Раҷаб Холмаҳмадов, сокини деҳаи Туркироҷи ҷамоати Амондараи ш.Панҷакент меҳмони идора шуда, гуфт, ки чанд шикоят дар самти фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии истифодаи умум дорад ва онҳоро мехоҳад ба гӯши масъулини соҳа расонад.
- Ман аз ш.Панҷакент ба ш.Душанбе бо автобуси ширкати “Азиан Экспресс” омадам. Роҳкиро аз он тараф то пойтахт дар автобус 65 сомониро ташкил намуд. Дар автовокзали ш.Душанбе барои маълумот гирифтан диспетчерро кофтам. Аз 1 гӯшаи автовокзал то дигараш хуб гаштам, билохира диспетчерро аз 1 кунҷи хеле дур аз мусофирону автобусҳо пайдо кардам. Чаро нуқтаи маълумотдиҳӣ ва диспетчерӣ дар автовокзали пойтахт аз мардум хеле дур ҷойгир аст?
Дигар ин, ки чаро нархи роҳкиро дар микроавтобусҳои хатсайри Душанбе –Турсунзода гуногун асту як ронанда 10 сомонӣ мегӯяд, 1 ронандаи дигар 12 сомонӣ ва сеюми 8 сомонӣ? Чаро тарофаи ягонаи роҳкиро дар хатсайрҳои байнишаҳрӣ нест, ё ҳасту риоя намешавад?
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар