ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Июн 21 2018


14.06.1940 ҳукумати шӯравӣ аз Литва талаби қатъӣ кард, то ҳайъати ҳукуматашро тағйир диҳад. Баъди 2 рӯз, 16 июн талаботи ҳамингуна ба Латвия ва Эстония низ ирсол карда шуд. Ин амалкарди Маскав заминасози ҳамроҳкунии ин 3 кишвари соҳили Баҳри Балтик ба ҳайъати Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.

Ҳамроҳшавӣ, ё ғасб?
Ворид шудани Литва, Латвия ва Эстония ба ҳайъати Иттиҳоди Шӯравӣ дар таърихнигорӣ дугуна маънидод шудааст. Таърихнигорони шӯравӣ ин рӯйдодро ҳамроҳшавии ихтиёрии ҷамоҳири назди Балтик ва пирӯзии инқилобҳои сотсиалистӣ дар ин кишварҳо қаламдод мекунанд. Онҳо мӯътақиданд, ки ин ҳамроҳшавӣ тобистони с.1940 дар асоси қарорҳои ниҳодҳои олии қонунгузории ин кишварҳо ва раъйи интихобкунандагон шакл гирифт. Лек аз сӯи дигар муаррихони ғарбӣ ва як қатор муҳаққиқони муосири рус раванди ҳамроҳшавии ҷамоҳири назди Балтикро ба СССР ишғол ва ғасби кишварҳои соҳибистиқлол қаламдод мекунанд. Онҳо мегӯянд, СССР ин корро тадриҷан, ба василаи як қатор амалкардҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ-диплумотик анҷом дод.

Панҷшанбе, Июн 14 2018


9.06.1928 дар СССР "Қонуни пионерони ҷавони Иттиҳоди Шӯравӣ" ба тасвиб расид ва бузургтарин ташкилоти оммавии коммунистии кӯдакон ва навҷавононро ба роҳ монд. Маънии калимаи "пионер" дар қонунҳои қабулшуда чунин омада буд: "Пионер касест, ки аз дигарон пеш роҳ меравад ва роҳро барои дигарон боз мекунад. Ҳизби коммунист-пешоҳанги синфи коргар низ аз ин ҷиҳат "пионер" ба шумор меравад. Ин ҳизб дар сафи пеши табақаи меҳнаткаш ҳаракат дорад ва инсониятро ба роҳи нав, роҳи ҷомеъаи коммунистӣ мебарорад".
Аз скаутизм то пионеризм
Асосан заминасозии ҳаракати пионерӣ чанде пештар, дар авохири қарни XIX бо зуҳури ҳаракати скаутӣ поярезӣ шуд. Поярези ин ҳаракат сэр Роберт Стефенсон Смит Баден-Пауэлл гардид. Соли 1899 полковник Баден коменданти қалъаи Мафекинг дар Африқои Ҷанубӣ таъин шуд. Баъди чанде англисҳо дар ин манотиқ бо бӯрҳо даргир шуданд ва лашкари бӯрҳо қалъаи ӯро муҳосира кард. Нерӯҳои мусаллаҳи қалъаи Мафекинг 1000 нафар ҷанговарро ташкил мекард ва полковник барои тақвияти нерӯҳояш дастаи кашшофие аз ҳисоби писарбачаҳои маҳаллӣ ташкил намуд.

Панҷшанбе, Июн 07 2018


31 сол қабл, 28.05.1987, ҷавони 19-солаи немис Матиас Руст тайёраи варзишии худро дар назди девори Кремл фуруд овард. Парвози ў сару садоҳое зиёде эҷод кард ва ба системаи зиддиҳавоии абарқудрати шарқӣ зарбаи сахт зад. Аз ҳама аламовар ин буд, ки ў дар Рӯзи сарҳадбонони СССР дар Маскав нишаст.

Иштибоҳи навбатдор
Руст субҳи 28 май дар тайёраи варзишии "Cessna 172R" аз фурудгоҳи Хелсинкии Финляндия мебоист ҷониби пойтахти Шветсия-шаҳри Стокголм парвоз мекард. Ба Хелсинки 1 рӯз пеш, аз шаҳри Гамбурги Олмон парида буд. Соати 13:10-и нисфирӯзӣ ба ў иҷозаи парвоз доданд ва ҷониби Стокголм парид. Баъди 20 дақиқа ба навбатдори фурудгоҳ дар боби идомаи парвозаш хабар дода, хайрухуш кард. Баъди ин дастгоҳи радиёии тайёраашро хомӯш ва ҷониби халиҷи Фин ҳаракат кард. Болои халиҷ тайёраро то баландии 80-100 метр поин овард ва бо ин аз назари радари навбатдор ғоиб шуд. Ў дар баландї парвозро идома дода ба хатсайри байналмилалии Хелсинки-Маскав наздик шуд. Системаи зиддиҳавоии шӯравӣ ҳанӯз дар назди марзи давлатии СССР тайёраи ўро ошкор кард.

Панҷшанбе, Май 31 2018


Сарбозони ҷангалӣ
Баъди ишғоли манотиқи зиёди СССР немисҳо ба муқовимати сахт дар ақибгоҳи худ рӯ ба рӯ шуданд. Ин муқовимат, ки бештар аз ҷониби Маскав роҳандозӣ шуда буд, дар таърихнигорӣ бо ҳаракати партизанӣ маъруф аст. Партизанҳо, ки худро сарбозони ҷангалӣ меномиданд, ногаҳон ба душман зарба зада, боз зуд дар ҷангал махфӣ мешуданд. Яке аз манотиқи доғи ҳаракати партизанӣ вил.Брянски РСФСР шуд. Немисҳо ин манотиқро с.1941 фатҳ карда, дар ҳол ба муқовимати партизанҳо рӯ ба рӯ шуданд, ки с.1942 шиддати бештар гирифт. Баҳори с.1942 раванди муттаҳидшавии дастаҳои партизанӣ оғоз шуд. Апрели с.1942 дар Брянск аллакай 3 гурӯҳи бузурги партизанӣ-ҷанубӣ, ғарбӣ ва шимолӣ таъсис ёфтанд. 23.04.1942 бо қарори кумитаи ҳизбии вил.Орёл ва шӯрои ҳарбии фронти Брянск Ситоди дастаҳои муттаҳидаи партизанӣ таъсис дода шуд. Ба ин ситод лейтенанти кумитаи бехатарӣ Д.Емлютин сарварӣ мекард. Баҳор ва тобистони с.1942 сарбозони ҷангалӣ дар Брянск садҳо амалиёти харобкорӣ анҷом дода, ба немисҳо зарари ҷиддии ҳарбӣ расониданд. Хосса, роҳи оҳани немисҳо аз амалиёти партизанҳо зарар медид.

Чоршанбе, Май 23 2018


17.05.1918 Корпуси чехословакии мустақар дар Сибири Русия зидди болшевикон шӯрид ва ин амалкардро бештари муаррихон чун рӯзи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар қаламдод мекунанд. Воқеан, корпуси чехословакӣ дар таърихи ҷанги шаҳрвандӣ дар шарқи Русия нақши бориз гузошт. Тобистони с.1918 Корпуси мазкур дар якҷоягӣ бо дастаҳои зиддиболшевикии рус тавонист манотиқи назди Волга, Урал, Сибир ва Шарқи Дурро аз дасти болшевикон бигирад ва ҳукумати Шӯроҳоро дар ин манотиқ барҳам бизанад.
Корпуси асирон
Ин корпус дар ҳудуди Русия ҳанӯз дар солҳои Ҷанги ҷаҳонии 1 аз ҳисоби асирони миллаташон чех ва словакӣ, артиши Австро-Венгрия таъсис дода шуд.

Панҷшанбе, Май 17 2018


Расман дар тамоми китобҳои таърихӣ оид ба ҶБВ омадааст, ки Парчами Ғалабаро бар боми Рейхстаг 1.05.1945 Михаил Егорови рус ва Мелитон Кантарияи гурҷӣ барафроштаанд. Аммо худи Кантария дар 1 мусоҳибааш, ки бо рузномаи “Ветеран” (1991, №6(214). дошт ин андешаро такзиб карда, мегӯяд: "30 апрел назди Рейхстаг расидам, ки бинои азими ҳавлноке бо сутунҳои хокистарии чиркин ва соябоне болои бомаш менамуд. Ба Рейхстаг гурӯҳи аввали кашшофони (разведкачиён)-и мо В.Провоторов ва Г.Булатов зада даромаданд. Маҳз онҳо парчами аввалинро дар пештоқи Рейхстаг барафроштанд. Парчамро дарҳол ҷанговароне, ки зери оташи душман дар майдони назди Рейхстаг қарор доштанд, диданд". Яъне Кантария худ иқрор мекунад, ки парчами аввалинро касони дигар барафрошта буданд.

Рақси марг
Умуман ҳангоми амалиёти Берлин дар ҳар армияи ҳуҷумкунанда парчами махсусе барои барафроштан болои боми Рейхстаг омода карда буданд.

саҳ 41 аз 60

Китобҳо

Flag Counter