ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Май 11 2018


   9 майи соли ҷорӣ аҳли фарҳангу эҷод ва зиёиёни н.Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо сафари фарҳангию ҳунарӣ ба н.Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуданд. Ин чорабинии адабӣ-фарҳангӣ, ки таҳти унвони «Рӯзи фарҳанги н.Бобоҷон Ғафуров дар н.Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон» баргузор шуд, бо пешвози меҳмонони Тоҷик дар даромадгоҳи «Қайрағоч»-и н.Лайлак шурӯъ гашта, меҳмононро муовини аввали раиси н.Лайлак А.Исоев хайрамақдам гуфт.
   Бино ба иттилои маркази матбуоти ҳукумати н.Б.Ғафуров,баъди қабул меҳмонон ба марказӣ ноҳия-шаҳри Исфана раҳсипор гардида, нахуст дар пояи муҷассамаи аскари номаълум ва муҷассамаи арбоби давлатӣ Исҳоқ Раззоқов гулчамбар гузоштанд. Сипас, ба 9 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар он ҷо умр ба сар мебаранд аз номи МИҲД-и н.Бобоҷон Ғафуров тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. ИНчунин, гурӯҳи намояндагони н.Бобоҷон Ғафуров бахшида ба таҷлили ҷашни 73 солагии Иди Ғалаба да роҳпаймоии «Полки зинда» ширкат варзида, ҳамзамон дар варзишгоҳи марказии ш.Исфана растаҳои маҳсулоти ҳунарҳои мардумии н.Бобоҷон Ғафуров ба маъразӣ тамошобинон гузошта шуда буд. Рӯзҳои фарҳанг бо барномаи рангини консертӣ ба итмом расид.


Душанбе, Май 07 2018


Дастпарварони боғчаи кӯдаконаи №6-и «Гулшан»-и н. Ҷаббор Расулови в. Суғд бо иҷрои 1 клип-суруди машҳури русии «Смуглянка», ки онро ТВ «Ғӯлакандоз» ба навор гирифтааст, дар муддати кӯтоҳ машҳури олам гашта, шабакаи Интернетро ба маънои томаш тарконданд.
Ин клип-суруд рӯзи 2.05.2018 дар саҳифаи ТВ «Ғӯлакандоз» дар шабакаҳои Ютуб ва Одноклассники нашр шуда, дар тӯли 4 рӯз онро беш аз 4,5 миллион нафар тамошо карданд. Клипи мазкур ба 73-юмин солгарди Ғалаба ва хори ба номи Александров бахшида шудааст. Суруди «Смуглянка» бошад пас аз ба экранҳои калон баромадани филми «В бой идут одни старики»-«Ба ҷанг танҳо пирамардон мераванд» машҳур гаштааст.



Душанбе, Май 07 2018


Дар асоси қарори Раиси  ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷасади Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир дар оромгоҳи Лучоби пойтахт дафн карда мешавад. Қарори мазкур 3.05.2018 ба тасвиб расида, дар асоси қарори мазкур муовини раиси ш.Душанбе Т.Раҳимзода ва директори Муассисаи давлатии «Раёсати оромгоҳҳо»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе Р. Маҷидов муваззаф  гардидаанд, ки барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани маросими дафни Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир тадбирҳои  заруриро роҳандозӣ намоянд.
Дар ин бора ба мухбири СССР дар Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси ш.Душанбе хабар доданд.


Чоршанбе, Май 02 2018


Алишер ва Гулпарӣ ба консерт даъват менамоянд!

Панҷшанбе, Апр 26 2018


Мегӯянд, ки беш аз 90%-и мардуми ҷумҳурӣ мусалмонанд. Вале ба ин бовар надорам. Аз нигоҳи ман фоизи мусалмонҳо дар мамлакати мо баракси ин нишондоди бардурӯғи оморист. Мо аслан мусалмони забонием. Мусалмони ҳақиқӣ ва асил касест, ки тибқи Қуръони Маҷид, ки аз ҷониби Офаридгори замину осмон ба василаи Пайғамбари гиромиамон ҳазрати Муҳаммади Мустафо (дуруд бар ӯ) ба мо омада расидааст, амал ва зиндагӣ менамояд. Ҳаёти начандон тӯлонии умри хешро бо қонунҳои ин китоби муқаддас, ки бо ташаббуси Президенти кишвар ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст, сипарӣ мекунад.

саҳ 53 аз 83

Китобҳо

Flag Counter