Ҳама дам одамон дар нишастҳои гуногун аз боби сарвату боигарӣ, тангаву тиллои ҳамсоя, раису кабир, фалониву бисмадонӣ худро сурху сафед мекунанд. Пештоз мегӯем, ки то ҳаст одаме, то ҳаст оламе ин баҳсҳо идома хоҳанд ёфт. Чунин гапу гузор дар сарак, русто, шаҳр, вилоят, кишвар ақсои оламро гирифта…
Чунин сару садоҳо дар асри ХХ ва имрӯз ҳам нисбат ба 2 тан пешвоёни ҳизби коммунисти Иттифоқи Советӣ, роҳбарони СССР Владимир Илич Ленин (Улянов) ва Иосиф Виссарионович Сталин мегӯянду менависанд.
Қуллаи баланди овозаю дарвозаҳо нисбат ба афрози болозикр ба ду давра: солҳои 20-30 ва 80-90-уми асри ХХ рост меояд, ки аслан рӯғанрезони ин амалҳо душманони синфии пролетариати дохилӣ ва хориҷианд. Инак бо гузашти 105 сол аз дороиҳои доҳии пролетариати ҷаҳон В.И. Ленин мегӯянду ҳадс мезананд, аммо ҳиҷ не ки ягон далели муътамад биёранд.
Ленин (Улянов)
(22.04.1870, Симбирск – 21.1.1924, ш. Горки, вилояти Москва)
Мутафаккири бузург, револютсионери пролетарӣ, асосгузори Давлати Советии Сотсиалистӣ, доҳии меҳнаткашони тамоми ҷаҳон.
Ленин дар оилаи инспектори омӯзишгоҳҳои халқӣ таваллуд шудааст. Гимназияро хатм карда (1887), ба факултаи ҳуқуқшиносии Университети Қазон дохил гардид, аммо барои иштирок дар ҷамъомади револютсионии студентон (декабри 1887) аз университет хориҷ ва ба деҳаи Кокушкинаи губернияи Қазон бадарға шуд. Октябри соли 1888 ба Қазон баргашта, ба кружоки марксистӣ дохил мешавад.
Соли 1889 оилаи Уляновҳо ба Самара кӯчид. Ленин соли 1891 ба факултаи ҳуқуқшиносии Университети Петербург имтиҳонҳои таъҷилӣ супурда, ба Самара омад ва ёрдамчии адвокат шуд. Дар Самара кружокҳои марксистонро ташкил намуда, ғояҳои коммунизми илмиро тарғиб кард…
Соли 1893 ба Петербург омада, ба «Иттифоқи мубориза барои озод кардани синфи коргар» асос гузошт» (1895). Декабри соли 1895 ҳабс ва феврали 1898 ба муддати 3 сол ба деҳаи Шушенское бадарға карда шуд.
Соли 1900 Ленин ба хориҷа рафта, нашри газетаи «Искра»-ро ба роҳ монд. Соли 1903 Съезди 2-юми РСДРП доир шуд, ки дар он бо роҳбарии Ленин партияи марксистии револютсионии Россия созмон дода шуд.
13.02.1918. Шӯрои Комиссарони Халқии РСФСР декрет оид ба таъсиси «биржаҳои меҳнатӣ»-ро ба тасвиб расонид. Ин биржаҳо ташкилотҳои давлатӣ маҳсуб меёфтанд ва вазифаашон миёнаравӣ дар бозорӣ меҳнат буд. Ин биржаҳо то авохири с.1930, то замони рафъи бекорӣ дар СССР фаъол буданд.
13.02.1921. Дар Маскав роҳбари анархистони рус княз Куропаткин вафот кард. Ҳукумати шӯравӣ дар ин рӯз барои ширкат дар маросими дафни княз, тамоми анархистони зиндониро танҳо ба ивази қавли бозгашт аз зиндонҳо озод кард. Князи марҳумро дар қабристони Наводевичийи Маскав ба хок супурданд. Анархистон ба қавлашон вафо карданд ва ҳамаашон бо шиори «анархия-модари амният» ба зиндонҳо бозгаштанд.
13.02.1923. Дар Петроград кормандони ГПУ яке аз маъруфтарин ҷинояткорони рус Леонид Пантёлкинро, ки бо лақаби Лёнка Пантелеев дар ҷаҳони ҷиноии рус маъруф буд, ба қатл расониданд. Лёнка воқеан аз маъруфияти зиёде миёни ҷинояткорон бархурдор ва ҳатто худи Ленинро ҳам ғорат карда буд.
13.02.1934.Дар баҳри Чукотск киштии «Челюскин» миёни яхҳо дармонда ғарқ шуд. Экипажи киштӣ, ки ба челюскинчиён маъруф шуданд, 2 моҳ болои яхпора зиндагӣ карданд.
13.02.1956. Пленуми КМ ҲКИШ қарор дод, дар рафти Анҷумани ХХ-и ҲКИШ нишасти пӯшидаеро доир намояд. Дар ин нишаст котиби генералии ҲК Никита Хрушев мебоист маърузаи маъруфи худ «Оид ба шахспарастӣ ва пасомадҳои он»-ро ба самъи вакилони Анҷуман мерасонид.
14.02.1918.Шӯрои Комиссарони Халқии РСФСР Декрет «Дар бораи Флоти Сурхи Коргарӣ-Деҳқонӣ»-ро нашр кард. Инчунин бо декрети дигари ШКХ тамоми заминҳо дар РСФСР моликияти давлатӣ эълон шуданд.
14.02.1974. Дар СССР нависанда Александр Солженитсин ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ бо фармони Раёсати ШО СССР «Барои фаъолияти муназзам, ки бо мақоми шаҳрванди СССР мутобиқ набуданд ва барои расонидани зарар ба Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ» аз шаҳрвандии СССР маҳрум ва аз СССР табъид шуд.
14.02.1956. Дар Маскав, пойтахти СССР Анҷумани ХХ-и ҲКИШ баргузор шуд. Ин Анҷуман дар таърихи навини Иттиҳоди Шӯравӣ мавқеи хосе дошт ва бори аввал дар он фаъолияти роҳбарияти олии кишвар ва шахси Иосиф Сталин зери танқиди сахт гирифта шуд.
15.02.1957. Вазири корҳои хориҷии СССР Андрей Громико таъин шуд. Ӯро мешавад яке аз муваффақтарин вазири корҳои хориҷии СССР номид. Ӯ 28 сол дар ин вазифа кор карда, маҳз замони вазирии ӯ СССР назаррастарин пирӯзиҳоро дар сиёсати хориҷии худ ба даст овард.
Басирхон Зоҳидбоев аз Ворухи шикастнопазир, ҳамсояи девордармиёни Меҳрӯзиддин Болтаеви раҳматӣ, меҳмони СССР шуда, гуфт, аз шумораи нахустин ба газетаи мо обуна ва узви Ихвон ал СССР аст:
- Салому паёми тамомии ворухиёнро ба шумо мерасонам. Шахсан ман 748 шумораи газетаро пурра аз саҳ-1 то 16 хондаам!!! Ҷумъа меоранд газетаро ва то шаби шанбе хонда тамом мекунам! Наркоман шудаам, муътоди газета. Ман ҳатто саҳифаҳои рекламаи шуморо мехонам. Агар нахонам намешавад! Хонда ба дигарон медиҳам ва дастобадаст ҳама дар Ворух СССР мехонанд.
Дар бораи анклави Ворух гуфтанӣ дорам: 31.12.1974 аввалин ҷанги қирғизу тоҷик сар зад. Қирғиз ҷангро нахустин шуда сар кард. Сафо Абдураҳимов ва Музаффарҷон ном сокинони Ворух дар он тирпарронӣ захм бардоштанд. Баъдан КГБ ба пурсуҷӯ сар кард. Хулласи калом, моҳи январи с. 1975 замини 2 тарафи роҳи мошинравро ба қирғиз доданду тоҷиконро дур карда, аз латок боло замин доданд. Ин супориш аз Маскав буд. Ин амали ноадолатонаи Маскав сабаб шуд, ки то ҳанӯз ин конфликт давом дорад ва бо ҳамин Ворух анклави сунъӣ гардид. Дар асл таърихан собитшуда асту ҳама, ҳатто қирғиз ҳам, медонад, ки Ворух сарзамини ориён ва Тоҷикон буд, ҳаст ва мемонад. Мо Метавонем!
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар