ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Авг 31 2018


   Бино ба иттилои хабаргузориҳои Тошканд, президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо фармоне аз 29 август 1 қатор ходимони давлатию ҷамъиятӣ, намояндагони фарҳанг, илм ва тандурустии Тоҷикистонро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонид. Дар баробари ин, Сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода ва Вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Муҳриддин бо ордени «Фидокорона хизматлари учун» («Барои хизматҳои фидокорона») сарфароз гардонида шуданд. Низом Қосим – Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Тошпӯлод Гулмуродов – мудири кафедраи кардиохирургияи Донишкадаи таҳсили баъдидипломӣ дар соҳаи тандурустӣ бо ордени  «Меҳнат шуҳрати» қадршиносӣ шуданд.
Адҳам Холиқов-роҳбари бадеии Муассисаи давлатии «Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ» ва Давлатманд Холов-роҳбари бадеии ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ бо унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қадрдонӣ шуданд.
Бо ордени «Дустлик» («Дӯстӣ») Алӣ Муҳамадиев — мудири шуъбаи Фонди мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон, Ифтихор  Ҷӯраев — сардори Раёсати бозрасии назорати давлатии геодезӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ, Раҳим Марупов — сарходими Институти физикаю техникаи ба номи С.Умарови АИ Тоҷикистон ва Ҳасан Бердиқулов-узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сарфарозонида шуданд.
   Гуфта мешавад, ки мукофотҳо барои саҳми сазовор дар таҳкими робитаҳои бисёрасраи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни халқҳои бародари Ӯзбекистону Тоҷикистон, фаъолиятҳои самарабахш ҷиҳати тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, ҳифз ва такмили мероси таърихии умумӣ, арзишҳои  маънавӣ ва анъанаҳо, хизмати шоиста дар рушди ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва шарикии стратегии кишварҳои мо» сарфароз гардонида шуданд.

Панҷшанбе, Авг 30 2018


Ҳунарманди машҳури 81-солаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Давидович Кобзон пас аз бемории тӯлонии саратон даргузашт. Кобзон с.1937 дар Украина таваллуд шуда, вакили Маҷлиси Русия буд. Пештар хабар дода шуд, ки муовини аввали Кумитаи Маҷлиси Русия дар масоили фарҳангӣ Кобзон ба яке аз бемористонҳои Маскав бистарӣ гардид. Ӯ аз с.2005 инҷониб бо бемории саратон мубориза мебурд. Бо ҳофизони Тоҷикистон, аз ҷумла, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов дӯстиву иртибот дошт. Чанд маротиба дар Тоҷикистон консертҳояшро баргузор кардааст.

Чоршанбе, Авг 22 2018


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ба рӯзномаву маҷаллаҳо, ҳатто ба китобҳои дарсии имрӯза назар меафканиву дар ҳайрат мемонӣ; калимаву вожаҳои наву нестандарчаҳон ба забони Тоҷикӣ ба дараҷае ворид шудаанд, ки аксарашонро дар луғоти саросари дунё наметавонӣ дарёб кунӣ! Шахсан камина ба омӯзиши забонҳои ғайритоҷикӣ дар кӯдакӣ ва мактаби миёна шуғл варзида будам ва бо 4 забон бемамониат гуфтугӯ карда метавонам: Вақте бори аввал ба Русия, ки дар даврони Шӯравӣ яке аз ҷамоҳири бародарӣ буд, сафар кардам, озод бо забони русии дар мактаби миёна омӯхтаам бо русҳои муқимӣ ҳарф мезадам. Якдигарро бе мушкилӣ мефаҳмидем.
Ба Арабистон борҳо сафар карда, он ҷо бо забони Қуръони қурайшӣ, ки 1400 сол пеш аз даврони мо нозил шудааст, сухан мекунам, касе аз ман нофаҳмие намебинад! Ё ба давлатҳои аврупоиву дигар мамолики дунё борҳо рафтааму бо забони англисии замони мактабиям, ҳарф мезанам, - чӣ дар Африқову чӣ дар Амрико оммафаҳму якранг аст, аммо дар Ватани худ бо забони Тоҷикиам, ки аз модарам омӯхтаву дар мактаби миёна такмил додаам, сухан биронам, маро тоҷикони Ватании худам ё намефаҳманд, ё ягон калимаву ҷумлаашро баргашта мепурсанд ва таъкид ҳам мекунанд, то иваз намоям (!). Агарчи ба он имлое, ки омӯхтаам, бо баҳои аъло имтиҳон супорида, ба Донишгоҳ дохил шуда будам!

1 имло 5 бор тағйир ёфт!!!
Танҳо дар якчанд соли баъди истиқлолият, агар хато накунам, Имлои Забони Тоҷикӣ 5(!) бор дигаргун шуд, вале боз ҳам нофаҳмою дағал! Ҳоло дар даст дорам китоби «Фарҳанги забони Тоҷикӣ» (чопи с.1990)-ро ва ҳар замон дар мавриди лозима аз он истифода мебарам. Китоб чунон содафаҳму осонбаён аст, ки бовар дорам, онро дар саросари ҷумҳурӣ ҳам деҳқону ҳам олим, ҳам коргари оддиву ҳам муҳандиси олимартаба хуб мефаҳманд ва ягон хел шарҳи илова ба он тавзеҳот лозим нест. Магар дуруст нест, ки аз вожаҳои номафҳуми луғатнависони эронипарасти имрӯза даст кашида, маҳз аз фарҳанги бойи аслии худ истифода барем? Бе калимаҳои «алкол»-у «силот»-у «хатт»… ва ин гуна навворидшудаҳо ҳам таркиби луғавии забонамон ба дараҷаи лозима бойю рангин будааст, пас барои чи дар муддати якчанд сол бо истифода аз забони бегонаву лаҳчавӣ ва ворид кардани якчанд калимот забонро олудаву дағал мекунанд?

Бигзор ман миллатчӣ бошам!
Донистани забон хуб аст, аммо дар кӯчаҳои шаҳр имрӯзҳо ҷавононе, ки қадамашон 1 маротиба ба Русия расида бошад, ҳаракат мекунанд, забони модариро фаромӯш карда, бо русӣ байни ҳам гуфтугӯ кунанд ва ё дар маъракае танҳо Тоҷикон иштирок дошта бошанду байни онҳо миллати дигаре ворид шуда монад, ҳамон лаҳза, қасам мехӯрам, ҳама (!!!) забони тоҷикиро фаромӯш карда, бо он забони гӯё «дӯст»-ашон бармегарданд, (ин аз рӯи меҳмондӯстиамон набуда, аз одати бади бегонапарастимон аст!). Бигзор маро ҳар касе хоҳад миллатчӣ ё ба таври дигар ном барад, аммо ман барои тоза нигоҳ доштану ҳифзи он ва шарафи миллати худам мубориза бурдааму мебарам, бигзор гӯри маро барои ин гуноҳам аз дигарон ҷудо кунанд, вале барои ман нанги миллат дар мадди аввал меистад!!!

Ҳаким Исмоилзода,
адиб, ш.Исфара

Душанбе, Авг 20 2018


Парвиз Назаров, сарояндаи шинохтаи Тоҷик, ки дар Қазоқистон зиндагӣ ва кору фаъолият дорад, дар нишасти хабарие, ки рӯзи 16.08.2018 дар Душанбе баргузор гашт, дар ҷавоб ба суоли журналистон дар робита ба надостани забони тоҷикӣ гуфт, дар Қазоқистон ҳамраҳе надошт, ки бо ӯ пайваста бо забони модариаш сӯҳбат намояд.
- Нафаре пайдо намешуд, ки забони тоҷикиро хуб донаду ман бо ҳамроҳи вай бо забони модарии худ гап занам. Тавассути телефон гоҳ-гоҳе бо баъзе аз дӯстонам дар Тоҷикистон ҳамсӯҳбат мешудам ва забони модарии хешро каме бошад ҳам такмил медодам, аммо ин кофӣ набуд. Бо забони тоҷикӣ сурудҳои зиёд хондаам ва ба завҷаам, ки қазоқ аст, суруду оҳангҳои тоҷикӣ хеле мақбул аст, вай мегӯяд, ки суруду оҳанг ва мусиқии тоҷикӣ ҷаззоб ва фараҳбахш аст, забони модариамро хуб хам надонам, вале барояш ҳамеша эҳтиром мегузорам, - иброз дошт Парвиз Назаров дар нишаст.
   Бояд қайд намоем, ки Парвиз Назаров бо даъвати шаҳрдории Душанбе барои ширкат дар нахустин Фестивали тобистона, ки рӯзҳои 18-19 августи соли ҷорӣ дар боғи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт баргузор мегардад, омада, дар чаҳорчӯбаи ин фестивал барномаи консертӣ низ гузоштааст. Қарор аст дар ин консерт Парвиз Назаровро ҳунармандони шинохтаи кишвар Зикриоллоҳ Ҳакимов, Тахмина Ниёзова, диджей Исмоил ва дигарон хамроҳӣ намуда, завҷаи Парвиз Назаров низ бори нахуст бо шавҳараш ба саҳна хоҳад баромад.

Омирона Достиева, СССР

Ҷумъа, Авг 17 2018


Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Акбари Саттор аз он нафароне буд, ки бо саховату дасткушодӣ миёни мардум иззату обрӯ дошт. Банда бо ӯ падарошно будаму бо падараш ҳамкор ва қариб 15 сол ҳар 2 дар кори савдо будему рафту омади дӯстона доштем. Рӯзе чун ҳарвақта аз ГЖК «Шарқи озод», аз назди устод С.Мизроб баромадаму рост назди Акбарҷон  даромадам. Маро дидан замон аз ҷо хесту ба нишастан таклиф кард. «Ҳоҷӣ-бобо, аз куҷо омадед?» гуфт. «Аз назди устод Сайёф» гуфтам. Нағз кардед, гуфт. Аввал дуо кардем, баъд аз ҳолашон пурсон шудам.
Падари Акбарҷон баъди ба нафақа баромадан ба бисёр шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сафар ва бузургонро зиёрат кардааст. Бо Акбарҷон аз ҳар боб суҳбат намудем. Дар идома аз ман хостанд, ки агар ягон хотирае дар бораи қиблагоҳашон дошта бошам, навишта орам, зеро дар бораи падарашон китобе карданианд. Баъди 2 рӯз 1 қиссаи аҷиберо, ки дар сафари ш.Панҷакент доштем, дар 2 варақи компютерӣ чоп карда овардам.
Охирон бор Акбарҷонро дар маъракаи ҷиянам-Суҳроби Зиё дида, бо ӯ анча суҳбат кардем. Бо ҳама дӯстоне, ки он ҷо ҳузур доштанд, бо чеҳраи кушоду лабони пуртабассум вохӯрӣ мекард. Мо-дӯстон аз куҷо медонистем, ки аз умри ӯ рӯзу соатҳои башумор мондааст? Ӯ 28.08.2016 тарки дӯстон кардаву бо қиблагоҳашон Ҳоҷӣ Қурбоналӣ бипайваст. Ҳарчанд, Акбарҷон бо мо нест, ному хизмати ӯву чеҳраи зебою лабони пуртабассумаш дар ёду дилҳои мо абадӣ мемонад. Ҷоят ҷаннату охиратат обод ва руҳат аз мо шод бошад, Акбарҷон! Орзуҳоятро бо худ бурдӣ! 100 дареғи чунин шахсони тавоно!

Шамсиддини Қудрат,
узви ИЖТ, ш.Ҳисор

Панҷшанбе, Авг 02 2018


Номи Зафар Нозим дар радифи дигар сарояндагону ромишгарони чирадасту маҳбуби мардумӣ чун Акашариф Ҷӯраев, Аҳмад Бобоқулов, Тӯҳфа Фозилова, Боймуҳаммад Ниёзов, Одина Ҳошим, Иброҳим Кобулиев, Абдулло Назриев… ба таври ҳамешагӣ дар қалбу вуҷуди мардуми фарҳангдӯсту фарҳангпарасти тоҷик боқӣ мондаву ҷойгузин шудааст. Мо-насли солҳои 1960, ки зери садои ғулғулафкан ва ширину гуворои Зафар, ки муҳтоҷ ба ҳеҷ микрофону садобаландкунак надошт, калон шудаву аз овози ширадору ширинаш кайфият бардоштаву лаззати маънавӣ бурдаем, фаромӯшаш намекунему нахоҳем кард. Зеро ӯ тавонист, ки дар солҳои рукудтарини даврони Шӯравӣ санъати тоҷикро на танҳо дар ҳудуди Тоҷикистону ҷамоҳири Осиёи Миёна, балки берун аз он машҳур гардонад ва азизи дилу дӯсти мушфиқу рафиқи ғамгусори аксари хонаводаҳои мардуми мо гардад.
Устод шахсияти заминӣ ва бо ҳама он шуҳрату бартарияте, ки доштанд, хислатҳои мағруриву худписандӣ барояшон бегона буд. Сентябри с.1999 дарвоза кушода шуду яке аз дӯстони банда бо устод вориди ҳавлӣ шуданд. Ростӣ, даступо хӯрда шудам, зеро он солҳо ҳанӯз «домана»-и камчинии маводи хӯрока аз байн нарафта буд. Пас аз дасти дуо шояд мушаввашии маро пай бурд, ки «додарам, овора нашав, ҳарчӣ дорӣ аз нону об биёр, бо иштиҳо ҳаловати ҷон мекунем» гуфтанд ва маро аз вартаи хиҷолат раҳониданд. Давоми суҳбат ончунон самимона ҳарф заданд, ки фикр кардам, тамоми тӯли зиндагияшон насли моро мешинохта бошад. Обрӯ, эҳтиром, эътибор ва нуфузаш то ба андозае буд, ки чӣ толорҳои фарҳангӣ, чӣ тӯйу маъракаҳо, чӣ сари ҷӯяки пахтаву боғу саҳро ва ё чӣ хилватхониҳои манзилӣ якхел қабул карда, таҳсину офаринаш мегуфтанд, қарсаш зада, арҷаш мегузоштанд. Микрофонро ба даҳон намеандохт, балки микрофон аз садои баланд ва овози марғуладораш мекафид, зеро ҳофизаи худодод дошту ҳофизи халқ буд ва ситоиши ситорагӣ намекард (он авқот ин амал бегона буд).

Ганҷи Зафар
Ҳангоме ки с.1986 дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ансамбли рақсиву этнографии «Ганҷина» таъсис ёфт ва роҳбарии онро ба зиммаи З.Нозим гузоштанд, дар андак муддат шуҳрати ин дастаи ҳунарӣ хеле баланд ва ромишгарону овозхононаш дар тамоми ҷумҳурӣ маъруф гаштанд. Зеро ӯ ба ансамбл нафаронеро даъват кард, ки дар ҳақиқат профессионали касби худ буданд ва ҳам он эҳтироме, ки нисбат ба шахсияти З.Нозим доштанд, имконияташон намедод, лаҳзае аз касбияти худ дур бошанд. Шаъну шони Филармония бо таъсиси ин ансамбл на танҳо дар дохил, балки хориҷ аз кишвар низ боло рафт ва дар андак муддат миёни дигар ансамблҳо мавқеи арзанда ва сазовори худро пайдо намуд. Муддатест, ки ин сарояндаи мумтоз, инсони шарифу латиф, дӯстдоштании манзили мардуми тоҷик, соҳибҳунари касбӣ, роҳбари мушфиқу ғамхор ва дӯсти мухлисони худ (дар ҳақиқат дӯсти мушфиқи мухлисонаш буд) дар байни мо нест.
Ҳукумати кишвар, хосса, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари волои устод эҳтиром дошта, заҳмату талошҳояшро қадр карданд. Ӯ бо унвони Ҳофизи мардумии Тоҷикистон сазовор дониста шуда, бо Ордени «Ситораи Президент» қадр гардид. «Бузургонро бузургон зинда медоранд» мегӯянд. Шояд вақти он расида, ки ансамбли «Ганҷина», ё шояд ягон муассисаи мусиқӣ, театри халқӣ, кӯча ва ё хиёбонеро ба номаш гузорему бо дидани лавҳаи ёдгорӣ ва ё нимпайкараи Устод бори дигар садои нотакрори кӯҳкафону кӯҳшикани «Эй, сорбон…»-ро ба хотир биёрем. Мо гуфтем, зеро Мо метавонем. Аммо Вазорати фарҳанги кишвар дар ин хусус чӣ мегуфта бошад?

Қиёмуддин Абдуллоев,
шаҳри Ваҳдат

саҳ 50 аз 83

Китобҳо

Flag Counter