ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 16 Сентябр 2020 11:50

Солҳои 1978-1980 дар омӯзишгоҳи омӯзгории н.Рашт донишҷӯ будам. Дар он солҳо ҳам байни донишҷӯён аҳён-аҳён ҷангу ҷанҷолҳо пеш меомад. Аммо бештари ҷанҷолҳоро худи устодон ҳаллу фасл мекарданд, на кормандони ҳифзи тартибот. Дар навбати худ устодон роҳу воситаеро истифода мекарданд, ки аз кардаи худ пушаймон мешудӣ. Банда низ ба чунин мушкилӣ рӯ ба рӯ шуда будам. Аммо устодон, рӯҳашон шод бод, Давлат Асалов, Неъмат Элбегиев ва устоди бисёр азизу меҳрубон Раҳимбек Қувватов барои инсони комил шудани ман саҳми воқеъӣ гузоштанду имрӯз бо некӣ аз онҳо ёд мекунам.

Моҳи январи соли 2020 дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар н.Рашт байни донишҷӯён ҷанҷол сар зада, дар он зиёда аз 20 нафар иштирок мекунанд. Дар навбати худ кормандони ҳифзи тартибот парванда оғоз карда, гунаҳкорон бояд мувофиқи гуноҳи содиршуда муҷозот мешуданд. Аммо бо ҳамкории Прокурори н.Рашт Шоҳин Талбакзода ва сардори Раёсати ВКД генерал-майор Азизуллозода Сафиаллоҳ Азиз парвандаро қатъ мекунанд, зеро ояндаи ин донишҷӯён ва шароити иқтисодии волидайни эшонро ба инобат мегиранд. Қанд зананд чунин масъулин, зеро парвандаи ҷиноӣ метавонад 1 умр номи мардро бад созад!

Муҳаммадӣ Авазов, 

н.Сангвор  

 

Чоршанбе, 16 Сентябр 2020 11:45

- Салом ба аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР! Банда мухлиси ҳамешагии газета буда, ҳар 1 шумораи онро пурра хонда, ҳатто бо ҳамсояҳо сари ин ё он мақола баҳс ҳам мекунем. Маро чанд вақт боз 1 андеша машғул кардааст ва ин ҳам бошад Вазорати кишоварзии мамлакат ва функсияҳои он.

Имрӯз масъалаи обу беҳдошти замин ба Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, содироти меваю сабзавот ба Агентии содирот, заминҳои кишоварзӣ, чӣ лалмиву чӣ обӣ ва чӣ шӯрзадаву аз кормонда ба Кумитаи замин ва геодезӣ вобаста шудааст. Ба ғайр аз ин масъалаи танзими нарху навои бозор, ки Вазорати кишоварзӣ умуман аз ӯҳдааш намебарояд, ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва дигар сохторҳои шаҳрӣ вогузор шуда, корхонаҳои воҳиди давлатие, ки зертобеи вазорати мазкур буданд, қариб, ки худашон фаъолияти хешро пеш бурда, масъалаи молиро низ мустақилона ҳал мекунанд. Ҳатто ҳамон малахе, ки ҳамасола дар ҷонамон задааст, хадамоти алоҳида шуд. Инҷо саволе ба миён меояд, ки Вазорати кишоварзии ҶТ ҳоло дигар барои чӣ лозим аст? Агар танҳо барои омодасозӣ ва баррасии чанд қонун бошад пас барои ин Маркази миллии қонунгузории кишвар ҳаст-ку?

Оё замоне нарасидааст, ки ин вазоратро барҳам дода, маблағи ҳамасола барои фаъолияти он ва кормандонаш ҷудо мешударо ба дигар самтҳо, аз ҷумла ичтимоиёт равона созем? Мутахассисони вазорат ҳеҷ гоҳ бе кор нахоҳанд монд!

Таваккал Нуров, нафақахӯр ва собиқадори соҳаи кишоварзӣ

 

Чоршанбе, 16 Сентябр 2020 11:41

 Момаи Маликабону Давронова, сокини н. Айнии вилояти Суғд меҳмони редаксия шуда гуфт, сароғоз СССР-и мардумиро бо зодрӯзаш, яъне 09.09.08 табрик мекунам ва афзуд:

-Ҳама газетаҳоро мехонам, зеро раҳматии шавҳарам худ аввал журналист буданду баъд чандин сол бо ҳам дар даврони советӣ дар мулки Яман кору фаолият мекардем. Вале СССР ростӣ дигар аст, воқеан газити мардумист. Дар хоки потон мурам, мутаассифам, ки худам илми олӣ надорам, вале дунёро дидаам, пурхонам ва 1 чиро мегӯмтон. Дар мо масале ҳаст, ки «Мардум рама шуд ҳар буз серка гашта, худро пешво мехонад». Солҳои 1990 чунин шуд. Куҷое бузе буд, лидер шуд, мардумро ба майдондорӣ кашид ва мардум рама шуда, аз паси ин серкаҳои ношуд ба ҷарие уфтод, ки даҳҳо миллиард зарар овард, ҷанг сар шуд, корхонаҳоро ғорат карданд, миллат қариб нест шуд. Шукри Худо, ки имрӯз ба тинҷиву амонӣ расидаем ва ба мардум гуфтаниям, ки аз пушти серкаҳои хориҷӣ, ки имрӯз даъвои пешвоӣ доранд, наравед. Кӯр 1 бор асо гум мекунад, ки мо кардем. Тинҷу осоишта ватанро обод кардан лозиму атрофи Президенти худамон сахт ҳамдил шудан лозим. Иншооллоҳ, ба рӯзҳои беҳтару нектар мерасем. Зеро Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, 16 Сентябр 2020 11:36

Вақти ба тарафаи дигар гузаронидани симкорти банда, “Мегафон” 10 сомонии маро муфту қурут аз худ кард ва боз 15 сомонии дигар иловапулӣ гирифт. Хостам, ки ба тарифи аввалаи худ баргардам, аммо “Мегафон”-и пулдузд рад кард. “Мегафон” худаш хоҳад, ба тарифи дилхоҳаш касро мегузаронад. Пас, чаро моро ба тарифи пештараамон, ки дар 10 рӯз 10 дақиқа бо телефонҳои дигар ва 300 мегабайт, инчунин бал медод, гузарондан намехоҳад? Охир, мо дар ин тариф пулу интернет дорем ва ин тариф бароямон муфиду қулай аст!  

Ҳакималӣ Назаралиев, 

аз деҳаи Ғурриёти ш.Ҳисор, 

тел: 901 01 51 35 

 

Чоршанбе, 16 Сентябр 2020 11:32

 Сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Нуралӣ Латипов ба идораи редаксия занг зада (тел: 937995601) аз роҳбарияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ноҳия шикоят намуд. 

- Дар муассисаи мазкур чандин кӯдаки 6-соларо ба синфи 1-ум қабул кардаанд. Фарзанди ман аввали соли 2014-ум таваллуд шудааст, чанд бор ба муассиса бурдам, ҳуҷҷатҳояшро ҳам дуруст кардам, намедонам аз чӣ бошад роҳбари ин муассиса писари маро ба синфи 1-ум қабул намекунад. Онҳо қонунро баҳона мекунанд ва мегӯянд, ки фарзанди шумо 7-солаи пурра нест ва наметавонад дар синфи 1 таҳсил кунад. Ин дар ҳолест, ки якчанд нафари дигар, ки баъзе аз фарзанди ман хурданд, ба синфи 1 қабул гаштанд. Ман фикр мекунам, ки инҷо омилҳои коррупсионӣ ё хешутаборӣ вуҷуд дорад. Аз масъулини ниҳоди мазкур хоҳиш менамоям, ки ба масъалаи мазкур ҷиддӣ аҳамият диҳанд.

 

Чоршанбе, 16 Сентябр 2020 11:23

Чоршанбе, 16 Сентябр 2020 11:15

14 сентябри соли 1936 дар нишасти махфӣ НКВД СССР қарор дод кормандони худро ба сурати оммавӣ ба Испания, барои ширкат дар ҷанги граждании ин кишвар фиристад. Бо ин қарор мудохилаи СССР ба Испания оғоз гардид. Амалиёт "Х" номугозорӣ шуда, ҳазорон ихтиёриёни шӯравӣ равонаи ин кишвари дур шуданд. 

"Фронти халқӣ"

Моҳи феврали соли 1936 дар Испания интихоботи парлумонӣ доир гардид. Дар ин интихобот "Фронти халқӣ", ки аз иттиҳоди ҳизбҳои чапгаро иборат буд, пирӯз шуд.  Дар натиҷа ду намояндаи ин фронт Мануэл Асаня ва Касарес Кирога президент ва сарвазири Испания таъин гаштанд. Ин ду нафар ғасби заминҳои заминдорони калонро аз ҷониби деҳқонон қонунӣ карда, маҳбусони сиёсиро аз зиндонҳо озод намуда, чанд роҳбари фашистро ба зиндон андохтанд. Ин амалкард мухолифати шадиде дар ҷомеаи дингарои испанӣ ба вуҷуд овард ва намояндагони калисои католик, монархистон, заминдорони калон ва фашистон бар алайҳи давлати нав муттаҳид гардиданд. Ҷомеаи испанӣ ба ду дастаи ба ҳам муқобил тақсимбандӣ ва ҳатто артиши испанӣ ҳам ду даста шуд. Дар артиш тарафдорони давлат Иттиҳоди ҳарбии ҷумҳуриявии зиддифашистиро таъсис ва мухолифони давлат бошанд Иттиҳоди ҳарбии испаниро созмон доданд, ки ба он генерали испанӣ Эмилио Мола сарварӣ мекард.

Шӯриши Марокаш

Моҳи июли соли 1936 дар Марокаши Испания аввалин шӯриши ҳарбиён ба вуқуъ пайваст. Шӯришгарон баъди чанде қудратро ба даст гирифта,18 июл генерал Гонсало Кейпо де Ляно дар шаҳри Севиляи Испания даст ба шӯриш зад. Дар натиҷа ду шаҳри бандарии Испания дар ҷануб, Севиля ва Кадис ба тасарруфи шӯришгарон даромаданд. Тасарруфи Севиля ва Кадис ба шӯришгарон имкон фароҳам овард, ки дар ҷануби кишвар платсдарми қулайро барои вуруди нерӯҳояшон аз Марокаш соҳиб шаванд. То 19 июл аллакай 80%-и артиши испанӣ шӯриш бардошта, ҳарбиён шаҳрҳои Сарагоса, Толедо, Оведо, Кордова ва Гранадаро ишғол намуданд.                                                                                                                   

Миқёси шӯриши ҳарбиён барои ҳукумати марказии Мадрид комилан тааҷҷубовар буда, онҳо гумон мекарданд шӯришро ба осонӣ саркуб мекунанд, аммо кор комилан ранги дигар гирифт. 19 июл Касарес Кирога ба истеъфо рафт ва сарвари нави ҳукумат, роҳбари ҳизби ростгароӣ-либеролӣ "Иттиҳоди ҷумҳуриявӣ" Диего Мартинес Баррио таъин шуд. Баррио кӯшиш кард бо шӯришгарон гуфтугӯ карда, як ҳукумати коалитсионӣ созмон диҳад. Аммо генерал Мола ин пешниҳодро рад карду ин амалкарди Баррио боиси хашми ҳаммаслаконаш дар "Фронти халқӣ" гашт. Баррио худи ҳамон рӯз ба истеъфо рафт. Ба ҷои ӯ Хосе Хирал сарвазири нави Испания таъин шуд. Хирал дарҳол фармон дод ба мардум силоҳ тақсим кунанд.

Чоршанбе, 16 Сентябр 2020 11:12

 

10.09.1918. Нерӯҳои Артиши 5-уми Сурх бо сарварии П.А. Славин шаҳри Қазонро аз сафедҳо озод карданд. Ин аввалин пирӯзии Артиши Сурх дар рафти ҷанги гражданӣ дар Фронти шарқӣ ба шумор меравад.

10.09.1984. Оғози бозии шоҳмот барои ба даст овардани унвони чемпиони ҷаҳон миёни ду шоҳмотбози шӯравӣ Анатолий Карпов ва Гари Каспаров. Ин бози зиёда аз 5 моҳ идома дошта, яке аз тӯлонитарин бозиҳои шоҳмот ба шумор меравад. 

11.09.1927. Заминларза дар соҳили ҷанубии Қрим. Ин заминларза боиси харобиҳои зиёд дар Севастопол ва Феодосия гардида, ҳатто ба адабиёт ҳам ворид шуд. Онро нависандагони бузурги рус Илф ва Петров дар романи маъруфи худ "Дувоздаҳ курсӣ" ба қалам кашиданд.

11.09.1944. Дар рафти ҷанги ҷаҳонии дуввум, нерӯҳои артиши амрикоӣ аввалиншуда миёни иттифоқчиён ба ҳудуди Олмон ворид гардид. 

11.09.1988. Дар РСС Эстония забони эстонӣ, забони давлатии ин ҷумҳурӣ эълон карда шуд.

12.09.1934. Се кишвари Назди Балтик, Латвия, Литва ва Эстония як иттиҳоди нави сиёсиро таъсис доданд. Созишномаи ин иттиҳод дар Женева ба имзо расида, дар таърих чун Антантаи Балтик маъруф аст.

13.09.1968. Албания ба нишони эътироз аз Ташкилоти Созишномаи Варшава берун омад.

14.09.1936. Дар ҷаласаи махфии НКВД СССР, роҳбарияти ин ниҳод қарор дод, кормандони худро ба таври оммавӣ ба Испания, барои ширкат дар ҷанги гражданӣ фиристад.

14.09.1991. Дар Ӯзбекистон Ҳизби коммунист бо як қарор пароканда гашта, ба Ҳизби Халқи-Демократӣ тағйири ном кард. Коммунистони Ӯзбекистон бо як қарор ҳама, аъзоёни Ҳизби Халқӣ-Демократӣ гардиданд.

15.09.1917. Ҳукумати муввақати рус, Русияро Ҷумҳурӣ эълон кард ва ба ҳукумати сиёсии сулолаи Романовҳо хотима дод.

саҳ 5 аз 10

Китобҳо

Flag Counter