ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Дек 07 2017


Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст то 10.12.2017 дар марказ ва гӯшаҳои дигари пойтахт арчаҳои солинавиро гузорад. Кормандони Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»  дар маркази пойтахт ба сохтани пойдевор ва қолаби арчаи солинавӣ аз дирӯз шурӯъ карданд. Арчаи идонаи асосии кишвар аз дарахти зинда бо баландии 25 метр дар маркази майдони «Дӯстӣ»,  дар рӯ ба рӯи  Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ  гузошта мешавад.
Арчаи солинавӣ бо  муосиртарин таҷҳизоти ороишӣ зебу зиннат дода шуда, аз арчаҳои солинавии солҳои пешин бо ҳашамату зебоӣ фарқ хоҳад кард. Ҳамчунин, барои бошукӯҳ гузаронидани ҷашни Соли нави мелодӣ  дар дигар гӯшаву канори  пойтахт низ арчаҳои идона гузошта хоҳад шуд.

Душанбе, Дек 04 2017


Пой ба остона ниҳода будам, ки панҷаи кӯчак дароз шуд ва садои бо назокат баланд:
-Ман Нигора, шуморо шинохтам дӯсти падарам ҳастед.
Худамро шиносонда, аз пешонааш бӯсидам:
-Аз шиносоӣ бо шумо хушнудам – гуфт ӯ.
Ва ҳама таоруфоти расмиро ба ҷо овардам. Чӣ аз сӯҳбат бо падараш медонистам, ки Нигора оину расми вохӯрӣ, сӯҳбат ва меҳмондориро риоя мекунанду аз дигарон тақозо.
-Шуморо дар ТВ дидам, - суханашро идома дод Нигора ва бо ҳамон назокати тифлона пурсид:
-Шумо маро мешиносед?
Ба ҷавобам маътал нашуда, афзуд:
-Ман Нигораи Аловуддин, хонандаи синфи 3. Бояд дуюм мехондам, вале синфи 1-ро нахондам. Дар тобистон, дар Анталия бо рақс ва суруд ғолиб шудам. Дар ТВ маро нишон доданд, акнун маро шинохтед?
-Бале, мешиносам,-гуфтам, ҳине, ки бо назари кунҷковона ба ман менигарист, ба ман дар бораат падарат қисса карда буд. Ҳамаашро гуфт, нагузошт, ки «сюрприз» кунам. Ва ба падараш реб нигариста идома дод:
-Боз чӣ гуфт?
-Боз гуфт, ки шумо забонҳои русӣ ва англисиро медонед ва ба Хитой, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Туркия сафар кардаед?
-Тамом?-ба хандаи беғаш рӯяшро бо дастонаш пӯшида, сарашро то зонуҳояш бурд ва боло карду бафурҷа идома дод:
-Англисиро медонам, русиро… хайр алифбои имову ишорат (язык жестов)-ро медонам. Барои гунгҳо ҳаст-ку, ҳамонро. Расм мекашам, мерақсам, сурудҳое бо англисӣ медонам. Бо компютер кор мекунам.
Баъди лаҳзаи фикр кардан ҷамъбаст намуд: «Всё!». Вале боз шӯрид:
-Не,не! Ман мехоҳам боз ҳунарманд бошам, дар филмҳо маро ба навор бигиранд, Ме-хо-ҳам ситора шавам. Ва тоҷик шавам!
Нигора қариб гӯё ба ҳама саволҳоям посух дода, буд ки аз дастам гирифта ба хонаи кориаш хонд. Волидайнаш: Аловуддин-олим коршиноси байналмилалӣ аз занҷираи Камолиддин Бойматов, Парвина-номзади илми тиб, ҷарроҳ, ночор монданд ва моро ҳамроҳӣ карданд. Нигора ҳунари арғуштравиро намоиш доду суруд хонд… Ҳини хайрхуш монои 1 маъракадида пурсид:
-Боз кай вомехӯрем?
-Худо хоҳад, ба наздикӣ, ҷавоб додам.
-Падарам Берлин ва аз он ҷо Колумбия мераванд.
Баргарданд, Шуморо даъват мекунем, майлаш?
Ночор розӣ шудам.
Ин лаҳзаҳо бароям фараҳфизо буданд. Воқеан ҳунару андешаи 1 тифли тоҷик мафтунам карда буд. Ва Нигора танҳо ва ягона нест. Ба онҳо эътибор бояд дод.

Ҷонибек Асрориён,
журналист

Душанбе, Нояб 27 2017


Шоира Раҳимҷон-таронасарои тоҷик аз Амрико баргашт. Бо кӯлвори пур, чун ҳарвақта. Ин бор ҳам чун сафари пешинааш ба ШМА муждарасон буд. Соли гузашта дар Ню Йорк, дар фестивали Шашмақом бахшида ба 100-солагии Нериё Аминов аввалин бор китоби 6-ҷилдаи шашмақомро, ки бо ибтикори Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон интишор шуда буд, ба тарғибгарони санъати волои 6-мақом, ба Яҳудиёни Бухоро бурд. Ин туҳфа нодиртарин ва қиматтарин чизе буд, ки Шоира бо мушкил онҳоро ба Амрико расонид. Чаро ба мушкил? Аввалан, ин 6 китоби муҳташам қариби 15-20 кг вазн дошт. Дуввум, дар ш.Маскав, дар нуқтаи гузариши сарҳадии фурудгоҳ аз ҷониби гумрукчиёни рус 1 соат бештар азиятро таҳаммул кард.
-Китобҳоро 100 бор аз назар мегузарониданд. Фурсати кам доштам. Бояд тезтар барои парвоз ба рейси Маскав-Ню Йорк омодагӣ бигирам. Аммо бо нигоҳи шубҳаангез гумрукчиён маро аз миёни ҳамсафарон ҷудо карданду мисли қочоқчӣ, ё террористе ҷунбидан намегузоранд. Чанд каси дигарро даъват ва китобҳоро дона ба дона муоина мекунанд. Ростӣ, худам каме ба шубҳа афтидам, ки чӣ гап аст? Охир, китобҳоро аз кӯча нахаридаам. Онҳо аз ҷониби устод Давлат Сафар-мудири шуъбаи табъу нашри Вазорати фарҳанги ҶТ маҳз 1 рӯз пеш аз сафарам, дар рузи Шашмақом дар кишвар ва рунамоии китоб тақдим шуд, ки онҳоро ба Амрико бубарам. Ифтихор буд бароям, ки нахустин ман ин китобҳоро дастрас кардаам. Аммо гумрукчиён аз тафтиши бемаънӣ даст намебардоштанд. Ахир, сабрам сар омад ва ба наздашон рафтаму пурсидам:
-В чем проблема? Что то не так?
-Кто знает, а может книга про терроризм и экстремизм?!
Гуфтам: -Я не виноватая что вы тут сидите одни безграмотные и бездарные. Вы сейчас оскорбили моего народа, моего Президента и нашу культуру. Вы должны за это отвечать!
Онҳо каме ҷиддитар шуданд. Ва ман ба онҳо фаҳмонидам, ки чӣ китоби қиматеро пешашон доранд ва акси Президент дар саҳифаи аввали китоб маънои онро дорад, ки сармоягузор худи Президент аст...
Хуллас, Шоира мисли ҳамеша бо сабки устувори худ барои таҳқир ҷавоби сазовор медиҳад ва китобҳоро ба Амрико мерасонад.
-Сараввал хостам китобҳоро худам дар фестивал ба Яҳудиёни Бухоро тақдим кунам. Вале чун намондаи ҳамешагии Тоҷикистон дар СММ, ҷаноби Маҳмадамин Маҳмадаминовро дар толор дидам, гуфтам беҳтар аст ин амалро аз номи Пешвои Миллати мо ӯ анҷом бидиҳад.
Бале, Шоира метавонад дар ҷои лозим оперативӣ "умный ход" бикунад. Дар бораи маҳфилҳои эҷодии пурҳашамат, ки ӯ дар 4 штати калони Амрико баргузор кард, зиёд намегӯем, ки такрор мешавад. Хуллас, тавонист Амрикоро тасхир бикунад. Ин бор ҳам, ки навакак аз сафар баргашт, аз ӯ аз хотирмонтарин лаҳзаи сафараш пурсидам:
-Ин бор ҳам муждарасонӣ насиби ман буд, ки аз ин фахр мекунам. Дар Лос Анҷелес бо иштироки зиёда аз 5000 форсизабонон таҷлили ҷашни Меҳргон дар назар буд, ки ман ҳам аз ҷониби муассиси маҷаллаи "Теҳрон" Шаҳбоди Нурӣ даъват шуда будам. Чанд соат пеш аз баромадам тавассути сомонаи иҷтимоии Фейсбук хабар ёфтам, ки бо қарори Президенти кишвар минбаъд дар Тоҷикистон Меҳргон расман ҷашн гирифта мешавад. Аз ин хабар хеле хушҳол шудам ва хушбахтиамро ба аҳли толор қисмат кардам, ки эшон ҳам хеле дар ҳаяҷон буданд, аз ин муждаи воқеан накӯ.
Бо ин ҳама дастоварду пур аз таваҷҷуҳи дигарон ӯ ба Амрико дилбохта нашуд. Дилаш барои ватан гум мезанад. Меҳанпарастияш то ҳаддест, ки ин ҳама сафарҳои эҷодиро ба исми Ватан, барои Ватан мекунад. Ахиран дар ин сафари охир шеъри пур аз эҳсоси ватандориашро гуфт, ки онро ба ту-хонандаи арҷманди СССР, армуғон мебахшем. Мо метавонем!

Мансур Сайфиддинов,
Махсус барои СССР

Оҳанги сафар
Ба оҳанги сафар мерақсам ин соат,
Ту медонӣ чӣ оҳангест ин оҳанг?
Ман ин ҷо мисли 1 хунёгаре ғамгин,
Ки дар чашмам тамоми шаҳр беранг.

Шабеҳи "бомж" аз пайроҳаи холӣ,
Ман ин ҷо баргҳои меҳрро ҷӯям.
Намеёбам якеро мисли худ танҳо,
Ки то аз ғурбатам бо ӯ сухан гӯям.

Дар ин ҷо баъди борон ҳам намемирад,
Ғубору гарди бепарвоӣ, беморӣ,
Ҳама саргарми кори хешу, мемирам
Ман ин ҷо аз ҳуҷуми дарди бекорӣ.

Нафасгирам дар ин ғурбат, дар Омрико
Душанберо ба ҷонам дӯст медорам.
Ба худ овардаам 1 дона барги сабз
Ки рӯяш ашки талхи ҳаҷр меборам

Ба оҳанги сафар мерақсам аз шодӣ
Бубастам оқибат бори сафар, оре,
Гитор, овои баргашти маро бинвоз
Ҳамон оҳанги касдорӣ, ватандорӣ!!!

Шоира Раҳимҷон,
11.10.2017, Лос Анҷелес, Амрико

Душанбе, Нояб 20 2017


Тобистон зимни бозгашт аз деҳаи Яхч тибқи одат ба хотири “об гирифтан” бо яке аз дӯстонам ба Истироҳатгоҳи “Оби гарм” даромадему баъдан ба мақсади 1 пиёла чой нӯшидан ба ошхонааш ворид гаштем. Дар мизи ҳамсоя марди сиёчурдаи аз 60-сола бештаре ба суҳбатамон ҳамроҳ шуд. Ҳар мавзуе сар мекардем ба дину мавзуъҳои динӣ бармегашт ва оқибат “таркид”:
“-Ҳамин Бозор Собира як 5-6 мушту шатташ занӣ ҳай савобай-да, агар бо ягон кордчаш занӣ рост биҳишт мерай”.
Ба қавли баъзе бародарон “шок” шудаму бе ихтиёр сабабашро пурсидам:
“-Айбша намедонуму мардум намтарӣ меган, албатта, рост меган, халқ хубтар медона”...
Ростӣ намехостам дар ин мавзуъ бинависам, вохӯрӣ ва суҳбати муаллиме, ки мухлиси рӯзномаи СССР будаасту чанд мақолаи манро дар мавзуъҳои динӣ хонда будааст, таҳрикам дод.
“-Барои тақвияти донишашон ба хонандаҳо супориш додам, ки аз осори адибони классику муосир порчаҳои шеърӣ аз ёд кунанд, зимни пурсиш писарбаччае, ки бояд аз устод Бозор шеър қироат мекард, бо сари хам гуфт, ки падарам мегӯяд баҳои “2” ҳам гирӣ номи ин кофира дар хона нагиру шеърашам аз ёд накун, ки гунаҳкор мешавӣ”...
Фанатизм андак-андак ба радикализм бадал шудан дорад. Таърих беҳтарин устод аст. Маҳз ҳамин мутаассиб-радикалҳо Рӯдакиро бо ҷурми қарматӣ будан кӯр карданду даҳҳо шогирдонашро куштанд, ҳаминҳо Носири Хусраву Буалӣ Синоро дар ба дару хору зор намуданд, Насимиро пӯст канданду Ҳилолиро сангсор, гӯри Ҳазрати Ҷомиро оташ заданд...
Чӣ бояд кард? Назари худро бинависед.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор,
журналист

Душанбе, Нояб 20 2017


Салом ба аҳли қалами газетаи дӯстдоштаи ҳамаи мо-СССР. Мо 1 гурӯҳ ҷавонон аз ноҳияи Хуросон барои боздид ва зиёрат ба «Чилучорчашма»-и ноҳияи Н.Хусрави сафар намудем, вале ҳангоми ворид шудан ба ин зиёратгоҳ табъи ҳамаи мо хира шуд. Агар қисме воқеан ҳам барои зиёрат кардан омада бошанд, қисми дигар барои истироҳат ва вақтгузаронию шиноварӣ инҷо меоянд. Ҳатто чанде аз ҷавонон бо табассум изҳор медоранд, ки барои дарёфти “арӯс” омадаанд…
Агарчӣ ин макон барои нишастану хӯрокхӯрӣ ва истироҳат ба талабот ҷавобгӯ набошад ҳам, аз ҷониби дигар, худи меҳмонону истироҳаткунандагон оддитарин қоидаҳои санитарию гигиениро риоя накарда, ҳар гуна партовҳо, аз қабили пасмондаи хӯроку коғазпора ва боқимондаи тарбузу харбузаро ба об мепартоянд. Ин ҳол, хоҳу нохоҳ, табъи бинандаро хира месозад. Вазъи санитарию эпидемиологии мавзеъ барои шиноварӣ муқарраршуда, аз ҷои нишасту хӯрокхурӣ бадтар аст. Оё беҳтар нест, ки барои меҳмонону истироҳаткунандагон ҳавзи махсус барои шиноварӣ сохта шавад, то оби ин макон зулолу покиза боқӣ монад!?
Тибқи маълумотҳои дастрасгардида, дар ҷамоати деҳоти “Наврӯз” 2500 хоҷагӣ ва дар ҷамоати деҳоти “Истиқлол” 400 хоҷагӣ аз канали “Чилучорчашма” ва дар ҷамоати деҳоти “Фирӯза” 337 хоҷагӣ бо истифода аз қубурҳои обгузар оби онро истеъмол менамоянд. Ин оби чашма, ки баъди “шиноварӣ”-ю шустушӯи сару либоси истироҳаткунандагон ба мавзеъҳои аҳолинишин ҷорӣ мешавад, магар боиси пайдоиши бемориҳо намегардад? Худо нахоста, агар ягон дарде тариқи ин об паҳн гардад, аҳволи мардуми поёноб чӣ мешавад? Наход раиси тозатаъини ноҳия Нуриддин Садриддинов боре ҳам ба ин мавзеъ қадам нагузошта бошаду аз ин аҳвол бехабар?!!

Таснифи Б.Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Панҷшанбе, Нояб 09 2017


Барои ин потенсиали эҷодӣ ба пуррагӣ мерасад, танҳо як сарпарасте лозим, ки ин ниятро дастгирӣ ва сармоягузорӣ кунад. Мутмаинам аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Ин ҷо чанд нафареро номнавис мекунам, ки ҳоло Амрикоро макони кору пайкор ва зисту зиндагонии худ мувақат қарор додаанд:
-Далер Иброҳимов- журналист, ровии телевизион, собиқ муовини директори Телевизиони "Тоҷикистон”,
- Нури Наср- журналист, ровии телевизион, собиқ сармуҳаррири Идораи барномаҳои муаллифии "Эҷод"- и Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина",
- Муҳаммадсафои Ҳасан- журналист, ровӣ, шореҳи варзиш, собиқ сармуҳаррири Идораи барномаҳои "Ҷавонӣ ва варзиш"- и Телевизиони "Точикистон”,
- Зафар Саидов- журналист, ровии телевизион, собиқ муҳаррири варзидаи Идораи барномаҳои муаллифии "Эҷод"- и Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина",
- Умед Аҳмадзода- журналист, ровӣ, шореҳи варзиш, собиқ сармуҳаррири Идораи барномаҳои "Ҷавонӣ ва варзиш"- и Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина", сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотии " Хабар"- Муассисаи давлатии "Телевизиони Варзиш",
- Маҳноз Ҷонмаҳмадова-журналист, ровии телевизион, собиқ муҳаррири варзидаи Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина",
- Талабшо Муқимов-журналист, ровии телевизион, собиқ муҳаррири варзидаи Идораи барномаҳои муаллифии " Эҷод"- и Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина",
- Абдураҳими Умариён-журналист, собиқ корманди дафтари матбуоти Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- Ҳотами Файзулло- журналист, нависанда, собиқ ровии барномаи " Субҳ"- и Телевизиони "Точикистон”,
- Иброҳим Раҷабов- журналист, ровии телевизион, собиқ ровии барномаи " Субҳ"- и Телевизиони "Тоҷикистон”,
- Диловар Ашӯров- наворбардор, собиқ сардори Идораи наворбардорони Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина",
- Шеравлиё Алимов-танзимгар, собиқ танзимгари Идораи барномаҳои муаллифии " Эҷод"- и Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина",
- Адиба Рустамзода-журналист, собиқ корманди Муассисаи давлатии "Телевизиони Ҷаҳоннамо”...
Ҳамзамон дар Амрико теъдоди зиёди ҳамватанони боистеъдод ва эҷодкори тоҷик ба сар мебаранд, ки дар якҷоягӣ метавон як неруи бузурги фарҳангиро ин ҷо эҷод кард!!!! Ин дар навбати худ тарғибу ташвиқи фарҳангу маданияти тоҷикон дар арсаи ҷаҳон хоҳад буд. Бояд гуфт, ки диаспораи дигар миллатҳо, аз ҷумла русҳову ӯзбекҳо аллакай дар шаҳрҳои гуногуни Амрико (аз ҷумла дар Ню-Йорк) шабакаҳои радиоиву телевизионӣ кушодаанд ва барномаҳояшон бо чандин забонҳои дигари дунё тарҷума ва пахш карда мешавад. Нуфузи ин миллату халқиятҳо низ дар Амрико аз пушти тарғибу ташвиқот аст.
Вобаста ба ҳамин бисёр мехостам, ки ин тасмим аз ҷониби кулли ҳамватанони бурунмарзӣ, махсусан тоҷикони амрикоӣ дастгирӣ ёбад, ки як кори таърихӣ хоҳад шуд. Ба қавли акаи азизам Сайёфи Мизроб- Мо метавонем!!!

Умедҷон Ҳикматулло АҲМАДЗОДА,
журналисти тоҷики муқими Амрико

саҳ 59 аз 83

Китобҳо

Flag Counter