ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 01 Феврал 2023 09:46

 

Шунида будам, сарбози ошное дар замони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо шертани тоҷик Сафар Амиршоев пеш аз маргаш вохӯрдааст. Аммо кӣ будану ному насаби он ҳамватани ғаюр дар ёд намонда.

Ба тозагӣ китоби “Сарбозони шуҷоъ” - и М. Бозорбоева ва М. Бобохоновро дигарбора варақ задам ва он сарбози қиссагӯро дарёфтам. Ӯ Игамбердӣ Хоҷамбердиев, қаҳрамони он корзор будааст. Ҳангоми дидору суҳбат бо муаллифони китоб дар соли 1983 диловар қисса мекунад, ки вай на як, балки ду маротиба бо ҳамватани шердилаш – Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Сафар Амиршоев вохӯрдааст.

Ба иқрори сарбози ғаюр ӯро тирамоҳи соли 1941 ба аскарӣ даъват карданд. Дар як вагон бо Сафар Амиршоеви кӯлобӣ вохӯрдаву суҳбат доштааст. Он рӯз дар вокзали роҳи оҳани шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) митинги серодаме доир шудаву даъватшудагонро роҳбарони давлати Тоҷикистони шуравӣ: Котиби якуми КМ ПК ҶШС Тоҷикистон Дмитрий Захарович Протопопов, Раиси Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон Мунаввар Шогадоев ва Раиси Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон Маҳмадалӣ Қурбонов ҳидоят ва зери навои оркестри нафасӣ аскаронро ба қатора нишонда гуселонданд.

Ӯ меафзояд, ки лаҳзаи дигар дар лавҳи хотираш сахт нақш бастааст. Он рӯз 3 - январи соли 1944 буд. Баъди ҳарбу зарби шадиду сангин дар муҳорибаи шаҳри Витебски Белоруссия дар гӯшае беҳолу бемадор менишаст. Ёди диёр, пайвандон, манзараҳои ошно аз пеши назараш мегузашт. Аҷабо, хоб аст ё бедор? Ба гӯшаш садои дилнишини суруди тоҷикӣ расид:

 Сарчашмаи боғи булбулонай ватанум,

Хушбоду ҳавои бӯстонай ватанум...

Чашм во намуд, чунгак нишаст ва сӯи овоз дида дӯхт. Таҳамтане ин рубоиро замзамакунон сӯяш меомад. Зеҳн монд, худоё гуфт, Сафар Амиршоев. Бодвор аз ҷо ҷаст ва ҳамватанон якдигарро сахт каш гирифтанд. Аз дидори ошно, сарбозони Ватан бағоят хурсанд гашта чанде дар суҳбат ва бо дили нохоҳам аз ҳам, ба умеди дидор ҷудо шуданд...

Аммо, тақдир ба хости онҳо кор нагирифт. Сафар Амиршоев соли 1944 дар корзор, ҳангоми озодсозии Ҷумҳурии Литва аз дасти фашистони немис, дар яке аз муҳорибаҳо ҳалок гардид. Баъди шунидани ин хабари мудҳиш Игамбердӣ сахт ғамгин гашт...

Чоршанбе, 01 Феврал 2023 09:41

 

Чоршанбе, 01 Феврал 2023 09:37

Чоршанбе, 01 Феврал 2023 09:35

Чоршанбе, 01 Феврал 2023 09:33

Чоршанбе, 01 Феврал 2023 09:27

 

 Файзиддин Сафаров, сокини ҷамоати Тагобаи н.Рашт меҳмони идора шуда (тел: 985152855), гуфт, имсол зимистони бесобиқа омадааст, вале барфи бештар дар ш.Душанбе будааст, дар тарафҳои мо барф қариб, ки нест ва роҳҳо тозаанд.

- Аз Рашт ба ш.Душанбе хеле зиёд меояму меравам. Дар роҳ баъзе навиштаҳоро дида, ҳайрон мешавам. Масалан дар ҷойе «Тавора» навишта, насб шудааст, ки ин калима барои аксарият нофаҳмост. Ба ҷои ин «Девор» ё «Гирдгашт» нависанд, зеле зебо ва оммафаҳм мешуд. Дигар ин, ки мошинҳои «Оташангез» навиштаро дида, дар шигифт мемонам, зеро ин навишта маънои онро дорад, ки мошин гуё худаш оташ меангезад, ки албатта хатост. Агар «Аз оташ хатар» менавиштанд, хубтару беҳтар мебуд. Ё ин ки «Шустушӯи нақлиёт» гирем, хеле дароз аст, ба ҷойи ин «Шустгоҳ» - ро истифода кунем, осонтар мешавад.

Чоршанбе, 01 Феврал 2023 09:26

Чоршанбе, 01 Феврал 2023 09:26

саҳ 8 аз 9

Китобҳо

Flag Counter