Қарор аст шоми 17.12.2018 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ барномаи консертӣ бо номи «Базми Зебо» бахшида ба 55-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии СССР ва Ҳунарпешаи халқии ҶТ Зебо Аминзода баргузор гардад.
Гуфта мешавад, ки дар ин барномаи консертии ҷашнӣ ҳунарпешаҳои гурӯҳҳои рақсӣ аз тамоми гӯшаву канори кишвар ширкат ва ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Ансамбли овозадори рақсии «Зебо» соли 1979 дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ таъсис ёфта, гурӯҳи нахустини он аз 25 духтарон иборат буд.
Агар шахсе ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлобу Бадахшон сафар намояд, гоҳо аз шоҳроҳи Бохтар-Данғара мегузарад. Дар 2 тарафи роҳ сохтмону иншооти зебою дилкаш, дарахтони гуногун ва буттаҳои ҳархела дида мешавад. Замони Иттиҳоди Шуравӣ дар заминҳои шафати шоҳроҳ, хосса, мавзеъи Паси Гаҷ тахмин 40-50 сол пеш бо тавсияи олимон шинонидану парвариши дарахтони пистаро, ки ба пистаи бодғис шабоҳат дорад, ба сомон расониданд, ки ин мероси хуб аст, зеро мегӯянд дарахти писта 300 сол умр мебинад. Аммо дар баробари дарахтзоркунии кӯҳу доманаҳо ҳолати ҳузнангезе низ ба чашм мерасад, ки инсонро ба ғазаб меорад. Чунки зери пистазор аз шафати роҳ тақрибан дар масофаи 10-15 метр гӯристоне пайдо шудааст, ки аз рӯи одоб нест. Дар соли Рушди ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ ҷаҳонгардон бештар аз ин масир убур мекарданд ва яқин, ки ба ин бархӯрди мо бо мурдагон назари нек надоштанд ва ин ҳол имиҷи пистаи тоҷикро низ поин мебарад.
Мазор ва писта
Аён, ки ин гӯристон солҳои 1990, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба вуҷуд омадааст ва боварнокарданист, ки пистазори он соҳиб надошта бошад, ё хусусӣ нашудааст. Ё агар он дар мувозинати давлат аст, пас ин рафтор ба қаҳрамонҳои асари «Сафар аз Пертербург то Маскав» шабоҳат дорад. Дар одобу хиради ҳама динҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла, дини мубини Ислом ризқу рӯзии аз мазор ёфтанро маҳкум кардаанд. Дар Таърихи Табарии Балъамӣ, дар ҳошияи зикри насаби паёмбари Ислом (с.) оид ба дарёфти ризқу рӯзӣ аз қабристон таъкиди ҷиддӣ омадааст, ки ҳақ ба ҷониби ӯст. Дар ин маврид Ҷомӣ ҳам меафзояд:
Дорем зи шоҳи Ҳамадон чашм, ки боз,
Эмин шавад аз ҳаром, он роҳи дароз.
Аз ҳама ташвишовар, ин аст, ки муллое зери ин пистазор нишаста, тиловати Қуръон мекунад ва боз меваи аз устухони одам баҳра гирифтаро барои истеъмоли худ ва барои фурӯш ҷамъ меорад. Хуб мешуд, ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар самти ба низом даровардани қабристонҳо муллоҳо ва ё имомхатибон дастур бигиранд.
Ҳоҷӣ Исмоил ва подачарои гӯристон
3-4 сол пеш зимни 1 ҷаноза дар н.Дӯстӣ (Ҷиликӯл) домуллои муътабари мо-Исмоил Пирмуҳаммадзода сухан гуфтанд. Ман ба ӯ рӯ оварда бо риояи одоби шарқиёна гуфтам, ки домулло хуб мешуд, оид ба подаи болои қабрҳо назари худро бигӯед. Домулло мардумро боздошта хитоб кард, ки «ин оғо дуруст мегӯяд, ин амал нохуб аст ва сари ислоҳи он бошед». Хуллас, бовар надорам, ки ин гӯристони навтаъсис бо қарори дахлдори мақомот ба вуҷуд омада бошад.
Талбон Сафарови Мункӣ,
собиқадори прокуратура, н.Вахш, тел: 93 551 64 48
Шоми 29.11.2018 устоди устодони ҳунари сарояндагӣ, соҳибмактаб ва ягонаи давр, фарди зиндадил ва маҳфилорой, Файзалӣ Ҳасанов дар Шаҳраки тиббӣ-мавсум бар «Медгородок» ҷарроҳӣ шуд.
Тавре дар сӯҳбат бо СССР доктор Ҳусейн Раҳмонов гуфт, «устод Файзалӣ Ҳасанов 2 рӯз қабл бо шиква бар дарди рӯи сина дар беморхонаи ҳукуматӣ бистарӣ гардид ва сипас баъди ташхис ӯро ба Медгородок овардем, ки дар шафати мост. Мутаассуф, ташхиси дохилии қалб нишон дод, ки устод дар чанд ҷои хунраги дил бастагӣ доранд…».
Зимнан, бо маслаҳати духтурон ва пайвандони сароянда, ба дили устод Ҳасанов 2 стенд-девори сунъии қалб шинонида шуд.
Тавре дар сӯҳбат бо хабарнигори мо худи сароянда гуфт:
-Худро беҳтар ҳис мекунам ва духтурон мегӯянд, шояд боз 1 ё 2 стенд-девори маснуъӣ бар дилам шинонанд. Дар ҷамъ вазъиятам хуб аст, ҳарчанд азияти бехобӣ мекашам ва тақрибан ягон соат хобам намебарад…
Ҳусейн Раҳмонов низ дар сӯҳбат бо СССР гуфт:
-То шом, агар вазъи устод тағйир набинад, ӯро ба бемористони ҳукуматӣ интиқол медиҳем!
Дуо мекунем, ки Худо умри устоди файсағурсони ватанӣ-Файзалӣ Ҳасанови беҳамторо дароз кунад ва сиҳҳаташро ҳифз. Омин
Мо метавонем!
М. Мубориз
СССР
Идораи илму фарҳанги СММ дар ҷаласаи солонаи худ «чакан», 1 навъи гулдӯзии тоҷикиро ба Рӯйхатти мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил намуд.
Чуноне ки дар сомонаи ин созмони фарҳангӣ омадааст, Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО-Идораи илму фарҳанги СММ рӯзи 29.11.2018 ҷаласаи солонааш дар Маврикий чакан, 1 навъи гулдӯзии маъмул дар ҷануби Тоҷикистонро ба Рӯйхатти мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил намуд.Тоҷикистон 5 сол боз талош дошт, то ЮНЕСКО чаканро ҳамчун мероси башарият бипазирад.
Дар ин бора дар сомонаи ЮНЕСКО омадааст, ки «чакан 1 навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан 1 ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар инҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву эзори чакан ба тан мекунанд. ЮНЕСКО менависад, ки санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст».
Солҳои ахир дар сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ чизҳое нашр мешаванд, ки рӯзноманигорон ва умуман ҷомеаро нигарон кардааст. Баъзеҳо ба хотири ғаразҳои мазҳабӣ, гурӯҳӣ ва ҳизбӣ, ки натиҷааш фақат ва фақат беобрӯкунии миллат аст, сабтҳои гуногунро дар сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ мепартоянд. Эшон фикр намекунанд, ки ин шабакаҳои ҷаҳониянд ва набояд сухани хонаро ба бозор баровард. Ҳизбиҳои мухолиф ба хотири ғаразҳои ҳизбӣ, кину ҳасаду дигар манофеъ, барои сиёҳ кардани рақиби сиёсӣ миллатро фаромӯш кардаанд. Яъне, дар ин муборизаҳо фақат миллати тоҷик ҷабр дида истодаасту халос.
Оппозитсияи номард
Чунин менамояд, ки гурӯҳ ба хотири манфиатҳои гурӯҳӣ аз дастгоҳи бузургу тавоно-журналистика суистифода мекунанд. Барои расидан ба ин ҳадафҳои худ аз таълимоти ҳазорсолаи миллати соҳибтамаддун, мисли ҷавонмардӣ, футувват, хоксорӣ, меҳрубонӣ, мардумозорӣ ва туҳмату хиёнат накардан, қадри дӯстӣ, хубиро донистан, дурӯғ нагуфтан, рост гуфтан, рафтору гуфтору пиндори некро шиори худ кардан…рӯ тофтаанд. Аксари эшон ноҷавонмардона аз ҳеҷ шармандагие, дурӯғе, туҳмате рӯ наметобанд. Барои эшон на манфиатҳои миллӣ вуҷуд дорад ва на арзишҳои муқаддаси миллӣ-динӣ. Ман дар ин ҷараён рӯзномаву нашрияҳои маҳаллӣ ё ватаниро муқассир намедонам. Зеро эшон ҳар танқиде карданд, ин дохилӣ буд, барои ислоҳи худамон буд. Рӯзноманигорони ватанӣ ҳеҷ гоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки берун аз ҷумҳурӣ фаъолияти моро муаррифӣ мекунанд, ҷор назадаанд. Онон барои беобрӯ кардани ҳамватани худ саъй накардаанд. Рӯзноманигорони мо меъёрҳои ахлоқи журналистиро риоя мекунанд, пос медоранд.
Шармандаҳои миллат
Шармандакунандаҳои миллатро мо кӯтоҳ карда «Шармандаҳои миллат» мегӯем, зеро онон асосан худро шармсор кардаанд. Кистанд ин «Шармандаҳои миллат»?
1. Сабткунандаҳои завқӣ (любител). Инҳо журналист нестанд, одоби журналистӣ, этикаи рӯзноманигориро нахондаанд, аз ин рӯ, намедонанд, ки чӣ менависанд ва аз натиҷааш низ бепарвоанд.
2. Телефонбадастони кӯчагӣ, ки аз кӯчаи журналистика нагузаштаанд.
3. Фейкҳо. Ё беномҳо ё номҳои сохтаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ягон зарра масъулият ҳис намекунанд. Ҳар чӣ хоҳанд менависанд, ҳар сабт-сурат-видео хоҳанд мепартоянд. Онҳо аз касе мехоҳанд қасос гиранд, аммо дар маҷмӯъ фикр намекунанд, ки обрӯи миллатро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ мерезонанд.
Обрӯи миллат аз ҳама болост!
4. Ин бояд шиори ҳар нафар қаламбадаст бошад! Журналисте, ки аз дарси Этикаи рӯзноманигорӣ гузаштааст, инро мефаҳмад. Муроҷиати ман ба телефонбадастони камтаҷриба аст, ки бепарвоёна сабт мекунанд ва дар инет мепарокананд. Агар сабте ё навореро дар Ютуб мепартоӣ, пас фикр кун, ки оё ин ба обрӯи миллат лакнат ворид намесозад?! Агар танқидеро дар фейсбуки тоҷикӣ мепартоӣ, ҳангоми тарҷумаи он ба русӣ андеша кун, ки ба номи миллат иснод намеорӣ?
1) Мехоҳӣ, дуздии олимеро нишон диҳӣ? Хуб, аммо обрӯи миллатро андеша кун.
2) Мехоҳӣ, зани фоҳишаеро расво кунӣ, хоб, вале обрӯи миллатро фикр кун.
3) Мехоҳӣ, ошхӯрии мардумро ба намоиш гузорӣ, хош, вале, аммо, лекин обрӯи миллат чӣ мешавад?
Ва ғ…
Ҳаргиз нагӯед, ки мо зидди танқидем. Вале интиқоди мо танқиди дохилӣ бояд бошад. Онҳое, ки дар хориҷ аз Ватананд, ин масъулиятро беҳтару хубтар дарк мекунанд. Онҳо занг зада, ба мо мегӯянд, ин чӣ гап аст, шарманда шудем. Онон дуруст мегӯянд, вале тақсир дар мардум нест. Балки дар паҳнкунандагони он аст, ки гуфтам.
Саъдӣ Маҳдӣ,
журналист
Аз СССР: Мақомот имрӯз қудрати кашф ва дарёфти ҳар Фейку муаллифи ҳар наворро доранд. Медонем, ки доранд! Зимнан ҷои пайи журналистони реалӣ кофтуковгузарониҳо бояд чунин сакалтуҳои бодоварди интернетиро пайдо ва ҷарима банданд. Нагӯед, озодӣ маҳдуд мешавад. Озодӣ ба шармандасозии миллат ҳич алоқамандие надорад. Мо метавонем!
Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дастгирии бевоситаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба 20 нафар кормандони воситаҳои ахбори омма ва журналистони собиқадору соҳибтаҷрибаи вилоят ба осоишгоҳи «Баҳористон» роҳхат дода шуд.
Бино ба иттилои аз маркази матбуоти раиси вилояти Суғд ба СССР расида, дар охирон нишасти матбуотии Раиси вилоят, ки моҳи июли соли ҷорӣ сурат гирифта буд, аҳли қалам аз эшон дархост намуда буданд, ки бо мақсади ҳавасмандкунии кормандони воситаҳои ахбори омма теъдоде аз журналистон ба истироҳату табобат фаро гирифта шаванд.
Дархости рӯзноманигорон аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода хуш пазируфта шуда, ҳамакнун бо кӯмаки роҳбарияти вилоят гуруҳи 20 нафараи журналистон бори аввал ройгон ба истироҳатгоҳ фиристода мешаванд.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар