ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Янв 16 2020

 

Гинеколог

    9 январи соли 1996 дастаи ҷангиёни чечен бо сарварии Салман Радуев ба шаҳри Кизляри Доғистон зада даромаданд. Дастаи ҷангиён аз 256 ҷангӣ иборат буда, тибқи иттилои чеченҳо дар Кизляр базаи чархболии нерӯҳои рус қарор дошт ва русҳо ҳамавора аз ин ҷо ҳудуди Ичкерияро бомбаборон мекарданд. Аммо ин маълумотҳо тасдиқ нагардиданд ва чеченҳо дар майдони ҳавоии Кизляр танҳо ду чархболи МИ 8 и вайронаро пайдо карданду халос.        Чеченҳо чархболҳоро сӯзонданд ва баъди даргирии шадид бо нерӯҳои муҳофизатии майдони ҳавоӣ ба ҷониби шаҳри Кизляр ақиб нишастанд. Майдончаи ҳавоӣ дар канори Кизляр ҷойгир гардида буд. Ҷангиён вориди шаҳр шуданд ва дар даргириҳои аввалин 35 нафарро аз даст дода, дар таваллудхонаи Кизляр мустақар гардиданд. Чеченҳо аз биноҳои гирду атроф мардумро гаравгон гирифта ба бинои таваллудхона интиқол медоданд. Дар натиҷа Радуев тавонист 3700 нафарро гаравгон гирад. Радуев баъдан иддао кард, ки онҳо нақша надоштанд касеро гаравгон гиранд, аммо вазъият чунон пеш рафт, ки ӯ барои наҷоти дастааш чорае ҷуз гирифтани гаравгонон надошт. Дар зимн маҳз ба хотири тасарруфи таваллудхона Радуев баъдан бо тахаллуси "гинеколог" маъруф гардид.

Талаби ҷангиён

   Баъди гирифтани гаравгонон Радуев аз Маскав талаб кард нерӯҳои худро на танҳо аз Чеченистон, балки ба пуррагӣ аз Қафқози Шимолӣ берун барорад. Табиист, ки Елтсин наметавонист ин талаби ҷангиёнро иҷро кунад. Русҳо дар Будёновск аллакай як бор ба шикасти нангин мувоҷеҳ гардида буданд ва ин дафа ба ҳар васила мебоист дастаи Радуевро торумор мекарданд. Бинобар ҳамин фармондеҳии русҳо дар Доғистон ба ҳеҷ гуфтушунид бо ҷангиён розӣ нашуданд. Аммо бахти Радуев баландӣ кард ва роҳбарияти Ҷумҳурии Доғистон баъди гуфтушунид розӣ шуд ҷангиёнро то сарҳади Ичкерия гусел намояд. Ҷангиён бештари гаравгононро озод карданд ва бо 230 гаравгон субҳи 10 январ савори 9 автобус ҷониби сарҳади Чеченистон роҳ пеш гирифтанд.

Чоршанбе, Янв 08 2020

Ин матлаб посух ба суоли муаллими собиқадор Амирулло Ҳасанов аз н.Ғончӣ аст, ки дар шумораи гузаштаи СССР мепурсид: “Иллати худкушии Фадеев дар чӣ буд?”

Александр Фадеев яке чеҳраҳои намоёни адабиёти Шӯравӣ ва "Гвардияи ҷавон"-аш солҳои тӯлонӣ китоби рӯимизии пионерони СССР буд.

Ӯ солҳо роҳбарии ИНТи СССРро ба ӯҳда дошт. Фадеев дар деҳаи Кимрии вил.Твер ба дунё омад. Падару модараш кормандони тиб буданд. Дар кӯдакӣ истеъдоди фавқулоддае дошта, дар 4-солагӣ аллакай грамматикаро аз худ карда, ба эҷоди қиссаҳои аҷибу афсонавӣ маҳорат дошт. Соли 1908 оилаи онҳо ба Южно-Уссурийск кӯчид. Наврасию ҷавонияш дар Шарқи Дур гузашт. Баъди хатми мактаби миёна дар Омӯзишгоҳи тиҷоратии Владивосток мехонд, аммо ин ҳангом ба ҳаракати инқилобӣ шомил шуд ва хонданро тарк кард. Чанде пас ба РКП(б) пайваста, яке аз фаъолони ҳизбӣ шуд. Замони ҷанги шаҳрвандӣ дар дастаи хоси коммунистии партизанҳои сурхи Шарқи Дур ҷангида захмӣ ҳам шуд. Соли 1921 ба ҳайси вакили Съезди Х-и РКП(б) дар пахши шӯриши баҳрнавардони Кронштадт ширкат варзида, бори 2-ум захмӣ шуд. Баъди табобат аз артиш истеъфо дода, дар Маскав монд ва ба навиштан сар кард. Пас аз чопи босамари романи "Торумор" қарор дод, нависандаи касбӣ шавад. Баъди нашри романи "Охирин аз Удэге" адиби боистеъдодро Сталин писандида, раиси ИНТ СССР таъйин ва ба КМ ҳизби болшевикӣ аъзо карданд. Ӯ тӯли 2 даҳсола ба адабиёти шӯравӣ сарварӣ карда, "вазири нависандаҳо" лақаб дода буданд.

"Гвардияи ҷавон"
Феврали с.1943 дар ш.Краснодони вил.Донецк аскарони шӯравӣ аз дохили шахтаи ангиштбарории №5 чанд ҷасади ҷавонро берун оварданд. Онҳо ба гуфти шоҳидон аъзои ташкилоти пинҳонии "Гвардияи ҷавон" буда, аз дасти фашистон ба қатл расидаанд.

Панҷшанбе, Янв 02 2020

 

Шингиле чанд аз рӯзгори  нахустин тоҷики генерал – майори Кумитаи давлатии бехатарии РСС Тоҷикистон Шариф Қурбонов, ки ба зодрӯзашон 100 сол пур шуд.

Шариф Қурбонов 31.12.1919 дар деҳаи Шайхбурҳони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ба дунё омадааст. Фориғуттаҳсили Институти хоҷагии қишлоқи Хуҷанд. 

 Фаъолияти меҳнатӣ:

- Ёрдамчии ваколатдори раёсати НКВД-и вилояти Ленинободи РСС Тоҷикистон (1942 - 1943). 

- Муовини сардори НКВД - и  шаҳри Конибодом (1943 - 1945). 

- Сардори НКВД - и ноҳияи Ғончӣ (1945 - 1947).

- Сардори НКВД - и ноҳияи Ленинобод (1947 - 1950). 

- Сардори НКВД - и шаҳри Исфара (1950 - 1952).

- Сардори раёсати НКВД РСС Тоҷикистон  дар ВАБК (1952 - 1957).

- Сардори раёсати НКВД - и РСС  Тоҷикистон дар вилояти  Ленинобод (1957-1962). 

- Муовини якуми раиси КГБ РСС Тоҷикистон (1962 - 1976). 

Соли 1976 ба нафақа баромад. Тӯли солҳои 1976 - 1987 раиси Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони ҷумҳурӣ буд. Дар ин давра 3 дафъа депутати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон интихоб шудааст.

***

Шариф Қурбонов бо ҳамсараш Муслима Собирова (аз соли 1947) рӯзгори хушу хуррам доштанд. 

Фарзандонашон:

Чоршанбе, Дек 25 2019

 

Комиссияи Фавқулъоддаи Умумирусиягӣ, ки бо ВЧК (имрӯз КГБ) маъруфу машҳур аст, 20 декабри соли 1917 бо қарори Шӯрои Комиссарони Халқӣ РСФСР бо ташаббуси В. Ленин таъсис дода шуд. Мабнои тасмими таъсиси ин ниҳод маърӯзаи Феликс Дзержинский гардид, ки 19 декабр дар нишасти ШКХ қироат шуд. Ин маърӯза масоили коршикании қарорҳои Ҳукумати шӯравиро аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ ва куллан масоили "амалҳои зиддиинқилобиро" дар бар мегирифт.  

Феликси оҳанин

Раиси ниҳоди нав Феликс Дзержинский, ки бо лақаби "Феликси оҳанин" маъруф буд, интихоб карда шуд. Ба ҳайати ВЧК инчунин Г.Орджонекидзе, Я.Петерс, И. Ксенофонтов, Д.Евсеев, К.Петросян, К.Аверин, Н.Жиделев, В.Трифонов ва В. Василевский ворид гардиданд. Дар ин ҳайат ВЧК танҳо як маротиба ҷамъ гардид. 21 декабри соли 1917  Г.Орджонекидзе, К.Аверин, Н.Жиделев, В.Трифонов ва В. Василевский ба кори дигар гузаштанд ва ба ҷои онҳо В. Фомин, С.Шукин ва И. Илин ба ВЧК ворид карда шуданд. 7 январи соли 1918 бошад ба коллегияи ВЧК,  В. Менжинский ворид гардид. 

Дар аввали соли 1918 ВЧК ба чанд шӯъба тақсимбандӣ гардид. Шӯъбаи мубориза бо аксулинқилобиён яке аз шӯъбаҳои асосӣ маҳсуб меёфт ва ба он Мартин Латсис сарварӣ мекард. Дар дохили ин шӯъба инчунин шӯъбачаи мубориза бо ҷосусони хориҷӣ бо сардории Яков Блюмкин таъсис дода шуд. Инчунин, дар ВЧК шӯъбаҳои тафтишоти сиёсӣ, мубориза бо бандитизм, мубориза бо коришиканӣ ва ҷаллобӣ ва муҳофизати сарҳадӣ таъсис дода шуданд.

Чоршанбе, Дек 18 2019

 

Расо 40 сол пеш Армияи советӣ ба Кобул ҳуҷум кард. Кӣ медонист, ки ин ҷанг даҳсолаҳо давом кардаву даҳҳо ҳазор куштаву захмӣ аз бачаҳои 18-20-солаи шӯравӣ бар ҷой мегузорад…

Боби 1. Қарори тақдирсӯз

    12 декабри соли 1979 роҳбарияти олии СССР дар симои аъзоёни Бюрои Сиёсӣ қарор доданд нерӯҳои мусаллаҳи СССР-ро вориди хоки Афғонистон кунанд. Бори аввал роҳбарияти Шӯравӣ масъалаи кумак ба Афғонистонро моҳи марти соли 1979 мавриди баррасӣ қарор дод ва он замон Леонид Брежневу дигар аъзои Бюрои сиёсӣ зидди дахолати низомӣ баромад карданд. Бо вуҷуди ин, Брежнев дар нишасти дуввум розигӣ дод ва 27 декабри соли 1979 воҳидҳои нерӯҳои вежаи Артиши Шӯравӣ ба Афғонистон ворид гардиданд ва президенти кишвар Ҳафизуллоҳ Аминро ба қатл расониданд. Дахолати низомии СССР ба Афғонистон 10 сол тӯл кашид ва баъзҳеҳо ҳатто сабабҳои пошхурии ин абарқудратро ҳам ширкат дар Афғонистон медонанд. Бо вуҷуди ин, СССР наметавонист аз ҳаводиси Афғонистон канор бимонад ва ният дошт ба ҳам васила коммунизмро ин ҷо пирӯз гардонад. Коре, ки аслан дар Афғонистон имконпазир нест.

Боби 2. Инқилоби савр

    27 апрели соли 1978 дар Афғонистон табаддуллоти ҳарбӣ ба вуқӯ пайваст ва дар натиҷа подшоҳи кишвар Муҳаммад Довуд сарнагун карда шуда, қудрат ба дасти Ҳизби Халқӣ Демократии Афғонистон (НДПА) гузашт. Ин табаддуллоти ҳарбӣ, ки дар собиқи СССР бо номи инқилоби Савр (инқилоби апрелӣ) маъруф буд, яке аз руйдодҳои мармуз дар таърихи навини Афғонистон маҳсуб меёбад ва ҳамсоякишвари моро гирифтори ҷанги дохилӣ кард, ки алангаҳояш то ба ҳол хомӯш нашудаанд. Инқилоб ба ҳукумати чандинсолаи Муҳаммад Довудхон, ки як миллигарои паштунӣ буд, хотима дод. Довуд соли 1953 сарвазири Афғонистон таъин шуд ва корро аз ислоҳоти аграрӣ оғоз намуд, аммо ин амалаш-кӯшиши навъовариҳо дар ниҳодҳои дохилидавлатӣ ва зиндагии иҷтимоӣ, мухолифати ашадии руҳониятро ба бор овард. Муносибати Довуд бо руҳониёни афғон ҳанӯз замони сарвазириаш хатчадор гардид.       

Чоршанбе, Дек 11 2019

 

6 декабри соли 1936 дар Иттиҳоди Шӯравӣ Сарқонуни нав, ки бо номи "Сарқонуни сталинӣ" маъруф аст, қабул карда шуд. Ин дуввумин Сарқонуни СССР ба шумор рафта, дар он як қатор дигаргуниҳои ҷиддӣ дар ҷомеъаи шӯравӣ роҳандозӣ гардиданд.

Ҳуқуқи интихобот

7 феврали соли 1935 Кумитаи Иҷроияи Марказӣ (КИМ) комиссияи Конститутсиониро бо сарварии Котиби КМ ВКП(б) Иосиф Сталин ва 12 зеркомиссиони онро таъсис дод. Бо ин кор дар аввалин кишвари Шӯроҳо дигаргунии ҷиддии сиёсӣ, қабули Сарқонуни нави кишвар оғоз гардид. Сарқонуни нав ба андешаи муаллифонаш, мебоист як давраи ҷиддии таърихи ҳукумати Шӯравӣ, сохтмони сотсиализмро дар як кишвар инъикос мекард.                                                                                                    12 июни соли 1936 лоиҳаи Сарқонуни нав дар тамоми матбуоти Иттиҳоди Шӯравӣ рӯи чоп омад ва муҳокимаи он 6 моҳи расо тӯл кашид. Дар муҳокимаи он аввалин бор 75 млн нафар аҳолӣ иштирок карда, 1,5 млн пешниҳодот, иловаҳо ва таҳрирот ба комиссия ироа гардиданд, ки ҳама дар матбуоти даврӣ нашр шуданд. Албатта пешниҳодот, ки ба роҳи сиёсии ҳизб мухолиф буданд (монанди иҷозаи моликияти хусусӣ ва барҳам додани колхозҳо) нашр намегардиданд ва дар бойгонӣ зери тамғаи “тақризи душманона” нигаҳдорӣ мешуданд. Худи Сталин бевосита дар кори қабули Сарқонун ширкат варзид ва бархе Бухаринро низ муаллифи қисми асосии матни сарқонуни нав меҳисобанд. Сарқонуни нав дар Иттиҳоди Шӯравӣ 6 декабри соли 1936 қабул карда шуда, 7 декабр матни пурраи он расман дар нашрияи Известияи КИМ ва КУМИ таҳти рақами 283 чоп гардид. Сарқонуни нав бори аввал дар таърихи ҳукумати Шӯроҳо ба ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқи баробари интихоботӣ муҳаё карда, овоздиҳиро низ пинҳонӣ намуд.

саҳ 27 аз 60

Китобҳо

Flag Counter