Меҳрона Ғайбуллоева, донишҷӯи соли 1-уми шӯъбаи сурудхонии академияи Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе» ба номи А.Бобоқулов, ки соли 2018 дар озмуни байналмилалии «Ту беҳтари!»-и шабакаи телевизионии НТВ ширкат варзида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд, сазовори стипендияи раиси ш.Душанбе гардидааст.
Меҳрона Ғайбуллоева тибқи қарори раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳар моҳ бо маблағи 250 сомонӣ таъмин карда шуда, ин стипендия 9 моҳи соли хониши 2017-2018-ро дар бар мегирад.
Чӣ тавр мо кӯр шудем?
Ёдам ҳаст, боре маҷаллаи «Рӯдакӣ»-ро, ки бо алифбои арабӣ буд ва ба тозагӣ ба дастам расида буд, дар нақлиёт варақ зада мехондам. Муйсафеде, ки дар дохили автобус буд, чун мутолиаву хондану варақгардон кардани маҷалларо, ки бо хатти арабӣ буд, аз ҷониби ман мушоҳида кард, аз ман пурсид: «Бачам, шумо чашми хат доред, ки ин алифборо мехонед? Мо ин алифборо хонда наметавонем, яъне кӯрем!». Бубинед, ки ин алифбои бегона тӯли ҳазору чанд сол мардуми моро дар ҳолати кӯрӣ нигаҳ дошт, аз неъмати савод, ки бояд ҳар як фард аз он бархӯрдор бошад, маҳрум сохт, танҳо дар аввали асри ХХ буд, ки ибтидо алифбои мутараққӣ ва осонхони лотинӣ ва баъдан кириллӣ чу абри раҳмат бар сари миллати мо борид, яъне ба кӯмаки мо расид ва мардум дар як муддати кӯтоҳ саросар «бино» шуданд ва аз неъмати хондану навиштан бархӯрдор шуданд. Лиҳозо, ивазшавии алифбои мушкилхон ба алифбоҳои осонхони лотиниву кириллӣ барои мардуми мо ва соири кишварҳое, ки асрҳо боз зери султаи араб монда буданд ва бо сабаби мушкилии хати гунг онҳо аз неъмати хондану навиштан бебаҳра буданд, аммо бори аввал ба хондану навиштан даст ёфта буданд, воқеан ҳам ид буд, иди бузург. Агарчи табдили алифбои арабӣ ба лотинӣ ибтикори болшевикон набуд ва солҳо пеш аз инқилоб дар Эрону Туркияи Усмонӣ ва дигар мамолики Шарқ ба миён гузошта шуда буд, аммо маҳз баъди Инқилоби Октябр ин орзуи зиёиёну равшанфикрону мардум бароварда шуд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки Инқилоби Октябр мардуми моро на танҳо аз асорати зиёда ҳазорсолаи турку муғул, балки ҳукмронии ҳазору чандсолаи алифбои гунгу беқоидаву беимлои арабӣ ҳам озод намуд. Бад-ин маънӣ, орзуҳои Мирзо Малкумхон, Мирзо Фатҳалӣ Охундов, Саид Нафисӣ, Табарӣ ва дигарон танҳо дар замони Шӯравӣ ва дар кишвари мо амалӣ гардид. Ба ин кор пеш аз ҳама, атрок, яъне кишварҳои туркизабон, ба вижа Озарбойҷон, шурӯъ карданд ва миллати худро аз асорати алифбои бегонаи арабӣ раҳо намуданд. Аз ин рӯ, ин кор барои болшевикон ғайричашмдошт буд. Бесабаб нест, ки Ленин ин кори мардуми озарро, ки аввалтар аз ҳама ба хатти лотинӣ гузаштанд, ба инқилоби дигар монанд кард ва онҳоро аз дилу ҷон бо ин амали накӯяшон таҳният гуфт. Албатта, баъдан ҷумҳуриҳои дигари туркизабон низ ба алифбои лотинӣ гузаштанд. Онҳо на танҳо аз алифбои гунгу беимлои арабӣ, балки аз чодари сиёҳи арабӣ ҳам халос шуданд ва роҳро барои хондану саводнок кардани мардум ва ворид шудан ба тамаддун ҳамвор намуданд. Аммо с.1945 тибқи зарурати таърихӣ, мардуми кишвари Шӯроҳо билкул ба алифбои кириллӣ, алифбое, ки аз мутараққитарин алифбоҳои олам маҳсуб мешавад, гузаштанд ва бад-ин тартиб имконияти хондану навиштанро, ки дар замони ҳукмронии алифбои арабӣ маҳдуд ба гурӯҳе, синфе, хусусан хаттотон, аҳли мадраса, муллоён буд ва дигар қишри аҳолӣ онро хонда наметавонистанд, барои тамоми табақаҳои аҳолӣ муҳайё сохтанд. Ин бузургтарин хидмати инқилоб, болшевикон, халқи кабири рус буд, ки тоҷикро аз асорати турку муғул ва алифбои беқоидаву беимлои арабӣ раҳо кард ва имкони хондану навиштанро барои тамоми аҳолӣ, аз ҷумла, коргару деҳқону кишоварз…, фароҳам намуд. Аз ин рӯ, имрӯз дар кишвари мо касеро наметавон ёфт, ки бо ин хат навиштаву хонда натавонад.
Алифбои беқоидаю пӯсидаи арабӣ
Аммо дар замони ҳукмронии алифбои мушкил ва гунги арабӣ, тавре ки гуфтем, на танҳо мардуми авом, балки аҳли мадраса, муллоёни дарсхонда, адибону олимон, ҳатто матншиносон низ ин хатро дуруст хонда наметавонистанд, зеро дар ин алифбо на танҳо садонокҳояш навишта намешаванд, балки ҳарфҳо якчанд шакли навишт доранд, яъне дар аввал 1 хел, дар мобайн хели дигар ва дар поён ба тарзи дигар навишта мешаванд ва вақти хондан майнаро гич ва дарди сар эҷод мекунанд. Бинобар ин, Фитрат тарки алифбои арабӣ ва ба лотинӣ гузаштанро «яке аз масъалаҳои бузург, ҳодисаҳои ҳайратбахш» меномад. Фитрат дар идомаи суханаш дар бораи ҳамзистии тоҷикону ӯзбакон сухан ронда, аз ҷумла, дар масъалаи хат низ ба ҳамдигар марбут будани эшонро таъкид ва диққатро ба он ҷалб мекунад ва мегӯяд, дар замоне ки дар Ӯзбакистон бо ҷидду ҷаҳд барои гузаштан ба алифбои нав мекӯшанд, Тоҷикистон низ бояд дар ин роҳ саъю кӯшиш намояд, то мардум босавод шаванд.
Алифбои араб, ки мо онро «алифбои ниёкон» мегӯем, ба инқилоби Октябр, болшевикон, русҳо иртибот надорад. Ҳанӯз қабл аз инқилоб дар Эрону Туркияву Озарбойҷону Тотористон ин масъала вуҷуд доштаву ба миён омада будааст, аммо танҳо дар замони шӯравӣ орзуи мардум ҷомаи амал пӯшидааст. Аввал халқҳои туркнажоди шӯравӣ ва аз ҳама дер тоҷикон ба иваз кардани алифбои арабӣ муваффақ шудаанд. Дар воқеъ, иваз кардани алифбои арабӣ ба лотинӣ талаботи замон, ҳаёт ва як ҳақиқати таърихӣ, яъне як амали ногузир будааст, ки бояд сомон меёфтааст, зеро алифбои куҳнаи арабӣ ба сабаби мушкилиаш барои пешрафти миллату кишвар мусоидат намекардааст. Ин алифбо, ки саропо аз нуқс иборат буда, имло, қоидаи муайян надошта, 1 калима чанд навъ хонда мешудааст, барои 25 овози сомит 117 шакли ҳарф ҳам кифоят намекардааст... Аз ин рӯ, бо алифбои русӣ, ки аз 29 ҳарф иборат аст, кӯдак дар тӯли 3 моҳ хатшинос мешудааст, лек бо алифбои беқоидаи арабӣ дар 1 сол, дар 10 сол, то лаҳзаи марг бесавод мемондааст. Ҳамин мушкилоти алифбои арабӣ имкон намедодааст, ки мардум онро ёд гиранд. Лиҳозо, то поёни умр бесавод мемонданд. Сабаби ба алифбои осону мутараққӣ рӯ овардани мардум ҳам аз ин ҷо сарчашма мегирифтааст. Ин ҷо кишваре, миллате, шахсияте сабабгор ва гунаҳкор набуда, балки «алифбои беқоидаю пӯсидаи арабӣ» (Фитрат) гунаҳкор аст, ки ба зарурат ва талаби ҳаёт мувофиқат намекардааст.
Ҳеҷ як ҳарф дар ин алифбо дар 1 қолаби собит ва 1 андозаи муайян қарор надорад, гуногуншаклии ҳарфҳо, нуқтаҳо дар дохилу болову поёни ҳарфҳо, ҳарфҳои беовоз, ба тарзи мухталиф сабту забт шудани онҳо, мавҷудияти хатҳои мухталиф, гуногунхонӣ, беқонунӣ, бенизомӣ, чандранг навишта шудани ҳарфҳо дар баъзе вожаҳо, аммо хонда нашудани онҳо, чанд овозро ифода кардани он ҳарфҳо, мавҷуд набудани аввалу охири вожаҳо, аз тарафи рост навиштану хондани хат… Дигар, алифбои арабӣ чандин нави хатро фаро мегирад: насх, настаълиқ, настълиқи шикаста, илёзис, сулс, райҳонӣ, куфӣ, туғро…, ки воқеан ҳам ҷояшон музей аст, барои тамошо, лаззат бурдан, кайф кардан, на хондан, зеро ҳамчун наққошӣ пеши чашм ҷилвагар мешаванд, касе онҳоро дуруст хонда наметавонад, ҳатто хаттотону матншиносону омӯзгорони ин хат…
Ҷамолиддин Саидзода,
адабиётшинос
Вазорати фарҳанги ҶТ хабар додааст, ки дар шаҳри Душанбе барои нахустин бор бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳфили "Рӯзи чакандӯзон" таҳти сарпарастии раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ баргузор мешавад. "Рӯзи чакандӯзон" 7 июл, аз соати 10:00 то 18:00 дар боғи Айнӣ баргузор шуда, тамошобинон имкони харидани маҳсулоти дасти чакандӯзони тоҷикро низ дар ин чорабинӣ доранд.
"Ҳадафи маҳфил муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти армуғони арзанда барои меҳмонону сайёҳон, ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар, баровардани маҳсулоти чакан ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва дастгирии ҳунармандон мебошад", гуфтаанд аз вазорат.
ВАК (Комиссияи олии аттестатсионӣ)-и Тоҷикистон дархости 2 устоди Донишгоҳи омӯзгорӣ ба номи С.Айниро барои гирифтани дотсентӣ рад кардааст. Масъулони ВАК-и Тоҷикистон ба агентиҳои хабарӣ гуфтаанд, ки дар асноди унвонҷӯён-Нурхон Гадоев ва Гуландом Рустамова чанд хаторо ошкор намуданд. "Назорат дар ин самт ҷиддӣ шудааст ва танҳо пас аз ҷавобгӯ будан ба талабот, муҳаққиқон соҳиби унвони илмӣ хоҳанд шуд" гуфтаанд аз ин ниҳод. Ин аввалин ҳолате нест, ки КОИ дархости унвонҷӯёнро рад мекунад. Аз ҷумла, моҳи майи ҳамин сол рисолаҳои илмии 4 унвонҷӯро барои ба талабот ҷавобгӯ набудан рад карда буд.
Профессор, донишманди илми таърих, Устод Абдусаттор Мухторов бар асари сактаи мағзи сар-инсулт дар реаниматсия-бахши эҳёгарии Беморхонаи Қарияи Боло бистарист. Бино бар иттилои наздиконаш, ҳоло Устод таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад.
Абдусаттор Мухторов соли 1938 дар деҳаи Некноти ноҳияи Панҷакент таваллуд шуда, соҳиби даҳҳо очерку асарҳои таърихист, минҷумла, «Сомониён: замон ва макон», «Таърихи халқи тоҷик» (бо ҳаммуаллифии раҳматӣ Асламшоҳ Раҳматуллоев) ва қисми дувуми ин асар дар ҳоли ҳозир дар дасти чоп аст…
Тафсилоти бештар нашр мешавад…
Раҳим Масов академик ва донишманди шинохтаи Тоҷик, ки чанд соат пеш бар асари сактаи мағзӣ ба бемористон интиқол ёфта буд, аз олам даргузашт. Бино ба иттилои дарёфтшуда, субҳи имрӯз ӯ дар шӯъбаи эҳёгарии бемористони №3-и пойтахт бистарӣ гашта, зери назорати табибон қарор дошт.
Мавсуф соли 1961 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси таърихшинос хатм намуда, муаллифи китоби «Таърихи табартақсим» мебошад.
Раҳим Масов 16 ноябри соли 1939 дар деҳаи Мдехарв (Дуршер)-и ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.
Таҳсили ибтидоӣ ва маълумоти синфи 7-ро дар Хонаи бачагони шаҳри Хоруғ гирифта, баъдан дар мактаб-интернати Душанбе тарбия гирифтааст. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо ихтисоси таърихшинос дар соли 1961 хатм кардааст.
Пас аз анҷоми таҳсил ӯро барои кор ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистондаъват намуданд. Дар ин муассисаи бонуфузи илмии ҷумҳурӣ ба кор шурӯъ карда, аз тамоми зинаҳои илмию маъмурии он гузаштааст.
Соли 1967 рисолаи номзадиашро, ки дар ҷумҳурӣ нахустин таҳқиқоти таърихнигории замони шӯравӣ ҳисоб меёфт, дифоъ карда, дар ин самт бо ҷиддияти том тадқиқотро идома медиҳад.
Раҳим Масов солҳои 1974-1988 дар мақоми мудири шӯъбаи таърихи ҷамъияти шӯравии институти номбурда ифои вазифа дошт. Таҳти роҳбарии олим дар шӯъбаи мазкур тадқиқоти дастаҷамъӣ ва бунёдии «Таърихи синфи коргари Тоҷикистон» (дар ду ҷилд), «Таърихи сохтмони маданӣ дар Тоҷикистон (1917-1977)», «Очерки таърихи Бадахшони шӯравӣ», маҷмӯаҳои зиёди илмию мақолаҳо доир ба масоили умдаи таърихи Тоҷикистони Шӯравӣ, ки дар ҳар кадом навиштаҳояш мавқеи марказӣ доштанд, ба табъ расидаанд.
Натиҷаи заҳмати муттасил буд, ки соли 1982 Раҳим Масов рисолаи доктории худ «Таърихнигории сохтмони сотсиалистӣ дар Тоҷикистон»- ро дар муассисаи аввалдараҷаи илмии Иттиҳоди Шӯравӣ, Институти таърихи Академияи илмҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (ш.Москва) бо мувафаққият дифоъ намуда, соҳиби баландтарин дараҷаи илмӣ ва баъди чанде барои дастовардҳои илмию таълимӣ ба унвони профессор мушарраф гардид.
Соли 1991 рӯи чопро дидани китоби Раҳим Масов «Таърихи табартақсим» бемуболиға гардише буд, дар тафаккури нави таърихнигории ҷумҳурӣ. Ин таҳқиқот ба диди наву фаҳмиши воқеъбинонаи омӯзиши таърих ибтидо гузошт. Китоби навбатии олим «Тоҷикон, бо мӯҳри «комилан сиррӣ», соли 1995 ба аҳли ҷомеа пешкаш гардид. Ин тадқиқот ба даврае рост омад, ки аз як тараф алангаи ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, аз тарафи дигар, торафт бештар авҷи ҷунбиши худшиносии миллӣ боло мегирифт ва дар ин фаъолшавии ҳисси миллӣ бешак таъсири китоби пешинаи ӯ эҳсос мешуд. Китоби навбатии устод «Тоҷикон: фишороварӣ ва ассилимилятсия» (2003), ки давоми мантиқии китобҳои қаблиаш «Таърихи табартақсим» ва «Тоҷикон: таърих бо мӯҳри комилан сиррӣ» ҳисоб меёбад, боз як исботи раванди раднашавандаи содиқ будани ӯ ба принсипи воқеъбинонаи ин ҳақиқатнигори таърих мебошад.
Ҳарчанд академик Раҳим Масов ба умдатарин масъалаҳои таърихи замони наву муосир таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад, вале таҳлили муттасили даврони ниҳоят печидаи эҳёи навини давлатдории тоҷиконро ҳамеша дар маркази назар нигоҳ медорад. Мисоли равшани ин серталабӣ дар китоби ахиран рӯи чоп дидаи олим-«Тоҷикон: таърихи фоҷиаи миллат» (Душанбе: «Ирфон»,2008. - 536 с.) равшан ба назар мерасад.
Соли 1988 Раҳим Масовро ба ҳайси сарварии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб намуданд, ки то соли 2015 онро ба ӯҳда дошт.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар