ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Окт 27 2017


Тирамоҳи с.1962 дар таърихи ҷанги сард яке аз саҳифаҳои буҳронӣ аст. Моҳи октябр дар соҳилҳои Куба иттифоқоте рух доданд, ки қариб ба ҷанги 3-уми ҷаҳонӣ оварда мерасонд. Дар аввалҳои даҳаи с.1960 рақобати 2 абарқудрат-СССР ва ИМА ба авҷи аъло расид.

Ҷумъа, Окт 20 2017


23.10.1966 ҷосуси шӯравӣ Ҷорҷ Блейк аз зиндони машҳури шаҳри Лондон гурехт. "Уормвуд-Скрабс" яке аз зиндонҳои машҳури пойтахти Англия ба шумор мерафт ва дар ин ҷо зиндониёни зиёде нигаҳдорӣ мешуданд. Фирори ӯ аз зиндон сару садои зиёде барангехт ва ба яке аз аҷоибтарин ҳаводиси сол табдил ёфт.

Ҷумъа, Окт 13 2017


Баъд аз ғалабаи болшевикон дар Осиёи Миёна ҷумҳуриҳои халқӣ-шӯравии Бухоро ва Хоразм таъсис дода шуданд. Дар шимоли инҳо Ҷумҳурии Шӯравии Мухтори Туркистон қомат афрохта буд. Лек ин вазъият роҳбарияти болшевикиро қонеъ намекард ва моҳи сентябри с.1924 ба ниҳодҳои олии ҳокимияти давлатӣ дар ОМ аз Маскав дастур дода шуд, ки тақсимоти миллӣ-маҳаллиро дар минтақа амалӣ созанд. Бо ин ҳадаф 27.10.1924 Сессияи 2-уми КМИ СССР қарори тақсимоти миллӣ-маҳаллиро ба тасвиб расонд ва барои пиёда кардани он комиссияи хосе таъсис дод. Ба ин комиссия яке аз болшевики собиқадор И.А.Зеленский роҳбарӣ мекард.

Душанбе, Окт 09 2017


2 Берлин
7.10.1949 Кунгураи мардумӣ, ки аз ҳисоби намояндагони ҷамъияти Олмони Шарқӣ ташкил ёфта буд, дар Берлини Шарқӣ ҷамъ шуд ва таъсиси Ҷумҳурии Демократии Олмонро эълон кард. СССР ин кишвари навтаъсисро ба расмият шинохт ва муносибати дипломатиро барқарор кард. Баъди торумор дар ҶБВ иттифоқчиён Олмонро ба 4 минтақаи ишғолӣ тақсим карданд. Дар шарқи кишвар нерӯҳои шӯравӣ ва дар ғарбӣ он нерӯҳои амрикоӣ, англисӣ ва фаронсавӣ қарор гирифтанд.

Ҷумъа, Сен 29 2017


2.10.1929 тайёраи Р-4 парвози ҳавоиро дар масири Тошканд-Душанбе-Ғарм-Хоруғ анҷом дод. Он аввалин парвози ҳавоӣ ба кӯҳистони Тоҷикистон буда, поярези ҳавонавардии мусофикаши тоҷик ба шумор меравад. Умуман, авиатсия ҳанӯз аз солҳои аввали таъсиси Тоҷикистони шӯрвавӣ ба яке аз самтҳои асосии нақлиёти мусофиркаш табдил ёфт. Барои мисол, нахустин парвози тайёра масофаи роҳро то Хоруғ 200 маротиба кӯтоҳ кард. Албатта, масири ҳавоии Хоруғ с.1932 баъди ба ҷумҳурӣ ворид гардидани тайёраҳои баланпарвози Р-5 ва ПР-5 расман ифтитоҳ ёфт, аммо парвози нахустин дар ин самт нақши ҳалкунанда бозид.

Ҷумъа, Сен 22 2017


"Тартиботи махсус"
Дар авохири моҳи сентябр ва аввапи моҳи октябри с.1993 дар ш.Маскав ҳаводисе рӯй дод, ки бо ҷанги президенти Русия-Борис Елсин ва Шӯрои Олии ин кишвар маъруф аст. Он ба ҷанги мусаллаҳона дар Маскав оварда расонид, ки дар натиҷа тибқи ахбори расмӣ беш аз 150 тан ва тибқи сарчашмаҳои мустақил зиёда аз 1000 кас фавтид.

саҳ 48 аз 60

Китобҳо

Flag Counter