ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Фев 01 2023

 

Шунида будам, сарбози ошное дар замони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо шертани тоҷик Сафар Амиршоев пеш аз маргаш вохӯрдааст. Аммо кӣ будану ному насаби он ҳамватани ғаюр дар ёд намонда.

Ба тозагӣ китоби “Сарбозони шуҷоъ” - и М. Бозорбоева ва М. Бобохоновро дигарбора варақ задам ва он сарбози қиссагӯро дарёфтам. Ӯ Игамбердӣ Хоҷамбердиев, қаҳрамони он корзор будааст. Ҳангоми дидору суҳбат бо муаллифони китоб дар соли 1983 диловар қисса мекунад, ки вай на як, балки ду маротиба бо ҳамватани шердилаш – Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Сафар Амиршоев вохӯрдааст.

Ба иқрори сарбози ғаюр ӯро тирамоҳи соли 1941 ба аскарӣ даъват карданд. Дар як вагон бо Сафар Амиршоеви кӯлобӣ вохӯрдаву суҳбат доштааст. Он рӯз дар вокзали роҳи оҳани шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) митинги серодаме доир шудаву даъватшудагонро роҳбарони давлати Тоҷикистони шуравӣ: Котиби якуми КМ ПК ҶШС Тоҷикистон Дмитрий Захарович Протопопов, Раиси Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон Мунаввар Шогадоев ва Раиси Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон Маҳмадалӣ Қурбонов ҳидоят ва зери навои оркестри нафасӣ аскаронро ба қатора нишонда гуселонданд.

Ӯ меафзояд, ки лаҳзаи дигар дар лавҳи хотираш сахт нақш бастааст. Он рӯз 3 - январи соли 1944 буд. Баъди ҳарбу зарби шадиду сангин дар муҳорибаи шаҳри Витебски Белоруссия дар гӯшае беҳолу бемадор менишаст. Ёди диёр, пайвандон, манзараҳои ошно аз пеши назараш мегузашт. Аҷабо, хоб аст ё бедор? Ба гӯшаш садои дилнишини суруди тоҷикӣ расид:

 Сарчашмаи боғи булбулонай ватанум,

Хушбоду ҳавои бӯстонай ватанум...

Чашм во намуд, чунгак нишаст ва сӯи овоз дида дӯхт. Таҳамтане ин рубоиро замзамакунон сӯяш меомад. Зеҳн монд, худоё гуфт, Сафар Амиршоев. Бодвор аз ҷо ҷаст ва ҳамватанон якдигарро сахт каш гирифтанд. Аз дидори ошно, сарбозони Ватан бағоят хурсанд гашта чанде дар суҳбат ва бо дили нохоҳам аз ҳам, ба умеди дидор ҷудо шуданд...

Аммо, тақдир ба хости онҳо кор нагирифт. Сафар Амиршоев соли 1944 дар корзор, ҳангоми озодсозии Ҷумҳурии Литва аз дасти фашистони немис, дар яке аз муҳорибаҳо ҳалок гардид. Баъди шунидани ин хабари мудҳиш Игамбердӣ сахт ғамгин гашт...

Чоршанбе, Янв 25 2023

 

   Сар аз соли 1929, аз бози ҳамчун кишвари мустақил - Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон эълон шудан, дар ҳайати давлати абарқудрати Шуравӣ (СССР), дар ҳудуди мамлакат ниҳоду сохторҳои зиёде роҳандозӣ гашт. Директорон, роҳбарони гуногун, котибони кумитаҳои ҳизбӣ, раисони комиҷроияҳо, кабирону вазирон, саркорони хоҷагиҳо лак андар лак шуданд, ки он ҳама тақозои замон буд.

   Аммо дар ҷамъият вакилон (депутатҳо) мақоми авло доштанд. Бавижа депутатҳои Совети Олии СССР. Ба гуфтаи пирони кӯҳистон, «дилхоҳ» одами боақл бо «депутатҳои Москва» сар ба сар намешуд.

   Мақому мартабаи вакилони умумииттифоқ, чунин шахсият дар ҷомеа таъсиргузор буданд. Вакилон шахсони дахлнопазир - масунияти шахсидошта маҳсуб меёфтанд. Вакилони Совети Олии СССР ба ҷуз роҳбарони сатҳи аввали шаҳр, вилояту ҷумҳурӣ боз аз миёни аҳли заҳмат- коргарону деҳқонон низ интихоб мешуданд.

   Вакилон умумииттифоқӣ, аслан аз ҳисоби роҳбарони воломақоми замон, котибони горком, обком, раисони комиҷроияҳои ноҳия, шаҳр, вилоятҳо ва ғайра бештар пешниҳод мешуданд. Вобаста ба вазифаҳояшон дар матбуоти даврӣ таблиғ мегардиданд. Зуд- зуд меҳмони интихобгарон мешуданд.

   Имрӯз, бо гузашти қариби 40 сол аксари вакилони Совети Олии СССР аз зумраи коргару деҳқон ба ҳукми фаромӯшӣ рафтаанд. Ҳол он ки чунин нафарон он қадар зиёд ҳам набуданд.

    Тақозои маслаки журналистӣ аз шарҳи ҳоли қисми зиёди вакилони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ огаҳӣ дорам. Доманаи 5 сол (1991- 1995), ҳангоми фаъолият дар рӯзномаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ «Наврӯзи Ватан» (солҳои 1991- 1992) ва «Нидои ранҷбар» (1992-1995) ҳамчун хабарнигори парлумонӣ бо вакилон дар сессияҳои Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва дар бораи қисме аз вакилони мардумӣ алоқа ва бо иддае мусоҳиба анҷом додаам.

Чоршанбе, Янв 18 2023

Генерали ошӯбгар

Ӯ дар миқёси СССР ягона генерали чечен буд. Дар бораи ин сарбоз – афсари шӯравӣ генералҳои воломақом суханҳои нек гуфтаанд. То саршавии бетартибиҳо – нобасомониҳои Чеченистон ин ҳавонаварди советӣ байни сокинони шӯравӣ машҳур набуд ва аз низомиёни давраи худ фарқе намекард.

 

Фарзанди 13-ум

Ҷавҳар дар хонаводаи чечени серфарзанд таваллуд шудааст. 6 кӯдак аз як падару модар буданд (калони хона байтор Мӯсо Дудаев 2 дафъа хонадор шудааст).

Фарзанди хурдтарин Ҷавҳар зодбуми хешро дафаи якум баъди 13 соли таваллуд шуданаш дидааст, зеро моҳи феврали соли 1944 бо фармони Сталин депортатсияи оммавӣ (ихроҷи иҷбории оммавӣ)-и чеченҳо ва ингушҳо оғоз шуда буд. Ба гуфте, ҳини ихроҷи оммавӣ волидони модари Дудаев – Рабиатро, ки дар деҳаи дигари Чеченистон мезистанд, зинда ба зинда сӯхтанд.


Павлодар

Баъди депортатсия хонаводаи Дудаевҳо дар вилояти Павлодари Қазоқистон мустақар шуданд. Вақте ки «раисҷумҳури ояндаи Ичкерия» 6-сола буд, падараш вафот кард. Аз нақли муосиронаш Ҷавҳар дар мактаб ҳамаи фанҳоро бар хилофи фарзандони падар аз ҳама хуб мехонд.

Соли 1957, баъди 13-сол аҳли хонаводаи Дудаевҳо ба Чеченистон баргашта, дар шаҳри Грозний қарор гирифтаанд. Ҷавҳар ҳамон замон дар синфи 6 таҳсил мекард.

 

Тамбов

Пас аз хатми мактаб Ҷавҳар чанд муддат дар яке аз муассисаҳои сохтмонӣ ҳамчун устои барқ кор кард. Баъдан ба факултети физика ва математикаи Институти педагогии Осетияи Шимолӣ дохил шуд.

Ӯ дар ин донишкада ҳамагӣ 1 сол таҳсил кард ва баъд бар хилофи иродаи модар рӯ ба гурез оварда, дар шаҳри Тамбов орамид.

Чоршанбе, Дек 28 2022

 

Ин ном то оғози солҳои 90-уми асри XX дар ҳудуди Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ маълуму машҳур буд. Бо фуру рафтани давлати Советӣ, дигар шудани ҳукумат ин ном аз забонҳо ба бойгониҳо гузар кард. Аломат, нишонаҳое, ки бо номи Путовский мутааллиқ буд ба оҳистагӣ аз миён рафтанд. Охири солҳои 20 - аввали 30-юм нимпайкарае, ки дар кӯчаи ҳамноми револютсионер, дар шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) гузошта буданд, тазоҳуротчиёни солҳо 90-ум дар пойтахт, воқеъ дар канори кӯли Комсомоли пойтахт чаппа карданд. Баъдан нимпайкара ҷойи худро иваз намуда, дар шафати бинои мақомоти дохилаи ҷумҳурӣ қарор гирифт. Пас аз таҷзия (демонтаж) ба ихтиёри КДАМ-и Тоҷикистон супурда шуд.

Нишонаи дувум, бинои дуошёнаи муосири бозори Путовский (баъд «Баракат») дар саргаҳи кӯчаи ҳамном низ хароб шуд. Нишонаи ахирӣ, китоби – повести нависанда Яков Налский «В горах Восточной Бухары», дар 3 китоб (китоби савум дар бораи Путовский), Душанбе, 1984 дар ёди касе намонда, зеро ин китоб дастраси хонандагон нест.

Насли нав, ҷавонони баркамоли замони истиқлол дар бораи Путовский, ин шахсияти таърихӣ чизе намедонанд. Пас меравем думболи рӯзгори сарбози ҷонфидо.

 

Лаҳистоние аз Варшава

Путовский Чеслав Антонович соли 1887, дар Варшава, Салтанати Полша, империяи Россия, дар оили муаллими камбағали поляк ба дунё омадааст.

Мактаби 2-солаи омӯзишгоҳи касбу ҳунари бадеиро аз рӯи ихтисоси «рассом» хатм кардааст. Забонҳои лаҳистонӣ, русӣ, франсузӣ, итолиёвӣ ва немисиро медонист.

Аз соли 1905 иштирокчии фаъоли ҳаракатҳои ҷавонони револютсионӣ. Узви Сотсиал-демократҳои Шоҳигарии Полша ва Литва. Дар ҷангҳои (шинакҳои) кӯчагии Варшава фаъолона иштирок дошт. Аз соли 1906 узви РСДРП.

Чоршанбе, Дек 21 2022

 

  Соли 1964 сокинони давлати шӯравӣ нафаси тоза кашиданд. Пленуми октябрии КМ КПСС Леонид Илич Брежневро, ки ҳамчун Раиси Президиуми Совети Олии СССР фаъолият дошт, котиби якуми КМ КПСС интихоб намуд. Аҳолии мамлакат бомаром сӯи сохтмони коммунизм гом ниҳоданд. Сарфи назар аз баъзе ихтилофҳо бо мамолики хориҷӣ дар СССР воқеан замони осудагӣ фаро расид.

Котиби генералии навинтихоб сиёсати нодурусти озуқавории Никита Сергеевич Хрушёвро ислоҳ бахшид. Аслан ин ба сиёсати авлавият додани Хрушёв нисбат ба ҷуворимакка буд, ки вай баъди сафар ба Амрико, онро дар СССР роҳандозӣ намуд. Ба ёдам овардани он рӯзҳо – бастани мардум ба орди ҷуворӣ шигифтангез аст.
Қисме аз коршиносон нимаи дувуми роҳбарии салтанати Брежневро «замони рукуд» унвон карда буданд. «Кому как», ба қавли бародарони рус, аммо барои бисёриҳо – сокинони онзамонаи давлати шӯравӣ, 18 соли давраи роҳбарии Леонид Илич рӯзгори осоишта доштанд.
Нисбати масоили ҷудогона, душвориҳои зиндагии мардум дар охири солҳои 80-уми асри XX гап дигар аст. Аммо сарфи назар аз ҳама, «замони рукуд»-и брежневӣ барои ин ҷониб низ хушоянд буд.  Дар ин давра, дар интернати давлатӣ ройгон хондам. Бе пардохти маблағ ба донишгоҳ дохил шуда 6 сол дар бахши шабона таҳсил намудам. То дар сари ҳокимят (ҳизби ҳоким) будани Леонид Илич Брежнев сокинон хуррам ва хушнуд дар тамоми қаламрави СССР озодона гаштугузор мекарданд.
Л.И. Брежнев аз тамоми сарварони советӣ, сар аз соли 1917 то 1991 бо тамоми буду набудаш тимсоли оромиву осудагӣ маҳсуб меёфт…

 

БРЕЖНЕВ

19.12.1906 дар деҳаи Каменское, ҳоло шаҳри Днепродзержинск зода шудааст. Арбоби Партияи Коммунистӣ ва Давлати Советӣ, ҳаракати байналмилалии коммунистӣ ва коргарӣ, Котиби Генералии КМ КПСС, Раиси Президиуми Совети Олии СССР, аъзои Бюрои Сиёсии КМ КПСС. Аъзои КПСС аз соли 1931. Аз оилаи коргари металлург.

Чоршанбе, Дек 07 2022

(1992-2022)

 

Хатлон, вилоят, марказаш шаҳри Бохтар. Бо қарори Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон солҳои 1989-1991 ва бори дуввум 2-юми декабри соли 1992 аз ҳисоби якҷоя кардани вилоятҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа бо мақсади барқарор кардани хоҷагии халқи бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгардида, тараққӣ додан ва самаранок истифода бурдани неруи азими иқтисодие, ки 2 вилояти собиқ мавҷуд буд, таъсис дода шудааст.

Масоҳат – 24,8 ҳазор км2 (17,2 фоиз ҳудуди ҷумҳурӣ). Аҳолӣ 3,425 049 нафар (то 1.1.2021). Зичии аҳолӣ ба ҳисоби миёна ба майдони 1км108,9 нафарро ташкил медиҳад.

Вилояти Хатлон дар Шимол бо ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар Шарқ бо ВМКБ, дар ғарб бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар ҷануб бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад аст.

Вилоят 4 шаҳр (Бохтар, Кӯлоб, Норак, Леваканд), 21 шаҳрак, 133 ҷамоати деҳот ва 24 ноҳия – Ҷомӣ, Балҷувон, Кӯшониён, Вахш, Восеъ, Данғара, Ёвон, Балх, Қубодиён, Ҷайҳун, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Муъминобод, Норак, Носири Хисрав, Панҷ, Темурмалик, Фархор, Ховалинг, Хуросон, Дӯстӣ, Шаҳритус ва Шамсиддини Шоҳинро дар бар мегирад.

Маркази маъмурӣ шаҳри Бохтар (аҳолӣ 113 429 нафар, то 1.1.2021), дар масофаи 95 км аз ҷануби шаҳри Душанбе воқеъ аст.

 

 Кӯлоб

Кӯлоб, вилоят дар ҳайати РСС Тоҷикистон, ки солҳои 1939-1955, 1973-1988 ва 1990-1992 вуҷуд дошт.

Тибқи фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 27 октябри соли 1939 округи Кӯлоб барҳам хӯрда, вилояти Кӯлоб бо маркази маъмурии шаҳри Кӯлоб ташкил карда шуд. Ба ҳайати он як шаҳр (Кӯлоб), 13 ноҳия, 5 шаҳрак, 110 деҳшуро ва 1675 деҳа дохил буданд.

Масоҳаташ 10,6 ҳазор км2, аҳолиаш 203 ҳазор нафар. Тибқи маълумоти оморӣ ба 17 январи соли 1979 масоҳати вилояти Кӯлоб 12,02 ҳазор км2 ва аҳолиаш 404,3 ҳазор нафарро ташкил медод. Ба 7 ноҳияи маъмурӣ тақсим шуда, 1 шаҳр ва 6 шаҳрак дошт.

 

«СССР»

 

саҳ 4 аз 60

Китобҳо

Flag Counter