ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Окт 12 2022

 

Омодагии ҳарбӣ

Дар аҳди шуравӣ ба масъалаи омодагии ҳарбӣ, чи дар мактабҳои миёна, чи дар ташкилоту муассисаҳо ва умуман аҳамияти ҷиддӣ медоданд. Дар барномаи мактабҳои миёна, синфҳои 9-10 дарсҳои тайёрии ҳарбӣ мавқеи муайянро касб карда буд. Дар Университету институтҳои бонуфуз, дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ кафедраҳои ҳарбӣ амал мекард. Ҳамчунон дар давраи муайян барои афсарони эҳтиётӣ курсҳо – ҷамъомадҳои ҳарбии 65-рӯза (сбор) гузаронда мешуд. Ҳукумати вақт ба донишҳои сиёсӣ ва ҳарбии ҷавонон авлавият медод.

Ин навбат қиссаи диловезро аз чунин 1 ҷамъомади ҳарбӣ дар он овон, аз рӯзгори афсарони эҳтиётии тоҷик ёд хоҳем кард.

 «Сбор»

Журналисти шинохта Тиллои Некқадам ин қиссаро дар маҷмуаи хеш «Ҳаёти ибратбахш», аз рӯзгори ходими намоёни ҳизбӣ, давлатӣ ва фарҳангӣ Ғуломшо Ватаншоев дар риштаи тасвир кашидааст.

Комиссариати ҳарбии Тоҷикистон соли 1976 се тан аз афсарони эҳтиётиро ба «сбор» - ҷамъомади ҳарбӣ даъват намуда, ба округи ҳарбии Сибир, ба шаҳри Новосибирск раҳнамун месозад. Ғуломшо Ватаншоев, корманди комитети партиявии ноҳияи Ванҷ, Инъом Тоҳиров, муовини мудири шуъбаи саноати сабуки КМ ПК Тоҷикистон ва Сафар Сафаров, котиби идеологии комитети партиявии ноҳияи Данғара дар ин ҳайати бонуфуз шомил буданд. Ба ин курс аз гӯшаву канори СССР 101 нафар кормандони роҳбарикунандаи партиявӣ – комсомолии шаҳру вилоятҳо, комитетҳои марказии ПК ва ЛКСМ-и 15 ҷумҳурии бародарӣ дар шаҳри Новосибирск ҷамъ омаданд.

Чоршанбе, Окт 05 2022

Ҳаёт, фаъолият ва қаҳрамонии шоири советии тотор, журналисти маъруф, хабарнигори ҳарбӣ, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1956, пас аз марг) то ба соли 1953 мураккабу мармуз буд.

Соли 1946 МГБ СССР делои ҷустуҷӯӣ боз намуда, Мусо Ҷалилро бо ҷурми хиёнат ба Ватан ва ҳамкорӣ бо фашистони немис гунаҳкор медонистанд. Мақомоти амнияти давлатӣ номи Мусо Ҷалилро  моҳи апрели соли  соли 1947 ба рӯйхати ҷинояткорони  махсусан хатарнок ворид намуд.

Соли 1953 журналист, мухбири ҳарбӣ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солоҳои 1941-1945, нависандаи маъруфи советӣ Константин Симонов дар бораи асли воқеа, пинҳонкорӣ дар ҳалқаи фашистон, қаҳрамонии Мусо Ҷалил дар яке аз рӯзномаҳои марказии СССР маводи ҷолибе ба нашр расонд. Пас аз чопи матолиби таҳти назар ба қавле кор ранги дигар гирифт. Маҳз аз ҳамин давра дар бораи пинҳонкориҳои Мусо Ҷалил дар асорати фашистон рӯшан гардид…

Халқи советӣ дар бораи рӯзгор ва фаъолияти фарзанди ҷоннисори  Ватан Мусо Ҷалил, пинҳонкорӣ ва қаҳрамонии ӯ дар ҳалқаи фашистони гитлерӣ баъди ба прокат баромадани филми ҳунарии истеҳсоли киностудияи «Ленфилм» - «Дафтари Маобит» (режиссёр Леонид Квинихидзе, 1968) ошно гашт.

 ***

ШАХСИЯТ

Мусо Ҷалил 38 сол (15.2.1906 – 25.8.1944) умр дид. Аммо ӯ дар ин муддат тавонист аз худ номи нек ба ёдгор монад. Эҷод ва қаҳрамонии ӯ дар таърихи адабиёти советии халқҳои СССР, ба вижа тотор сутуданист.

Чоршанбе, Сен 28 2022

 

Оғоз

Моҳи апрели соли 2022 тавассути шабакаи 1-уми телевизиони Россия силсилафилми телевизионии «Начальник разведки» (Сардори разведка), дар хусуси хадамоти махсуси разведкаи советӣ дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ пахш гардид. Яке аз қаҳрамонони асосии филм Александр Коротков, разведкачии маъруфи советӣ, ки маълумоти басо гаронбаҳоро аз лонаи фашистон – Гестапо дастрас мекард, буд.

Пас аз тамошои ин филм ба рӯзгор, хидмати разведкачии матин Александр Коротков мароқ зоҳир намудем.

 

КӮДАКӢ ВА ҶАВОНӢ

Александр Михайлович Коротков 2.11.1909 дар шаҳри Москва таваллуд шудааст. Падараш Михаил Антонович корманди бонки Русӣ-Осиёӣ, дар Хитой кор мекарду писарашро дар умум надида буд. Михаил Антонович қабл аз таваллудшавии Саша оиларо тарк гуфта буд. Модараш Александр ва хоҳари ӯ Нинаро танҳо ба воя расонд. Модар писари калониаш Павелро барои тарбият ба хешовандони собиқ шавҳараш пудус кард.

Волидонаш бо пархоши зиёд аз ҳам ҷудо шуда буданд. Аз ин рӯ, модар аз писараш қавл гирифт, ки ҳеҷ гоҳ бо падараш во намехӯрад. Ӯ ба ваъда вафо кард. Ҳарчанд тақдир борҳо ба ӯ имконият дод то ба волидон вохӯрдаву  суҳбат орояд, аммо аз гапи модар нагашт.

Бародари калонӣ барои Александр намунаи бенуқсон  ҳисоб меёфт. Ҷавонмарди зебои қадбаланд ва таҳамтан футбол бозӣ мекард. Бо мурур дар ҳайати «Динамо»-и Москва чемпиони СССР шуд. Александр низ  дар ҳамин варзишгоҳ машқ мекард. Вай теннис ва футбол мебозид ва ин як навъ пуле шуд ӯро ба хизмати разведка. То омадан ба разведка Александр Коротков аллакай мактаби миёнаро  хатм кардаву чанде электромонтёр ҳам кор карда буд.

Чоршанбе, Сен 21 2022

 

29 сентябри соли равон ба зодрӯзи яке аз варзишгарони номии мамлакат, аввалин қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон (1972) Юрий Лобанов 70 сол пур мешавад.

Ин намуди варзиш – заврақронӣ дар Тоҷикистон – соли  1956  ҷорӣ карда шуд.  Ҳамон сол аз РСС Белорусия мураббӣ – хоҳарон Денисоваҳо ба шаҳри Душанбе омада, ба гурӯҳи  варзишгарон сабақ доданд.

Нахустин мусобиқаи заврақронӣ дар шаҳри Душанбе, дар кӯли Водонасосний баргузор гардид, ки дар он Кулол Қурбонов ғолиб омад. Баъдан дар мусобиқаҳои «Дӯстии халқҳои СССР», дар шаҳри Минск Саймурод Ҳакимов дар заврақи каноэ ҷойи 6-умро молик шуд…

Сар аз соли 1958 ба қавле эраи (давраи) Иброҳим Ҳасанови забардаст оғоз шуд. Дар он сол мавсуф дар Қазоқистон ҷойи 2-юмро  соҳиб шуда, ҳамчунин ба унвони Устоди варзиши СССР ноил гардид. Дар рушд ва баланд бардоштани эътибори варзиши заврақронӣ дар Тоҷикистон Иброҳим Ҳасанов саҳми  шоиста дорад. Ӯ худ чемпиони 11-каратаи СССР буд.  

Пас аз ба кори мураббигӣ гузаштан Иброҳим Ҳасанов шогирдони зиёдеро дар намуди заврақронӣ тарбият кард, ки онҳо парчамбардорони кишвари хеш гаштанд. Ба масал турфа шогирде, ки дар ҳайрат монад устодро. Ин дафъа аз боби 2 тан аз шогирдони устод бародарон Лобановҳо сухан хоҳем гуфт…

 

ЮРИЙ ЛОБАНОВ

29 сентябри соли 1952 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Варзишгари советии тоҷик, заврақрон, Устоди хизматнишондодаи СССР (1972), чемпиони Бозиҳои олимпӣ (1972), чемпиони ҷаҳон (1973, 1974, 1975, 1977, 1979).

Юрий Лобанов соли 1972 баъди хатми Техникуми тарбияи ҷисмонии Душанбе ба факултети тренерии Институти тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи М.И. Калинин (ҳозира ба номи Саидмуъмин Раҳимов) дохил шуда, онро соли 1977 хатм намуд.

Чоршанбе, Сен 14 2022

ГОРБАЧЁВ МУРД !

Рӯзи 30 августи соли 2022, шомгаҳӣ хабари «Горбачёв мурд!...» тавассути расонаҳо бо тарақо туруқи афзун доман паҳн кард. Шояд дар оғози асри навин ба чунин поя фавти шахсияти таърихие диққатҷалбкунанда нагашта буд. Аз даргузашти ӯ қисме аз одамон, бавижа коммунистҳои сурхи ҳақиқӣ шод ҳам шуданд, «хуб шуд, ки …, маҳз ӯ СССР-ро барҳам дод.!

 Қисме дар Ғарб ҳаққонӣ андуҳгин ҳам шуданд, зеро ӯ 1 империяи бузурги дунё – СССР-ро ба нобудӣ бурд. Ва орзуи Германияи ноком дар Ҷанги дуюми ҷаҳон (1939-1945) ва империалистони ҷаҳон маҳз аз беҳавсалагии ӯ ҷомаи амал пӯшид.

Мешунавем, ки мегӯянд, Горбачёв подшоҳи (президенти) бетолеъ буд ва маҳз ӯ сари СССР (Иттиҳоди Шӯравӣ-ро хӯрд. Роҳбари шашяки рӯи Замин давлати абарқудратеро роҳбарӣ карда натавонист…

Шоми ҳамон рӯз Яков Кедми, ходими давлатии Исроил дар барномаи Соловёв (РТР) гуфт, қабл аз ба Исроил кӯч бастан, ман соли 1968 ду соат бо Горбачёв суҳбат доштам. Ӯро ҳамчун шахси ҳавобаланд ва сергап дарёфтам ва ҳоказо…

Давлатеро, ки 2 шахсияти забардасти советӣ: Ленин ва Сталин сохт, Горбачёв нобудаш кард. Факт факт мемонад, ҷойи баҳс нест, ҳарчанд ин гуноҳро ба гардани Елтсин, Шушкевич, Кучма бор мекунанд, аммо роҳбари асосии давлат Горбачёв буд ва ӯ на як-ду сол пеш ба сари қудрат омада буд. Вай дар ин курсӣ аз 11.3.1985 нишаставу қариб ба 7 сол ҳукм меронд. Хуллас 31 сол аст, ки ин мавзӯъ дар «деги далда» меҷӯшад ва фавти Горбачёв бори дигар ин оташро рӯшантар  гардонд. Аз ин бора бисёр гуфтаанду боз хоҳанд гуфт. Даҳҳо-садҳо муаррихон сари ин мавзӯъ тадқиқот бурда, доктори илму академик ҳам хоҳанд шуд…

Михаил Горбачёв аз куҷо ва аз кадомин барзан рух намуд пурсиданд чанде аз навруиҳо. Мегӯем…

 

МИХАИЛ ГОРБАЧЁВ

02.03.1931 дар деҳаи Приволно, ноҳияи Красногвардейск, кишвари Ставропол таваллуд шудааст. Падараш дар МТС (Стансияи мошину трактор) кор мекард. Модараш Мария Пантелеева колхозчӣ буд. Соли 1941 падараш ба ҷанг рафт. Чанде пас гитлерчиён деҳаи онҳоро ишғол карданд. Миша бо модараш 5 моҳ дар асорат буданд. Падараш аз ҷанг зинда, бо 2 ордени Ситораи Сурх баргашт.

Миша аз 13-солагӣ ҳам дар мактаб мехонду ҳам дар МТС тракторчӣ буд. Дар 18-солагӣ барои меҳнати шоён дар ҷамъоварии ғалла бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат қадр шуд (1949). Дар 19-солагӣ, то замони хатми мактаб ӯ номзад ба аъзогии Ҳизби коммунист шуд.

 

МГУ

Мактабро бо медали нуқра хатм намуда, бе имтиҳон бо доштани мукофоти давлатӣ ба факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Москва дохил шуд. Донишҷӯи ташаббускор ва пешсаф буд. Дар ҳамин даргоҳ ӯ бо завҷаи ояндааш, донишҷӯи факултаи фалсафа Раиса Титоренко (дар 1 шабнишинӣ) вохӯрда, соли 1953 хонадор шуданд.

Соли 1955 МГУ-ро хатм кард ва ба Прокуратураи вилояти Ставропол ба кор таъин гашт. Аммо ӯ дар ин ниҳод ҳамагӣ 10 рӯз кор карду халос. Чун ба корҳои комсомолӣ рағбати зиёд дошт, ба ӯ имконият фароҳам  омад то  мудири шуъбаи  агитатсия ва пропагандаи комитети комсомоли шаҳри Ставропол таъин гардид. 1 сол пас котиби якуми комсомоли шаҳр, баъди 5 сол (1961) роҳбари вилоятии (Ставропол) ин ниҳод шуд. 

 

МУТТАКО

2 сол пас ба кумитаи вилоятии ҲК гузашт. Дар он ҷо ӯро котиби якуми обкоми Ставропол Фёдор Кулаков сарпараст шуд. Мавсуф ӯро яке аз ходимони ояндадори ҳизбии вилоят номид.

Панҷшанбе, Сен 08 2022

 

62 сол муқаддам – 19 августи соли 1960 ду саг – кайҳоннавард Белка ва Стрелка дар киштии кайҳонии советӣ «Спутник -5» ба кайҳон парвоз карданд.

 Бо мурури замон мардумон аз парвози нахустин одам - кайҳоннаварди № 1 Юрий Гагарин ба кайҳон соз ёд намеоранд. Асосан ӯро дар як сол як раҳ – 12 апрел меситоянду бас. Ин бесабаб ҳам нест, зеро имрӯз парвози одам ба кайҳон як рухдоди муқаррарӣ беш нест.

Аммо 60 сол пеш ин мавзӯи актуалӣ маҳсуб меёфт. Кайҳоннаварди якуми ҷаҳон Юрий Алексеевич Гагарин дар ақсои олам муътабартарин меҳмон ҳисоб мешуд. Акси Гагарини хушандому чеҳрахандонро дар гӯшаву канори дунё мешинохтанд.

Вале қабл аз парвози одам ба кайҳон 19 августи соли 1960 дар Иттиҳоди Шуравӣ (СССР) 2 саг – Белка ва Стрелкаро ба кайҳон бароварда буданд. Мақсад аз ин парвоз таҳқиқи таъсири парвоз ба кайҳон ба ҷисми ҳайвонот ва мақсадҳои дигари биологӣ: таъсири аз ҳад зиёд, бевазнии дуру дароз, гузариш аз таъсири аз ҳад зиёд ба бевазнӣ ва баръакс ва ҳоказоро дар бар мегирифт.

Ин парвоз беш аз 25 соат идома кард. Дар ин муддат киштии кайҳонӣ гирди Замин 17 бор чарх зад. Белка ва Стрелка нахустин ҷонзот – ҳайвонҳое буданд, ки баъди парвоз ба кайҳон сиҳату саломат муваффақона ба Замин баргаштанд.

 

Омодагӣ

 Соли 1957 Конструктори асосии СССР Сергей Павлович Королёв вазифа гузошт, ки сагҳоро барои парвози шабонарӯзӣ ба кайҳон ва бозгашти онҳоро бо аппарати катапултӣ омода созанд. Барои иҷрои ин вазифа 12 сагро интихоб карданд. Интихоби асосӣ аз рӯи методикаи махсус иҷро шуд: вазни саг аз 6 кг зиёд набошад, қади онҳо то 35 см муайян гардид, синну солашон аз 2 то 6 бошад. Сагҳо танҳо мода ва сафедранг интихоб шуданд. Дар сурати нишон додан онҳо дар ВАО бояд ҷолиб (хушрӯ) бошанд. Қисми асосии ин тайёриҳо ба парвоз дар базаи истеҳсолии Институти масоили тиббӣ – биологии Москва гузашт. Омӯхташавӣ, ғизо, об, машқҳо, санҷишҳо ва ҳоказо...

Интихоб ба сагҳои нисбатан мувофиқ, омӯхташуда – Белка ва Стрелка рост омад. Белка – саги модаи безоти сафедранг аз дигар сагҳо пешсаф, фаъол ва феъли хуш дошт. Дар машқҳо нишондодҳояш низ хуб буданд. Стрелка низ саги модаи безоти рангсафед бо доғҳои қаҳваранг каме беҷуръат, канораҷӯй, аммо меҳрубон буд. Ҳар ду ҳам қариб 2,5 сол доштанд...

Боиси зикр аст, ки қабл аз ин 28 июли соли 1960 дар натиҷаи садама, дар зинаи якуми парвоз киштии кайҳонии Спутник- 5-1 сагҳо- Лисичка ва Чайка ҳалок шуда буданд. Пас аз ин ҳодиса комиссия хулоса кард, ки дар сурати сар задани ягон хавф дар қитъаи фаъол капсулаи катапултӣ бояд насб шавад. Аз ин рӯ, киштии навбатӣ – Спутник-5 бо Белка ва Стрелка бо чунин капсула муҷаҳҳаз гардид.

 

Аппарати фалакпаймо

 Аппарат (киштии) 5-уми фалакпаймо «Спутник-5» аз серияи «Спутник» дар ОКБ-1 таҳти роҳбарии С.П. Королёв, дар шаҳри наздимосквагӣ- Калининград сохта шуд...

Дар контейнери катапултӣ, ки дар он сагҳо ва биобъектҳои дигар мақом доштанд, яке аз вариантҳои омодагашта барои парвози ояндаи одам буд...

Ба ҷуз Белка ва Стрелка дар контейнери катапултӣ 12 муш, ҳашарот, рустаниҳо, занбурӯғҳо, тухмии ҷуворимакка, гандум, нахуд, пиёз ва ҳоказо ҷо шуданд.

саҳ 6 аз 60

Китобҳо

Flag Counter