ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Фев 23 2022

 

8 ноябри соли 1943 ордени Шараф ҳар се дараҷа таъсис дода шуд. Ин орден ба Салиби Георгий шабоҳат дошта,он фақат барои ҷасорат дар майдони ҷанг дода мешавад. Бо ҳар се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шудагон аз рӯи ҳолат ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ баробар карда шудааст.

Орденҳои Шараф дараҷаи III аз биринҷӣ, дараҷаи II аз нуқра ва дараҷаи I аз тилло тайёр карда шудааст.

Дар кам аз ду соли ҷанг (19 моҳ қабл) наздики  980 ҳазор ҷанговарон бо ордени Шараф дараҷаи сеюм, қариб 46 ҳазор бо дараҷаи дуюм мукофотонда шуда, кавалерони пурраи ин орден, дорандагони ҳар се дараҷа 2656 нафар мебошанд, аз ҷумла 4 нафар занон.

Аввалин кавалерони орденҳои Шараф ҳар се дараҷа бо Фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 22 июли соли 1944 ефрейтор М.Г. Питенин ва сержанти калон К.К. Шевченко мебошанд. Аммо мутаассифона ордени Шараф дараҷаи I – и  № 1 ба сержанти калон Н.А. Залетов, № 2 ба старшина В.С. Иванов супурда мешавад.

Моҳи сентябри соли 1944 аввалин аз ҷанговарони тоҷик сержанти калон Абдуназар Фармонқулов аз шаҳри Ӯротеппа (Истаравшан) ва 10 - умин аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ кавалери орденҳои Шараф ҳар се дараҷа гардидааст.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 21 нафар фиристодагони Тоҷикистон аз ҷумла аз вилояти Ленинобод  (ҳозира Суғд) 10 нафар ба гирифтани ҳар се дараҷаи ордени Шараф мушарраф гардиданд. Охирин қаҳрамон  Абдуназар Фармонқулов  дорандаи ҳар се дараҷаи орденҳои Шараф соли 2019, дар синни 97- солагӣ, дар шаҳри Истаравшан аз дунё гузашт.

Дар арафаи 60 - солагии Ғалаба дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд «Гулгашти қаҳрамонон» бунёд ёфт, ки дар ин гулгашт расмҳои дорандагони ҳар се дараҷаи орденҳои Шараф аз вилояти Суғд насб гардида, хотираи онҳо абадӣ гардонда шуд.

Ба истиқболи 90 - солагии зодрӯзи дорандаи ҳар се дараҷаи орденҳои Шараф Пӯлод Атоев дар саҳни МТМУ №27 - и шаҳри Хуҷанд, ки номи ӯро дорад, нимпайкараи қаҳрамон қомат афрошт.

Чоршанбе, Фев 16 2022

 

Султон Мирзошоев ва «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ

Ибтидои соли равон ба зодрӯзи абармарди арсаи сиёсат, арбоби намоёни давлатӣ ва ҷамъиятии кишвар Султон Мирзошоев 90 сол пур шуд. Азизони дил огаҳӣ доранд, ки номвар тайи солҳои 1967 – 1973 ба сифати раиси Кумитаи давлатии кинематографияи РСС Тоҷикистон ифои вазифа намуда, дар зарфи 7 сол кинои тоҷикро бо часпу талошҳои зиёд ҷаҳонзеб гардонд.

Баробари шуруи вазифа Султон Мирзошоев дар андешаи офаридани филмҳои миллии таърихӣ ва аҳамияти умумиинсонӣ дошта, ҳифзи арзишҳои бузург гоми устувор ниҳоданд. Ва бо гуруҳе аз ҳамфикрон атрофи эҷоди филми бадеӣ аз рӯи асари безаволи Ҳаким Фирдавсӣ «Шоҳнома» тарҳе олиҷаноб рехтанд.

 РӮ  БА «ШОҲНОМА»

Султон Мирзошоев кунунфикри офаридани филмҳои миллии таърихӣ ва аҳамияти умумиинсонӣ дошта, ҳифзи арзишҳои бузург ором намегузошт. Нахуст андешаи хешро ба адиби нуктафаҳм Сотим Улуғзода иброз дошт. Аркони ҳунар бо таҳиягар Борис Кимёгаров атрофи эҷоди филми бадеӣ аз рӯи асари безаволи Ҳаким Фирдавсӣ «Шоҳнома» ба як фикр омаданд.

Корҳои омодагӣ ба ин филми бузургу беҳамто ду сол идома ёфт. Бо ташаббуси режиссёр ва маслиҳати устод Сотим Улуғзода муаллифи сенария Григорий Колтунов* интихоб шуд. Ӯро ба шаҳри Душанбе даъват намуданд. Маслиҳатҳои эҷодӣ, техникӣ ва молиявӣ низ ҳаллу фасл гардид.

Гуфтушуниди коргардон Борис Кимёгаров бо рассом Шавкат Абдусаломов, навобардор Давлат Худоназаров, оҳангсоз Ориф Меликов ва иҷрокунандаи нақши асосӣ Бимбулат (Бибо) Ватаеви осетин оғоз ёфт.

Пас аз омода гаштани нақша - филмҳои «Достони Рустам», «Рустам ва Суҳроб» ва «Гуфтор дар бораи Сиёвуш» - ро бо навбат дар марказ - шаҳри Москва тасдиқ намуданд.

Барои ҳалли проблемаҳои асосӣ: молиявӣ ва плёнкаи «Кодак» Султон Мирзошоев ҳамроҳи Б. Кимёгаров ба Москва, ба Кумитаи давлатии кинематографияи СССР рафтанд.

Чоршанбе, Фев 09 2022


ИБТИДО

Дар бораи шӯриши Восеъ, қиёми мардумӣ дар қаламрави Балҷувон зиёд шунидаву хондаем. Аммо дар хусуси шӯриши Муллохол, дертарак, ҳини таҳсил дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, солҳои 80 - уми асри гузашта огаҳӣ пайдо намудем.

Ин қиёми халқӣ бо сардории Муллохол бар зидди бедодгариҳои маъмурияти аморат дар бекии Балҷувон, ибтидои солҳои 80 - уми асри XIХ ба вуқуъ пайваста аст. Аммо маълумот кофӣ набуд. Дар «Энсиклопедияи советии тоҷик», ҷилди 8, саҳ. 172 (Душанбе, 1988) ҳамагӣ 28 сатр – барге маълумот омадаасту бас.

Чанд сухани парешро аз забони мутриби хушнаво Ҳабибуллои Бекмуҳаммад, набераи Муллохол шунида будем. Ҳар бори ба забон овардани номи Муллохол устод Ҳабибулло рӯҳ мегирифт.

 

КАЛАВУ КАНДА

5 июни соли 2001, ш. Душанбе. Базморо Ҳабибуллои Бекмуҳаммад хуш месуруд. Ҳозирин аз тағаннии устоди мумтоз лаззат мебурданд. Кадоме номи Муллохолро гирифт. Муғаннӣ бо шунидани ин ном дам гирифт. Чун фурсат муносиб уфтода буд, ин ҷониб аз акаи Ҳабибулло пурсидам, ки бобои Муллохол ба рангу рӯ ва қаду қомат ба кӣ монанд буд? Акакалон гуфт, ба қавли қиблагоҳӣ аз кундаи (авлоди) мо танҳо ман ба бобои паҳлавонам сахт монанд будаам…

Аҳли нишаст – шоирони хушдил Тӯлқин Хоҷа, Саид Ғоиб (равонашон шод бод), Сангалӣ Баҳриддини ғазалхон, Маҳмадсаиди ғижакӣ, Собир Тӯра, Толиби Раҷаб, Алиҷону Содиқ паҳлавон, устод Самариддин Ёқубиву Абдуҷабор Саттор ва дигар дӯстон ин гуфтаи овозхони маҳбубро ҳазли навбатӣ пиндошта, шавқун бардоштанд…

Акаи Ҳабибулло ба қавле «барошуфт»: «Э, сағераҳо! Бахудо рост мегум. Мӯсафеди падарам нақл мекарданд, ки бобоят (Муллохол) калаву кандаи Гургай (Ҳабибулло Бегмуҳаммад дар назар аст)…

Аз лаҳни гуфтори базморо бародарон ханда бар афлок заданд. Устод думбраро таранг ҷӯр карда (маъмулан) бо садои марғуладори ширинаш ба гуфте ҳуҷраро ба сар бардошт:

Ҳее – еее – е…

Восеъ мега ма мирум,

Балҷувона мегирум…

Он лаҳзаи пурнишот ҳама масрур гаштанд.

Чоршанбе, Фев 02 2022

 

(Идома аз шумораи гузашта)

Ба асари бозсозии горбачёвӣ дар оғози солҳои 90 – уми асри гузашта ва рух намудани ҳаракатҳои демократӣ дар ҷумҳуриҳои шуравӣ бо ибтикори, ба қавле як даста миллатдӯстон ба хароб кардани нимпайкара, барелйеф, ҳайкалҳо ва номҳои ашхоси дар даврони советӣ маъруфгашта камар барбастанд.

Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб низ чунин амалро раво диданд. Аз ҷумла, нимпайкараи фармондеҳи аскарони сурх, комбриг Томинро аз ҷо беҷо карданд. Мувофиқи ваъда дар суроғу пайи он муҷассама шудем. Нахуст аз Суҳробшои Фаррухшо, журналист ва сухангӯи вақти раиси шаҳри Кӯлоб дар ин бора пурсон шудем. Ӯ гуфт, он овон ман дар ин қарибиҳо набудам.

Аз рӯи фаҳм ба марди донишманд, роҳбари маҷмааи 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб Ҳотамшо Асозода муроҷиат кардем. Хушбахтона, номбурда то ҷое аз асли воқеа бохабар будаанд. Ва он чизе, ки медонистанд, ироа доштанд:

- Аз кандани нимпайкараи Томин дарак дорам. Ҳукуматдорони вақт аввал ният доштанд, ки нимпайкараву ҳайкалҳои беҷо кардаашонро дар маҷмааи мазкур ғун доранд.  Аммо чунон нашуд. Алҳол дар куҷо будани нимпайкараи комбриг Томинро намедонам…

Устоди гиромӣ барои дӯстони хеш хизмати арзанда анҷом доданд. Он ҷониб нахуст, барелйефи комбриг Томинро дарёфта, акси онро ирсол намуданд. Дар лавҳаи мазкур омада: «На этом месте в 1924 году был похоронен комбриг Советской Армии Николай Дмитриевич Томин».

Баъдан Ҳотамшо Асозода гуфтанд, ки моҳи январи соли 2021 духтари амакбачаи командири Армияи Сурх Томин Н. Д., Ялунина Надежда Михайловна бо мактуб ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб муроҷиат карда буданд, ки барои аз шаҳри Кӯлоб ба шаҳри Куртамиши вилояти Кургани Федератсияи Россия интиқол додани ҷасади қаҳрамон иҷозат дода шавад…

Раиси вақти шаҳри Кӯлоб А. Вализода дар ин бора ба раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қ. (№1. 177 аз 17.02.2021) хабар расонда, аз ҷумла чунин менигорад: «…Аҳолии шаҳри Кӯлоб хотираи Томин Николай Дмитриевичро пос дошта, ӯро ба некӣ ёд мекунанд.

Чоршанбе, Янв 26 2022

 

ОШНОӢ

 Пас аз инқилоби Бухоро (сентябри 1920) ва бо мурур доман паҳн кардани Ҳокимияти Советӣ дар ҳудуди Тоҷикистони ҳозира, аз охирҳои солҳои 20-уми асри гузашта кӯчаву хиёбонҳо, колхозу совхозҳо, мактабу омӯзишгоҳҳо, институту университетҳо ва ғайра тағйири ном карданд.  Мисли Октябр, Ленин, Сталин, Совет, Калинин, Киров, Молотов, Кагановичобод (Каганович), Москва, Ворошиловобод, Ленинобод, Пушкин, Лермонтов, Коммунаи Париж ва ҳоказо.

Айнан ҳамин зайл, дар шаҳри Кӯлоб баъди соли 1924 оҳиста-оҳиста чунин тарзи номгузорӣ ба ҳукми анъана даромад. Маъруфтарин-ёдмондтаринашон Ленин (В. И. Ленин доҳии пролетариат), Куйбишев (В. Куйбишев сарфармондеҳи қӯшунҳои аскарони сурх дар Бухорои Шарқӣ), Томин (Н. Д. Томин, 1886 – 1924, Қарағоҷи ноҳияи Восеъ, шаҳри Кӯлоб), Шаталов (Пётр Сидорович Шаталов, қаҳрамони ҷанги гражданӣ, 1893 – 1931, ш. Кӯлоб) ва Протопопов (Иван Иванович Протопопов, 1907 – 1943, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ) мебошанд.

Ин дафъа аз комбриг Томин, яке аз муборизони сохти нав дар қисмати ҷануби кишвар – собиқ вилояти Кӯлоб хоҳем гуфт.

 

ПИНҲОНКОР

 Томин Николай Дмитриевич 16 декабри соли 1886 дар қасабаи Кочердик, уезди Челябинск, губернияи Оренбург, императории Россия, дар оилаи казакҳо ба дунё омадааст.

Николай дар байни чор фарзанд аз ҳама калонӣ буд. Ӯ ҳамагӣ то синфи 3 таҳсил кардааст. Баъди фавтидани падараш, маҷбур шуд хонданро тарк гуфта, ба заводи равғанбарории Харинас ба кор дарояд. Ду сол пас модари Николай ба шавҳар  баромад ва амволи (молу мулки) хонадонро тақсим карданд.

Николай ба Куртамиш рафта, дар хонаи савдогар Завялов дастёр ва аз тирамоҳи соли 1905 хизматгузори мулк шуд. Моҳи декабр вай бо падару писар –  бадарғашудагони сиёсӣ Друговим, ошно шуд ва ба фаъолияти пинҳонӣ ҷалб гардид.

Аз моҳи июни соли 1906 ба навиштани дафтари хотира (рӯзнома) пардохта, то рӯзҳои вопасини ҳаёт онро идома бахшид. Дере нагузашта таҳти назорати махфии политсия ғалтид. Оғози соли 1907 бо супориши бадарғашудагон дар Куртамиш  иттифоқи хидматгузорон созмон дод. Николай соли 1910 бо Анна Клопова хонадор шуд.

Чоршанбе, Янв 19 2022

  

 Ревизия

 Баъди барҳам хӯрдани яке аз давлатҳои пурқудрати ҷаҳон – Иттиҳоди Шуравӣ (СССР) ибтидо аз солҳои 90-уми асри XX таърихи 74 - солаи аҳди шуравӣ ҳам аз ҷониби донишмандони навзуҳури дупустаи рус ва ҳам душманони сохти сотсиалистӣ ревизия шуд. Ба вижа як зумра донишмандону таърихшиносони худӣ (рус) ба кофтани чирки зери нохун камар барбастанд. То ҳадди тавон ҷор заданд, сафедро сиёҳ гуфтанд, ба қаҳрамонии ҳамватанони хеш, падару бобоҳо, бародарону хоҳаронашон, ки дар раҳи озодии Ватан ҷон нисор карда буданд, шак оварданд. Ин ҳама кам буд, ки онҳо ҳатто фарзандону пайвандони хешро ба вартаи раҳгумӣ мезаданд. Марҳалаи хатарзои таблиғу тарғиби мусолиҳакорони аз охурҳои хориҷиён донхӯранда то солҳои дуҳазорум идома ёфт.

Ин маротиб аз ревизияи бешарафонаи либералҳои навзуҳур бобати корзори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, возеҳтараш дар хусуси як тан аз қаҳрамондухтарони ин ҷанг ёдовар мешавем.

Дар таърихи адабиёти тоҷик, насли советӣ ин қаҳрамони ватанро бо номи Таня мешинохтанд. Ва дар хусуси диловариву матонати ин духтараки ватандӯст устод Абулқосим Лоҳутӣ достоне эҷод намуд, ки он бо унвони «Ғалабаи Таня» маҳбубият пайдо карда буд. Ин достони дилошубу дилнишинро аксар хонандагони советии тоҷик азёд медонистанд.

 

Таня ё Зоя?

 Тӯли 20 -30 соли ахир ҳич як қаҳрамоне дар фазои иттилоотии Русия ба мисоли Таня аз ғалбери буд- набуди «коршиносон» нагузаштааст. Сар аз соли 1991 то ба соли 2021 иштироки ин духтараки воқеан ҳам қаҳрамони 18 - соларо соат ба соат, рӯз ба рӯз, моҳ ба моҳ мӯшикофона аз назари таҳқиқ гузаронданд, ки оё ӯ воқеан ҳам қаҳрамон буд ва ё на.  Ва дар бораи ӯ филми ҳуҷҷатии тозаеро низ рӯи навор оварданд. Латтаи муғризон дар об зад. Дар бобати диловарию матонаташ дигар шаку шубҳае намонд.

Моҳи январи соли равон ба зодрӯзи Космодемянская Зоя Анатолйевна 99 - сол (13.9.1923) ва ба маргаш 81- сол (29.11.1941) пур мешавад.

Зоя дар деҳаи Осиновис Гаи, вилояти Тамбов, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадаву дар муҳити сохти давлатдории нав - Ҳукумати Советӣ ба камол расидааст. Ӯро чун ҷавондухтари фаъолу ташаббускор дар синни 15 - солагӣ ба сафи ВЛКСМ пазируфтанд.

Моҳи июни соли 1941, бо оғоз шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ӯ талош варзид, ки дар сафи ҳимоятгарони  Ватан рост шавад. Ӯро ба курсҳои омодагӣ ҷалб намуданд. Ва аз моҳи октябр вай ба отряди партизанӣ пайваст ва дар зарфи ду моҳ дар дили шаб бо рафиқони хеш казармаи аскарон, яроқу аслиҳа, аспхонаҳои фашистон, воситаи асосии гитлерчиёни савораро тарконда, ҳоли фашистонро хароб карданд.

 

Петришево

 Охирҳои моҳи ноябри соли 1941 ҳангоми иҷрои вазифаи ҷангӣ дар деҳаи Петришево Зоя ба дасти гитлерчиён афтод. Ӯро таҳти азобу шиканҷаи шадид қарор доданд, аммо ҷаллодони фашистӣ комёб нагаштанд. Духтараки ҷасур ба ҳамаи азобу шиканҷаҳои даҳшатнок тоб овард ва ягон нафари ҳамсилоҳонашро нагуфта, худро Таня номид.

Фашистони хунхор 29 ноябри соли 1941 пирону барҷомондагон ва кӯдакони деҳаи Петришеворо дар маркази деҳа ҷамъ оварда, духтараки 18-соларо ба дор овехтанд.

Баъди гузаштани қариб се моҳ, бо Фармони Президиуми Совети Олии СССР 16 феврали соли 1942 ба партизандухтари ҷасур Космодемянская Зоя Анатолйевна унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (пас аз марг) дода шуд.

саҳ 11 аз 60

Китобҳо

Flag Counter