ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Окт 23 2019

 

Орзуи ноумед

Овози ин фард дар 1 буръае аз таърих воқеъан афсонавӣ гардид ва ба соҳибаш шуҳрати зиёд овард. Солҳои тӯлонӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Левитан меҳмони ҳар хонадон буд ва хабарҳои хубу бадро ба самъи шаҳрвандон мерасонд. Дар ҳақиқат, наттоқи радиёӣ Юрий Левитан, яке аз маъруфтарин чеҳраҳои собиқ СССР будӣ. Ибораи "Маскав гап мезанад" (“Говорит Москва”), ки ба таъбире корти брендии Левитан гардид, ба хурду бузурги СССР ошно буд.

Юрий Левитан (Юдка Беркович) 19.09.1914 дар вилояти Белгород ба дунё омадааст. Аз хурдӣ мехост синамогар бошад ва ният дошт дар ин ҷода шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кунад. Пас аз хатми мактаб ба Маскав омад ва ҳуҷҷатҳояшро ба техникуми синамогарӣ супурд. Мутаассифона, аъзои комиссия дар симои ин ҷавон синамочиро надиданд ва ӯро ноумед карданд. Аз техникум ноумед берун омад ва сари роҳ рӯи сутуне эълонеро дид. Дар эълон гуфта мешуд, ки радио барои интихоби барандагон озмун эълон кардааст. Левитани ҷавон қарор дод 1 бор дар ин самт ҳам бахташро санҷад ва ин интихобаш дуруст баромад. Ба озмун рафт, лек ин ҷо низ дар оғоз кораш омад накард, зеро бо лаҳҷаи белгородӣ сӯҳбат мекард ва дар ин шева мардум ба ҷои "а" ҳарфи "о"-ро истифода мебурданд. Бо вуҷуди ин, овози Левитан аъзои озмунро шефта кард ва ба ӯ пешниҳод доданд, ки дар ҳайъати гурӯҳи шогирдони Радиокомитет 1 давраи омӯзиширо гузарад. 

Шаби тақдирсоз

Левитан фаъолияташро дар радио оғоз кард. Дар аввал танҳо рӯзномаҳоро интиқол медод ва барои кормандон қаҳва омода мекард. Ба таъбире, курери ин коргоҳ шуд. Бо ин кори рӯзонаи Левитан поён меёфт ва кори шабонааш сар мешуд. Наттоқи оянда шабҳоро дар омӯзиши тӯлонӣ пушти сар карда, мекӯшид лаҳҷаашро дуруст кунад. Рафта-рафта ин нуқсро бартараф кард ва баъди чанде ба ӯ иҷоза доданд, дар эфири шабона, нашрияҳои давриро қироат кунад, то дуртарин сокинони кишвар тавонанд пеш аз ҳама аз ахбори асосии Маскав огоҳ шаванд.

Чоршанбе, Окт 16 2019

Вилояти лағвшуда

Октябр дар таърихи Тоҷикистони шӯравӣ моҳи бисёр муҳим аст. Маҳз дар ин моҳ таъсиси 2 ҷумҳурии шӯравии тоҷикон рост меояд. 14.10.1924 тоҷикон соҳиби ҷумҳурии шӯравии мухтор гардиданд ва 16.10.1929 бошад Ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон таъсис ёфт. Пас аз ғалабаи болшевикон дар Осиёи Миёна (ОМ) Ҷумҳуриҳои Халқӣ-Шӯравии Бухоро ва Хоразм таъсис дода шуданд. Дар шимоли инҳо бошад Ҷумҳурии Шӯравии Мухтори Туркистон қомат афрохта буд, лек ин вазъ роҳбарияти болшевикиро қонеъ намекард ва сентябри с.1924 ба ниҳодҳои олии ҳокимияти давлатӣ дар ОМ аз Маскав дастур дода шуд, ки тақсимоти миллӣ-маҳаллиро дар минтақа амалӣ гардонанд. Бо ин мақсад 27.10.1924 Сессияи 2-уми КМИ СССР қарори тақсимоти миллӣ-маҳаллиро ба тасвиб расонид ва барои пиёда кардани ин тақсимот комиссияи вежае таъсис дод. Ба ин комиссия яке аз болшевикони собиқадор Исаак Зеленский роҳбарӣ мекард.

Роҳбарияти Ҷумҳуриҳои Шӯравии ОМ низ даст ба кор шуданд ва дар натиҷа муборизаи тезутунди гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ сар зад. Роҳбарияти Ҷумҳурии Халқии Бухоро ва Хоразм қариб ба пуррагӣ дар мавқеи пантуркистӣ қарор дошта, мехостанд ба русҳо нишон диҳанд, ки дар ОМ 1 миллати бузурги турк сокин аст ва таъсиси ҷамоҳири миллӣ ба нафъи мардум нест. Ин роҳбарони ҷадид, ки бештар аз ҳизби ҷавонбухориён ва бо кӯмаки сарбозои сурх ба қудрат расида буданд, ҳоло мехостанд бо истифода аз вазъ кишварҳои нерумандтаре барои худ бисозанд. Вале ин кӯшиши дар зоҳир одилона 1 монеаи ҷиддӣ дошт ва он ҳам ба куллӣ нодида гирифтан ва инкори мавҷудияти 1 миллат. Аз ҳама шигифтовар ин буд, ки роҳбарони дастаи аввали ҳизби ҷавонбухориён мисли Файзуллоҳ Хоҷаев, Абдурауфи Фитрат намояндаи миллати тоҷик буданд, лек ҳастии тоҷикро дар ин сарзамин инкор карданд.

Чоршанбе, Окт 09 2019

 

Импичмент

Аввали октябри с.1993 дар ш.Маскав ҳаводисе сар заданд, ки ба задухӯрди мусаллаҳона оварда расонид ва боиси рехтани хуни мардум шуд. Дар натиҷа, тибқи ахбори расмӣ беш аз 150 тан ва тибқи сарчашмаҳои мустақил беш аз 1000 кас ҳалок шуд. Дар Русия баъди таъсиси мансаби президентӣ дар с.1990 як навъ дуҳокимиятӣ ба амал омад. Тибқи Сарқонуни Русия ҳокимияти олӣ дар ин кишвар ба Анҷумани вакилони мардумӣ тааллуқ дошт. Бештари вакилон дар Шӯрои Олии Руссия фаъолият карда, дар оғоз аз Елсин ва ҷонибдоронаш тарафдорӣ карданд. Ҳини аз миён бардоштани М.Горбачев вакилон дар канори Елсин қарор гирифтанд ва ин дуҳокимиятӣ дар кишвар чандон ба назар намерасид. Лек баъдан вазъ дигар шуд. Сиёсати иқтисодии Елсин норизогии тарафдорони дирӯзаашро ба миён овард ва вакилон бо сарварии Руслан Хасбулатови чечен зидди президенти Русия шӯриданд. Даргирии тарафайн декабри с.1992 дар Анҷумани 7-и вакилон оғоз шуд. Дар ин Анҷуман онҳо ва роҳбарияти Шӯрои Олӣ давлати Егор Гайдарро зери танқиди сахт қарор доданд. Анҷуман номзади "ислоҳотчии" Елсинро ба вазифаи Раиси нави давлат рад кард ва президент дар ҷавоб масъаларо ба референдуми умумихалқӣ кашид ва аз вакилони мардумӣ хост, бигзор худи мардум қазоват кунад. 20.03.1993 Елсин тариқи ТВ ба мардум муроҷиат ва эълон кард, ки Қонуни асосиро лағв ва дар идоракунии кишвар "тартиботи хос"-ро ҷорӣ мекунад. Баъди 3 рӯз Суди конститутсионӣ назари худро ироа кард ва амалкарди Елсинро хилофи Сарқонун номид. 28 март ба қазия Анҷумани вакилон ҳамроҳ шуда, пешниҳоди Президент "оид ба баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати президент ва вакилони мардумӣ"-ро рад ва дар навбати худ барои аз вазифа гирифтани президент овоздиҳиро роҳандозӣ намуданд. Аммо кӯшиши онҳо барои эълони "импичмент" (нобоварӣ) амалӣ нашуд. Барои сабукдӯш кардани президент аз вазифа 617 вакил овоз дод, аммо барои қабули ин қарор 689 овоз лозим буд.

Чоршанбе, Окт 02 2019

 

Насими инқилоб дар Боку

20.09.1918 миёни истгоҳҳои Перевал ва Ахча-Қуймаи роҳи оҳани Красноводск-Ашқобод 26 комиссари Боку аз ҷониби эссерон ба қатл расонида шуданд. Ин рӯйдод сару садои зиёде дар Русия ба бор овард ва ҳизби эссеронро дар ҳолати бисёр бад қарор дод. Агарчи эссерон айбро ба гардани англисҳо партофтанд, лек тарафи англисӣ мегӯяд, аслан аз ин қазия хабар надоштаанд. Дар Боку ноябри с.1917, баъди 1 ҳафта аз суқути Ҳукумати Муваққат дар Петроград Шӯрои вакилони коргарӣ, деҳқонӣ ва аскарӣ (Шӯрои Боку) таъсис дода шуд. Ба он болшевик Степан Георгиевич Шаумян сарварӣ мекард. Апрели с.1918 ШБ бо ёрии дашнакҳои арманӣ қудратро дар шаҳр ба даст овард. 25.04.1918 дар нишасти ШБ шӯрои комиссарони халқӣ таъсис ёфт, ки аз болшевикону эссерони чап иборат ёфта буд. Ба ШКХ Боку болшевикон С.Шаумян, П.Ҷапаридзе, Я.Зевин, М.Азизбеков, Г.Корганов, Н.Нариманов, И.Фиолетов, А.Каринян, Н.Колесников ва аз эссерони чап-М.Вазиров ва И.Сузартсов шомил шуданд. Ҳукумати нав ба фаъолияти худ сар кард ва моҳи апрел Эъломияи барҳам додани моликияти хусусӣ ба амволи ғайриманқул дар шаҳрҳоро ба тасвиб расонид. Хонаҳои бисёре аз соҳибони қаблиашон гирифта ва ба коргарони бехона дода шуданд. Моҳи июн ШКХ Боку эъломияи милликунонии саноати нафтӣ ва милликунонии Флоти тиҷоратии каспиягиро қабул кард. Дар корхонаҳо вақти кории 8-соата ҷорӣ ва музди меҳнати коргарон зиёд шуд. Дар Боку Донишгоҳи халқӣ ва мактабҳо барои калонсолон ифтитоҳ ёфтанд. 18.06.1918 ШКХ Боку таҳти имзои Мир Ҳасан Вазиров эъломияи мусодиракунии заминҳои помешикҳои калонро ба тасвиб расонида, мусодиракунии заминҳо оғоз шуд.

Чоршанбе, Сен 25 2019

Ҳамоиши осоишта

14.09.1917 Ҳукумати муваққати Русия ин кишварро Ҷумҳурӣ эълон кард ва низоми подшоҳиро барои ҳамеша аз байн бурд. Лек шикасти ин садди 1000-сола феврали с.1917 оғоз шуд. Инқилоби Февралӣ чун ҳамоиши осоиштаи зиддиҷангии коргарон шуруъ гардид, аммо нақши калидиро дар он боз деҳқонон бозиданд. Аскарони гарнизони Петербург, деҳқонбачаҳои шинелпӯш аз тиркушоӣ ба коргарони пойтахт сар боз заданд ва ҳамоиши осоишта ба шӯриш табдил ёфт. Мавқеи ишғолнамудаи роҳбарияти Думаи давлатӣ низ ғалабаро осон кард. Аскарони шӯришгар худ назди Дума омада, аз вакилони мардумӣ талаб карданд, ки қудратро дар кишвар ба дасти худ гиранд. Ҳамин тариқ, феврали с.1917 ҳукумати мутлақи подшоҳӣ дар симои Николайи 2 бо кӯшиши якҷояи тамоми нерӯҳои сиёсӣ-иҷтимоии мухолифин барканор карда шуд ва қудрат ба дасти Ҳукумати муваққат гузашт, ки асоси ин ҳукуматро намояндагони ҳизби кадетӣ, ки дар Дума аз ҳама зиёд намоянда доштанд, ташкил намуданд.                                                                                                

Сулҳ ва замин

Аммо аллакай баъд аз 1 моҳ маълум шуд, ки мардум ва Ҳукумати муваққатӣ ба ҳалли 2 масъалаи асосӣ-замин ва сулҳ назари мухталиф доранд ва аз ин 2 масъала замин ҳалли душвортаре дошт. Кадетҳо ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонистанд талаби деҳқононро дар мавриди барҳам додани моликияти хусусӣ ба замин ва тақсими баробари он миёни ҳамаи деҳқонон иҷро намоянд. Чун дар амал татбиқ додани ин барнома, на танҳо ба заминдорони калон зарба мезад, балки асоси моликияти хусусиро зери суол мебурд. Заминдорони калон бештари замини худро дар бонкҳо ба гарав гузошта буданд ва қисмати дигари замин бошад тавассути иддае аз деҳқонон ва сокинони шаҳрӣ боз бо қарзҳои бонкӣ харидорӣ шуда буд.

Чоршанбе, Сен 11 2019

 

Таваллудат муборак

1937 яке аз даҳшатноктарин солҳо дар таърихи собиқ Шӯравист. Маҳз дар ин сол дастгоҳи саркӯбгари НКВД СССР фаъолияташро ба авҷи аъло расонида, мардуми зиёдеро равонаи зиндонҳо гардонид. Қисмати зиёди ин афрод ё кушта ва ё дар зиндонҳо ҳалок шуданд. Аммо дар баробари ин, с.1937 дастовардҳое низ барои аввалин кишвари Шӯроҳо ба армуғон оварда буд. Яке аз маҳсули назарраси ин сол, таваллуди беш аз андозаи атфол дар СССР аст. Умуман, солҳои 1936, 37 ва 38 дар СССР афзоиши бесобиқаи миқдори таваллуд ба чашм мехӯрад. Барои мисол, дар баъзе макотиб барои таваллудшудагон дар с.1937 7 синфи параллелӣ "А", "Б", "В", "Г", "Д", "Е" ва "Ж" роҳандозӣ шуда буданд. Афроди таваллудшуда дар ин солҳо чунон зиёд буданд, ки ҳини даъвати онҳо ба сафи Артиш барои комиссариатҳои ҳарбӣ низ мушкилот ба бор оварданд. Назди ҳар комиссариати ҳарбӣ навбати тӯлонӣ аз ин афрод шакл мегирифт ва кори ҳарбиёнро мушкил карда буд. Аммо то миёнаҳои солҳои 1950 дар СССР с.1937-соли сиёҳ муаррифӣ намешуд, балки оғози ҷанг (1941)-ро чунин як соли сиёҳ пиндошта, бештари кӯдакони таваллудшуда дар ин сол, дар рафти ҷанг волидон ё наздикони худро аз даст доданд. 

Назар аз берун

С.1937 дар хориҷи СССР низ бардоштҳои гуногун дошт. Масалан, дар китоби "Хронологияи пурраи асри ХХ", ки дар Оксфорди ИМА навишта шудааст ва с.1999 нашриёти “Вече”-и Русия онро чоп кард, ба рӯйдодҳои с.1937 дар сайёраи Замин ҳамагӣ 6 саҳифаи чопӣ бахшида шудааст. Рӯйдодҳои собиқ СССР бошад, дар ин китоб ҷои зиёдеро ишғол накардаанд. Ин китоб ҳамагӣ 7 рӯйдодро дар СССР зикр намудааст. Барои мисол, 17.07.1937 миёни СССР ва Англия бобати флоти ҳарбӣ-баҳрӣ созишнома баста шуд ва 3 август миёни СССРу ИМА шартномаи тиҷоратӣ ба имзо расид. Дар бахши "Илм, техноложӣ ва кашфиёт" гуфта мешуд, ки СССР дар Қутби Шимолӣ стансияи илмӣ ифтитоҳ мекунад. Дар бахши "Наққошӣ, муҷассамасозӣ, ҳунарҳои зебо ва меъморӣ" омадааст, ки Вера Мухина

саҳ 29 аз 60

Китобҳо

Flag Counter