ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Апр 19 2018


   17.04.2018 1 ҳайати 40 нафараи намояндагони ш. Исфара, бо роҳбарии шаҳрдори он Сиҷоуддин Саломзода ба н.Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуданд. Бояд қайд намуд, ки гарчанде аз ин пеш сафару вохӯриҳо буданд, аммо дар тайи чанд соли охир ин нахустин сафари ҳайати воломақоми ш.Исфара ба Боткон буда, пазироии меҳмонони Тоҷик аз ҷониби ҳокими ин ноҳия ва аҳли фарҳанги он хеле самимӣ баргузор гашт.     
   Чуноне ки Иқбол Илёсзода, котиби матбуотии раиси ш.Исфара ба мухбири СССР хабар дод, дар раванди мизи мудаввар, ки дар дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифтааст, иҷрокунандаи вазифаи раиси ш.Исфара Саломзода Сиҷоуддин ва ҳокими ноҳияи Боткон Салихов Кениш Каримович хоссатан зикр намуданд, ки бо ташаббусу кӯшишҳои муштараки роҳбарияти олии мамлакатҳо - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ба сатҳи сифатан нав бароварда шудааст. Ҳамзамон таъкид карда шудааст, ки мардуми тоҷику қирғиз тӯли қарнҳо дар фазои дӯстиву рафоқат ва ҳамсоягӣ зиндагонӣ доштанд ва минбаъд низ ин анъанаи неки гузаштагон идома дода мешавад.
   Ҳар 2 ҷониб бо изҳори ҳавасмандии зиёд омодагии худро ҳамчунин барои дарёфти роҳҳои дастгирии техникии ҳалли мушкилоти дастрасии сокинони минтақаҳои аҳолинишини наздисарҳадӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ва полезӣ баён намуда, таъсиси гурӯҳҳои ҳамдастии бонувон ва маҳфили «Ҳамсоягони нек»-ро омили муассире дар самти таҳкими ҳамкориҳо, фазои эътимод ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ арзёбӣ намуданд. Ширкатдорони мизи мудаввар масъалаҳои иҷтимоии маҳалҳои наздисарҳадиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба мувофиқае омаданд, ки минбаъд ҳама гуна масъалаҳои ҳалталаб ва мушкилоти бавуҷудомада бояд танҳо бо роҳи гуфтушуниду ҳамдигарфаҳмӣ ҳаллу фасл гарданд ва нофаҳмию муноқишаҳо саривақт пешгирӣ карда шаванд.
   Дар ҷараёни баргузории мизи мудаввар доир ба муҳимияти ҳамкориҳои фарҳангию-гуманитарӣ низ табодули афкори судманд баргузор шуда, роҳандозии робитаҳои бевоситаи доираҳои илмию эҷодӣ, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва муҳайёсозии шароити ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, варзиш ва сайёҳиро муҳим шумориданд. Бо мақсади тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи дӯстиву рафоқат ва тақвиятбахшии ҳамзистии осоиштаи сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ бунёди майдончаҳои муосири варзишӣ дар деҳоти наздисарҳадии Хоҷаи Аълои ш.Исфара ва Уч – Добои н.Боткон ва дар ин замина ташкилу баргузории мусобиқоти варзишӣ ва барномаҳои фарҳангӣ мувофиқи мақсад дониста шуд.
   Баъд аз анҷоми мизи мудаввар барномаи муштараки фарҳангӣ ва боздид аз мавзейи сайёҳии «Айгул» сурат гирифт.
   Дар назар аст, ки рӯзҳои аввали моҳи май чунин 1 ҳайати воломақоми н.Боткон ба ш.Исфара ташриф биёранд.

Чоршанбе, Апр 18 2018


Вазъи саломатии шоир Бозор Собир дар бемористони Сиэтли Амрико дубора бад шудааст ва рӯзи 17 апрел ӯро аз нав ба шуъбаи реаниматсия интиқол додаанд. Шоир Низом Қосим-раиси ИНТ ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст, ки бо супориши президент Эмомалӣ Раҳмон, ҳукумати Тоҷикистон барои табобати Бозор Собир пул ҷудо кардааст ва ин пулро аллакай ба ҳамсари шоир-Гулчеҳра расондаанд. Ба қавли Низом Қосим: "Вазъи саломатии Бозор Собир яксон нест: гоҳ беҳтар мешавад ва гоҳ дубора бадтар. Ман медонам, ки президент аз вазъи саломатии шоир дар ташвиш аст ва бо қарори ӯ ҳукумат барои табобати Бозор Собир маблағи кофӣ ҷудо кардааст. Ман медонам, ки Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, то барои табобати шоир беҳтарин табибонро ҷалб кунанд. Анализҳои Бозор Собирро барои ташхис ба Маскав ва ба Олмон фиристодаанд.”
Низом Қосим ҳамчунин гуфтааст, сафирони Тоҷикистон дар Амрико ва СММ-Фарҳод Салим ва Маҳмадамин Маҳмадамин аз 5 апрел ба ин тараф дар паҳлуи Бозор Собир дар шаҳри Сиэттл қарор доранд.

Чоршанбе, Апр 18 2018


Фарҳод Калонов, сайёҳи шинохтаи Тоҷик азм намудааст танҳоӣ ба сайёҳат баромада, бо паймудани беш аз 100 000 км. аз 50 кишвари дунё боздид карда, оламро чарх бизанад. Фарҳод ният дорад 1.06.2018 таҳти шиори «Мо-Тоҷикон» ба роҳ барояд.
Мавсуф дар яке аз мусоҳибаҳои хеш гуфтааст, ки лоиҳаи «Мо-Тоҷикон» проекти байналмилалиест, ки дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад ва ҳадафи он муаррифӣ намудани давлату парчами Тоҷикистон дар тамоми масири сайёҳат мебошад. Ба ҷуз ин, Фарҳод Калонов ҳамеша саъй мекунад барои ҷалби бештари сайёҳон ба кишвари мо, таблиғи табиати нотакрори Ватан ва боло бардоштани имиҷи кишварамон кӯшиш ба харҷ диҳад.
Дар тайи 3 соли охир ширкаткунандагони ин лоиҳа 4 мотопробег ташкил карда, тамоми кишварҳои ИДМ, Туркия, Аврупо, ИМА ва Осиёро бо мотосиклҳо пурра гаштаанд.



Панҷшанбе, Апр 12 2018

Панҷшанбе, Апр 05 2018


(Ҷиддитарин таҳқиқот дар дафтари аъмолу рӯзгори эҷодии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Лутфулло Давлатзода)

Панҷшанбе, Март 29 2018


Нашунидам нагӯед!!!
Тулӯи навтарин ҷилои ахтарон дар осмони тарона бо устувортарин қадам дар саҳнаи овозхонӣ:
-Некрӯзи Зафар дар ҳамсадоӣ бо санами зеборух ва зебосадо-Шабнами Раҳмониён бо замзамаи ишқи руъёии таронаи Шоира Раҳимҷон – «Инқилоб мехоҳам» таҳия ва омода ба пахш аст.
Ин тарона рӯзҳои наздиктарин сабт, коргард, танзим ва монтаж шуда, тақдими ҳаводорони таронаҳои ҳирфаӣ хоҳад шуд. Интизор бошед, ки Мо Метавонем!!!

Маркази продюсерии «Шоира» дар назди газетаи СССР

саҳ 54 аз 83

Китобҳо

Flag Counter