Соли наҳси 1977 ба ёд меояд, ки мо-донишҷӯён бо 100 дарду алам аз қафои тобути аллома Бобоҷон Ғаффуров то боғи Айнӣ, аз паси тобути устод М.Турсунзода то оромгоҳи Лучоб ва аз паси тобути гулгункафани Маҳмуди Воҳид то қабристони Сари Осиё рафта будем… Акнун… ку Бозор Собир? Канӣ Мӯъмин Қаноат? 2 шаҳсутуни устувори адабиёт, яке паси дигар ин ҷаҳони фониро тарк карданду рафтанд, ба абадият пайвастанд. 2 боли тавонои адабиёти тоҷик шикаст, 2 ситора аз само канда шуд. 2 шахсияти шинохта, шӯҳратёр, адибони ҳақиқии халқӣ аз байн рафтанд. Гӯё пас аз Турсунзода, Лоиқ, Бозор, Қаноат адабиёти мо холӣ монд, фазои адабӣ холӣ монд, дар ҷомеа адиби маҳбуби хосу ом намонд…
Бозору Қаноат маҳбуби халқ буданд. Онҳоро дар Суғду Бадахшону Хатлон ва дар тамоми гӯшаю канори меҳан чу фарзанди хеш мешинохтанд, аз адибон чунин шарафро устод Ашӯр Сафар соҳиб шуда буду бас… Дунё гӯё ба коми одамони беномус аст ва афроди сарсупурдаи ин миллати сахтҷонро басо сахтиҳо, ноҳаққиҳо ба сар меояд, вагарна устод Мӯъминро аз садри ИНТ барканору зиндаёд Бозорро зиндонӣ намекарданд… Гӯё аз азал қисмати бузургони миллат сарпечида ва пур аз фарозу нишеб будааст. Таърих гувоҳ аст, ки ягон чеҳраи ақлонии мо орому осуда ва бо хотири ҷамъ кору пайкор накардааст. Иллати он дар чист, ҳаволаи равоншиносон бояд кард. Аммо тӯли умр, санҷиши атрофиён, нишасту хез бо пиру барно ва одамони касбу кори гуногун маро 1 чӣ мутмаин сохт: Мо бахилу ҳасудем!
Касе Гандӣ, Камол Отатурк, Мао Цзе Дунро паст намезанад, аммо мо аз Исмоили Сомонӣ сар карда то Қаҳҳор Маҳкамов садҳо камбудӣ меёбем. Чӣ монад Турсунзодаву Лоиқу Бозору Мӯъминшоҳро… Мо бахилем! Инро дар зиндагии ҳамарӯза собит кардем. Садсолаҳо даркор, то адибе зода шавад, ки вайро халқ эътироф кунад. Устод Мирзо ва шогирдони эшон-Бозору Муъминшоҳро халқ мешинохт, дӯст медошт ва эҳтиром мекард. Чандин нафар унвондоронро медонам, ки шеърашонро касе намехонад, байни халқ маҳбубият надоранд, чунки халқ гавҳаршинос аст. Сензураро барои офаридани асари хонданӣ баҳона мекарданд, аммо баъди Истиқлол ку румоне, ки даст ба дасти хонанда гардад?
Холмурод Сафарзода,
узви ИЖТ, ш.Панҷакент
Такягоҳи журналистикаи Тоҷик, профессор Иброҳим Усмонов ба синни мубораки 70 расид. Муборакамон бод!!!
5.09.2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Муассисаи давлатии Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»-ро дар н.Фирдавсии пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи эҳтиром ва пос доштани хотираи неки саромадони адабиёти тоҷик дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ гулчанбар гузоштанд. Зимни суҳбат бо сокинони пойтахт президент пешниҳод намуд, ки минбаъд боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» ба номи А.Фирдавсӣ номгузорӣ карда шавад.
Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” ҳанӯз солҳои 1970 бунёд ёфта, ба талаботи замони муосир тамоман ҷавобгӯ набуд. Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон ин боғ пурра навсозӣ гардида, ба як макони истироҳату фароғат ва дилфиреби пойтахт табдил дода шуд.
Нахуст Пешвои миллат дар ин муассиса бо иншооти варзишии навбунёд шинос шуданд. Дар доираи корҳои навсозӣ дар масоҳати беш аз 2 га майдонча барои бозии футболи хурд бо 220 ҷои нишаст, корти теннис, майдончаи тенниси рӯимизӣ, майдони кушод барои обутоби бадан бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ ва маркази бозиҳои кӯдакона бунёд карда шудааст. Иншооти варзишӣ дар ҳудуди Муассиса татбиқи амалии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, имкон медиҳад, ки ҷавонону наврасон дар ин ҷо ҳам истироҳату фароғат намоянд ва ҳам ба варзиш машғул шаванд. Масоҳати умумии Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” 30 гектарро ташкил дода, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт шароити арзанда муҳайё карда шудааст. Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ аз 2 даромадгоҳ-даромадгоҳҳои шимолӣ ва ҷанубӣ иборат буда, аз ҷониби меъморон бо санъати баланди миллӣ бунёд карда шудаанд, ки таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ҷалб месозад.
Ҳамчунин Пешвои миллат дар ин Муассиса Маҷмааи фароғатии «Симурғ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Маҷмаа дорои 15 намуд аттраксионҳо буда, аз даромадгоҳ то дохили он ба таври муназзам ва диққатҷалбкунанда дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб шудаанд, ки аз ин пас ба макони дилфиреби истироҳати кӯдакону наврасон ва, дар маҷмӯъ, сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе табдил хоҳад ёфт. Намои зоҳирии аттраксион ва таҷҳизоту дастгоҳҳои истироҳатии ин маҷмаа шабонгоҳ хеле ҷолибу назаррабост. Чароғҳои гуногунранг ва даврзананда намои Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ”-ро ниҳоят дилфиребу назаррабо гардондаанд…
Дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ” сохтмони амфитеатр барои 1500 ҷои нишаст аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ идома дорад, ки дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Пешвои миллат ба масъулини Маҷмааи боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ супориш доданд, ки дар самти нигоҳубин ва ҳамин тавр ободу зебо нигоҳ доштани ин макони истироҳатӣ масъулиятшинос бошанд ва нуқтаҳои хизматрасониро бо назардошти талабот дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгаштҳо ва ҷойҳои серодам ба таври замонавӣ бунёд созанд.
Мусаллам аст, ки алифбои арабӣ 1 алифбои беимлост. На нуқта дорад, на тире, на вергул, на савол, на хитоб, на сархат, на ҳарфи калон, на хохунак. Бо 1 сухан, алифбои гунг аст. Ҳол он ки 1 аломат метавонад дар матн нақши мусбат ва манфӣ дошта бошад, маъниро дигар ва хароб созад, ё саҳеҳ намояд. Ба ҳарфи дигар, 1 вергул, 1 нуқта метавонад боиси тағйири маъно ва лафз гардад. Лиҳозо, устод Айнӣ дар поёни мақолаи «Забони тоҷикӣ» дар бораи сарфу наҳв, ба вижа имлои забони тоҷикӣ, чунин изҳори назар менамоянд:
«Пештар, дар замони ҳукмронии алифбои араб, чунон ки нависанда ба кайфи худ менавишт, инчунин хонанда ҳам ба кайфи худ мехонд, тоҷике ки «хувоҷа» навишта «хоҷа» ё «хӯҷа» мехонд, «худам» навишта «хидум» хонданаш аҷиб наменамуд. Акнун, ки мо алифбои нави ба асоси лотиниро қабул кардаем, ин худсариҳоро роҳ нест».
Зимнан бояд гуфт, ки устод Айнӣ дар тамоми осораш алифбои арабиро боре ҳам алифбои ниёкон (арабҳо ҳеҷ гоҳ ниёкони мо набуданд ва нестанд, эшон бо мо ҳамдинанд, на ҳамнажод-Ҷ.С.) нагуфтааст, балки ҳамвора бо номи худаш алифбои арабӣ ёд кардааст. Воқеан, барои исбот кардани он ки устод боре ҳам алифбои арабиро алифбои ниёкон (тоҷикӣ-форсӣ) нагуфтааст, метавон садҳо мисол овард, аммо мо бо овардани 1 мисол дар ин мавқеъ иктифо менамоем. Масалан, ӯ дар тавзеҳоте дар поёни «Қасидаи ҷанг ва зафар», «Овозаи фатҳу зафари пурраи мо бин: Бигрифт ба таърихи ҷаҳон рӯи ҷаҳонро, ки 8.07.1949 дар «Тоҷикистони сурх», бо шарҳи моддаи таърих нашр шудааст, чунин навиштааст: «Овозаи фатҳу зафари пурраи мо, ки дар сурати ба алифбои арабӣ навиштан ба ҳисоби абҷад 1948 мебошад, бо гирифтани рӯи ҷаҳон, ки ҳарфи «ҷ» буд, ба ҳисоби абҷад се мебошад, 1945 мешавад».
Дигар, устод Айнӣ ҳеҷ гоҳ тарафдори алифбои гунг ва беимлои арабӣ набуд. Ӯ ҳеҷ гоҳ зидди қабули алифбҳои нав набаромадааст, овоз баланд накардааст, пофишорӣ нанамудааст, балки аз дер гузаштан ба алифбои нав тоҷиконро, ки ҳамеша, аз ҳама қафо ба ҳаводиси мусбати замон ҳамовозӣ мекарданд, интиқод намудааст. Чунончи, ӯ дар мақолаи «Дунёи нав ва алифбои нав» чунин менависад: «Алифбое, ки то ҳол дар миёни тоҷикон маълум аст, на ин ки барои дунёи нав, ҳатто барои дунёи куҳна ҳам кифоя намекунад. Сабаб ҳамин буд, ки чандин сол боз дар миёни мусулмонон ислоҳи алифбо, ислоҳи усули таълим, масъалаи пурхархашае шуда омад. Чунончи, рафиқ Фитрат дар мақолаи худ ёд оварда гузашт, донишмандони форсизабон илоҷи комилро дар тарк кардани алифбои араб ва қабул кардани алифбои лотинӣ медонистанд».
Эрон ҳам аз ин алифбо раҳиданӣ буд!
Устод Айнӣ ногузир будани гузариш аз алифбои арабӣ ба лотиниро бо қиёс аз мактуби консули Эрон-Мирзо Каримхон ба миён мегузорад ва мегӯяд: «Ба чӣ андоза ногузир будани масъаларо аз ин ҷо бояд донист, ки Эрон, бо вуҷуди дар зери ҳукмронии шоҳ ва нуфузи муҷтаҳидон будан, кӯшиш дорад, ки алифбои навро қабул кунад, ин маънӣ аз мактуби консули Эрон Мирзо Каримхон маълум аст. Лекин агар Эрон ин масъаларо ҳал карда натавонад, айб нест. Зеро ҳоло Эрон дар таҳти нуфузи рӯҳониён аст. Аммо тоҷиконе, ки аз ҳар ҷиҳат озод буда, дар ҳар гуна кӯшишҳои маданӣ азц ҷумҳуриҳои муттафиқи худ ёрмандӣ мебинанд, дар ин роҳ сустӣ ба кор баранд, дар маҳкамаи таърих гунаҳгор ба шумор мераванд!»
Устод Айнӣ дар охири мақола таъкид менамояд, ки «алифбои нав бояд ба тарзе тартиб ёбад, ки ҳар фарзанди тоҷик дар 1 моҳ харфшинос шуда тавонад ва баъд аз ҳарфшинос шудан ҳар калима ва ҷумлаи тоҷиконро, ки бо он алифбо навишта мешавад, бе хато кардан дар забар ва зер ва бе ғалат кардан дар лаҳҷа ва шева хонда тавонад».
Камол Айнӣ дурӯғ мегӯяд!
Аммо шодравон Камол Айнӣ, баръакси гуфтори падараш, дар мақолаи «Садриддин Айнӣ ва тағйири алифбо», ки рӯзи 19 октябри соли 1992 дар шаҳри Ню-ёрки Амрико суханронӣ намудааст ва матни он баъд аз марги ӯ дар соли 2010 дар фаслномаи «Раҳовард» мунташир шудааст, андешаҳои устод Айниро таҳриф менамояд ва ӯро муқобили хати лотинӣ, яъне алифбои нав, тарафдори хати арабӣ ба қалам медиҳад ва ҷабран қабул шудани онро дар байни тоҷикон таъкид мекунад ва бад-ин тартиб ба падари хеш «хидмати хирсона» менамояд. Ӯ гӯё, ки бо ин роҳ Айниро, ки авом ва бехабарон яке аз касоне медонанд, ки сабаби тағйири алифбо шудааст, «дифоъ» менамояд ва мехоҳад бигӯяд, ки ин кори шӯравиҳо буд, Кремлин буд, Айнӣ алифборо дигар накардааст, ӯ маҷбур буд, ки алифбои навро бипазирад, муқовимат кард, аммо самар надод… Лиҳозо, вай чунон ҳарфҳои парешону зидду нақизи дарҳаму барҳам менависад, ки кас намефаҳмад, ки чӣ гуфтан мехоҳад.
Бадбахтона, шодравон Камол Айнӣ, бо сабабҳои айниву зеҳнӣ, ғайр аз ин мақола дар навиштаҳои дигари хеш низ гуфтори ғалат ва таҳрифомез нисбат ба мавқеи устод Айнӣ дар мавриди алифбои арабӣ дорад, ки менависад: «Устод Садриддин Айнӣ ҳеҷ гоҳ зидди хати форсӣ-тоҷикӣ (ниёгон) набуд. Табдили хати ниёгон (арабҳо ниёгони мо нестанд, балки бо мо ҳамдинанд-Ҷ.С.) ба хати лотин ва сипас ба хати кириллӣ амре иҷборӣ ва сиёсӣ аз сӯи инқилобиюн буд. Пас аз соли 1926 Туркия, Озарбойҷон, Тотористон, Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон хати лотиниро пазируфтанд, вале дар натиҷаи муқовимати Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Аҳмадҷон-махдуми Ҳамдӣ, Аббос Алиев ва дигарон Тоҷикистони худмухтор фақат дар соли 1929 хати лотиниро бар асоси фишори сиёсии давлатӣ пазируфт».
Ҷамолиддин Саидзода,
адабиётшинос
Бахшида ба 27-умин солгарди Ислиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва густариши равобити фарҳангии дӯстии ҷамоҳири Тоҷикистону Ӯзбекистон, рӯзи 11.09.2018, соати 17:30 дақиқа бо вақти Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат Шоу консерти «Шоми дӯстӣ» бо иштироки ситораи эстрадаи Ӯзбекистон-Севинч Мӯминова ва ситораҳои эстрадаи Тоҷикистон-Нигина Амонқулова, Шабнами Сурайё, Ҷонибек Муродов, Сироҷиддин Фозилов ва Муслима Қодирова баргузор мегардад.
Чиптаҳоро аз Қасри фарҳанг ва Варзишгоҳи марказии ш.Ваҳдат дастрас карда метавонед.
Телефонҳо барои маълумот: 501 88 88 90, 904 43 45 56, 900 80 40 65.
Бо қарори Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе гулгашти кӯчаи Ф.Муҳаммадиеви н.Сино ба «Боғи фарҳангу фароғатии Восеъ» табдил ва номгузорӣ гашта, Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ба «Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсӣ” иваз карда шуд.
Инчунин дар қарорҳои марбутаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ гуфта мешавад, ки “Боғи фарҳангу фароғатии Восеъ” дар масоҳати 3,20 гектар ба мувозинати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Синои ш.Душанбе гузаронида шавад.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар