Ё қиссаи чи тавр баъди ҷанг Атобойи Аштӣ Отабой шуд?
Пешгуфтор
Моҳи майи соли 2023 ба ғалабаи бузурги халқи советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 78 сол пур мешавад. Бо ҳар моҳу соли дур шудан аз рӯзи зафар шумораи иштирокчиён, қаҳрамонони ин ҷанг низ ангуштшумор мегарданд.
Солҳои қаблӣ, возеҳтараш то охири солҳои 80-уми садаи гузашта аз корнамоии ҷанговарони тоҷик дар ҷабҳаҳо адибон, журналистону муаррихон бисёр менавиштанд. Дар ин самт радиову телевизиони кишвар низ саҳмгузор буданд. Ҳукумати давр аз корнамоиҳои фарзандони шертани худ киноҳои пурмазмун, китобҳо, плакатҳои таблиғотӣ ва ҳоказо роҳандозӣ мекарданд. Он овон кам нависанда ва журналистеро вомехӯрдед, ки дарин мавзуъ маводе ба табъ нарасондабошад.
Дар мавзӯи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ рисолаҳои илмӣ низ ҳимоя мешуд. Аммо на ҳама ин мавзуъро думбола мекарданд. Дар Тоҷикистон пештозон, нависандаҳои ҷонфидо дар ин раҳ Раҳмон Сафар, Ҳасанбой Шарифов, Лариса Сечкина, Марям Бозорбоева, Маҳмадазим Бобохонов, А. Дёмочкин, А. Макашов, устодон Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Олег Соболев ва даҳҳои дигар буданд.
Бо гузашти солҳои мудҳиши 90-ум дар кишвар ин мавзӯъ низ ба худ раҳ ёфт. Эҷоди устодон Давлат Алимов, Ваҳҳоб Набиев ва шогирдони онҳо боиси таҳсину офарин аст. Ҳоли ҳозир дар кишвар Ғафур Шерматов ва инҷониб даст аз домани мавзуи таҳти назар даст накандаем ва пайваста падару бобоҳо, зафарёрони ин ҷангро муаррифӣ менамоем…
Дар ин росто кам касоне ёфт мешаванд, ки мустақилона аз далерии падари худ ва ё хайр дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷаҳду талош меварзанд. Бо ошно гаштан ба маводи пешниҳодгаштаи Нозири Ато, аз боби диловарии падараш дар корзор бағоят хурсанд гаштем. Аҳсант бар падару ҳам бар писараш. Офарин!!!
Умари Шерхон,
адиби ҷангноманавис
Солҳои пеш ҳар боре, ки оид ба корномаҳои Падар дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 ба Бойгонии марказии Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия дар шаҳри Подолски вилояти Москва дархост мефиристодам, посух қариб яксон меомад: Маълумоти иловагӣ надорем…
Иди байналмилалии меҳнаткашон,
Рӯзи якдилии коргарони тамоми ҷаҳон,
Рӯзи азназаргузаронии қувваҳои меҳнаткашони ҳамаи мамлакатҳо
Конгресси 1-уми Интернатсионали 2 (июли 1889, Париж) ба хотири коргарони Чикаго, ки 1 майи соли 1886 бо талаби рӯзи кори 8-соата корпартоӣ карда, ҳангоми намоиши осоишта аз тарафи политсия тирборон шуда буданд, қарор дод ҳар сол 1 май намоиши оммавии меҳнаткашон ташкил карда шавад.
Дар Империяи Россия Якуми Май бори аввал соли 1890 дар Варшава, соли 1891 дар Петербург (ҳозира Санкт - Петербург) доир шуд.
Дар СССР якум (соли 1918) ва дуюми май (23 апрели соли 1928) рӯзи ғайрикорӣ эълон карда шудааст. Чунин омада дар қомуси даврони шуравӣ.
Аҷаб давре
Даврони шуравӣ идҳои зиёде доштем. Ба мисли 23 феврал, 8-уми март, 1-уми май, 9-уми май, 7 ноябр, Соли нави милодӣ – 1 январ. Аз ин миён, аз ҳама зиёд, дар таҷлили ҷашни 1 - уми май сокинони ватани паҳновари советӣ зиёд хурсандӣ мекарданд.
Аз хурд то бузург ба ин ҷашн омодагӣ мегирифтанд. Ҳамасола дар ин рӯз гирдиҳамоиву паради меҳнаткашон, сар аз маркази ноҳияву шаҳрҳо, вилоятҳо ва пойтахти кишвару ҷумҳуриҳои бародарӣ бо тамоми ҳашамат ид карда мешуд. Фавҷ - фавҷи одамон ба кӯчаҳо мерехтанд. Аз субҳ то дили шаб ҳама хурсандӣ мекарданд. Шодиву нишоти хурдсолону наврасон, ҷавононро ҳадду канор набуд.
Мо низ интизори ин иди фараҳбахш будем. Замони бачагӣ то маркази ноҳия 8 км масофаро тай мезадем, то аз консерту гӯштингирии идона дер намонем. Бо як шишаи «Лимонад», «кулёк»-и семичка, дар офтоби қуроғ роҳат мебурдем. Дар ҷавонӣ, дар шаҳри Душанбе, аз «Тоҷиктекстил» то саргаҳи парад аллакай хотирболида мегаштем. Аҷаб давру даврон доштем.
1 май – ҷашни бедории заҳматкашон
Чунин унвон дода буд, газетаи «Нидои ранҷбар» (ҳоло «Коммунисти Тоҷикистон») матлаби 1-уми майии худро соли 1992 (№10, 30 апрел).
Иди якуми май, аз ҷумлаи он ҷашнҳоест, ки дар саросари кишварҳои ҷаҳон таҷлил мешавад. Дар мамлакатҳои гуногун онро бо тарзи мухталиф ном мебаранд: Иди байналхалқии заҳматкашон, Рӯзи коргар, Иди кор, Рӯзи якдилии коргарони тамоми ҷаҳон, Рӯзи азназаргузаронии қувваҳои заҳматкашони ҳамаи мамлакатҳо ва ғайра.
Ин ҳафта ба зодрӯзи яке аз шахсиятҳои машҳури ҷаҳон, Пешвои Ҳизби Коммунисти ҷаҳон Владимир Илич Ленин 153 сол пур шуд. Аз ибтидои асри XX то кунун дар бораи кору фаъолияти пинҳонкорӣ, Инқилоби Октябр, асарҳои мондагори ӯ гуфтаанд, ки гуфтаанд, ки ҳад надорад.
Миёни халқ сухане ва ё ҳикматест, ки бе ризоияти Парвардигор ҳар кор, шахсияте, коре ва ё хайр будан наметавонад, пас биёеду хулоса бубарем, ки тавлиду дар як давраи таърихӣ, асри XIX-XX ва баъд ҳам мавҷудияти чунин як шахсияти таърихӣ - В.И. Ленин бе гап набудаасту нахоҳад буд.
Дар бораи Ленин чунон гуфтаанду навиштаанд, ки боз ҳам аз куҷо ва чи гуфтан ба кас душворӣ меорад. Ин раҳ ба худиву бегона (ҳизбиёни имрӯза ва ғайриҳизбиҳо дар назар аст), гуфтаниям, хоҳед ва нахоҳед ҳам чунин як шахси таърихӣ, пешвои коммунистони дунё буд, ҳаст ва мемонад. Зеро дигар илоҷ надоред. Ин таърих аст ва онро бо табару тири фалахмон ва ё тири муқтадири «Искандар» низ маҳв кардан наметавон. Вассалом!!!
Мубориз
Ленин тамоми ҳаёти пурсамари худ, қатъи назар аз ҳабс, бадарға, террор баҳри рӯзгори беҳини аҳли заҳмати дунё зист ва мубориза бурд. Вай барои беҳбуд бахшидан ва зиндагии осоишта доштани синфи коргару деҳқон зист ва ҳаёти худро бахшид. Вай тамоми ҳаёти хешро ба кори азим ва наҷиб - ба мубориза баҳри аз зулму истисмор, озод намудани синфи коргар ва тамоми аҳли меҳнат, барои дигаргунсозии ҷамъият бахшид...
Эҷод
Аммо баъд. В.И. Ленин ва эҷоди ӯ. Ин паҳлуи рӯзгори доҳиро ҳиҷ наметавон сарфи назар кард. Эҷоди ӯ дар давраи донишҷӯӣ дар Россия ва Аврупо, ҳини дар бадарға будан, ё ҷойи дигар ӯ менавишту менавишт. Ва ҳамсафону пайравон ва касони дигарро аз паи худ мебурд. Ленин воқеан ҳам як шахси пазируфта, пешвои як ҳаракати азими дунё, олим, журналист ва нависандаи нотакрор аст. Инро бояд эътироф кард, хоҳем ё нахоҳем. Ӯ нобиға буд ва мемонад, инкор кардани таърихи як давраи муайян ҳич имкон надорад. Дар калаи холӣ фикру зикр, андеша ба вуҷуд намеояд…
Асарҳои Ленин
Ба қавли муҳаққиқон, ҳизбиёни воқеии садаи XX ва имрӯз ҳам асарҳои В.И. Ленин дорои сарвати бузурги идеявию назариявӣ мебошанд. Онҳо афкори инқилобӣ ва амалиёти инқилобӣ дониста шудаанд. Ин ҷо зикри чанд асари доҳии пролетариати ҷаҳонро аз давраи аввали кориаш ба зевари табъ мекашем: «Дӯстони халқ чист ва онҳо ба муқобили сотсиал – демократҳо чӣ тавр меҷанганд?»
10 апрели соли 1945 қӯшунҳои Армияи Советӣ шаҳри Кёнигсбергро аз фашистони немис озод карданд. Соли 1945 ин шаҳр мувофиқи қарори конференсияи Потсдам ба ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ дохил шуд.
Аз соли 1946 шаҳр номи М.И. Калининро гирифт. Калининград овони шуравӣ бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст (1971).
Калининград (то 4 июли соли 1946 – Кёнигсберг), шаҳри бандарӣ, маркази вилояти Калинингради Федератсияи Россия (қаблан СССР) маҳсуб меёбад. Шаҳр дар ҳар ду соҳили дарёи Преголя, назди резишгоҳи он ба халиҷи Вислаи баҳри Балтика воқеъ аст.
Баъд аз барҳам хӯрдани СССР ва пароканда гаштани ҷумҳуриҳои бародарӣ, билкул мустақил гаштани кишварҳои Литва, Латвия ва Эстония шаҳри Калининград дар ғарби Россия ба яке аз нуқтаҳои басо муҳими стратегии Россия табдил ёфтаву қиматаш садчанд афзуд.
Аҳолиаш 355 ҳазор нафар (1979)
Калинин кист?
Калинин Михаил Иванович (19.11.1875, деҳаи Верхняя Троитса, ҳоло ноҳияи Кашини вилояти Калинин – 3.6. 1946, Москва), ходими Партияи коммунистӣ ва Давлати Советӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1944), Аъзои ПК аз соли 1898. Аз оилаи дехқон…
Баъди револютсияи Октябр аъзои думаи шаҳри Петроград ва сардори шаҳр интихоб шуд. Соли 1918 комиссари хоҷагии шаҳри Петроград. Соли 1919 аъзои КМ РКП (б), раиси КИМ умумироссия интихоб гардид…
Баъди ташкил ёфтани СССР (декабри соли 1922) раиси КИМ СССР шуд. Аз соли 1925 аъзои Бюрои Сиёсии КМ ВКП (б). Моҳи январи соли 1938 – марти соли 1946 Раиси Президиуми Совети Олии СССР…
Бо 2 ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурх ва медалҳо сазовор шудааст. Дар Майдони Сурхи Москва дафн гардидааст.
Калининград – шаҳри саноатӣ
Калининград калонтарин узели нақлиёт ва маркази саноат аст. Дар иқтисодиёти шаҳр саноати моҳидорӣ, селлюлозаю коғаз, мошинсозӣ ва коркарди металл мавқеи муҳим дорад.
Корхонаҳои азимаш: заводҳои вагонсозию таъмири киштӣ, истеҳсоли мошин барои сохтмон ва роҳ, таҷҳизоти кафшерҳои барқӣ, кранҳои борбардор,
Аз қатли яке аз симоҳои барҷастаи советӣ Лаврентий Павлович Берия (17.3.1899 -23.12.1953), арбоби давлатӣ ва ҳизбии советӣ, комиссари бехатарии давлатӣ (1941), Маршали Иттифоқи Советӣ (1945), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1943), маҳрумшудаи ин унвонҳо дар соли 1953 инак 79 сол сипарӣ гашт.
«Мири ғазаб»
Бо ба сари қудрат омадани Ҳокимияти Советӣ дар Россия (Иттиҳоди Шуравӣ) солҳои 30-юми асри XX ашхоси гуногун, шаҳрвандони СССР ба ҷазо гирифтор шуданд. Баъди ғалабаи Иттифоқи Советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо пешниҳод – ташаббуси бевоситаи «мири ғазаб» Лаврентий Берия ба КМ КПСС аз 27 марти соли 1953 фармон «Дар бораи авф» ба тасвиб расид, ки дар асоси он 1 млн 203 ҳазор нафар одамон аз маҳбас озод мешуданд. То 10 августи соли 1953 аз маҳбасҳо 1 миллиону 32 ҳазор маҳбусони то 5 сол маҳкумгардида… озод шуданд. Ва боз ғайраву ҳоказо.
Аммо, шахсияти сатҳи олии давлати советӣ (албатта баъди Сталин) Лаврентий Берияи муқтадирро 26 июни соли 1953 бо гуноҳи хиёнат ба Ватан ҳабс шуда, 23.12.1953 бо ҳукми Суди Олии СССР ҷазои қатл гирифт ва ҳамон рӯз соати 19:50 дақиқа паронда шуд.
Деҳқонбача
Ин маротиб фаъолияти давлатӣ, иштирок дар репрессияи оммавӣ ва ишқбозиҳои Берияро сарфи назар намуда, танҳо дар бораи кори ӯ ҳамчун роҳбари хадамоти разведкаи СССР сухан хоҳем ронд. Танҳо аз фаъолияти пурмаҳсул, ташкилотчигии бесобиқааш…
Лаврентий Павлович Берия, деҳқонбача, 17 (29) марти соли 1899 дар деҳаи Марсули губернияи Кутаиси, империяи Россия, дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст.
Волидон қобилияти хубашро ба назар гирифта, ӯро ба омӯзишгоҳи ибтидоии Сухуми супурданд. Соли 1915 Лаврентий баъди хатми ин ҳунаристон ба омӯзишгоҳи техникию сохтмонии Боку дохил шуда, онро соли 1919 бо ихтисоси техник-архитектор тамом кард. Вай аз 17-солагӣ модар ва хоҳари гунги худро, ки ба наздаш омада буданд, саробон шуд. Лаврентий аз 16-солагӣ дар идораи асосии ширкати нафтии Нобелей ҳамчун шогирд (коромӯз) заҳмат мекашид.
Аз соли 1916 аъзои кружоки пинҳонкории марксистӣ дар омӯзишгоҳи сохтмонӣ буд. Моҳи марти соли 1917 аъзои РСДРП (б) шуд. Моҳҳои июн-декабри соли 1917 ҳамчун техники отряди гидротехникӣ ба фронти Руминия рафта, аввал дар Одесса, баъд дар Пашкан (Руминия) хизмат кард.
Ва ё кӣ барои чӣ ӯро кушт?
Дар таърихи башарият ҷигарбандони амирону подшоҳон, ашхоси сатҳи олии давлатҳо ҳини сари қудрат будани қиблагоҳиашон рӯзгори хушу хурсандона – шоҳона ба сар доштанд. Ками дар ками фарзандони эркаи падарон, пас аз сари қудрат рафтани саробони хеш зиндагии бо карру фарр насибашон гаштааст…
Оғози суханро ба дарозо намебарем ва ин раҳ аз Василий Сталин, писари Раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ – СССР Иосиф Виссарионович Сталин (21.12.1879 -5.3.1953), ки аз моҳи апрели соли 1922 то марти соли 1953, давлати советиро 31 сол идора кардааст, қисса хоҳем кард.
«ВАСЯ, ВАСЯИ СУРХ, ПИСАРИ ПАДАРИ ХАЛҚҲО»
Василий Иосифович Сталин (24.3.1921 – 19.3.1962), генерал-лейтенанти авиатсия, фармондеҳи Неруҳои Ҳарбӣ - ҳавоии округи ҳарбии Москваро баъди 1,5 моҳи вафоти падараш – И.В. Сталин 28 апрели соли 1953 ба ҳабс гирифтанд.
Дар ҳуҷҷатҳое, ки пас аз 50 сол ошкор сохтанд, ягон сухан аз боби дастандаркорони ин амалиёт ёфт нагашт. Танҳо метавон тахмин зад, ки ин ташаббус аз тарафи собиқ ҳамсафони Сталин – Берия, Молотов, Маленков ва Хрушёв амалӣ шудааст.
Лаврентий Берия
Дар асл, ҳамон рӯзҳо Лаврентий Павлович Берия (17.3.1899 – 23.12.1953) бо пайроҳаи тахту ҳамвор ба сӯи тахт гоми устувор мениҳод. Вай Кумитаи амнияти давлатиро бо милитсия як кард, армияи қувваҳои дохилиро низ ба худ тобеъ кунонд.
Берия аз зери айнак – пенснеи тиллоӣ бо ғазаб ба ҳамсафонаш менигарист ва онҳо аз тарс меларзиданд. Онҳо дар андешаи он буданд, ки бо кадом роҳ ин «рафиқи ҳизбиашонро» ба маҳбас кашанд…
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар