- ХУШХАБАР. «Куллиёти Мавлоно» ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.
- Шӯрои уламои Тоҷикистон Сайидмутаҳҳар Асомиддинзода, собиқ имомхатиби масҷиди марказии н.Данғара ва узви Шӯрои уламои кишварро имом хатиби калонтарин масҷиди нави Тоҷикистон таъин кард.
- Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи кишвар то 12 июни соли ҷорӣ дар кӯлу дарёҳои кишвар 56 нафар ба ҳалокат расиданд, ки 33 нафари онҳо ноболиғон мебошанд: 15 нафарро аз марг наҷот доданд.
- Додгоҳи вилояти Суғд Муҳиба Давроноваи 42 сола, сокини ҷамоати деҳоти Ворухи ш.Исфараро барои ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ дар Тоҷикистон ва қасди куштори 2 фарзандаш 18 сол равонаи зиндон кард.
- Дар ш.Хоруғ ба сохтмони пули дарозтарини мошингузар дар ҳудуди Бадахшон, ки 200 метр дарозӣ ва 10 метр паҳноӣ дорад, оғоз намуданд
Ҳошим Гадо, Ҳунарпешаи халқии СССР, муаллиф ва хонандаи доимии газетаи мардумӣ меҳмони идора шуда, гуфт, ки мехоҳад ба мухлисонаш арзи сипос намояд.
- Ман аз тамомии мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҳамаи онҳое, ки маро бо ҷашни зодрӯзам табрик намуданд, сипосгузорам! Ман ҳамаи навиштаҳоеро, ки дар матбуот, алалхусус дар газетаи мардумии СССР ба ман эҳдо мешаванд, мехонаму меболам. Аз ҳамаи онҳое, ки дар кӯча маро дида, наздам меоянду салому ҳолпурсӣ мекунанд, мефахрам. Шод аз онам, ки мардуми одӣ маро дӯст медорад! Ман худам одами одӣ ва аз они халқам ва Ман бо шумо зиндаам!
5.06.1945. Фармондеҳони ҳарбии кишварҳои иттифоқчӣ, Георгий Жуков, Дуайт Эйзенхауэр, Бернард Монтгомерӣ ва Латр де Тассинӣ дар ш.Берлин Эъломияи таслими бечунучарои Олмонӣ гитлериро ба имзо расониданд. Тибқи он қудрати сиёсӣ дар Олмон ба ҳукуматҳои СССР, ИМА, Бритониё ва Фаронса вогузор шуд. Берлин низ қисматҳо тақсим карда шуда, ҳар кишвар қисмати худашро дошт.
6.06.1922. Дар СССР бо Декрети ШКХ Раёсати асосӣ оид ба кор бо адабиёт ва нашриётҳо созмон дода шуд. Ин раёсат, ки Главлит ном гирифт, тамоми фаъолияти нашриётиро дар аввалин кишвари Шӯроҳо зери назари худ қарор медод.
6.06.1922. Дар Маскав мурофиаи судии роҳбарони ҳизби эссерӣ оғоз шуд. Ин мурофиа аввалин парвандаи бузурги сиёсӣ дар СССР ба шумор мерафт ва дар он 34 роҳбари ҳизбӣ эссерӣ муҳокима карда шуданд.
6.06.1944. Ифтитоҳи фронти дуввум алайҳи Олмон дар Аврупо. Нерӯҳои англис ва амрикоӣ билохира баъди хоҳиши чандинкаратаи Сталин дар авохири ҷанг ба соҳили Фаронса дар Нормандия фуруд омаданд.
6.06.1957. Дар шаҳри Маскав мағозаи «Олами кӯдакон» ифтитоҳ ёфт. Баъди чанде мағозаҳо бо чунин ном дар тамоми шаҳрҳои бузурги СССР кушода шуданд ва яке аз беҳтарин мағозаҳои кӯдакон дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафтанд.
7.06.1917.Ҳизби эссерон дар Русия ба 2 қанот-эссерони чап ва эссерони рост тақсим шуд. Эссерони рост аз болшевикон тарафдорӣ накарданд ва аксариятро ташкил медоданд, аммо эссерони чап аз инқилоби болшевикӣ тарафдорӣ намуда, вориди ҳукумати болшевикӣ шуданд. Албатта баъди чанде роҳашон боз аз болшевикон ҷудо гардид.
7.06.1954. Дар Маскав Анҷумани XI уми Иттифоқҳои касабаи СССР ба кори худ шурӯ кард. Дар ин Анҷуман, Устави нави Иттифоқҳои касабаи СССР қабул карда шуд.
8.06.1918. Дар шаҳри Маскав зери роҳбарии Феликс Дзержинский аввалин Конфронси умумирусиягии Комиссияҳои фавқулодда (ЧК) ба кори худ шурӯъ кард.
8.06.1946. Дар пойтахти Дания, шаҳри Копенгаген ташкилоти байналмилалии журналистон (МОЖ) таъсис дода шуд.
8. 06.1958. Дастаи мунтахаби футболи СССР бори аввал дар чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ширкат варзид. Чемпионати 6-уми футбол дар Шветсия гузашт ва дар он 16 дастаи мунтахаб ширкат варзиданд. Мунтахаби СССР бозии аввалини худро бо дастаи мунтахаби Англия баргузор кард. Бози мусовӣ бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.
9.06.1935. Дар СССР барои фирор аз кишвар ҳукми қатл ҷорӣ гардид ва тамоми хешу табори фирорӣ низ ҷинояткор эълон мешуданд.
10.06.1920. КМИ дастурамал «Оид ба милитсияи коргарӣ-деҳқонӣ»-ро ба тасвиб расонид. Милитсия чун «дастаҳои мусаллаҳи таъиноти махсус» муайян карда шуд.
11.06.1918. Ҳаракати миллии қазоқии «Алаш» тамоми декретҳои ҳукумати Шӯравиро дар қаламрави Қазоқистон ғайриқонунӣ эълон кард.
Хуб аст, ки ҳоло ҳам бо гузашти қариб 80 соли ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 аз корномаи сарбозони диловар ёд меоранд. Дар ин муддат, дар гӯшаву канори мамлакат бобати ҷоннисориҳои ҳар яке аз 300 ҳазор ҷавонмарди тоҷикистонӣ, диловарии онҳо дар набардгоҳҳои он ҷанги хонумонсӯз сатре чанд нигошта шудаасту боз ҳам менависанд. Ба назар мерасад, ки гӯё аз диловарию матонат, бунёдкориву заҳматҳои шабонарӯзии мардони майдон, ҳамаро ба зевари табъ кашидаем, аммо дар асл чунин нест. Ҳоло ҳам кам гуфтаему боз гуфтан – навиштан ҳатмист.
Чиҳил соли расост, ки банди ин мавзуъро раҳо накардаам ва пайваста аз корнома, рӯзгори омӯзандаи қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ менависаму хотири диловарони Ватанро гиромӣ медорам. Дар бораашон китоб низ навиштаам, матолиби зиёдеро оид ба ин мавзуъ дар маҷаллаву рӯзномаҳо ба нашр мерасонам. Бо шунидан, дидан ва дарак ёфтан аз корномаи сарбозе болида мегардам ва аз пайи зикри ному диловариҳои онон мекӯшам...
Чанд рӯз пеш рӯзноманигор, дизайнери шинохта Юсуф Дӯстов мужда гирифт, ки баротон як қаҳрамон ёфтам, дар бораашон менависед? Гуфтам, ба чашм.
ФАЙЗУЛЛО ҚУДРАТОВ
Зодаву парвардаи кишвари офтобрӯяи Тоҷикистон, 15 июни соли 1912 дар деҳаи зебоманзари Шаватки Поёни ноҳияи Айнӣ, дар оилаи марди кӯҳистонӣ дида ба дунё кушудааст. Акнун ба 15 қадам ниҳода буд, ки аз падару модар маҳрум монд. Файзуллои ятим ба назар дар як зум гӯё марди солору мустақил гашт.
Вай солҳои 1928 – 1930 дар зодбум таҳсили ибтидоиро фаро гирифт. Ҳукумати давр дар ин айём Файзуллои неруманд – комсомоли ғаюрро бо дастае баҳри мубориза бар зидди ноаҳлони ҳукумати нав – душманони синфӣ ба водии Яғноб сафарбар намуд.
Файзулло дар ин росто ба қавли шоир ҷон ба ҷони кишвар монд ва зафар ёфт. Ӯ, ҳамзамон, дар таблиғу роҳандозии нақшаҳои ҳукумати нав, дар кӯҳистон меҳнат кард. Дар раванди таҳкими мактабу маориф, созмон додани мактабҳои типи нав кӯшиш ба харҷ дод. Дар ин миён ҷавони қобилу уҳдабаро Файзулло Қудратов ҳамчун директори мактаб дар рустои Киренте ифои вазифа намуд.
ФАРХОР
Заҳмати софдилона, дониш ва қобилияти баланди омӯзгори умедбахшро ба назар гирифта, ӯро ҳамчун методисти шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ хонданд. Ба гузашти чанд муддат ӯро ба шаҳри Сталинобод даъват карданд. Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон ҷавони ташкилотчӣ ва ботаҷриба Файзулло Қудратовро соли 1936 мудири маорифи ноҳияи Фархори вилояти Кӯлоб таъин намуд.
Ӯ чаҳор сол бо мардуми меҳнатдӯсту заҳматкаши диёри диловарон дар бунёди мактабу маориф саҳм гузошт. Наврасону ҷавонони кӯҳистониро ба мактаб ҷалб сохт. Шогирдони зиёдеро болу пари тоза бахшид. Роҳбарияти ноҳия ва соҳаи маорифи вилоят аз фаъолияташ қаноатманд буданд. Муаллим ба шогирдони хеш талқини омӯзиш мекард ва бо як байти Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтаҳои хешро тақвият мебахшид:
Зи дониш шавад кори гетӣ соз,
Зи бедонишӣ кор гардад дароз.
ДОРУЛМУАЛЛИМИНИ ТОШКАНД
Ҳукумати давр ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонони қобилро дар нақша дошт ва аз рӯи он иддае аз фаъолонро ба хондан мефиристод. Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон соли 1939 Файзулло Қудратови нерумандро баҳри баланд бардоштани савияи дониш ба Институти педагогии Тошканд раҳнамун сохт.
Вай бо тамоми ҳастӣ ба хондан дода шуд. Дар ин даргоҳ низ савод ва қобилияти ташкилотчигияш ба роҳбарияти донишкада писанд омад. Ҷавонони Институт Файзулло Қудратовро сарвари худ интихоб карданд. Ӯро дар донишкада ҳамчун комсомоли фаъол, донишҷӯи қобилу уҳдабаро эҳтиром мегузоштанд.
ВИЛОЯТИ ҒАРМ
Соли 1941 Файзулло Қудратов дорулмуаллимини Тошкандро намунавӣ хатм намуда ба Ватан баргашт. Дар шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) ӯро хуш истиқбол гирифтанд. Вазорати маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон аз дарёфти кадри маълумоти олидор қаноатманд гашта, ӯро мудири маорифи вилояти Ғарм таъин намуд.
Ин ҷо ӯ қариб як сол иҷрои вазифа кард. То тавонист дар ташкили мактабу ҷобаҷогузории муаллимони водӣ саҳми хешро гузошт.
ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
Дар ҳамон сол Германияи фашистӣ бе эълони ҷанг ба хоки давлати советӣ зада даромад. Аз хурд то бузург ба ҳимояи Ватан бархостанд. Фавҷ – фавҷи ҷавонмардон бар зидди фашистони истилогар раҳ пеш гирифтанд.
Ҳукумати давр новобаста ба вазъи хатарнок ба ағлаби омӯзгорон брон (ҳуҷҷати имтиёздори ба ҷабҳа нарафтан) дода буд, аммо Ф. Қудратов исрор мекард, ки ба ҳимояи Ватан меравад. Кӯшишҳои чандинкаратааш натиҷа надод. Гуфтандаш, ки маориф ҳам ҷабҳа, бахши калидии давлат аст ва сарфи назар аз хавфу хатар фарзандони заҳматкашон бояд савод гиранд. Шумо дар ақибгоҳ заруред!...
Ниҳоят моҳи марти соли 1942 вай иҷозаи ба ҷабҳа гирифтанро ноил гашт. Ӯ акнун дар сафи сарбозони ҷонфидо бар зидди аду меҷангид. Дар ҷабҳаи Орёл – Курск задухӯрди шадид шуд. Дар ин набард гитлерчиёни зиёдеро маҳв намуда, бо ордени Ситораи Сурх сазовор гашт.
Диловари тоҷик дар ҷабҳа ҳамчун муовини командири полк оид ба корҳои сиёсӣ хидмат мекард. Гӯё ҳама соз буд, вале дар задухӯрди навбатӣ ҷароҳати сахт бардошта, ба госпитал афтид. Духтурони ҳарбӣ дар пайи табобаташ кӯшиданд. Комиссияи тиббии ҳарбӣ ба ӯ дигар иҷозаи ба корзор рафтанро надод ва замони ба по рост шудан ба ақибгоҳ рухсат доданд.
СТАЛИНОБОД
Файзулло Қудратов моҳи майи соли 1943 ба Сталинобод расид. Сарбози диловарро дар КМ ҲК Тоҷикистон бо хушнудӣ пазируфтанд ва ӯ то соли 1946 дар вазифаҳои гуногуни дастгоҳи марказии Ҳизби коммунист масруфият дошт.
Дар ин давра (солҳои 1946 – 1948) дар Мактаби ҳизбии назди КМ ҲК Тоҷикистон таҳсил намуда, ҳамзамон, дар Кумитаи ҳизбии вилояти Ғарм адои вазифа намуд.
Он солу замон ПК кадрҳои лаёқатманди худро баъди ду – се соли корӣ дар ин ё он ташкилоту муассиса ба дилхоҳ ҷабҳа сафарбар менамуд ва он нафар бе чуну чаро аз пайи иҷрои вазифаи навбатӣ мешуд.
Рӯзгори меҳнатии сарбози ҳизб сар аз соли 1948 ба чунин навъ сурат гирифт. Солҳои 1948 – 1950 Файзулло Қудратов ҳамчун раиси Президиуми Иттифоқи касабаи кормандони саноати сабуки ҷумҳурӣ, 1950 – 1953 корманди шуъбаи хоҷагии қишлоқи Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, 1953 – 1955 мудири маорифи ноҳияи Марказии шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе), 1955 – 1957 мудири маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ва 1957 – 1959 мудири маорифи ноҳияи Варзоб кор кард.
МИРЗОЧӮЛ
Ин дов низ Файзулло Қудратов аз супориши навбатӣ сар напечид. Соли 1959 ӯро бо супориши Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон (албатта бо дастури ҲК Тоҷикистон) баҳри азхудкунии заминҳои Мирзочӯл, ба ноҳияи Зафарободи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) сафарбар намуданд.
Номбурда 7 сол ба симати муовини сардори Раёсати сохтмону васлгарии №22, дар шодоб гардондани заминҳои ташналаби водӣ меҳнат кард. Дар шароити номусоид, гармои тоқатфарсо мардумро аз пайи худ бурду сарзамини аҷдодиро обод кард...
Мирзочӯл, дашти Мрзо, дашти ҳамворест дар Осиёи Миёна, дар ҳудуди вилоятҳои Сирдарёи Ӯзбекистон, Чимкенти Қазоқистон ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғди Тоҷикистон. Масоҳаташ 10 ҳазор км2, баландиаш аз соҳили баҳр 230 – 385 м. Мирзочӯл дар шарқ то дарёи Сир, дар ҷануб то ҳамвориҳои наздикӯҳии Туркистону Нурато кашол ёфтааст. Дар шимол ва шимолу ғарб дашти Мирзочӯл то биёбони Қизилқум тул мекашад...
Аз худ намудани Мирзочӯл охирҳои асри XIX оғоз ёфт. Соли 1895 ба масофаи 84 км канале кофта шуд, ки он 7600 га заминро обёрӣ мекард. Соли 1913 канали Князариқ мавриди истифода қарор гирифт...
Солҳои 1922 – 1924 заминҳои нав аз худ карда шуданд. Масоҳати заминҳои обёришавандаи Мирзочӯл агар соли 1921- ум 20 ҳазор га бошад, пас 1924 ба 50 ҳазор га, 1928 ба 67 ҳазор га расид. Солҳои 1939 – 1940 мувофиқи қарори махсуси Ҳукумат 60 ҳазор га шӯрзамин ва ботлоқзор аз худ карда шуда, соли 1941 миқдори он ба 90 ҳазор га расид. Соли 1956 майдони обёрии Мирзочӯл (бо сохта шудани гидроузели Фарҳод (1948) ва обанбори Қайроққум (1965) ба 205,5 ҳазор га расид.
Баъдан, бештар аз 500 ҳазор га замини лабташнаи Мирзочӯл аз худкардашуда, ки аз он 300 ҳазор га ба РСС Ӯзбекистон, 160 ҳазор ба РСС Қазоқистон ва бештар аз 40 ҳазор га ба РСС Тоҷикистон рост меомад.
18 августи соли 1958 бо фармони Президиуми Совети Олии РСС Ӯзбекистон 50 ҳазор га замини қисми ҷанубу шарқии Мирзочӯл ба РСС Тоҷикистон дода шуд ва дар ин ҷо ноҳияи Зафаробод таъсис ёфт.
БУНЁДГАР
Аз миёнаи солҳои 60 – уми асри XX Файзулло Қудратов боз ба соҳаи мактабу маориф баргашт. Ӯ тули 8 сол (1965 – 1973) дар ноҳияи Айнӣ, дар макотиби деҳаҳои Шаватки Поён, Путхин, Зоосун, Дар – дар ва Вешаб ҳамчун директор масруфият дошт.
Ӯ дар миқёси кишвар бо бунёдгариву ободгарӣ ном баровард. Ҳама ҷо аз пайи ободии диёр мекӯшид. Замони директори мактаби Зоосун буданаш омӯзгори дурандеши ватанпараст аз шаҳри бостонии Самарқанд устоҳои чирадаст ва мутахассисонро ҷалб намуда, мақбараи шоири номвари диёр Нақибхон Туғрали Аҳрориро бунёд кард.
Кори муаллими фидокор мудом аз ободкорӣ буд. Соли 1966 номбурда дар деҳаи Шаватки Поён ба сохтмони мактаби нави деҳа асос гузошт. Ҳамчунон, бо ташаббуси мазкур дар деҳа бори аввал хатти барқ кашида шуд. Як байти шоири ширинсухан Абдураҳмони Ҷомиро устод мудом ёд мекард:
Сидқ мебояд ба ҳар коре, ки ҳаст,
То фитад домони мақсудат ба даст.
Баъдан бо ибтикори ин марди даврон дар мавзеи Шахи Сафед (ҳоло Файзуллообод) канали калон канда, заминҳои деҳаҳои Шаватки Поён, Шаватки Боло, Похут ва Фатмовутро шодоб гардонданд.
ОБРАСОН
Давоми умри пурбаракати хеш Файзулло Қудратов борҳо чун сарбоз дар ҳолати омодабош аз пайи иҷрои супориши ҳизбу Ҳукумат, аз як ҷабҳа ба ҷабҳаи дигар мегузашт. Ин дафъа низ чунин шуд ва бо супориши Ҳукумати вақт боз ба соҳаи хоҷагии халқ сафарбар гардид. Аз моҳи ноябри соли 1973 то соли 1986, тули 13 сол ҳамчун мутахассиси корҳои обёрӣ – ирригатори колхози ба номи Фридрих Энгелси ноҳияи Айнӣ дар шодоб гардондани 360 гектар заминҳои бекорхобидаи қаламрав нақши созгор бозид. Аз ҷумла, вай мавзеи ҳозираи Файзуллоободро сарсабзу хуррам гардонд.
Пас аз ба нафақа баромадан низ дар хона бекор нишастанро ба худ муносиб надониста, бо маслиҳату пешкорӣ ба корҳои бунёдгарӣ даст мезад. Файзулло Қудратов, сарбози ду ҷабҳа 25 ноябри соли 1994, дар 82 – солагӣ дунёи фониро тарк гуфта, аз худ номи нек ба ёдгор монд.
Тули умри пурбаракат, ҳини иҷрои вазифаҳои гуногун аз сидқ, софдилона баҳри зиндагии осоиштаи мардум ва некуаҳволии рӯзгори онон хидмати шоиста ба ҷо овард. Таъсису бунёди мактабҳои нав, ривоҷи соҳаи маориф, ободу шодобгардонии заминҳои бекорхобида, тарбият ва омода намудани шогирдони зиёде баҳри зиндагии оянда марому мақсади доимии устоди равоншод буд.
Ҳукумати давр хизматҳои шоёни собиқадори ҷангу меҳнат, нафақахӯри шахсии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ Файзулло Қудратовро бо орденҳои Ситораи Сурх, Ҷанги Ватании дараҷаи 1, чандин медал, нишони Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон ва ифтихорномаҳо сазовор гардонд.
Ҳамчунон, заҳматҳои бунёдкоронаи ҷанговари пурдил, муаллими дарёдил, ободгари ростин пас аз маргаш низ ба ҳукми фаромӯшӣ нарафт. Бо қарори №153 МИҲД – и ноҳияи Айнӣ аз 25 апрели соли 2005 мавзеи Шахи Сафеди Ҷамоати деҳоти Рарз номи Файзулло Қудратов (Файзуллообод) – ро касб кард.
Устоди зиндаёд Гулназар гӯё маҳз дар васфи чунин фарзандони барӯманду содиқи Ватан гуфта бошанд:
Ҳар фард, ки ҷон ба ҷони кишвар монад,
Тоҷи шарафаш замона бар сар монад.
Умари ШЕРХОН
Ҳотами Равшан, сарояндаи саршинос, ҳунарманди театру синамо, Аълочии фарҳанги ҶТ занг задаву гуфт, пойтахтро солҳост, ки пои пиёда қадам мезанаму ҷое нест, ки мардум газета хонад...
- Ҳамин ҳоло аз назди бинои «Шарқи Озод» мегузарам. Ваҳ-ваҳ, чӣ ҷои зебову пурдолу дарахт, гулу гулзор, фаввораҳои ҷаннатмаъоб, раҳмат бар падари раиси ободкораш. Ва акнун суоле ба куллияи журналистони ин ҷо маскун, Раиси КТН «Шарқи Озод», Раиси ИЖТ ва сардабири газетаи мардумии СССР:
- Оё намешавад, ҳамин ҷо 2 стенде мисли даврони совтеӣ гузошту газетаҳоро овезон кард? Оё намешавад, дар ин гулгашт, назди фаввораҳо, чанд мизу курсӣ гузошт, то ҳар редаксияи муқими ин макони муқаддас, шумораҳои худро рӯи онҳо мегузошту мо - муштоқони матбуот нишаста мехондем? Оё намешавад 1 самовори чандсадсомонае гузошту чойу нону ҷурғоту қанду набот ташкил кард (инаш пулакӣ албатта!), то солдидаҳо нишаста, чақ-чақ кардаву матбуоти давриро мехонданду бо сиёсати давлат ошно мешуданд?
О, ғайри масҷид мо дигар ҷои рафт надорем! Баъд мегӯед, ки давлати дунявӣ дорем. Давлати дунявӣ, ҷои газетахонӣ, шоҳмоту доминобозӣ бояд дошта бошад-ку? Ҳоло танҳо ресторанҳои гаронарзиш, қиморхонаҳои 555, ки мардумро роҳгум задаву касод кардан доранд... Ба мо ғизои маънавӣ лозим!
Дуруд ба СССР! Яке аз ҳамкорони пешинаамон, ки дар самти техникӣ кор мекард, бо мурури замон аз коре ба коре гузашт ва имрӯз муовини яке аз ректорони донишгоҳҳои кишвар аст. Барои масъалае наздаш рафтем, мисле вонамуд кард, ки гӯё намешиносад ва “вақт" надошт, ки қабуламон кунад. Гуфтам, эй мардак он рӯзҳоро фаромӯш кардӣ, ки пиёда - пиёда дар кӯчаҳои пойтахт мегаштем, ҳамин аст одамият?
Гуфт, пеш аз омадан маро хабардор мекардед, ҳозир вақт надорам. Дигар чизе посух надодам, ба ҷуз ин ки гуфтам, рост мегӯянд: “одамро вазифа бидеҳу тамошояш кун, то хуб бишносияш”.
Ҷамолиддини Фахриддин,
журналист,
ш.Душанбе
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар