ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Авг 31 2022


 Аз барқарор гардидани алоқаи доимии ҳавоии Сталинобод – Хоруғ 100 сол сипарӣ шуд

 Дар лавҳаи таърих ин рухдод дар моҳи августи соли 1932 сабт ёфтааст. Аммо корҳои омодагӣ, сохту сози майдони ҳавоӣ дар Хоруғ, дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр барои фуруди самолёт се сол қабл – моҳи марти соли 1929 ба итмом расида буд.

21 октябри соли 1929 лётчики ҳарбӣ К.Баранов бо ҳамроҳии бортмеханик А. Велмер ва лётчик Прохоров бо самолёти «ЮНКЕРС» ин роҳи душворгузари ҳавоиро бе алоқа фатҳ намуда, дар майдони ҳавоии Хоруғ нек фуруд омаданд. Садҳо нафар сокинони Шуғнон, аз хурд то бузург ба пешвози аэроплан баромаданд. Ин падида ба тантанаи калон табдил ёфт. Кунун Бадахшони Советӣ ҳам ба воситаи роҳи ҳавоӣ ва ҳам нақлиётӣ (мошингард) бо дигар гӯшаҳои Иттиҳоди Шуравӣ пайваст гардид.

 

Роҳи заминӣ

 Аммо аввалтар аз ҳама роҳи заминӣ – нақлиётӣ ҳатмӣ буд. Барои тараққиёт ва пешрафти Бадахшони Советӣ, дар шароити кӯҳистон сохтмони роҳи нақлиётӣ омили муҳими оғози бунёдкориву созандагӣ маҳсуб меёфт. Баровардани  кӯҳистон аз доираи маҳдудияти ҷуғрофӣ яке аз вазифаҳои асосии Ҳукумати вақт дар саргаҳи сохтмонҳои азими сотсиалистӣ дар нимаи аввали асри XX буд.

 

Нусратулло Махсум дар Бадахшон

 Ҳанӯз соли 1928 бо мақсади омӯзиши роҳҳои инкишофи ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании Бадахшони Советӣ Ҳукумати РСС Тоҷикистон Комиссияи махсуси Комитети Иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистонро таҳти роҳбарии Нусратулло Махсум ташкил дода, ҳайатро ба вилоят раҳнамун сохт.

Комиссияи мазкур ҳамаи сабабҳои қафомонии иқтисодии вилоятро омӯхта, дар пешниҳод мавҷуд набудани роҳи нақлиётро сабаби асосии қафомонӣ арзёбӣ намуд. 

 

Ӯш – Хоруғ

 Моҳи феврали соли 1931 Ҳукумати РСС Тоҷикистон аз Ҳукумати СССР барои сохтмони роҳи нақлиётии Ӯш – Мурғоб - Хоруғ маблағ дархост намуд. Ҳукумати марказӣ – дар шаҳри Москва мохи июни соли 1931 «Дар бораи сохтмони роҳи Ӯш - Хоруғ» қарор қабул намуда, сохтмони он дар масоҳати 732 километр ҳамон сол ифтитоҳ ёфт. Сохтмони ин роҳи ҳаётан муҳим 7 ноябри соли 1933, пеш аз муҳлат ба итмом расид.

Барои ин сохтмон дар шаҳри Ӯш идораи «Помирсохтмон» таъсис дода шуд, ки онро мутахассис, шахси кордон ва масъулиятшинос Наум Яковлевич Федермессер роҳбарӣ мекард. Аз вилоят ба сохтмони роҳ 1000 нафар, аз ҷумла, 200 нафар ҷавонон – комсомолон ва аз Шуғнон 240 нафар ихтиёриён сафарбар гардиданд.

Нахустин маротиба корвон дар ҳудуди 30 адад воситаи нақлиёт таҳти роҳбарии Сурен Андреевич Алахвердов 732 километр роҳи 35 шабонарӯзиро дар 36 соат тай карда, ин роҳи душворгузарро фатҳ намуд.

Барои сохтмони роҳи нақлиётии Ӯш - Хоруғ 24 млн сӯм (рубль) масраф гардида, танҳо дар соли 1936 тавассути ин роҳ ба  вилоят 716 тонна молҳои саноатӣ (ба маблағи 9,922 рубль) ворид гардиданд. Роҳ дар масоҳати 334 километр аксарияти деҳаҳои ноҳияи Шуғнонро бо ҳам пайваст намуд. Баъди панҷ сол (1938) роҳи Хоруғ – Рӯшон (65 км масофа) сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт.

Чоршанбе, Авг 24 2022

Давраи 5 – уми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 9 августи соли 1945 ба Ҷанги зидди Япония дохил шудани СССР тақдири Ҷанги дуюми ҷаҳониро ба манфиати иттифоқчиён ҳал кард

Аммо ин ҷанг давраҳои дигарро низ дар бар дошт. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939 – 1945), ҷанге, ки қувваҳои иртиҷоии империалистии байналмилалӣ тайёр намуда буданд. Онро давлатҳои асосии таҷовузкор – Германияи фашистӣ, Италияи фашистӣ ва Японияи милитаристӣ оғоз карданд.

Баъди ба ин ҷанг дохил шудани СССР (Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945) аз тарафи тамоми давлатҳое, ки зидди блоки давлатҳои фашистӣ меҷангиданд, характери ҷанги боадолату зиддифашистиро гирифт. Ҷанги мазкур ба 5 давра тақсим мешавад.

Давраи 1-уми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1.9.1939 – 21.6.1941) – давраи муваффақияти ҳарбии Германияи фашистӣ буд. 1 сентябри соли 1939 Германия ба Полша ҳуҷум овард. 3 сентябр Британияи Кабир ва Фаронса ба муқобили Германия ҷанг эълон карданд, аммо ба қӯшунҳои Полша мадад нарасонданд. Дар натиҷа Полша шикаст хӯрд…

Давраи 2-юми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (22.6.1941 – 18.11.1942) баъди ба хоки СССР (22 июни 1941) ногаҳон ҳуҷум овардани Германия ва сар шудани Ҷанги Бузурги Ватании Иттифоқи Советӣ (1941 – 1945) оғоз ёфт. Муборизаи Армияи Сурх ба муқобили душман аз рӯзҳои аввали ҷанг ба рафти ин ҷанг, ба сиёсат ва стратегияи ҳарбии давлатҳои он таъсир расонд. Муҳорибаҳои назди Москва афсонаҳои оид ба мағлубнопазирии армияи Германияро барбод доданд…

Давраи 3-юми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (19.11.1942 – декабри 1943) – давраи тағйироти куллӣ буда, давлатҳои коалитсияи зиддифашистӣ бартарии стратегӣ ба даст оварданд, иқтидори ҳарбии худро пурра ба кор бурда, дар ҳама ҷо ба ҳуҷуми стратегӣ гузаштанд…

Давраи 4-уми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1.1.1944 – 8.5.1945) даврае буд,дар натиҷаи ҳуҷумҳои пуршиддати Армияи Сурх қӯшунҳои фашистии немис аз хоки СССР ронда, халқҳои Аврупои Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ озод ва ҳамроҳи иттифоқчиён қувваҳои асосии Германияи гитлерӣ торумор карда шуданд…

2 майи соли 1945 Армияи Сурх Берлинро ишғол кард. Нисфишабии 8 май дар маҳалли ишғоли қӯшунҳои советӣ – Карлсхорст (наздикии Берлин) ба шартномаи таслимшавии бечунучарои қувваҳои мусаллаҳи Германияи фашистӣ намояндагони фармондеҳии олии Германия бо сардории В. Кейтел имзо карданд.

Чоршанбе, Авг 17 2022

 

 Андар шинохт

Ин ном дар мақоми ҳуқуқшиносии кишвар аз миёнаи солҳои 30, раҳбарии мамлакат аз солҳои 40 – ум, аҳли адаби кишвар аз солҳои 50-уми асри ХХ маълум ва аз он пас миёни мардум маъруф гардидааст.

Бо ба дасти чоп расидани повести Ҳабибулло Назаров бо унвони «Дар ҷустуҷӯи Карим – девона» (1958; тарҷумаи русӣ 1959) муаллиф байни адибони тоҷик ва СССР мақоми хешро устувор кард.

Ман, ходими намоёни давлатӣ, нависандаи маъруфи тоҷик Ҳабибулло Назаровро пас аз мутолиаи повести «Мирзо Ризо» (1970) ва романи ҳаҷвии «Саргузашти Сафармахсум» (бо ҳамқаламии Ҷ. Икромӣ, 1971) шинохтам. Ин ду асар барои мани ҳаводори асарҳои бадеӣ китобҳои дӯстдоштанӣ маҳсуб меёфт.

 

 Рӯ ба қомусҳо

15 августи соли 2022 ба зодрӯзи Ҳабибулло Назаров 115 сол пур шуд. Аз ин хотир, нахуст, ба қомуси даврони шуравӣ – «Энсиклопедияи советии тоҷик», ҷилди 5, Душанбе, 1984 назар дӯхтам. Дар саҳифаи 66-уми қомус дар бораи ин марди даврон маълумоти мухтасаре омада.

Диққати бандаро навиштаи хушоянди «нависандаи советии тоҷик» ҷалб кард. Хайр чи, ӯ ку воқеан, нависанда буд, шояд пурсад азизе. Мегӯем, бе ташвиш, ҳамааш хуб аст. Сухан аз боби дигар масъала меравад.

То чопи повести «Дар ҷустуҷӯи Карим – девона», дар соли 1958, то маҳбубият касб кардани ин қисса (1 – 2 соли дигар), дар ҳудуди кишвар ва ҳатто Иттиҳоди Шуравӣ мавсуф ҳамчун ходими намоёни давлатӣ эътироф гашта буд…

Дар қомуси охирини нависандагони ҷумҳурӣ «Адибони тоҷик» («Адиб», 2014), саҳифаи 151 низ чунин омада. Шояд нафари масъул Ҳабибулло Назаровро танҳо ҳамчун нависанда (эътироф) шинохта бошад, бигзор чунон бошад.

Инак, порае аз рӯзгори ин шахсияти маъруфи таърихӣ. 

 

 Ходими давлатӣ – Ҳабибулло Назаров

Соли 1907 дар деҳаи номварон – Тӯдаи ноҳияи Ҳисор, дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Аъзои КПСС аз соли 1939. Дар курси маҳви бесаводӣ ва мактаби шабона хондааст.

Чоршанбе, Авг 10 2022


Инак аз баимзорасии сулҳи тоҷикон, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва 25 сол сипарӣ шуд. Баъд аз нобасомониҳои солҳои 90-ум ба тасвиб расидани ин санад эътимод ва муждаи рӯзҳои нек  ва рӯзгори осудаву ороми мардум маҳсуб меёфт, аммо ин на бар он маънӣ буд, ки маҳ бигир, оромиву осудагиро…

Дар ҳудуди мамлакат ҳанӯз ҳам қумондонҳои мухолифини худдонам бесарӣ доштанд ва  ба қавле ҳоло ҳам аз асп фуромадаву по аз рикоб наканда буданд.

Марди заҳматқарин  мутахассиси соҳаи энергетика Қиёмиддин Саидхоҷа, ки солҳои 1997-2000-ум дар Маркази ҳамоҳангсозии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар навоҳии минтақаи Рашт шуғл меварзид, ҳини нишасте аз он рӯзҳои пурдаҳшат ёд овард.

27 июни соли 1998 дар ҳудуди ҷумҳурӣ яксолагии рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн мегирифтанд. Баъди ба эътидол омадани вазъияти сиёсӣ дар кишвар гурӯҳҳои ташаббускори ҳукуматӣ бо иштироки шахсиятҳои шинохта, олимону шоирон дар минтақаҳои даргир бо мардум вохӯриҳо мегузаронданд. Аз ҷумла, нахустин бор баъд аз соли 1992, чунин як гурӯҳ  таҳти роҳбарии шахсияти номдор Султон Мирзошоев ба водии Рашт раҳ гирифтанд. Ҳайати мазкур аз файласуф Нодир Одил, шоирон Ҳақназар Ғоиб ва Зулфия Атоӣ  иборат буд…

Гурӯҳи мазкур 27 июни соли 1998 ба ҳудуди ноҳияи Дарбанд  (ҳозира Нуробод) ворид шуданд. Тибқи супориши расмӣ Қиёмиддин Саидхоҷа меҳмононро истиқбол гирифта, ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии шаҳраки Комсомолобод овард. Вохӯрӣ бо мардум мувофиқ ба шароити ҳамонвақта таъмин намуданд.

Он овон кормандони Маркази ҳамоҳангсозӣ дар ноҳияи Дарбанд (Нуробод) баҳри банақшагирии лоиҳаҳои сохтмони иншооти навин ҳузур доштанд. Барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани чорабинӣ, қаблан бо раиси ноҳия Изатулло Ҳалимов маслиҳат шуда буд. Раис ба Қиёмиддин Саидхоҷа таъкид намуд:

Чоршанбе, Авг 03 2022

      

Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ унвони олии фахрӣ дар давлати шурави барои ххизматҳои барҷаста ва корнамоӣ ба нафъи ҷамъият ва  давлат дода мешуд.Ин унвон ба қарори КИМ  СССР аз 16 апрели соли 1934 таъсис ёфта қаҳрамон бо ордени Ленин медали “Ситодаи тилло” ва Грамотаи Призидиуми Совети Олии СССР сазовор мегашт.Ки маи соли 1973 бо дастурамали он бахзе тағирот ворид шуд.Дар давраи Чанги Бузурги ватании солҳои 1941 1945  бори якум ин унвон ба 3 нафар лётчикҳои қадркунанда М.П.Жуков С .Н Здоровсев ва П.Т  Харитонов 8 июл соли  1941 дар задухурди ҳавоӣ ба душман дар остонаи Ленинград барои ( ҳамлакуни бо самалёт) кардани сомолётҳои гитлерчиён қадр гаштанд.Ҳамаги дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани барои нишон додани корнамоии чангӣ зиёда аз 11600 нафар диловарон бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Совети мушарраф гаштаанд.Леётинанти хурд,тоҷикписар Неъмат Қарабоев нахустин қаҳрамони иттифоқи совети аз Осиёи миёна мебошад,ки ин унвонро 21.03.1940 барои нишон додани матонат дар задухӯрди мусаллаҳона миёни Финландия ва СССР сазовор гаштааст.

 СОЛҲОИ 80-УМ

Сарфарозгардонӣ  бо ин унвон то барҳам хурдани давлати шуави то соли 1991 идома кард.Ду тан аз зодагони Тоҷиистон, солҳои 80-ум охирин намояндаҳои бо ин унвон қадр шуда Александр Мираненко ва Наби Акрамов мебошанд.

Сержанти калон Мираненко Александр Грегоревич (1959- 1980) зодаи шаҳри Душанбе барои нишон додани матонат ва қаҳрамонӣ дар иҷрои қарзи интернетсионали дар ҶДА 28.04.1980 (пас аз марг) бо ин унвон сазовор гаштааст.Бо фармони президиуми Советии Олии СССР аз 5. 07.1982 лейтинанти калон Наби Арамов бо унвони қаҳрамони Иттифоқи Совети қард шудааст.

АКТО

Алҳол аз барандагони унвони қаҳрамони Иттифоқи Совети, фарзандони номдори тоҷик Набӣ Акрамов яккау ягона аст,ки дар шаҳри москва умр ба сар мебарад.

Тӯли даҳ сол зиёд дар бораи ин шахсияти таърихӣ дар матбуоти даврӣ қариб, ки маводе интишор нагаштааст  ва насли имрӯза аз мавҷудияти чунин як диловар бехабаранд. Аз ин хотир қарор додем то дар бораи шердили тоҷик сухане чанд гуфта бошем, зеро ӯ фарзанди замони хеш буд ва бо амри ватан адои хизмати ҳарбӣ кардааст. 

Акрамов Набӣ Маҳмудҷонович 17.07.1975 дар  шаҳри Ӯротеппа (ҳозира Истаравашан) дар оилаи низомӣ ба дунё омадааст. Соли 1975 пас аз хатми мактабӣ ошёнаи №57 и шаҳри Душанбе чанде ҳамчун ронанда кор мекунад.

Соли 1976 Набӣ Акрамов ба Омӯзишгоҳи олии командирии умумиҳарбии Аламато ба номи маршал И.С.Конев дохил шуд.

Чоршанбе, Июл 27 2022

 

Аз фаъолияти разведкачии СССР Геворк Вартанян

 «Сталин дар ҳила аз мо ҳилагартар баромад ва ин муҳорибаро бурд»  Уинстон ЧЕРЧИЛЛ, Сарвазири Англия

 Дебоча

Моҳи майи соли равон дар Коммунарка, ҳудуди мактаби ҳамноми қаҳрамон,  дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия муҷассамаи барқади разведкачии маъруф, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Геворк Вартанян қомат афрошт. Аксар нафарон дар хусуси шахсияти ин қаҳрамон маълумоти кофӣ надоранд. Он бесабаб ҳам нест, зеро танҳо солҳои ахири фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ аз парвандаи қаҳрамон муҳри комилан махфӣ бардошта шуд. Ва он ҳам танҳо аз як ҳиссаи хидмати «Амир» - Геворк Вартанян дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 дар Эрон аст. Боқӣ, фаъолияти иктишофгари машҳур ҳоло ҳам махфист.

 Амалиёт

25 августи соли 1941, неруҳои шуравӣ ва англисҳо амалиёти якҷояи ҳарбӣ гузаронданд. Ду армияи советӣ ба хоки Эрон даромада, музофоти шимолиро ишғол кард, артиши англис аз самти ҷанубӣ – ғарбӣ даромад ва онҳо бе ягон талафот 17 сентябри соли 1941 дар пойтахти Эрон – шаҳри Теҳрон бо ҳам вохӯрданд.

Соли 1942 ду бандари Эронро амрикоиҳо ба даст оварданд.

 Сабаб

Сабабҳои ба Эрон лашкар кашидани иттифоқчиён ба чанд боис буданд:

Якум – ҳукумати Эрон ба Гитлер ҳусни таваҷҷуҳ дошт ва мумкин буд, аз ақибгоҳ ба СССР зарба занад.

Дувум – дар Эрон ҷосусони зиёди фашистон амал мекарданд, ки ин барои СССР хавфи калон дошт.

Савум – Эрон барои интиқоли борҳои ҳарбии амрикоӣ ба СССР кишвари басо қулай буд.

Дере нагузашта Эрон ба иттиҳоди неруҳои зиддифашистӣ ҳамроҳ шуд. Қатъи назар ба ин ҷосусони Канарис ва Шелленберг (Германия) дар ин кишвар фаъол буданд ва муҳорибаи байни ҷосусони мамлакатҳои зиёди ҳавасмад то охири ҷанг идома ёфт.

 Конфронси Теҳрон

Тирамоҳи соли 1943 иттифоқчиён қарор карданд, ки дар Теҳрон конфронси роҳбарони се давлат – СССР, ИМА, Англия – Сталин, Рузвелт ва Черчиллро созмон диҳанд.

саҳ 7 аз 60

Китобҳо

Flag Counter