ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Окт 13 2017


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан тасмим гирифтааст «Энсиклопедияи Истаравшан» омода ва нашр намояд.

Панҷшанбе, Окт 12 2017


Шоми 11.10.2017 дар ш. Тошканд дар толори Театри давлатии академии калони ба номи Алишер Навоӣ маросими ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар барномаи консертӣ ҳунармандони шинохтаи Тоҷик ба мисли Давлатманд Холов,  Саидқул Билолов, Фотима Машрабова, Шарофат Усмонова, Амирҷон Рӯзиев, Хуршед Иброҳимов, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Дилноза Каримова ва Дамирбек  Олимов дар назди мухлисони ӯзбек ҳунарнамоӣ карда, дар барномаи консертӣ ҳамчунин ансамбли овозадори рақсии «Зебо» ҳамчун муаррифгари санъати рақсии тоҷик бо рақсҳои зебову мафтункунанда таваҷҷуҳи тамошобинонро ҷалб намуд.
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ш.Тошканд то 14 октябр идома меёбанд.

СССР

Душанбе, Окт 02 2017


(Human Story)

Ҷумъа, Сен 29 2017


Чуноне ки хонандагони мо хабар доранд, дар чаҳорчӯбаи лоиҳа-озмуни «Раиси мардумӣ» аз рӯи вақту имконот охири ҳар ҳафта ба ин ё он шаҳру ноҳияи кишвар сафар намуда, бо рӯзгори мардум ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинонаш ошно мешавем. То чӣ ҳад раиси ин ё он шаҳру ноҳия ба мушкилоти мардум расидагӣ мекунад, бархӯрду муносибаташ бо аҳолӣ, хоса, корафтодагон чӣ гуна аст, раис мардумбезор аст ё мардумдӯстдор- ин аст маҳаки асосии сафарҳои мухбирони СССР ба минтақаҳо. Ин маротиб мо ба сӯи шаҳри бостонии Истаравшан роҳ гирифта, тайи 2 рӯз меҳмони сокинони ин гӯшаи таърихиву зебоманзари диёр гаштем.

Панҷшанбе, Сен 28 2017


Билохира, Муқимҷон Абдуфаттоев, директори театри драммавии русии ба номи А. Пушкини ш.Бӯстон (собиқ Чкаловск) аз мақоми роҳбарии театри мазкуз истеъфо дод.
Муқимҷон аризаи бо хоҳиши худ аз кор рафтанро пас аз пайдо шудани навори фаҳш дар Интернет, ки гӯйё қаҳрамони асосияш ӯ бошад, навиштааст. Пас аз ин навор, ҳаҷвнигори шинохта гуфта буд, ки дар навори мазкур вай нест, аммо душманонаш онро ба таври худ истифода бурда дар ҳама ҷо эълон кардаанд, ки ин навори ишқварзии Муқимҷон бо зани 1 зани дигар мебошад.
Муқимҷон Абдуфаттоев, ки ҳамзамон дар театр-студияи «Хандинкамон» ҳам ҳунарнамоӣ мекунад, пас аз ба тасвиб расидани аризаи аз кор рафтанаш аз ҷониби раиси ш. Бӯстон Рухсора Давлатзода, таъкид кардааст, ки душманонаш рӯҳияи ӯро шикастаанд…

СССР



 

Душанбе, Сен 25 2017


Шоми 24.09.2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо  иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, аҳли илму адаб маросими ботантанаи ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Барномаи фарҳангиро вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода ва муовини вазири фарҳанги ФР Сергей Абривалин оғози расмӣ бахшида, баргузор намудани  барномаи фарҳангиро таҳкимбахши робитаҳои соҳавии 2 кишвар арзёбӣ намуданд.
Ба ҳайати эҷодии меҳмонон Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан» ва гурӯҳи созии «Трио»-и  Консерваторияи Москва шомил буда, дар доираи Рӯзҳо баргузории барномаи консертӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, намоишгоҳи «Русский север» дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, дарси сайқали маҳорат дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талаб Сатторов, вохӯрии эҷодӣ дар Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон дар назар дошта шудааст. Инчунин, имрӯз, 25 сентябр ҳайати меҳмонони Федератсияи Россия ба ш. Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон сафар намуда, ба  сокинони он барномаи консертӣ пешниҳод намуданд. Худи ҳамин рӯз консерти Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан» дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятии ба номи  А. Муҳаммадҷонов дар назар дошта шудааст.

СССР

саҳ 61 аз 83

Китобҳо

Flag Counter