои баррасӣ ба КМ ҳизбҳои комунистии ин ҷумҳуриҳо фиристода шуд. Коммунистони Озарбойҷон ва Арманистон аз ин қарор ҷонибдорӣ карданд, аммо КМ ҲК Гурҷистон зидди он баромад. Коммунистони гурҷӣ иброз доштанд, ки Иттиҳод ба ин шакл ҳанӯз бемаврид аст. Онҳо пешниҳод карданд, ки ҷумҳуриҳои зикршуда сиёсати хоҷагидорӣ ва умумии худро ҳамоҳанг кунанд, яъне сиёсати ягона дошта бошанд, аммо истиқлоли ҳар кадом маҳфуз бимонад. Ин маънои барпогаштани як навъ федератсияи ҷумҳуриҳои шӯравиро дошт, ки фаъолиятҳои ягонаи ҳарбӣ, сиёсӣ, дипломатӣ ва хоҷагидориро доро буд.                   

Дар Тифлис Серго Орджонекидзеро, ки намояндаи Маскав дар ҷумҳуриҳои Қафқоз буд, яке аз аъзоёни КМ-и ҲК Гурҷистонро латукӯб мекунад. Бюрои сиёсии КМ барои рӯшани андохтан ба ин масъала комисияи махсусе бо сардории Ф.Э.Дзержинский ба Гурҷистон мефиристад. Бештари аъзоёни КМ ҲК Гурҷистон барои бевосита ва чун ҷумҳурии соҳибистиқлол ба ҳайати СССР шомил шудани Гурҷистонро ҷонибдорӣ карданд.

Орджоникидзе ин амалро милатгароӣ хонд ва Сталин низ иброз намуд, ки дар Гурҷистон сотсиал-милатгароӣ лона сохта аст. Комиссияи Дзержинский бе баррасии далелҳо рафтори Орджоникидзеро дуруст донист ва ин норозигии коммунистони гурҷиро боз ҳам бештар кард.       

Чоршанбе, 23 Сентябр 2020 09:28

18.09.1934. Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ба Лигаи Миллатҳо (ҷойгузини пешинаи СММ) ворид гардид.

18.09.1947. Дар ИМА Раёсати Марказии Ҷосусӣ (ЦРУ) созмон дода шуд. Ин Марказ асоситари ниҳоди ҷосусии ИМА гардида, фаъолияташ дар оғоз бар зидди СССР ва иттифоқчиёнаш равона шуда буд.

19.09.1918. Шӯрои Комиссарони Халқии РСФСР баровардани ёдгориҳои фарҳангӣ ва таърихиро ба хориҷа манъ кард.

19.09.1922. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ маҷаллаи "Милитсия" рӯи чоп омад. Ин маҷалла асоситарин минбари матбуоитии кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар СССР буд.

19.09.1923. Дар СССР қарор "Бобати бонги ноқус" ба тасвиб расид. Тибқи ин қарор ниҳодҳои ҳукуматӣ ҳақ доштанд дар ҳолати зарурат ноқусҳоро аз болои калисоҳо бардоранд.

19.09.1941. Дар рафти ҶБВ гурӯҳи дуюми танкии немисҳо дар наздикиҳои шаҳраки Лохвитси бо нерӯҳои гурӯҳи якуми танкӣ пайваст ва нерӯҳои Артиши Сурхро, ки   Киевро мудофиа мекарданд, ба муҳосира гирифт. Дар натиҷаи ин амалиёт теъдоди зиёде аз ҷанговарони шӯравӣ ба асорат афтода, немисҳо Киевро тассаруф намуданд.

19.09.1946. Ҳукумати СССР комиссиюни махсусеро бобати кори колхозҳо таъсис дод. Ин комиссиюн мебоист амволи колхозиро, ки дар рафти ҶБВ аз тарафи колхозчиён аз худ карда шуда буд ба колхозҳо бармегардонд.

20.09.1918. Дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку, аъзоёни ҳукумати болшевикӣ, ки бо "комиссарони бокуӣ" маъруф буданд ба қатл расиданд. 

21.09.1920. Шӯрои Комисарони Халқии Украина омӯзишиши забони украиниро дар макотиби миёнаи кишвар ҳатмӣ кард.

21.09.1949. Роҳбари коммунистони Чин Мао Дзэдун Чинро Ҷумҳурии Халқӣ эълон намуд.

21.09.1973. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Академияи ВКД таъсис дода шуда, кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар он таҳсили олии худро комил мекарданд.

22.09.1921. Латвия, Литва ва Эстония ба Лигаи Миллатҳо пазируфта шуданд. Ин се кишвар соли 1940 ба СССР ҳамроҳ гардиданд.

Чоршанбе, 23 Сентябр 2020 09:25

Филиали ҶСК «Тоҷиктелеком»-и вилояти Суғд роҷеъ ба маълумоти дар рӯзномаи  «СССР» дарҷгардида таҳти №29 (618) аз 30.07.2020 оиди кор накардани телефонҳои шаҳрӣ маълум менамояд, ки аз санаи 01.07.2020 аз сабаби кӯчонидани таҷҳизоти бинои САТ-2 ш.Хуҷанд телефонҳои шаҳрии рақами 2 (телефонҳое, ки бо рақами «2» сар мешаванд ва дар соҳили рости ш.Хуҷанд насб шудаанд) муваққатан аз санаи 01.07.2020 с. қатъ гардида буданд.

Айни ҳол корҳои техникӣ ба анҷом расида истода, қариб 90 фоизи телефонҳои қатъгардида ба кор дароварда шуданд.

Филиали ҶСК «Тоҷиктелеком»-и вилояти Суғд дар ин бора муштариёни худро тавассути воситаҳои ахбори омма пешакӣ огоҳонида буд. Аз ҷумла тариқи телевизиони вилояти Суғд ва телевизиони «Мавҷи Ориёно» аз санаи 20.06.2020 дар давоми 1 моҳ сатри равон (бегущая строка) ҷой дода шуда буд. Тариқи радиои «Тироз» ва «Тирози ҷавонӣ» аз санаи 22.06.2020 с. то 01.07.2020 с. ҳар рӯз тавассути бахши эълонҳо 6-8 маротиба эълон ҷой дода шуда буд, ки дар ин эълонҳо филиал аз нороҳатии муваққатӣ муштариёни худро эҳтиромона огоҳонида буд.

С.Ғоибов, сардори филиали ҶСК «Тоҷиктелеком»-и вилояти Суғд 

 

Чоршанбе, 23 Сентябр 2020 09:20

(Нuman story)

Ошноии мо бо доктор Нодирхон Ҳакимов дар деҳаи Шкеви ноҳияи Дарвоз ғайричамшдошт сурат гирифт. Эшон писарамаи журналисти шинохтаи тоҷик Парвона Аҳрорӣ буда, зимни сафари ахир ба ин минтақа бону Парвона маро ҳам бо худ ба хонаи хешовандони падариаш ба деҳаи Шкев бурд. Нахуст мо ба ҳавлие даромадем, ки дар он падари мавсуф олим, адабиётшинос ва нависанда Зоҳир Аҳрорӣ таваллуд шудаанд. Имрӯз он ҳавлӣ соҳибони дигар дорад, вале чанд санге, ки ҳанӯз солҳои 1930-1940 дар ҳудуди ҳавлии падарии Зоҳир Аҳрорӣ қарор дошт, то ба ҳол арзи вуҷуд дошта, касе дар тӯли қариб 100 соли ахир кӯшиши онҳоро аз ҷой ҷумбондан накардааст-шкевчиҳо мегӯянд, ки ин сангҳо таърихи деҳаанд. Доктор Нодирхон Ҳакимов, ки ҷияни Зоҳир Аҳрорӣ аст, чанд хона болотар зиндагӣ мекунад. 

Шогирди Исҳоқиву Ғуломову Калштейн

Доктор Нодирхон Ҳакимов Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Синоро соли 1980 бо тахассуси духтур-анестезиолог хатм кардааст. Ӯ мегӯяд, ки шогирди беҳтарин устодони давру замон ва аср буд, зеро ба ӯ Юсуф Исҳоқиву Минҳоҷ Ғуломову Лев Калштейн дарс гуфтаанду, дар 1 курс бо вай фарзандони Исҳоқиву Аҳмад Бобоқулов таҳсил намуда, яке аз табибони машҳури кишвар Белла Вовси низ аз ҳамгурӯҳони доктор Нодирхон ба ҳисоб меравад.

   - Бештар аз ҳама бароям тағоям Зоҳир Аҳрорӣ ҳаққи устодӣ дорад, устод дар зиндагӣ. Худ, ки дар кӯдакӣ ва ҷавонӣ сахтиҳои зиёде кашида буд, моро низ намегузошт беҳуда пул сарф кунем. Эрка ҳам намекард ва ҳеҷ гоҳ ба даст пул ҳам намедод, аммо янгаи азизам гоҳ-гоҳе пинҳонӣ аз тағоям пул медод, то сарулибос бигирам, мегӯяд доктор.

14 соли 1 ҷарроҳи тоҷик дар Афғонистон

Пас аз хатми донишгоҳ доктор Нодирхон ба зодгоҳаш баргашта, солҳои зиёд дар Беморхонаи марказии н.Дарвоз ба ҳайси доктор-анестезиолог ва доктор-ҷарроҳ кор мекунад. Соли 2006 тавассути Барномаи тандурустии Бунёди Оғохон дар Тоҷикистону Афғонистон доктор Нодирхонро барои кор ба вулусволии ҳаммарзи Дарвоз-Нусвай мефиристанд ва мавсуф то соли 2019, яъне 14 сол дар ноҳияҳои Кӯф, Хоҳон, Шкай, Нусай ва Моҳимайи ин вилоят кор карда, яке аз нахустин нафаронест, ки гузаронидани амалиётҳои хурди ҷарроҳиро дар ин минтақа ба роҳ мондааст.

   - Аз рӯи барнома мо бояд бештар дар самти ҳифзи саломатии модару кӯдак кор мекардем. Вақте дидам, ки сокинони деҳаҳои дурдаст аз варами кӯррӯда-апендитсит мемиранд, ба гузаронидани амалиётҳо сар кардам ва шояд дар тӯли 14 сол ҳазорҳо нафарро аз марг наҷот дода бошам. Дар муддати корӣ чанд шогирд омода кардааму айни замони онҳо, ки хатмкардагони донишгоҳҳои тиббии Файзободу Пули Хумрӣ, Тахору Мазори Шариф мебошанд, метавонанд амалиётҳои хурди ҷарроҳиро мустақилона анҷом диҳанд, - таъкид медорад доктор.

Пас аз баргаштан ба Ватан матбуоти афғонӣ дар бораи доктор соҳиб Нодирхон чанд матлабе навишта, аз эшон ба некӣ ёд карда буду сокинони Нусвай хоҳиш доштанд, ки «доктори шӯравӣ»-ро дубора баргардонанд. Вале бо назардошти вазъияти пандемия дар ҷаҳон ин кор ғайриимкон гашту доктор Нодирхон ҳамарӯза тавассути алоқаи телефонӣ аз кори шогирдони афғонаш воқиф аст. Эшон ҳоло ба нафақа баромада бошад ҳам барои маслиҳату машварат ҳар рӯз 1 маротиба ба беморхонаи ноҳиявӣ рафта меояд.

 - Дар гузаронидани амалиёти мушкил ба бачаҳо кӯмак мекунам, аммо бештар назорат ва маслиҳат медиҳам, бигузор худашон анҷом диҳанд ва ёд бигиранд. Мо бояд ба онҳо роҳ кушоем, агар ин тавр ёд нагиранд, пас кай ёд мегиранд ва кӣ барояшон ёд медиҳад?, - иброз медорад ӯ.

Бояд гуфт, ки дар оғози авҷ ва хуруҷи бемории сироятии коронавирус Шералӣ Кабиров, тоҷири шинохта ва фарзанди барӯманди ин диёр ба Беморхонаи марказии н.Дарвоз 2 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ҳадя мекунад. Доктор Нодирхонро бошад ба Душанбе даъват менамоянд, то кор бо ин дастгоҳро ба хубӣ омӯзад. Доктор шабона ба роҳ баромада, дар тӯли 2 рӯз тамоми нозукиҳои кор бо дастгоҳи ИВЛ-ро дар Душанбе омӯхта, боз оҷилан ба Дарвоз бармегардад.

Фарзандони Тоҷикистон

Доктор Нодирхон Ҳакимов 5 фарзанд дорад ва ҳамаи онҳо дар гӯшаю канори Тоҷикистон машғул ба коранд. Фарзанди калонӣ Мастулло дар порки нави инноватсионию саноатии н.Дарвоз кор карда, фарзандони дигари эшон Исматулло ва Лутфия дар ш.Душанбе, яке дар маъмурияти ширкати такси «1111» ва дигаре бар боғчаи бачагона фаъолият доранд. Умия, духтари дигари доктор дар ш.Хуҷанд кору зиндагӣ дошта, Аслия-духтари хурдӣ дар ш.Норак умр ба сар мебарад. Фарзандону наберагон ҳамагӣ ҳар сол тобистон дар Шкев ҷамъ меомаданд, аммо имсол бо сабабаи пандемия на ҳамаи фарзандон ба деҳа омада тавонистанд. Доктор Нодирхон мегӯяд, ки дар куҷое набошанд, сарашон дар амн бошаду ба ин Ватан хизмат кунанд.

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

Душанбе-Дарвоз-Душанбе

 

Чоршанбе, 23 Сентябр 2020 09:17

Муслима Бекова, сокини ш. Душанбе ва хонандаи доимии газета меҳмони редаксия шуда, гуфт, ки аз рӯзи аввали соли нави хониш дар мактаб аз талабагон пулҷамъкуниро сар кардаанд.

   - Ҳоло дар ҷаҳон пандемия эълон шудаву вазъияти иқтисодӣ он қадар хуб нест. Падару модарони мо низ қисман бекору бемаошанду боз дар мактаб аз мо пул ҷамъ мекунанд. Барои иҷораи китоб, барои таъмир, барои шикасту рехти мактаб-мо мактабачагон ин қадар маблағи зиёдро аз куҷо пайдо намоем? Оё аз тарафи раёсату шуъбаҳои маъориф барои мактабҳо барои чунин эҳтиёҷот маблағ ҷудо намешавад? Тибқи мушоҳидаҳо на танҳо дар мактаби мо, балки дар чандин муассисаҳои дигар низ муаллимон аз шогирдони худ пул ҷамъ мекунанд: ин пулҷамъкуниҳо дар мактаб кай ба охир мерасанд?

 

Чоршанбе, 23 Сентябр 2020 09:13

Бародарам Раҷаби Мирзо 1 навиштаамро дар гурӯҳи "Ахбор барои афкор" корида аст. Онҷо дӯсту нодӯст, хубу нохуб ҳар касе ҳарчи хостаст, зернавишт карда аст. Мефаҳмам. Барои дар фейсбук чизе навиштан на мағз даркору на донистани навишт. Фейсбук ҳар чиро мебардорад.

Панэронистон ноамъқул кардаанд!

Медонам, ин ҳама гузариш ба навиштори арабиро эронпарастон, ё "манэрониҳо" роҳандозӣ мекунанд. Ман на эронӣ ҳастам, на эронӣ шудан мехоҳам, на навиштори арабиро мехоҳам. Ҳарчанд навиштору забони арабиро аз хурдсолӣ медонам. Китобҳои физику шимию ҳандасаи Эронро шумо хондаю фаҳмидан наметавонед, ман мефаҳмам. Мехоҳам тоҷикро ба чуноне, ки ҳаст, гузорем. Ба афсурдагии (депрессия) дигар рӯ ба рӯ накунем. Ба нестӣ накашем. Худхоҳии худро аз тавону хостаи мардумӣ боло нагузорем. Гумонам нафаҳмидед? ("Эгоизми худро аз қудрат ва зарфияти миллат боло нагузорем", фаҳмотар шуд?)

Акнун мехоҳам як чиро аз ҳамаи мағздорон пурсам, ки оё худатон, падаратон, наздиконатон, гирду гӯшаатон эронӣ ҳастанд? Мардумӣ (миллат) ду чизи вежа дорад: дин ва дунё. Медонам 0000,1% аз ҳамаи онҳое, ки хостори пайвастан ба Эрону навиштори арабӣ ҳастанд, 0000,1% дунёи эрониро намефаҳманд ва фаҳмидан ҳам наметавонанд. Кадомат физика, химия, биология, канализатсия, сантехника, бонкдорӣ... ро ба шеваи эронӣ мефаҳмӣ? Ҳич кадомат! Агар ба навишти арабӣ гузаштӣ, чиро мехоҳӣ хонӣ? Ҳич чиро! Чунки забони форсии имрӯзро ягонат намефаҳмӣ! Ҳо, шеърашро мефаҳмӣ, лекин китоби мактабашро намефаҳмӣ ва фаҳмидан ҳам наметавонӣ. Бовар накунӣ, бигир як китоби математикаи синфи 4 и Эронрою хон, фаҳмидӣ, ман паҳлут меистам, то ба хатти арабӣ гузарем. Дунёи Эрон аз дунёи ману ту дигар аст. Ин аз дунё буд. 

Тоҷику эронӣ ҳаммазҳаб нестанд

Дар дин ҳам магар тоҷикон эрониёнро ҳамдин мешиносанд? Тоҷику эронӣ бо яҳуд наздиктар аст магар бо ҳамдигар. Якет шиа, дигарат суннӣ. Бо ин чӣ мекунӣ? Эронӣ суннӣ мешавад? Ту шиа мешавӣ? Шукр кун, ки арабидон нестӣ, вагарна тоҷику эронӣ ба пӯсти ҳамдигар коҳ ҷо мекунанд. Ҳамин чизҳое, ки тоҷикон имрӯз ба навишти русӣ менависанд, ба форсӣ гардонӣ, чӣ мешавад? Мардумӣ (миллат) танҳо чанд кас нест. Инро бояд донист. 

Хатти арабӣ душмани мо мешавад!

Гузаштан ба навиштори арабӣ тоҷику эрониро баякбор аз ҳамдигар ҷудо мекунад. Ҳамун "гузаштаҳои пурифтихор" ро ҳам дар гӯр хуфтан намемонад. Душмани ҳамдигар мекунад. Чунки ҳам ҷомеаи Эрон, ҳам Тоҷикистон имрӯз сахт мазҳабиянд. Нависандаю шоири эронию тоҷик 100 хонанда надорад. Лекин ҳар сагбачаи худро мазҳабӣ гумошта, то миллион ҳаводор дорад. Бо инҳо чӣ мекунӣ? Дуртар аз пеши бинӣ ҳам бояд нигарист.

 

Сафват Бурҳонов

Одесса

 

саҳ 3 аз 10

Китобҳо

Flag Counter