ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Янв 26 2018


50 сол - 50 медал
Варзиш дар ҷанги сард миёни СССР ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нақши боризеро ифшо мекард. Ҳар 2 қудрат мекӯшид дар баланд бардоштани обрӯ аз ин абзори муҳим истифода кунад. Қувваозмоии варзишгарони шӯравӣ бо рақиб ҳамеша олуда ба сиёсат буда, ғалаба ё бохт дар майдони варзиш бештар чун ғалаба ва бохти кишвар талаққӣ мешуд.

Панҷшанбе, Янв 18 2018


18.01.1943 Артиши шӯравӣ муҳосираи 872-рӯзаи Ленинградро қисман рахна кард. Ленинград 8.09.1941 ба муҳосира гирифта шуд. Ягона роҳи иртиботии шаҳр бо соири манотиқи кишвар-кӯли Ладога шуд ва онро "роҳи ҳаёт" ном гузоштанд. Дар ин муддат дар Ленинград тибқи баъзе маълумот 630.000 одам аз гуруснагӣ ва сармо мурд.

Панҷшанбе, Янв 18 2018


Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Федеративии Югославия, маршал Иосиф Броз Тито яке аз чеҳраҳои калидии ҷаҳони сиёсии қарни ХХ будӣ. Бо вуҷуди таҳқиқоти зиёд ва навиштаҳо дар борааш, Тито бешак яке аз чеҳраҳои пурасрортарини садсолаи қабл боқӣ мемонад.

Ҷумъа, Янв 12 2018


Шаби 13 ба 14 январ дар 1 қатор кишварҳои дунё Соли нави кӯҳнаро ҷашн мегиранд. Анъанаи ҷашн гирифтани Соли нави кӯҳна ба ихтилофот дар 2 тақвим-юлианӣ ва григорианӣ робитаи зич дорад. Ин ихтилофот ҳоло 13 рӯзро ташкил медиҳад ва дар с.2100 ба 14 рӯз хоҳад расид. Бештари кишварҳои аврупоӣ дар асри XVIII ба тақвими григорианӣ гузаштанд, лек дар Русия ин гузариш с.1918, бо рӯи кор омадани болшевикон иттифоқ уфтод.

Ҷумъа, Янв 12 2018


Ҷанги нобарор
9.01.1905 дар пойтахти Русия - Санкт-Петербург намоиши осоиштаи коргарон аз ҷониби нерӯҳои ҳукуматии рус тирборон карда шуд. Тибқи баъзе маъхазҳо дар натиҷа беш аз 100 нафар куштаву 300 тани дигар захмӣ шуд. Коргарон барои ҷустуҷӯи адолат назди подшоҳ Николайи 2 мерафтанд, аммо ба ҷои адолат насибашон тир шуд. Он шабу рӯз Русияи подшоҳӣ бо Япония дар ҳолати ҷанг қарор дошт. Ин ҷанг барои Русия чандон бобарор набуд.

Панҷшанбе, Янв 04 2018


Комиссияи муллои гурҷӣ
Августи с.1922 бо таклифи Бюрои сиёcии КМ ҲК комиссияе таъсис дода шуд, ки мебоист масъалаи равобити ояндаи РСФСРро бо ҷамоҳири советии тозабунёд баррасӣ намояд.

саҳ 45 аз 60

Китобҳо

Flag Counter