ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Апр 18 2018


Моҳи сурх
12.04.1961 Юрий Гагарин аввалин инсоне шуд, ки ба фазои кайҳонӣ парвоз кард. Аввалин парвози инсон ба кайҳон 108 дақиқа давом кард ва киштии кайҳонии Восток-1 бо суръати 28 269 км/соат дар зарфи якуним соат, дар баландии 327 км Заминро чархид. Чанде қабл аз парвози таърихии ӯ киштии кайҳонии Восток ЗКА-2 бо манекени монанд ба одам ва 1 сагча ба фазои кайҳонӣ фиристода шуд. Ин манекенро Иван Иванич ва сагчаро Ситорача (Звездочка) номиданд. Соли 1993 ин манекени Иванич дар музоядаи Сотбис бо маблағи 2,88 млн доллар фурӯхта шуд. Парвози Юра ба мухолифати чандсолаи СССР ва ИМА барои тасхири кайҳон хотима гузошт ва СССР дар ин мухолифат пешдастӣ кард. Тобистони с.1955 СССР ва ИМА қариб дар 1 вақт эълон карданд, ки дар соли нав ба кайҳон моҳвора мебароранд. Дар нерӯҳои мусаллаҳи ИМА 3 гурӯҳи мушаксозон бо сарварии Варнер фон Браун заҳмат мекашиданд ва ҳама бар он бовар буданд, ки ИМА дар ин самт яккатози майдон аст.

Панҷшанбе, Апр 12 2018


"Савганди ман"
Владимир Семёнович Висотский яке аз маъруфтарин чеҳраҳои собиқ СССР аст. Тибқи назарсанҷиҳои ахири Маркази умумируссиягии афкори умумӣ ӯ дар рӯихати "маъруфтарин чеҳраҳои қарни ХХ" баъди Ю.Гагарин дар зинаи 2-ум қарор гирифт.
Висотский с.1938 дар Маскав ба дунё омад. Падараш полковники Артиши Шӯравӣ ва модараш тарҷумони забони немисӣ буд. Ӯ дар оғози ҷанг ҳамроҳи модар Маскавро тарк карда, ба вил.Оренбург омад. Баъди чанде ба Маскав баргаштанд, лек с.1947 падару модараш аз ҳам ҷудо шуданд ва ӯ ҳамроҳи падар монд. Падар дубора издивоҷ кард ва ӯро модарандараш Евгения Лихалатова, ки асолатан арманитабор буд, бузург кард. Владимир ба ин зани арманӣ меҳру муҳаббати зиёд дошт ва ӯро "мама Женя” мегуфт. Ӯ дар 9-солагӣ ҳамроҳи падар ба Олмон рафт ва 2 сол он ҷо зист. Зиндагӣ дар Олмон аз ҳаёти ҳамсолони ӯ дар Маскав куллан фарқ  дошт ва таъсири зиёде ба Владимири ҷавон гузошт.

Панҷшанбе, Апр 05 2018


Қатли Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов-2 қумандони Фронти халқӣ, ки 30.03.1993 ба вуқӯъ пайваст, яке аз пурсарусадотарин рӯйдодҳо дар таърихи навини тоҷикон ба шумор меравад. Оид ба ин қатли мармуз матолиби зиёде дар матбуоти даврӣ навиштаву нашр шудааст, аммо ин муаммо то ҳол натиҷа-посухи асосии худро наёфтааст. Умдатан, пажӯҳишгарони ин ҳодиса чанд назарияро дар тафсири он матраҳ кардаанд...

1.Тактирандоз (снайпер)
Тарафдорони ин назария бар инанд, ки 2 қумандон тавассути тактирандоз-Лунев Валерий Николаевич-корманди Кумитаи бехатарии Русия бо лақаби «Луна» кушта шудаанд.

Панҷшанбе, Март 29 2018



Аз Ҷамшед то Сосониён
Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми эронитабор ба шумор меравад. Аслан ҳамаи қавму миллатҳо фарорасии соли навро бо шаҳомату шукӯҳи хос ҷашн мегиранд. Аммо соли нави мардуми ориёитабор ба куллӣ аз ҳамаи ҷашнҳои соли навии роиҷ дар дунё фарқ мекунад. Масеҳиён соли нави худро аз таваллуди ҳазрати Исо (с.а) ҷашн мегиранд. Соли нави қамарӣ, ки бештари нажоди сомӣ аз он табаият мекунанд, аз ҳиҷрати Расули гиромии ислом (с.а) оғоз меёбад. Мардуми Шарқи Дур (Чину Ҷопон) низ соли нави ба худ хос доранд, лек ҳеҷ кадом аз инҳо ҷавобгӯи аслии ин мафҳум, яъне оғози соли нав аз нигоҳи табиатро надоранд ва танҳо ин ҷашни қадимии мардуми ориёитабор пурра ба ин мафҳум ҷавобгӯст.

Душанбе, Март 26 2018


Александри "Озодибахш"
15.03.1881 инқилобиёни террористи ташкилоти "Иродаи халқ" императори рус Александри II-ро ба қатл расониданд. Шикори тӯлонии ӯ аз ҷониби инқилобиёни рус ахир бобарор анҷомид. Ӯ дар силсилаи императорони руси хонадони Романовӣ нақши вежа дорад. Александрро "озодибахш" меноманд.Маҳз ӯ аввалин донаҳои озодихоҳӣ ва демократиро дар ҷомеаи русӣ кошт ва с.1861 ҳуқуқи крепостноиро дар Русия барҳам дод. Дар Русия асрҳои тӯлонӣ 1 иддаи ками ашрофзодагон авомро истисмор мекарданд ва деҳқонони рус дар ҳолати ғуломӣ қарор доштанд.

Шанбе, Март 17 2018


Иди занонро ба андешаи бархе аз муаррихин, ҳатто дар Руми қадим ҷашн мегирифтанд. Дар ин рӯз мардони румӣ ба занонашон ҳадяҳои гуногун тақдим карда, занони ғуломро низ истироҳат медонанд. Иди занон ҳамеша бо баҳор, зебоӣ ва латофату таровати занона алоқаманд буд. Дар ин рӯз одат шудааст мардон ҳамаи занон-модарон, бибиҳо, ҳамсарон ва духтаронро табрик гӯянд ва гулу дигар тӯҳфаҳо тақдимашон гардонанд. Аммо ин ид аз оғоз ингуна набуд.

Ҷашни сиёсӣ
Аммо дар оғоз Рӯзи байналмилалии занон бештар ранги сиёсӣ дошт ва чун 1 рӯйдоди сиёсӣ қаламдод мешуд.

саҳ 43 аз 60

Китобҳо

Flag Counter